Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 5 Коди нақд: 25
Мавзӯъи нақд:

Шинохти Ислом; Манобеъи Ислом; Халифаи Худованд

Нависандаи нақд: Муштоқи имом Маҳдӣ Тарихи нақд: 17/02/2016

Ин ҷониб вақте наҳзати Бозгашт ба Исломро ба дӯстон ва наздикони хеш муъаррифӣ мекунам ва вақте исми заминасозӣ барои охарин валии амри муслимин меояд бо тамасхур ва ришханд мегӯянд: Мо ин қадар гирифтор ҳасте ки вақт надорем шиками худро сер кунем!! Ва ё наҳзати Бозгашт ба Исломро як афсона медонанд ки даҷҷолон барои фиреби мардум тарроҳӣ кардаанд то мухолифони худро аз байн бубаранд!! Ва ҳатто касе ба ман гуфт ҳар парчаме ки барафрошта шавад қабл аз зуҳури Маҳдӣ каззоб аст!! Ва бо ин иҷтиҳодҳо барои худ нусхаи дурӣ кардан аз наҳзатро ҳар чанд ки ҳақ будани онро дарёфтаанд мепечанд!! Ва суфориш мекунанд ки аз ин рудҳои охирул замон ки дар ҷараён аст дурӣ кунем ва худ болои қалла ба тамошои мо ва наҳзати Бозгашт ба Ислом менишинанд!! То хаста шудан ва ё нобудии моро ба чашм бубинанд!! Ва ба риши мо биханданд!!

Бо ин васф, ин муддаиёне ки ҳар рӯз ба намоз ва зиёрат машғуланд дар пешгоҳи Илоҳӣ чигуна ҳастанд?

Инҳо бо зуҳури имом Маҳдӣ чи ҷойгоҳе доранд?

Оё касоне ки дар роҳи наҳзати Бозгашт ба Ислом ҳамроҳи олими раббонӣ ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба суханҳову гуфторҳо ва тамасхуру азияти дигарон дучор мешаванд, чи аҷре дар пешгоҳи Худованд ва халифаи Ӯ доранд?

Бо ташаккур

Посух ба нақди шумораи: 5 Тарихи посух ба нақд:

Бародари мӯъмин!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1. Наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>>, наҳзати мустазъафони охирул замон барои бозгашт ба китоби Худованд ва суннати Паёмбари Ӯ ва бозгашт ба арзишҳо ва ормонҳои ҳамаи сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон дар тӯли торих аст ва чунин наҳзате як <<Афсона>> нест, балки як <<Ҳақиқат>> аст; Ҳақиқатӣ рӯшан ки монанди нуре дар торикитарин даврони торихи башар намоён шуда то ӯро ки чунон кӯдаке гумшуда дар остонаи нобудӣ аст, ба <<Хона>> бозгардонад. <<Бозгашт ба Ислом>> танҳо як ном нест, балки як ҳаракат аст; Чароки аз чизе ки ҳаст ва набояд бошад ба сӯӣ чизе ки нест ва бояд бошад; Ҳаракат аз занн ба сӯӣ яқин; Ҳаракат ба сӯӣ решаҳо ва асолатҳо; Ҳаракат ба сӯӣ фитрат; «فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا ۚ» (Рум/ 30). <<Бозгашт ба Ислом>> лаббайк гуфтан ба даъвати Худованд аст ки дар ҷаҳон танин андохтааст: «وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ۝» (Нур/ 31); <<Ва ҳамагӣ ба сӯӣ Худованд бозгардед эй мӯъминон, бошад ки растгор шавед>> Ва бо ин васф, касоне ки чунин ҳақиқати ноб ва асилро <<Афсона>> меномад, худ дар печу тоби ҳазору як афсона асиранд ва бо афсуни даҷҷолони замон ки бар онон ҳукм меронанд, ба санг ё чизӣ сахттар аз он табдил шудаанд; Чунонки Худованд ба ҳамгинонашон ки даъвати Паёмбаронро низ <<Асотирул аввалин>> (- афсонаҳои гузаштагон) меномиданд, фармудааст: «ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَهِيَ كَالْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً ۚ وَإِنَّ مِنَ الْحِجَارَةِ لَمَا يَتَفَجَّرُ مِنْهُ الْأَنْهَارُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَشَّقَّقُ فَيَخْرُجُ مِنْهُ الْمَاءُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَهْبِطُ مِنْ خَشْيَةِ اللَّهِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ ۝» (Бақара/ 74); <<Сипас дилҳои шумо дигар бор сахт шуд ва он монанди санг ё сахттар аз он аст; Чароки бархӣ сангҳо аз онҳо ҷӯйборҳо меҷӯшад ва бархӣ аз онҳо шикофта мешаванд ва аз онҳо об берун меояд ва бархӣ аз онҳо аз тарси Худованд ҳабт мекунанд ва Худованд аз коре ки анҷом медиҳед бехабар нест>>!

2. Мисли касоне ки заминасозони зуҳури халифаи Худованд дар заминро масхара мекунанд, мисли касоне аст ки Нӯҳ ва ёронашро масхара мекарданд, ҳангоме ки ба амри Худованд дар хушкӣ, киштиро месохтанд то заминаи растгории мӯъминон ва нобудии кофиронро фароҳам созанд; Чунонки Худованд аз онон хабар дода ва фармудааст: «وَيَصْنَعُ الْفُلْكَ وَكُلَّمَا مَرَّ عَلَيْهِ مَلَأٌ مِنْ قَوْمِهِ سَخِرُوا مِنْهُ ۚ قَالَ إِنْ تَسْخَرُوا مِنَّا فَإِنَّا نَسْخَرُ مِنْكُمْ كَمَا تَسْخَرُونَ ۝ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَنْ يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيْهِ عَذَابٌ مُقِيمٌ ۝» (Ҳуд/ 38 ва 39); <<Ва киштиро месохт ва ҳар бор ки гурӯҳе аз қавмаш бар ӯ мегузаштанд ӯро масхара мекарданд, гуфт: Агар моро масхара мекунед, мо низ шуморо масхара мекунем ҳамон тавр ки шумо моро масхара мекунед! Пас ба зудӣ хоҳед донист ки чи касе ӯро азобе меояд ки хораш месозад ва азобӣ мондагор бар ӯ фуруд меояд>>! Ногузир оқибати касоне ки Нӯҳ ва ёронашро масхара мекарданд он шуд ки ғарқ шуданд ва чунин оқибате дар интизори касоне аст ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ёронашро масхара мекунанд; Зеро ӯ ба сӯӣ чизе даъват мекунад ки Нӯҳ ва Паёмбарони пеш аз ӯ ба сӯӣ он даъват мекарданд ва он ҳамонон ҳукумати Худованд ва иҷтиноб аз тоғут аст; Чунонки фармудааст: «وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ ۖ» (Наҳл/ 36); <<Ва ҳароина дар ҳар уммате Паёмбареро барангехтем ки Худовандро бипарастед ва аз тоғут иҷтиноб кунед>> Ва оқибати масхара кунандагони онон яксон буд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَقَدِ اسْتُهْزِئَ بِرُسُلٍ مِنْ قَبْلِكَ فَحَاقَ بِالَّذِينَ سَخِرُوا مِنْهُمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ ۝» (Анъом/ 10); <<Ва ҳароина Паёмбаронӣ пеш аз туро истеҳзо карданд, пас ба касоне аз онон ки масхара мекарданд чизе ки онро истеҳзо мекарданд фуруд омад>> Ва касоне аз онон ки аз кайфари Худованд дар дунё гурехтанд, аз кайфари Ӯ дар охират раҳийи намеёбанд; Чунонки дар бораи онон хабар дода ва фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُوا كَانُوا مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا يَضْحَكُونَ ۝ وَإِذَا مَرُّوا بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ ۝ وَإِذَا انْقَلَبُوا إِلَىٰ أَهْلِهِمُ انْقَلَبُوا فَكِهِينَ ۝ وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُوا إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَضَالُّونَ ۝ وَمَا أُرْسِلُوا عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ ۝ فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُوا مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ ۝ عَلَى الْأَرَائِكِ يَنْظُرُونَ ۝ هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ ۝» (Мутафаффин/ 29-36); <<Ҳароина касоне ки гуноҳ карданд ба касоне ки имон оварданд механдиданд ва чун бар онон мегузаштанд бо чашмони худ ба онон ишора мекарданд ва чун ба назди хонаводаи худ боз мегаштанд хандон боз мегаштанд ва чун ононро медиданд мегуфтанд ки инҳо мунҳарифон ҳастанд, дар ҳоле ки нигаҳбони онон қарор дода нашуда буданд; Пас имрӯз касоне ки имон оварданд ба кофирон механданд, бар рӯӣ тахтҳо нигоҳ мекунанд (ва мепурсанд:) Оё кофирон кайфари коре ки анҷом медоданро дода шуданд?!>>. Оре, кайфари корашонро дода мешаванд; Чунонки Худованд дар он рӯз узрашонро намепазирад ва аз азоб раҳойиашон намедиҳад ва ба онон мефармояд: «إِنَّهُ كَانَ فَرِيقٌ مِنْ عِبَادِي يَقُولُونَ رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ ۝ فَاتَّخَذْتُمُوهُمْ سِخْرِيًّا حَتَّىٰ أَنْسَوْكُمْ ذِكْرِي وَكُنْتُمْ مِنْهُمْ تَضْحَكُونَ ۝ إِنِّي جَزَيْتُهُمُ الْيَوْمَ بِمَا صَبَرُوا أَنَّهُمْ هُمُ الْفَائِزُونَ ۝» (Мӯъминун/ 109-111); <<Ҳароина гурӯҳе аз бандагонам буданд ки мегуфтанд: Парвардигор! Мо имон овардем, пас моро биёмӯрз ва раҳм кун ки ту беҳтарини раҳм кунандагонӣ! Пас шумо ононро ба сухра гирифтед то ёдамро аз хотратон бурданд ва ба онон механдидед! Ҳароина Ман имрӯз ононро ба хотири инки сабр карданд подош додам ки онон растгорон хоҳанд буд>>!

3. Бидуни шак ҳар парчаме ки пеш аз зуҳури Маҳдӣ барафрошта мешавад ва мусалмононро ба сӯӣ ҳокимияти худ ё ҳокимияти дигарон даъват мекунад, тоғут аст ва ин ҳақиқате аст ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> бо такя ба мабонии ақлӣ ва шаръӣ табйин шудааст, вале парчаме ки пеш аз зуҳури Маҳдӣ барафрошта мешавад ва мусалмононро на ба сӯӣ ҳокимияти худ ва на ба сӯӣ ҳокимияти дигарон, балки ба сӯӣ ҳокимияти Маҳдӣ даъват мекунад, заруратан ва бидуни ҳеҷ тардиде ҳақ аст, балки дар воқеъ парчами Маҳдӣ шумурда мешавад; Чароки заминасози ҳокимияти ӯст ва машрӯъияти ҳар заминасозе тобеъи машрӯъияти чизе аст ки заминаи онро месозад; Ба ин тартиб ки агар заминаи чизӣ машрӯъиро месозад машрӯъ ва агар заминаи чизӣ номашрӯъеро месозад номашрӯъ аст ва тардиде нест ки ҳокимияти Маҳдӣ машрӯъ аст ва бо ин васф, заминасози он низ машрӯъ шумурда мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки уқало заминасози ҳақро ҳақ ва заминасози ботилро ботил мешуморанд ва заминасози ҳақро ботил ва заминасози ботилро ҳақ намешуморанд ва заминасози ҳақро бо заминасози ботил яксон намедонанд; Чунонки Худованд фармудааст: «مَثَلُ الْفَرِيقَيْنِ كَالْأَعْمَىٰ وَالْأَصَمِّ وَالْبَصِيرِ وَالسَّمِيعِ ۚ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ۝» (Ҳуд/ 24); <<Мисли ду гурӯҳ мисли кӯру кар ва бинову шунаво аст, оё бо якдигар баробаранд?! Оё пас мутазаккир намешавед?!>> Ва фармудааст: «وَمَا يَسْتَوِي الْأَعْمَىٰ وَالْبَصِيرُ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَلَا الْمُسِيءُ ۚ قَلِيلًا مَا تَتَذَكَّرُونَ ۝» (Ғофир/ 58); <<Ва кӯру бино яксон нестанд ва низ касоне ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд ва бадкорон, андаке мутазаккир мешавед>> Ва фармудааст: «أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ ۝» (Сод/ 28); <<Ё касоне ки имон оварданд ва корҳои шойиста кардандро монанди ифсод кунандагон дар замин қарор Медиҳем ё парҳезкоронро монанди фоҷирон қарор Медиҳем?!>>; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳокимияти Маҳдӣ монанди ҳар ҳокимияти дигаре, бидуни заминасозӣ барои он мумкин нест ва бо ин васф, адами машрӯъияти заминасозӣ барои он, ба маънои адами машрӯъияти он аст ки бар хилофи нусуси қатъии Худованд ва Паёмбари ӯст. Ба ҳамин далил, дар ривоёти мутавотири Исломӣ, аз як сӯ бар тоғут будани ҳар парчаме пеш аз зуҳури Маҳдӣ таъкид шуда ва аз сӯӣ дигар аз парчами ҳаққе хабар дода шудааст ки пеш аз зуҳури Маҳдӣ дар Хуросон барафрошта мешавад ва ба сӯӣ ҳокимияти Маҳдӣ ва на ҳокимияти худ ё дигарон даъват мекунад ва ҳамроҳӣ бо он бар ҳар мусалмоне воҷиб аст.

Аз инҷо дониста мешавад ки меъёри ҳақ будан ё ботил будан парчамҳо, даъвати онҳо ба сӯӣ ҳукумати Маҳдӣ ё ҳукумати ғайри ӯст; Ба ин тартиб ки ҳар як аз онҳо монанди парчами Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ ҳукумати Маҳдӣ даъват мекунад, ҳақ ва ҳар як аз онҳо монанди парчамҳои дигарон ба сӯӣ ҳукумати ғайри ӯ даъват мекнад, ботил аст ва ин ҳамон аст ки Худованд дар китоби худ фармудааст: «قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ ۚ فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِنْ بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ لَا انْفِصَامَ لَهَا ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ۝» (Бақара/ 256); <<Ҳидоят аз гумроҳӣ мушаххас шудааст, пас ҳар кас ба тоғут кофир шавад ва ба Худованд имон овард ҳароина ба дастгираи устуворе чанг задааст ки гусастанӣ барои он нест ва Худованд шунавоӣ доност>>.

4. Касоне ки даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ Маҳдиро аз бими афтодан дар фитнаҳои охирул замон иҷобат намекунанд, бидонанд ки муддатҳост дар фитнаи охирул замон афтодаанд ва танҳо роҳи берун омаданашон аз онҳо, иҷобати даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ Маҳдӣ аст; Чароки Маҳдӣ танҳо поён диҳанда ба фитнаҳои охирул замон ва Мансур танҳо даъват кунанда ба сӯӣ Маҳдӣ аст. Ҳар чанд бештари касоне ки акнун даъват ба ӯ ба сӯӣ Маҳдиро иҷобат намекунанд ва худро нигарони фитна мешуморанд, ҳамон касоне ҳастанд ки дирӯз даъвати ҳар шағоле ба сӯӣ ҳар гургеро иҷобат карданд ва аз ҳеҷ фитнае натарсиданд, балки имрӯз низ даъвати ҳокимони гуногун ба сӯӣ худро иҷобат мекунанд ва аз ҳеҷ фитнае парво надоранд, вале акнун ки навбат ба Маҳдӣ расида ва парчами даъват кунанда ба сӯӣ ӯ барафрошта шудааст, ба ёди фитна афтодаанд ва чеҳраи зуҳдфурушон гӯшанишин ва саҷҷода ба дӯшони муҳтотро ба худ гирифтанд; Ҳамонон ки рӯзе аз бими фитна, бо Алӣ ибни Абӣ Толиб ҳамроҳӣ накарданд ва рӯзӣ дигар шабона ба байъат бо Ҳаҷҷоҷ Ибни Юсуфи Сақафӣ шитофтанд! Уф бод бар ин шайёдони мутақаллиб ва ҳилагар ки торихро бо сафоҳат ва кҷфаҳми худ мулаввас кардаанд ва ҳанӯз ҳам мехоҳанд бо ҳамон баҳонаи ҳамешагӣ ва узрҳои бадтар аз гуноҳ, Худо ва мӯъминонро монанди худ бифиребанд, дар ҳоле ки ҷуз худро фиреб намедиҳанд ва намедонанд!

5. Касоне ки дар хонаҳои худ ба интизори нобудии заминасозони зуҳури Маҳдӣ нишастаанд ва рӯзҳоро шумора мекунанд бидонанд ки заминасозони зуҳури Маҳдӣ нобуд нахоҳанд шуд, бал ин онҳо ҳастанд ки нобуд хоҳанд шуд, ҳамон тавр ки золимони пеш аз онҳо нобуд шуданд ва нобудияшон ибрате барои ояндагон шуд. Ин ваъдаи Худованд аст ва ваъдаи Худованд тахаллуф нахоҳад пазируфт.

6. Мо касоне ки даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ Маҳдиро иҷобат мекунанд ва ба заминасозони ҳукумати Худованд дар замин мепайвандад бидонанд ки агар кушта шаванд беҳтарин шаҳидонанд ва агар зинда бимонанд нусрати онон нусрате аз ҷониби Худованд ва фатҳӣ наздик аст; Чунонки Худованд фармудааст: «نَصْرٌ مِنَ اللَّهِ وَفَتْحٌ قَرِيبٌ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ» (Саф/ 13); <<Нусрате аз ҷониби Худованд ва фатҳӣ наздик ва мӯъминонро башорат деҳ>>, дар ҳоле ки душманони онон агар кушта шаванд ба оташ сарнагун мегарданд ва агар зинда бимонанд дар хашми Худованд зиндагӣ мекунанд то бар зулм ва гуноҳашон бияфзоянд ва дар ҳоле бимиранд ки мушриканд.

Лаънати Худованд бар душманони Маҳдӣ ва бар душманони заминасози зуҳураш Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки шаётине дар ҷомаи инсон ҳастанд ва бо куфру зулм ва иъноди худ, ҷаҳонро ба сӯӣ табоҳӣ мекашонанд ва дуруди Худованд бар Маҳдӣ ва Мансур ва бар ҳамаи озодмардоне ки он дуро ёрӣ мекунанд то калимаи Худованд рост шавад ва ваъдаи Ӯ таҳаққуқ ёбад, агарчи мушрикон кароҳат доранд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.