Душанбе 21 август 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 4 Коди нақд: 23
Мавзӯъи нақд:

Куллиёт; Нависандаи китоб

Нависандаи нақд: Муштоқи имом Маҳдӣ Тарихи нақд: 12/02/2016

Ман китоби ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросониро дақиқ мутолеъа кардам, аз ибтидо то интиҳо. Ман дар мавриди мушаххасот ва акси эшон суъоле надорам; Зеро навиштори эшон ношон диҳандаи мушаххасоти эшон аст ва ҳамонанди сарварамон имом Маҳдӣ аз суннати яқинӣ ва ҳақиқӣ сӯҳбат кардаанд ва ҳамаи мусалмононро даъват ба мусалмонӣ кардаанд; Зеро Аллоҳ мусалмононро даъват ба мусалмонӣ кардааст ва албатта дар муқобили эшон касеро мебинам ки ҳама ӯро мешиносанд ва баёнӣ ҳамонанди дигар уламо дорад ва наздик ба нимае аз иҷтиҳодоташ эҳтиёт аст ва заннӣ!! Ва даъват ба худаш мекунад ва вақте чоплусон ва нӯкарони мунофиқона ба ӯ мегянд саййиди Хуросонӣ!! Бо сукут ва лабханд онҳоро таъйид мекунд ва абои сиёҳашро ба унвони парчами ӯ муъаррифи мекунанд!!

Ва аммо баъд..

Ин ҷониб дар даъвати шаръӣ ва ақлии ҳазрати аллома ба сӯӣ халифаи Худо ва танҳо валии амри муслимини боқӣ монда шакке надорам ва бо эшон ҳамроҳ ва ҳам садо ҳастам, аммо эшон дар ҷойе фармудаанд ки ҳамон тавр ки Муслим барои Ҳусейн (а) байъат ҷамъ карданд ман ҳам дар Хуросон барои Маҳдӣ (аҷ) байъат мегирам. Бо инки шак надорам ва яқин дорам ки ин байъат гирифтан ва байъат додан ҳукми шаръи ва ақли аст, аммо суъол инҷост ки Муслим изни байъат гирифтан дошт. Оё қиёси эшон дар ҳамин робита аст?

Посух ба нақди шумораи: 4 Тарихи посух ба нақд:

Бародари мӯъмин ва аҳли басират

Дар инки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аъядуллоҳи таъолло аз имом Маҳдӣ алайҳи салом барои фароҳам сохтани заминаи зуҳури он ҳазрат <<Изни ом>> дорад, шакке нест; Чароки фароҳам сохтани заминаи зуҳури он ҳазрат мисдоқи бориз некукорӣ ва тақво аст ва изни омми он ҳазрат ба некукорӣ ва тақвои яқини аст; Чунонки изни омми он ҳазрат ба намозҳои явмия ва рӯзаи моҳи рамазон яқинӣ аст, балки худдориаш аз чунин изне маъсият ва куфр шумурда мешавад ва ин маънои гуфтори қотеъ ва такон диҳандае аст ки яке аз ёронамон моро аз он хабар дод, гуфт:

   «قالَ رَجُلٌ لِلْمَنْصُورِ: هَلْ أَذِنَ لَکُمُ ٱلْمَهْدِيُّ أَنْ تُمَهِّدُوا لَهُ سُلْطانَهُ؟! قالَ: ٱلْأَمْرُ أَعْظَمُ مِنْ ذٰلِكَ یا لُکَعُ! لَوْ نَهانا عَنْ ذٰلِكَ <لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ فَمَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ عَنْهُ حَاجِزِينَ>! أَما بَلَغَکُمْ قَوْلُ عَلِيٍّ: <وَٱللّهِ لَوْ لَمْ یَخْرُجْ لَضُرِبَ عُنُقُهُ>؟! فَقامَ ٱلرَّجُلُ وَ هُوَ یَقُولُ: ٱللَّهُمَّ لَوْ کانَ أَحَدٌ یُخْرِجُ ٱلْمَهْدِيَّ لَکانَ هٰذا! فَسَیُخْرِجَنَّهُ وَ لَوْ کانَ بِٱلْعُطارِد»; <<Марде ба Мансур гуфт: Оё Маҳдӣ ба шумо изн додааст ки барои ҳукумати ӯ заминасозӣ кунед?! Фармуд: Кор фаротар аз ин аст эй нодон! Агар моро аз он боз дорад <Ҳароина ӯро бо қудрат мегирем ва сипас раги қалбашро қатъ мекунем ва он гоҳ ҳеҷ як аз шумо ӯро нигоҳ доранда нест>! Оё сухани Алӣ ба шумо нарасидааст ки фармуд: <Ба Худо савганд агар хуруҷ накунад ҳароина гарданаш зада хоҳад шуд>?! Пас мард дар ҳоле ки бар мехост гуфт: Худоё! Агар аҳаде бошад ки Маҳдиро берун оварад, ҳамин аст! Ҳароина ӯро берун хоҳад овард агарчи дар Аторуд бошад>>!

Аммо оё мумкин аст ки ин инсони бузург барои анҷоми ин амали воҷиб аз он ҳазрат <<Изни хос>> дошта бошад? Мумкин аст: Чароки пеш аз имкони вуҷуди он ҳазрат дар замин ва зарурати изни он ҳазрат ба аъмоли воҷиб ва сибқати ин инсони бузург дар заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат ки амалӣ воҷиб шумурда мешавад, монеъ аз доданди <<Изни хос>> ба ӯ вуҷуд надорад, вале эълони ин <<Изни хос>> дар сурате ки дошта бошад, пас аз вуҷуди <<Изни хос>> ки қадри мутаяққан аст, зарурӣ нест ва танҳо борикбинон дар меёбанд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.