Чоршанбе 22 ноябр 2017 мелодӣ баробар бо 4 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 3 Коди нақд: 27
Мавзӯъи нақд:

Шинохти Ислом; Манобеъи Ислом; Китоби Худованд

Нависандаи нақд: Душмани Хуросонӣ (!) Тарихи нақд: 29/04/2016

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ кофир ва малъун мӯътақид аст ки насх, тахсис ва таъмими Қуръон ба василаи суннат мумкин нест; Чароки шоъни суннат танҳо табйини Қуръон аст, на насх, тахсис ва таъмими он, дар ҳоле ки ҳаддиақал тахсиси Қуръон ба василаи суннат борҳо анҷом шуда ва намунаи возеҳи он дар мавриди ояи <<السّارق والسّارقة فاقطعوا أیدیهما>> аст ки ом аст ва ба василаи суннат ба қисмате аз дасти баъзе аз дуздҳо тахсис зада шудааст. Бо ин ҳисоб шакке нест ки тахсиси Қуръон ба василаи суннат мумкин аст ва воқеъ шудааст, ҳамон тавр ки табйини он ба василаи суннат мумкин аст ва миёни тахсис ва табйин фарқе нест.

Посух ба нақди шумораи: 3 Тарихи посух ба нақд:

Худованд шуморо ҳидоят кунад ва бибахшад. Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан адами имкони насх, тахсис ва таъмими Қуръон ба василаи суннат, як ҳукми ақлӣ ба маънои мунофоти онҳо бо лутф, ҳикмат ва адолати Худованд аст; Зеро Қуръон нассӣ мутавотир ва эъҷозомед аст ки ба иқтизои моҳияти мунҳасир ба фард худ қобилияти интишор дар ҷаҳонро дорад, вале суннат дар муқойиса бо он нассӣ ғайри мутавотир ва ғайри эъҷозомез аст ки аз қобилияти камтаре барои интишор дар ҷаҳон бархурдор аст ва бо ин васф, насх, тахсис ва таъмими Қуръон ба василаи суннат, бар хилофи лутф, ҳикмат ва адолати Худованд аст ва ақлан имкон надорад ва ин гуноҳи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло шумурда намешавад.

Сониян Худованд ки холиқи ақл аст, аз насх, тахсис ва таъмими Қуръон ба василаи суннат, сухане ба миён наёварда ва шоъни суннатро танҳо табйини Қуръон дониста ва фармудааст: «وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ» (Наҳл/ 44); <<Ва Қуръонро ба сӯӣ ту нозил кардем то барои мардум чизе ки ба сӯяшон нозил шударо табйин кунӣ ва бошад ки онон андеша кунанд>>; Ҳамчунонки насхи як ояро ба василаи ояе монанди он ё беҳтар аз он мумкин дониста ва фармудааст: «مَا نَنْسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنْسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِنْهَا أَوْ مِثْلِهَا ۗ» (Бақара/ 106); <<Ҳар ояе ки насх Кунем ё аз ёд Бубарем ояе беҳтар аз он ё монанди он Меоварем>> Ва чунин кореро танҳо дар салоҳияти Худ ва беиртибот бо Паёмбар дониста ва фармудааст: «وَإِذَا بَدَّلْنَا آيَةً مَكَانَ آيَةٍ ۙ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوا إِنَّمَا أَنْتَ مُفْتَرٍ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ ۝ قُلْ نَزَّلَهُ رُوحُ الْقُدُسِ مِنْ رَبِّكَ بِالْحَقِّ» (Наҳл/ 101 ва 102); <<Ва чун ояеро бо ояи дигар ҷойгузин мекунем ва Худованд ба чизе ки нозил мекунад донотар аст мегӯянд ки ту ҳароина дурӯғ мебандӣ, балки бештарашон намедонанд! Бигӯ руҳул қуддус онро аз ҷониби Парвардигорат ба ростӣ нозил кардааст>>; Бал рӯшан аст ки насх, тахсис ва таъмими Қуръон тавассути дигарон, мухолифат бо он шумурда мешавад ки ҷойиз нест; Зеро мухолифат бо он ё тарки ҳамаи он аст ки дар насхи он таҳаққуқ меёбад ва ё тарки бахше аз он аст ки дар тахсиси он таҳаққуқ меёбад ва ё афзудани чизе бар он аст ки дар таъмими он таҳаққуқ меёбад, дар ҳоле ки Паёмбар низ монанди дигарон мукаллаф ба табаъият аз Қуръон аст ва муҷоз ба мухолифат бо чизе ки Худованд дар он бар ӯ нозил кардааст нест; Чунонки бо таъкит ба ӯ фармудааст: «وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ الْكِتَابِ وَمُهَيْمِنًا عَلَيْهِ ۖ فَاحْكُمْ بَيْنَهُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ ۖ» (Моъида/ 48); <<Ва китобро ба ростӣ бар ту нозил Кардем то тасдиқ кунанда ва посбоне барои китобҳои пеш аз худ бошад, пас миёни онон мутобиқ бо чизе ки Худованд нозил кард ҳукм кун>> Ва фармудааст: «وَأَنِ احْكُمْ بَيْنَهُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَهُمْ وَاحْذَرْهُمْ أَنْ يَفْتِنُوكَ عَنْ بَعْضِ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ إِلَيْكَ ۖ» (Моъида/ 49); <<Ва миёни онон мутобиқ бо чизе ҳукм кун ки Худованд нозил кард ва аз хоҳишҳои онон пайравӣ накун ва аз онон барҳазар бош ки туро аз бархӣ аз ончи Худованд ба сӯӣ ту нозил кард фирефта насозанд>> Ва фармудааст: «فَلَعَلَّكَ تَارِكٌ بَعْضَ مَا يُوحَىٰ إِلَيْكَ وَضَائِقٌ بِهِ صَدْرُكَ» (Ҳуд/ 12); <<Пас мабодо бархӣ аз чизе ки ба ту ваҳй мешавадро тарк кунӣ ва синаат барои он танг шавад>> Ва фармудааст: «وَإِنْ كَادُوا لَيَفْتِنُونَكَ عَنِ الَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ لِتَفْتَرِيَ عَلَيْنَا غَيْرَهُ ۖ وَإِذًا لَاتَّخَذُوكَ خَلِيلًا» (Исроъ/ 73); <<Ва наздик буд туро аз бархӣ аз чизе ки ба ту ваҳй Кардем фирефта созанд то ғайри онро бар Мо бибандӣ ва он гоҳ туро дӯст мегирифтанд>> Ва фармудааст: «وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنْ آيَاتِ اللَّهِ بَعْدَ إِذْ أُنْزِلَتْ إِلَيْكَ ۖ» (Қасас/ 87); <<Ва ҳаргиз туро аз оёти Парвардигорат пас аз инки ба ту нозил шуд боз надоранд>> Ва фармудааст: «وَاتَّبِعْ مَا يُوحَىٰ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ ۚ» (Аҳзоб/ 2); <<Ва аз чизе пайравӣ кун ки аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад>> Ва фармудааст: «فَاسْتَمْسِكْ بِالَّذِي أُوحِيَ إِلَيْكَ ۖ» (Зухруф/ 43); <<Пас ба чизе ки ба ту ваҳй шуд тамассук ҷӯй>> Ва ин ба маънои адами ҷавози насх, тахсис ва таъмими китоби Худованд барои Паёмбар аст ки ҳукми Худованд шумурда мешавад ва табъан гуноҳи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло нест.

Солисан ривоёти мутавотир ва машҳуре аз Паёмбар ва аҳли байти Ӯ расидааст ки таъкид мекунанд ҳар ривоёте ки бо китоби Худованд мухолифат дорад, аз онон содир нашуда ва ботил аст, балки музахраф шумурда мешавад ва бояд ба паҳнаи девор зада шавад; Монанди ривояте ки мегӯяд: «قالَ رَسولُ اللهِ صَلَّى اللّهُ عليهِ و آلِهِ و سلَّم: إنّها تَكونُ بَعْدِي رُواةٌ عَنّي ٱلْحَدِيثَ، فَأَعْرِضُوا حَدِيثَهُمْ عَلَى ٱلْقُرآنِ، فَما وافَقَ ٱلْقرآنَ فخُذوا بهِ و ما لَمْ يُوافِقِ ٱلْقُرآنَ فَلا تَأخُذُوا بِه» (Сунанул Доруқутнӣ, ҷ 4, с 134); <<Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Ҳароина пас аз ман ровиёни ҳадисе аз ман хоҳанд буд, пас ҳадиси ононро ба Қуръон арза кунед, пас ҳар чи бо Қуръон мувофиқ буд онро бигиред ва ҳар чи бо Қуръон мувофиқ набуд онро нагиред>> Ва ривояте ки мегӯяд: «صَعِدَ ٱلنَّبِيُّ صَلَّى اللّهُ عليهِ و آلِهِ و سلَّم عَلَى ٱلْمنبرِ فخَطَبَ ٱلنّاسَ فَقالَ: إنَّ ٱلْحَدِيثَ سَيَفْشُو عَنِّي فَما أَتاكُمْ عَنِّي يُوافِقُ ٱلْقُرآنَ فَهُوَ عَنِّي و ما أَتاكُمْ عَنِّي يُخالِفُ ٱلْقُرآنَ فَلَيْسَ عَنِّي» (Байҳақӣ, Маърифатул сунан вал осор, ҷ 6, с 523); <<Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар минбар рафт ва мардумро мухотаб сохт ва фармуд: Ҳароина ҳадис аз ман шуюъ хоҳад ёфт, пас ҳар чи аз ман ба шумо расид ки бо Қуръон мувофиқ буд, он аз ман аст ва ҳар чи аз ман ба шумо расид ки бо Қуръон мухолиф буд, он аз ман нест>> Ва ривояте ки мегӯяд:  «قالَ النّبيُّ صَلَّى اللّهُ عليهِ و آلِهِ و سلَّم: سُئِلَتِ ٱلْيَهودُ عن موسىٰ فَأَكْثَروا فيهِ و زادُوا و نَقَصُوا حَتّىٰ كَفَرُوا و سُئِلَتِ النّصارىٰ عن عيسى فَأَكْثَروا فيهِ و زادوا و نَقَصُوا حتّىٰ كَفَروا و إنّه سَيَفْشُوا عنِّي أحاديثٌ فَما أَتاكُمْ مِن حَدِيثي فَٱقْرأوا كتابَ اللّهِ و ٱعْتَبِرُوهُ فَما وافَقَ كتابَ اللّهِ فأنا قُلْتُهُ و ما لَمْ يُوافِقْ كتابَ اللّهِ فلَمْ أَقُلْهُ» (Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул кабир, ҷ 12, с 244); <<Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Аз яҳудиён дар бораи Мӯсо пурсида шуд, пас дар бораи ӯ бисёр гуфтанд ва афзуданд ва костанд то инки кофир шуданд ва аз масеҳиён дар бораи Исо пурсида шуд, пас дар бораи ӯ бисёр гуфтанд ва афзуданд ва костанд то инки кофир шуданд ва ҳароина ба зудӣ аз ман низ аҳодисе ривоҷ хоҳад ёфт, пас ҳар чи аз ҳадиси ман ба шумо расид, китоби Худовандро бихонед ва баррасӣ кунед, пас ҳар чи бо китоби Худованд ҳамоҳанг буд, ман онро гуфтаам ва ҳар чи бо китоби Худованд ҳамоҳанг набуд, ман онро нагуфтаам>> Ва ривояте ки мегӯяд: «قال عليٌّ علیه السّلام: إِنَّ علىٰ كُلِّ حقٍّ حقيقةً و علىٰ كُلِّ صوابٍ نوراً، فَما وافَقَ كتابَ اللّهِ فَخُذُوا بِهِ و ما خالَفَ كِتابَ اللّهِ فَدَعُوهُ» (Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ 1, с 226; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ,  ҷ 1, с 69; Ибни Бобувей, Ал-Амолӣ, с 449); <<Алӣ алайҳи салом фармуд: Ҳароина ҳар ҳаққеро ҳақиқате ва ҳар дурустеро нуре аст, пас ҳар чи бо китоби Худованд мувофиқ буд ба он ахз кунед ва ҳар чи бо китоби Худованд мухолиф буд онро вогузоред>> Ва ривояте ки мегӯяд: «قالَ أبو عبدِ اللّهِ عليه السّلام: ما أَتاكُم عنّا مِنْ حَدِيثٍ لا يُصَدِّقُهُ كتابُ اللّهِ فهُوَ باطِل» (Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ 1, с 221); <<Абу Абдуллоҳ (Ҷаъфари Содиқ) алайҳи салом фармуд: Ҳар ҳадисе аз мо ба шумо расид ки китоби Худованд онро тасдиқ намекунад, он ботил аст>> Ва ривояте ки мегӯяд: «قالَ أبو عبدِ اللّهِ عليه السّلام: كُلُّ حَدِيثٍ لا يُوافِقُ كتابَ اللّهِ فَهُوَ زُخْرُف» (Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ 1, с 221; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ 1, с 69); <<Абу Абдуллоҳ (Ҷаъфари Содиқ) алайҳи салом фармуд: Ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд мувофиқат надорад музахраф аст>> Ва мухолифат бо китоби Худованд –чунонки рӯшан шуд– ё бо нақзи куллӣ ҳукми он сурат мегирад ки насхи он аст ва ё бо нақзи ҷузъӣ ҳукми он сурат мегирад ки тахсиси он аст ва ё бо афзудан бар ҳукми он сурат мегирад ки таъмими он аст ва мисдоқи дигаре барои мухолифат бо он мутасаввир нест ва рӯшан аст ки агар насх, тахсис ва таъмими Қуръон ба василаи суннат мумкин бошад, маъное барои ин ривоёти мутавотир ва машҳур боқӣ намемонад; Чароки ҳар ривояти мухолиф бо Қуръон, метавонад носих ё мухассис ё муъаммими он шумурда шавад ва бо ин васф, насх, тахсис ва таъмими Қуръон ба василаи суннат, ба ҳукми суннат мумкин нест, ҳамон тавр ки ба ҳукми ақл ва Қуръон имкон надорад ва ин низ гуноҳи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло шумурда намешавад.

Робиъан табйини китоби Худованд бо тахсиси он яксон нест; Зеро тахсис ба маънои хориҷ сохтани бархӣ афроди ом аз ҳукми ом аст ки бидуни онҳо аз афроди ом маълум аст, монанди хориҷ сохтани никоҳи доъими бо занони аҳли китоб аз ҳукми никоҳ бо онон дар ояи «وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكُمْ» (Моъида/ 5); <<Ва заноне ки пеш аз шумо китоб дода шуданд (барои шумо ҳалоланд)>>, бо таваҷҷуҳ ба инки никоҳи доъими бо онон қатъан аз масодиқи никоҳ бо онон аст ва бо ин васф, хориҷ сохтани он аз ҳукми никоҳ бо онон ба маънои тахсис аст ва монанди хориҷ сохтани ғайри ҳубубот аз ҳукми таъоми аҳли китоб дар ояи «وَطَعَامُ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حِلٌّ لَكُمْ وَطَعَامُكُمْ حِلٌّ لَهُمْ ۖ» (Моъида/ 5); <<Ва таъоми касоне ки китоб дода шуданд барои шумо ҳалол аст ва таъоми шумо барои онон ҳалол аст>>, бо таваҷҷуҳ ба инки таъоми онон монанди таъоми мусалмонон қатъан ихтисосе ба ҳубубот надорад ва бо ин васф, хориҷ сохтани ғайри ҳубубот аз ҳукми таъоми онон ба маънои тахсис аст, дар ҳоле ки табйин ба маънои хориҷ сохтани бархӣ афроди маълуми ом аз ҳукми он нест, балки ба маънои муъаррифии афроди номаълуми ом аст, монанди муъаррифии афроди намоз ва закот дар ҳукми «وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ» (Бақара/ 43); <<Намозро барпо доред ва закотро бипардозед>>, бо таваҷҷуҳ ба инки аз ихтироъоти шаръи ҳастанд ва афроди онҳо маълум нестанд.

Аммо оё қатъ накардани дасти касе ки камтар аз ҳадди нисоб сирқат карда, тахсиси Қуръон аст? Дар он ду ваҷҳ аст; Зеро аз як сӯ касе ки камтар аз ҳадди нисоб сирқат кардааст ақлан сориқ шумурда мешавад ва бо ин васф, хориҷ кардани он аз ҳукми ом тахсис аст ки ба василаи суннат ҷори нест ва аз сӯӣ дигар чи басо касе ки камтар аз ҳадди нисоб сирқат кардааст урфан сориқ шумурда намешавад ва бо ин васф, хориҷ кардани он аз ҳукми ом тахсис нест, балки табйин аст ки ба василаи суннат ҷойиз аст; Тавзиҳ онки чи басо бардоштани чизҳои бисёр камарзиш бидуни изни молики онҳо, дар назари урф сирқат шумурда намешавад ва милоки мавзӯъ дар ин қабил аҳкоми Қуръон, урф аст ва бо ин васф, ҳукми суннат дар бораи он барои зобитаманд кардани урф дар ташхиси мавзӯъ аст ки ишколе надорад; Ҳамчунонки таъйини миқдори қатъ кардани дасти сориқ, тахсиси Қуръон нест; Чароки қатъ кардани чаҳор ангушт аз дасти ӯ низ қатъ кардани дасти ӯ шумурда мешавад ки мувофиқ бо Қуръон аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки Қуръон аз боби умум ба қатъ кардани ҳамаи дасти сориқ ҳукм накарда, бал аз боби итлоқ ба қатъ кардани дасти сориқ ҳукм кардааст ки бо қатъ кардани чаҳор ангушт аз он низ таҳаққуқ меёбад; Хусусан бо дар назар гирифтани оёти дигаре аз Қуръон ки бар рафъи усру ҳараҷ далолат доранд; Монанди ояе ки мефармояд: «مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ» (Моъида/ 6); <<Худованд намехоҳад ки бар шумо тангноӣ қарор диҳад>> Ва ояе ки мефармояд: «وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ ۚ» (Ҳаҷ/ 78); <<Ва бар шумо дар дин тангное қарор надод>> Ва ояе ки мефармояд: «يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ» (Бақара/ 185); <<Худованд барои шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо сахтӣ намехоҳад>>, дар ҳоле ки қатъ кардани ҳар ду дасти сориқ аз болои бозуҳои ӯ, тангно ва сахтии ошкоре маҳсуб мешавад ва бо ин васф, хориҷ кардани он аз ҳукми «فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا» (Моъида/ 38); <<Дастонашонро қатъ кунед>> ҳатто агар аз боби тахсис бошад мубтанӣ бар ҳамон оёт аст, на мубтанӣ бар суннат, то ҳадде ки агар суннате дар ин бора нарасида буд низ чи басо мумкин буд бар мабнои ин оёт, ба қатъи миқдоре аз дасти сориқ ки ӯро аз ибодат ва истинҷо боз намедорад басанда кард; Ҳамчунонки сойири шурути мӯътабар дар суннат барои қатъи дасти сориқ низ метавонд табйине барои ҳамин оёт бошад, на тахсисе барои ояи ҳадди сирқат.

Хомисан қоъида дар ин боб он аст ки ҳаргоҳ суннате далолат бар тахсиси ояе аз Қуръон дошта бошад, дар сурате ки ба рӯшанӣ мувофиқ бо ояе дигар аз Қуръон бошад, қобилияти ахзро дорад; Чароки дар ин сурат ахзи ба он, тахсиси Қуръон ба василаи суннат шумурда намешавад, бал тахсиси ояе аз Қуръон ба василаи ояӣ дигар аз он шумурда мешавад ки ҷойиз аст, вале дар сурате ки ба рӯшанӣ мувофиқ бо ояӣ дигар аз Қуръон набошад, қобили ахзро надорад; Ҷуз онки дар ин сурат, ҳаргоҳ мумкин бошад ҳамли бар кароҳат ва истиҳбоб мешавад, монанди суннате ки ба наҳй аз никоҳи доъими бо занони аҳли китоб ё хӯрдан аз ғайри ҳубуботи онон мепардозад ва ҳамли бар кароҳати ин ду мешавад. Бо ин васф, агар суннате ки далолат бар қатъи чаҳор ангуш аз дасти бархӣ сориқон дорад, ба маънои тахсиси ояӣ «فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا» (Моъида/ 38); <<Дастонашонро қатъ кунед>> бошад, дар сурате ки ба равише мувофиқ бо оёти дигаре аз Қуръон монанди «مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ» (Моъида/ 6); <<Худованд намехоҳад ки бар шумо тангное қарор диҳад>> Ва «يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ» (Бақар/ 185); <<Худованд барои шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо сахтӣ намехоҳад>> бошад, қобилияти ахзро дорад ва дар сурате ки ба рӯшанӣ мувофиқ бо ин оёт набошад, қобилияти ахзро надорад; Ҷуз онки дар ин сурат, ҳаргоҳ мумкин бошад ҳамли бар истеҳбоб иктифо ба қатъи бо сифати мазкур мешавад ва ҳаргоҳ мумкин набошад, мавриди эъроз қарор мегирад ва дар ҳар сурат, бар ҷавози тахсиси Қуръон ба суннат далолат намекунад; Чароки тахсиси ояи «فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا» (Моъида/ 38); <<Дастонашонро қатъ кунед>> ба василаи суннат, фаръи бар ҷавози тахсиси Қуръон ба василаи суннат аст ва возеҳ аст ки фаръ наметавонад асли худро исбот кунад.

Аз инҷо дониста мешавад ки душмании шумо бо ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, аз ҷаҳли шумо бархостааст; Чароки шумо аслан дидгоҳи ин олими мазлумро нафаҳмидаед ва ба дақоъиқ ва зароъифи сухани эшон пай набурдаед ва ба пуштивонаи маҳфузоти андак ва сатҳии худ ки ба ҳазорон ваҳм ва занн олуда аст, ба душманӣ бо касе рӯй овардаед ки аз шумо олимтар аст. Вонгаҳе бисёр аҷиб аст ки шумо, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоллоро ба сабаби дидгоҳи илмиаш дар бораи адами имкони насх, тахсис ва таъмими Қуръон бо сунат, <<Лаън>> ва <<Такфир>> мекунед, дар ҳоле ки ҳеҷ кас дар ҳеҷ замон ва маконе муддаъӣ нашудааст ки доштани чунин дидгоҳе, куфр ва муқтазии лаън шумурда мешавад! Бо ин васф, оё шумо ва амсоли шумо аз Худованд наметарсед ва аз бандагонаш шарм намекунед ки ин олими бузургро ба сабаби бархӣ дидгоҳҳои каломӣ ва фиқҳиаш дар чаҳорчӯби Ислом, мавриди анвоъи саббу лаън қарор медиҳед?! Дидгоҳҳое ки пайдост аз сатҳи саводи шумо бисёр болотар аст ва аслан чизе аз онҳо намефаҳмед! Возеҳ аст ки дар саросари китоби шарифи <<Бозгашт ӣа Ислом>> ва сойири гуфторҳо ва навишторҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, чизе ки муҷаввизӣ шаръӣ барои душманӣ бо эшон бошад ёфт намешавад; Чароки эшон мункири Худованд ё китоби Ӯ ё Паёмбари Ӯ ё халифаи Ӯ дар замин ё рӯзи қиёмат ё намоз ва закот ва рӯза ва ҳаҷ ва ҷиҳод ё сойири мабонӣ ва заруриёти Исломи нашуда; Ҳамчунонки иддаъои Рубубият ё Набувват ё Маҳдавият ё бобият накарда, балки ба сӯӣ ақлоният ва эътидоли Исломӣ ва барпо доштани кулли Ислом ва айни он бидуни зиёдат ва нуқсон ва дурӣ аз ҷаҳлу тақлид ва аҳвоъи нафсониву дунёгароӣ ва таъассуба такаббр ва хурофагаорӣ фаро хондааст ва бо ин авсоф, маълум нест ки амсоли шумо, бо чи баҳонае метавонед –то ин андоза бепарво– аллами душманӣ бо эшон биҷунбонед ва ба саббу лаъни эшон бипардозед! Агар баҳонаи шумо барои ин ҳама душманӣ, интиқоди илмии эшон аз вилояти мутлақаи фақиҳ аст, бисёрӣ дигар аз олимони шумо низ дар ин бора бо эшон ҳамсухананд, дар ҳоле ки шумо ононро саббу лаън намекунед ва агар баҳонаи шумо барои ин ҳама душманӣ, даъвати эшон ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасонӣ барои зуҳури он ҳазрат аст, пас мунтазир бошед то Худованд бар шумо ҳукм фармояд; Чароки Ӯ беҳтарини ҳукм кунандагон аст. Оре, шакке нест ки ин шарорат ва шақовати шумо нишон аз суқути ахлоқ ва арзишҳои Исломӣ дар кишвари шумо пас аз чаҳор даҳа вилояти мутлақаи фақиҳ аст; Зеро табиъӣ аст ки зери бутаи вилояти мутлақаи ғайри Худованд, ҷуз амсоли шумо парвариш пайдо намекунад ва натиҷаи сайтараи нозилтарин ва омиёнатарин қироъат аз ташаюъ бар сарзамини шумо, ҷуз пайдоиши мунҳарифоне монанди шумо нест ки аз ташаюъ танҳо саббу лаънашро омӯхтаанд!

Худованд шуморо ҳидоят кунад ва бибахшояд ки аз рӯӣ ҷаҳ дар баробари парчамдори Ислом дар рӯзгори кфр истодаед ва ба ҷойи ёрии ӯ бо мол ва ҷон, ба душманӣ бо ӯ рӯй овардаед, ҳар чанд бисёрӣ аз шумо қобили ҳидоят ва бахшиш нестед.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.