Душанбе 21 август 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 3 Коди нақд: 22
Мавзӯъи нақд:

Мавонеъи бозгашт ба Ислом; Ҳокимияти ғайри Худованд

Нависандаи нақд: Умар Абубакр Тарихи нақд: 11/02/2016

Ман китоби ин ҳазрати алломаро хакондам.

Чи тазмине вуҷуд дорад ки ҳамон тавр ки Хумайнӣ мардуми Эронро фиреб дод, эшон низ мардумро фиреб надиҳад?

Тибқи эътиқодоти шиъа баъди Паёмбар (с) 12 нафар валии амри муслимин ҳастанд ва қобили итоъат шудан дар Ислом ки исмат доранд, аммо Хумайнӣ бар хилофи эътиқоди шиъа, худро валии амри муслимин хонд ва ҳукумати Исломӣ ташкил дод ва қавонини Фаронсаи кофирро вориди Ислом ва шаръ кард, дар сурате ки валии амри муслимин чунин коре намекунад ва бар хилофи эътиқоди шиъа, худро ноъиби имом Маҳдӣ хонд ки ба қавли ҳамин уламои даҷҷол ва яҳуди, чунин иддаъое кизб аст ва боз вилояти худро монанди вилояти Паёмбар донист ки боз ҳам ин эътиқоди сӯфиён аст.

Шумо доред барои зуҳури имом Маҳдии шиъа талош мекунед дар баробари халифа ва валии амри муслимин Абубакри Бағдодӣ. Оё ин имом Маҳдии шумо ки намоядаи он Хоманаӣ аст ва ӯ гуфта байъат бо Хумайнӣ байъат бо Паёмбар аст ва ҳукумати Эронро ҳукумати Исломӣ муъаррифӣ мекунад. Бо ин эътиқодот чигуна аст ки системи молии ин ҳукумати Исломӣ ва бо чунин раҳбарӣ рабавӣ аст? Кадом Паёмбар ва кадом Ислом риборо бо кулоҳи шаръӣ ҳалол кардааст? Акнун рибо дар бонки марказии ҳукумати Исломӣ 24 дар сад аст ва дар Амрикои кофир 1 дар сад! Маҳдии шиъа биёд баҳраро чанд дар сад мекунад?!

Посух ба нақди шумораи: 3 Тарихи посух ба нақд:

Бародари мӯҳтарам

Шояд шумо –ҳасби таъбири худатон– китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> асари олими муҷоҳид ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоллоро <<Хаконда>> бошед, вале мусалламан онро нахондаед ва ба ҳамин далил, дар бораи он то ин андоза номарбут сухан гуфтаед; Чунонки гӯйи дар бораи китобӣ дигар бо мавзӯъӣ чун дифоъ аз вилояти мутлақаи фақиҳ ё ҳимоят аз раҳбарони Эрон сухан гуфтаед, на дар бораи китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ки иттифоқан ба нафйи вилояти мутлақаи фақиҳ ва нақди раҳбарони ин кишвар пардохтааст, ҳамон тавр ки ба нафйи ҳамаи мазоҳири ҳокимияти ғйри Худованд ва нақди ҳамаи роҳбарони роҳгумкардаи ҷаҳони Ислом аз ҷумла Абубакр Бағдодӣ пардохтааст. Бо ин васф, ба назар мерасад ки сафсата кардан, дурӯғ гуфтан ва бӯҳтон задан, монанди ибтиғоъи фитна, сафки дамоъ ва ифсод дар замин барои хавориҷи замон зинат дода шудааст! Зинҳор аз Худованд битарсед ва рӯзи қиёматро ба ёд оваред ва ба роҳе наравед ки мабдаъ ва мақсуди он бароятон маълум нест; Роҳи касоне ки аз Ислом танҳо риш ва ҷиҳодашро омӯхтаанд ва дар ҳоле Қуръон мехонанд ки аз гулуяшон намегузарад ва аз дини Худованд берун рафтаанд, ҳамон тавр ки тир аз чиллаи камон берун меравад ва барои онон азобӣ дарднок аст.

Аммо дар бораи суханони мағшуши шумо ки бештар ба ҳадиси нафс мемонад то нақди китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ва аз ҷаҳл, аҳвоъ, таъассуб ва такаббури шумо бархостааст, нукотӣ чандро ёдовар мешавем:

Якум инки Маҳдӣ сохта ва прдохтаи шиъаён ё низоми Эрон нест, бал ваъдаи сидқ ва қатъии Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки бештар аз чиҳл тан аз асҳоби он Ҳазрат монанди Абдуллоҳ ибни Масъуд, Талҳа ибни Абдуллоҳ, Абдурраҳмон ибни Авф, Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Умар, Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Ҳузайфа ибни Ямон, Аммор ибни Ёсир, Анас ибни Молик, Имрон ибни Ҳасин, Авф ибни Молик, Абу Аюби Ансорӣ, Абу Саъиди Худрӣ, Салмони Форсӣ, Ҷобири Садафӣ, Абу Ҳурайра, Абу Умома, Савбон, Умми Салама, Оъиша ва дигарон, хабари ӯро барои даҳҳо тан аз тобеъони худ ва ба воситаи онон барои садҳо тан аз мусалмонон, аз он Ҳазрат ривоят кардаанд ва бисёрӣ аз аъиммаи ҳадис, монанди Тирмизӣ (д.279қ), Ибрӣ (д.363қ), Ҳоким (д.405қ), Байҳақӣ (д.458қ), Бағавӣ (д.510қ), Ибни Асир (д.630қ), Қуртубӣ (д.671қ), Мазӣ (д.742қ), Заҳабӣ (д.748қ), Ҳайсамӣ (д.807қ), Саховӣ (д.902қ), Суютӣ (д.911қ), ибни Ҳаҷар (д.974қ), Каттонӣ (д.1345қ), Албонӣ (д.1420қ) ва дигарон, ба сиҳҳат ва тавотури он тасриҳ намудаанд ва бисёр аз онон, монанди ибни Абӣ Хайсама (д.279қ), ибни Ҳаммод (д.288қ), ибни Мунодӣ (д.336қ), Абу Наъим (д.430қ), Абдул Ғанӣ (д.600қ), Ҳамавӣ (д.650қ), Канҷӣ (д.658қ), ибни Қайим (д.685қ), ибни Касир (д.774қ), Суютӣ (д.911қ), ибни Ҳаҷар (д.974қ), Шавконӣ (д.1250қ) ва дигарон, дар бораи он китоби мустақилле нигоштаанд ва мазмуни он, мувофиқ бо ваъдаи Худованд дар Қуръон аст (бингаред ба: Бозгашт ба Ислом, с280) ва бо ин васф, мункири он мункири яке аз возеҳоти Ислом ва муштаракоти мусалмонон аст ки наздик аст кофир шумурда шавад.

Дувум инки Мансур ба сӯӣ ин Маҳдӣ даъват мекунад ки ҳамноми Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аз фарзандони Фотима аст ва аз Макка зуҳур мекунад ва бидъатро аз чеҳраи дин мезудояд ва заминро пас аз инки аз зулм пур шудааст аз адолат пур мефармояд, на ба сӯӣ он Маҳдие ки дар сардоби Сомиро ё чоҳи Ҷамкарон аст ва намояндагони ӯ олимонӣ фосид ва раҳбарони гумроҳ ҳастанд ва на ба сӯӣ худаш то бо раҳбари Эрон ё раҳбари шумо Абубакр Бағдодӣ яксон бошад. Мансур барои хилофати Маҳдӣ заминасозӣ мекунад; Чароки Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ӯро ба ин кор фармон дода ва барои хилофати Абубакр Бағдодӣ заминасозӣ намекунад; Чароки Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ӯро ба ин кор фармон надодааст. Пас оё ӯро ба сабаби коре истеҳзоъ мекунед ки Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ӯро ба он фаромон додааст?! Дар ҳоле ки истеҳзоъи ӯ ба сабаби ин кор, дар ҳукми истиҳзоъи Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба шаҳодати ривоёти мутавотир ва машҳур, ӯро ба ин кор фармон додааст.

Севум инки чи фарқе миёни валии амри шумо дар ироқ ва валии амри шиъаён дар Эрон аст ки ононро ба сабаби итоъаташ дар гумроҳӣ мешуморед?! «أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنْسَوْنَ أَنْفُسَكُمْ وَأَنْتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ» (Бақара/ 44); <<Оё мардумро ба некӣ амр мекунед ва худатонро аз ёд мебаред дар ҳоле ки китобро мехонед?! Оё пас таъаққул намекунед?!>>. Бегумон агар чанд нафари ҷоҳил монанди шумо бо оқои Бағдодӣ байъат кардаад ва ӯро валии амри муслимини ҷаҳон сохтаанд, чанд нафар ҷоҳил монанди инон низ бо оқои Хоманаи байъат кардаанд ва ӯро валии амри муслимини ҷаҳон сохтаанд! Пас оё «!بائُکَ تَجُرُّ وَ بائُهُم لا تَجُرّ؟»; <<Боъи ту ҷар медиҳад ва боъи инон ҷар намедиҳад?!>>. Ҳароина ин ду амал, ду рӯӣ як сиккаанд ки шайтон дар назари шумо ва дар назари инон зинат додааст, то шумо ва инонро ба як оқибат дучор кунад, то ҳадде ки метавон гуфт: Вилояти фақиҳ, доъиши шиъа аст ва доъиш, вилояти фақиҳи суннӣ!!

Чаҳорум инки мо на аз ҳомиёни низоми сиёсии Эрон ҳастем ва на аз ҳомиёни низоми иқтисодӣ ва бонкии он, бал мисдоқи боризи «حُنَفَاءَ لِلَّهِ غَيْرَ مُشْرِكِينَ بِهِ» ҳастем ки ба назари Эрон ва сойири низомҳои мавҷуд дар ҷаҳон аз ҷумла низоми шумо дар Ироқ ва Шом интиқодӣ яксон дорем ва он ин аст ки ҳукумат барои Худованд аст, пас барои Ӯ шарике нагиред! Бо ин тақрир ки Худованд ҳукумати худро ба ҳар кас аз бандагонаш ки худ ихтиёр мекунад, на ба ҳар кас аз бандагонаш ки шумо ё гурҳе аз шиъаён ихтиёр мекунед; Чунонки фармудааст: «وَرَبُّكَ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَيَخْتَارُ ۗ مَا كَانَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ ۚ سُبْحَانَ اللَّهِ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ» (Қасос/ 68); <<Ва Парвардигорат ҳар чизе ки бихоҳадро меофаринад ва ихтиёр мекунад, ононро ихтиёре нест; Худованд поктар ва волотар аз чизе аст ки шарики Ӯ қарор медиҳанд>> Ва фармудааст: «وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ» (Бақара/ 247); <<Ва Худованд ҳукумати хешро ба ҳар кас ки бихоҳад медиҳад ва Худованд гушояндаи доност>> Ва фармудааст: «مَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا يُشْرِكُ فِي حُكْمِهِ أَحَدًا» (Каҳф/ 26); <<Ононро ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте нест ва дар ҳукумати худ касеро шарик намекунад>> Ва фармудааст «ذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ ۚ وَالَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ مَا يَمْلِكُونَ مِنْ قِطْمِيرٍ» (Фотир/ 13); <<Он Худованд Парвардигоратон аст ки ҳукумат барои Ӯст ва касоне ҷуз Ӯ ки мехонед риштаи ҳастаи хурмоеро молик нестанд>>! Бо ин фасф, шумо гурӯҳе аз шиъаёнро ба сабаби коре маломат мекунед ки худатон онро анҷом медиҳед, балки худатон бунёни онро ниҳодаед ва асли он ва маншаъи он ҳастед!

Аз инҷо дониста мешавад ки агар шумо китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ро мехондед, то ин ҳад дар бораи он парт намегуфтед, вале шояд рӯзҳо ба куштани мусалмонон ва шабҳо ба ҷиҳоди никоҳ машғул будаед ва фурсате барои ин кор надоштаед!

Ба Худованд паноҳ мебарем аз ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ ки маншаъи ҳар залолат ва бадбахтӣ дар ҷоҳон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.