Чоршанбе 22 ноябр 2017 мелодӣ баробар бо 4 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 1 Коди нақд: 21
Мавзӯъи нақд:

Шинохти Ислом; Мабонии Ислом

Нависандаи нақд: Мауҳаммад Ҷавод Тарихи нақд: 08/02/2016

Бо салом хидмати асотиди мӯҳтарам; Шумо ки сохтаи зеҳни худро имоми худ намедонед ва аз яқин пайравӣ мекунед ва ба таколифи шаръӣ ва ақлии Ислом барои ҳокимияти охарин валийи амри муслимин талош мекунед.

Ва аммо баъд...

Яке аз дӯстон дар мавриди хумс таҳқиқоти фаровоне кардааст ва ба истилоҳ аз гуфтори уламо ва асноди эшон ба натиҷае расидааст ки гуфтори ҳазрати аллома дар таноқуз аст ва 2 суъол баён карданд ва хостанд бо санад ва мадрак баён кунед. Дар мавриди хумс дар саифаи 323 [китоби <<Бозгашт ба Ислом>>] марқум шудааст ки хумс аз замони ҳазрати Умар ба баъд ба аҳли байт пардохт нашудааст. Бо ин васф

1 . Тибқи суннати Паёмбар (с) хумс ба чи амволе таъаллуқ мегирифта ки Паёмбар хумси онро вусул мекардааст?

2 . Асноде ки нишон медиҳад Паёмбар хумсро мегирифтанд ва байни аҳли байти худаш тақсим мекарда [кадом] аст? Дар сурате ки мутуни Исломӣ машҳур аст ки Паёмбар ҳатто як бор чунин коре накардааст!

Бо ташаккур

Посух ба нақди шумораи: 1 Тарихи посух ба нақд:

Мо имрӯз дар миёни ҷавонон алоқаманд ба мабоҳиси эътиқодӣ ва фиқҳӣ, шоҳиди ду гуна инҳироф ҳастем: Яке <<Тақлид>> ба маънои пазируфтан ва такрори дидгоҳҳои мазоҳиб ва риҷоли қадим ва ҷадид бидуни мутолиъоти кофӣ ва таҳқиқоти саҳиҳ дар бораи онҳо ки инҳирофӣ хатарнок шумурда мешавад ва дигарӣ <<Фатвои бидуни илм>> ба маънои натиҷагирӣ ва иттихози мавозеъи мутафовит бидуни мутолиъоти кофӣ ва таҳқиқоти саҳиҳ ки ғолибан бо ангезаи худдорӣ аз тақлид анҷом мешавад, вале дар воқеъ аз тақлид хатарноктар аст.

Бо ин муқаддама, таваҷҷуҳи шуморо ба нукоти зер ҷалб мекунем:

1 . Хумс аз аҳкоми зарурии Ислом аст ки бо сароҳат дар китоби Худованд ташриъ шуда ва бо ин васф, тардиде нест ки Паёмбари Худованд ба он монанди сойири аҳкоми Ислом амал карда ва иддаъои инки ба он амал накарда, иддаъои бебунёд аст ки сӯъи занн ба он Ҳазрати ва муттаҳам карданаш ба тарки фаризаи Худованд шумурда мешавад.

2 . Хумс молиётӣ шаръӣ аст ки бинобар китоби Худованд, ба ҳар моли муғтанаме таъаллуқ мегирад; Чароки Худованд бо итлоқ ва умум фармудааст: «وَاعْلَمُوا أَنَّمَا غَنِمْتُمْ مِنْ شَيْءٍ فَأَنَّ لِلَّهِ خُمُسَهُ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ» (Анфол/ 41); <<Бидонед ҳар чизе ки муғтанам ёбед, бегумон хумси он барои Худованд ва барои Паёмбар ва барои наздиконаш ва ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагон аст>> ва <<ҳар чизе ки муғтанам ёбед>> шомили ҳар фоидаи молии фавқулъода ва дур аз интизоре монанди ганҷ, маъдан ва ғанимати ҷангӣ мешавад, ҳар чанд дар замони Паёмбари Худованд мисдоқе ҷуз ғанимати ҷангӣ барои он вуҷуд надошт.

3 . Бинобар ривоёти мутавотир ва машҳури Исломӣ, мурод аз «ذِي الْقُرْبَىٰ» наздикони ҳар кас агарчи бениёз бошанд нест, бал наздикони Паёмбар аст ки ба иқтизои хилофати худ аз ҷониби он ҳазрат ва ниёзе ки ба ҳимояти молии мусалмонон доранд, мустаҳаққи бахше аз хумс ҳастанд (нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Ҷомеъул Баён, ҷ10, с7 ва 11; Байҳақӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ6, с293; Таҳовӣ, Шарҳу Маъониюл Осор, с276; Ҷассос, Аҳкомил Қуръон, ҷ3, с79; Саълабӣ, Ал-Кашфул Баён, ҷ4, с358) ва ин қавли Умар ибни Абдулазиз, Абу Ҳанифа, Молик, Шофеъӣ, Аҳмад, Саврӣ, Авзоъӣ, Абу Савр ва аксари фуқаҳоъи мусалмон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ аст (нигоҳ кунед ба: Ибни Абдулбир, Ал-Истизкор, ҷ5, с81), балки Шофеъӣ иттифоқи назари саҳоба дар бораи онро нақл кардааст (Китобул Уъм, ҷ4, с160) ва мурод аз «الْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ», ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ ҳастанд; Чароки аввалан атф ба наздикони Паёмбар шудаанд ва ин зоҳир дар вуҷуди иштирок миёни онҳо дар наздик будан ба Паёмбар аст; Сониян Худованд барои ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони ғайри Ҳошимӣ закотро қарор додааст ва бо ин васф, ваҷҳе надорад ки хумсро ҳам барои онҳо қарор диҳад, дар ҳоле ки барои ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ закотро ҳаром кардааст ва бо ин васф, ҷо дорад ки хумсро барои онҳо ба унвони ҷойгузини он қарор диҳад то зулм ба онҳо лозим наёяд; Солисан ихтисоси ниме аз хумс ба ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ, қавли аҳли байти Паёмбар аст ва қавли онон бинобар ҳадиси мутавотири Сақалайн, кошиф аз қавли Паёмбар шумурда мешавад.

4 . Ривоёте ки нишон медиҳад Паёмбари Худованд бахше аз хумсро миёни наздикони худ аз банӣ Ҳошим ва банӣ Муталлиб тақсим мекарда, мутавотир ва машҳур аст; Ба унвони намуна, аз Ҷубайр ибни Мутъим ривоят шудааст ки гуфт: «قَسَّمَ رَسُولُ ٱللّهِ صَلَّى ٱللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ سَهْمَ ذَوِي ٱلْقُرْبىٰ عَلىٰ بَنِي هاشِمٍ وَ بَنِي ٱلْمُطَّلِب»; <<Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам саҳми завил қурборо миёни банӣ Ҳошим ва банӣ Муталлиб тақсим кард>> (Шофеъӣ, Китобул Уъм, ҷ4, с154: Ибни Абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с699) ва аз ӯ ривоят шудааст ки гуфт: <<Ҳангоме ки Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам саҳми завил қурборо миёни банӣ Ҳошим ва банӣ Муталлиб тақсим кард ва ба сойири тираҳои Қурайш монанди банӣ Абдулшамс ва банӣ Навфал чизе аз он надод, ман ва Усмон ибни Аффон ба назди ӯ омадем ва гуфтем: Эй Расули Худо! Мо мункири фазли банӣ Ҳошим ба хотири ҷойгоҳе ки Худованд барои ту аз миёни онҳо қарор дадааст нестем, вале чаро ба банӣ Муталлиб мепардозӣ ва аз мо боз медорӣ, дар ҳоле ки мо ва онҳо нисбат ба ту як андоза қаробат дорем?! Пас Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фаруд: Онҳо ҳеҷ гоҳ чи дар ҷоҳилият ва чи дар Ислом аз ман ҷудо нашуданд; Ҷуз ин нест ки банӣ Ҳошим ва банӣ Муталлиб як чиз ҳастанд –ва ангуштони ду дасташро дар ҳам фуру бурд>> (Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, ҷ2, с696; Китобул Уъм, ҷ4, с154; Ибни Абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ8, с520; Ибни Шаббаҳ, Торхул Мадина, ҷ2, с644; Насоъӣ, Сунанул Насоъӣ, ҷ7, с130; Байҳақӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ6, с341; Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с26; Таҳовӣ, Шарҳул Маъониюл Осор, с235; Ибни Ҳазм, Ал-Муҳалло, ҷ7, с237; Заҳабӣ, Торихул Ислом, ҷ2, с428); Бал Паёмбари Худованд то ҳадде ба пардохти хумс ба аҳли байташ эҳтимом дошт ки дар замони ҳаёти худ, идораи хумс ва ҳамаи ихтиёроти марбут ба онро ба Алӣ ибни Абӣ Толиб тафвиз фармуд то пас аз ҳаёташ касе бо ӯ дар бораи он низоъ накунад; Чунонки аз Абдуллоҳ ибни Абӣ Лейло ривоят шудааст ки гуфт: <<Шунидам Алӣ мефармуд: Эй Расули Худо! Агар салоҳ мебинӣ ҳаққи мо аз хумс дар китоби Худовандро ба ман вогузор кун ки дар замони ҳаётаи ту онро тақсим кунам то аҳаде баъд аз ту бо ман дар бораи он низоъ накунад! Пас Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро ба ман вогузор кард ва ман дар замони ҳаёти Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро тақсим кардам, сипас Абубакр онро ба ман вогузор кард ва ман дар замони ҳаёти Абубакр ҳам онро тақсим кардам, сипас Умар онро ба ман вогузор кард ва ман дар замони ҳаёти Умар ҳам онро тақсим кардам, то инки охирин сол аз солҳои Умар расид, пас моли зиёде барои ӯ омад, пас ҳаққи моро канор кузошт ва ба дунболи ман фиристод ва гуфт: Ин ҳаққи шумост, пас онро бигир ва ҳар ҷо ки тақсим мекардӣ тақсим кун! Ман гирифтам: Эй амирул мӯъминин! Мо имсол ба он ниёзе надорем, дар ҳоле ки мусалмонон ба он ниёзманд ҳастанд, пас имсол онро барои онҳо масраф кун, вале баъд аз Умар то ба имрӯз ки дар ин ҷо истодаам дигар аҳаде моро ба сӯӣ он фаро нахондааст! Ман баъд аз инки аз нзди Умар берун омадам, Аббосро дидам, ӯ ба ман гуфт: Эй Алӣ! Имрӯз моро аз чизе маҳрум карди ки дигар ҳаргиз то рӯзи қиёмат ба мо боз нахоҳад гашт ва ӯ марди зираке буд!>> (Ибни Абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с699; Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с27; Байҳақӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ6, с344). Ҳар чанд ривоёти дигаре дар даст аст ки нишон медиҳад, Алӣ довталабона аз ҳаққи аҳли байт дар он сол гузашт накарда, балки бо дархости Умар ё исрори ӯ ин корро кардааст; Чунонки аз Ибни Абӣ Лейло ривоят шудааст ки гуфт: <<Алӣ разияллоҳу анҳуро нзди Аҳҷорул Зайт (ҷойе дар Мадина) дидам, пас ба ӯ гуфтам: Падар ва модарам фадоят бод! Абубакр ва Умар бо ҳаққи шумо аҳли байт аз хумс чи карданд? Пас Алӣ разияллоҳу анҳ фармуд: Аммо Абубакр дар замонаш хумсҳои чандоне набуд ва ҳар миқдор ки буд ҳамаашро ба мо пардохт ва аммо Умар ҳамвора онро ба мо мепардохт то инки моли Шувш ва Аҳвоз барои ӯ омад, пас ба мо гуфт: Дар мусалмонон камбудӣ ҳаст, пас агар дӯст дошта бошед метавонед дар ин маврид ҳаққи худро вогузоред то онро сарфи камбуди мусалмонон кунем то он гоҳ ки моли дигаре барои мо биёяд ва ҳаққи шуморо аз он бипардозем! Пас Аббос ба Алӣ гуфт: Ӯро дар ҳаққи мо ба тамаъ наяндоз, вале Алӣ фармуд: Эй Або Фазл! Оё мо сазовортар нестем ки дархости амирул мӯъмининро бипазирем ва камбуди мусалмононро рафъ кунем? Пас Умар разияллоҳу анҳ аз дунё рафт пеш аз инки моли дигаре барояш бёяд ва ҳаққи моро аз он бипардозад>> Ва бинобар ривоётӣ дигар, <<Умар гуфт: Барои шумо ҳаққе ҳаст, вале ман илм надорам ки оё агар зиёд шавад ҳамааш барои шумост? Пас агар бихоҳед миқдоре аз он ки худам салоҳ бидонамро ба шумо медиҳам, вале мо ҷуз аз гуфтани ҳамаи он сар боз задем ва ӯ низ ҳозир нашуд ки ҳамаи онро ба мо бипардозад>> (Шофеъӣ, Ал-Муснад, с325; Байҳақӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ6, с344) Ва ин гузорише аст ки Ибни Аббос низ онро таъйид кардааст; Чунонки Язид ибни Ҳурмуз аз Наҷдат ибни Омири Ҳарурӣ ривоят кардааст ки вақте дар фитнаи Ибни Зубайр ба ҳаҷ омад, номае барои Ибни Аббос навишт ва аз ӯ дар бораи саҳми зил қурбо дар китоби Худованд пурсид, пас ӯ посух дод: <<Он барои мо барои наздикони Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки Раули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам миёнашон тақсим кард, вале Умар ибни Хаттоб чизе аз онро ба мо арза медошт ки мо онро камтар аз ҳаққи худ медонистем ва ба ҳамин далил, онро баргардондем ва аз қабули он худдорӣ кардем>> Ва бинобар ривоётӣ дигар, <<Пас қамви мо ибо карданд аз инки онро ба мо бипардозанд>> (Ибни Абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с699; Муснади Аҳмад, ҷ1, с320; Саҳиҳ Муслим, ҷ5, с198; Сунани Нисоъӣ, ҷ7, с128; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с26; Сунанул Дорамӣ, ҷ2, с225). Ин дар ҳоле буд ки Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар замони ҳаёти худ, ҳаргиз тасаруфоти аҳли байташ дар хумсро ба хотири зиёд будани он маҳдуд накард, балки бо маҳдуд кунандагони он бархурд фармуд; Чунонки аз Бурайдаи Асламӣ рифоят шудааст ки гуфт: <<Паёмбар Алиро ба сӯӣ Холид гусел дошт то хумсро бигирад ва тақсим кунад ва ман аз Алӣ бадам меомад, пас ӯ канизаке аз хумсро барои худ баргузид ва дар ҳоле субҳ кард ки аз сараш об мечакид, пас ба Холид гуфтам: Намебинӣ ки ин мард чи кор кард?! Пас чун ба назди Паёмбар бозгаштем, ман ба он Ҳазрат гузориш додам, пас он Ҳазрат фармуд: Эй Бурайда! Оё аз Алӣ бадат меояд?! Гуфтам: Бале, фармуд: Ӯро дӯст дошта бош: Чароки барои ӯ дар хумс бештар аз инҳост>> (Муснади Аҳмад, ҷ5, с359; Саҳиҳ Бухорӣ, ҷ5, с110; Байҳақӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ6, с342; Ибни Ҳазм, Ал-Муҳалло, ҷ7, с328) Ва аз Имрон ибни Ҳасин рвоят шудааст ки гуфт: <<Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сипоҳеро гусел дошт ва Алӣ ибни Абӣ Толибро бар онон гумошт, пас ӯ канизе (аз миёни ғаноъим) ро барои худ гирифт, пас онон бар ӯ хурда гирифтанд ва чаҳор тан аз асҳоби Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо ҳам қарор гузоштанд ки вақте Паёмбарро диданд кори Алиро ба он Ҳазрат гузориш диҳанд ва равияи мусалмонон ин буд ки вақте аз сафаре боз мегаштанд нахуст ба назди Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам меомаданд ва ба он Ҳазрат салом медоданд ва сипас ба хонаҳои худ мерафтанд, пас ҳангоме ки сипоҳиён ба назди он Ҳазрат бозгаштанд, яке аз он чаҳор тан бархост ва гуфт: Эй Расули Худо! Надидӣ ки Алӣ ибни Абӣ Толиб чунин ва чунон кард! Пас Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ӯ рӯй гирифт, сипас дувумин тан аз онон бархост ва ҳамин суханро гуфт, пас он Ҳазрат аз ӯ рӯй гирифт, сипас севумин тан аз онон бархост ва ҳамин суханро гуфт, пас он Ҳазрат аз ӯ рӯй гирифт, сипас чаҳорумин тан аз онон бархост ва сухани ононро такрор кард, пас Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба онон рӯй кард ва дар ҳоле ки хашм бар рухсораш намоён буд фармуд: Аз Алӣ чи мехоҳед?! Аз Алӣ чи мехоҳед?! Аз Алӣ чи мехоҳед?! Ҳароина Алӣ аз ман аст ва ман аз Алӣ ҳастам ва ӯ валии ҳар мӯъмине пас аз ман аст>> (Ибни Абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с504; Сунани Тирмизӣ, ҷ5, с296; Заҳҳок, Ал-Оҳод вал масонӣ, ҷ4, с279; Нисоӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ5, с132; Саҳиҳи ибни Ҳиббон, ҷ15, с374; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ3, с111).

Аз инҷо дониста мешавад ки таъаллуқи хумс ба аҳли байти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз аҳкоми возеҳ ва мусаллам дар Ислом аст ки тавассути шахси он Ҳазрат табйин ва риъоят шуда ва бо ин васф, рӯшан аст ки дӯсти мӯҳтарами шумо дар бораи он <<Таҳқиқоти фаровоне>> накарда ва дар расидан ба натиҷаи мутаноқиз бо гуфтори аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло ба хатоӣ бас фоҳиш дучор шудааст. Аз ин рӯ, тавзиҳи мо ба эшон ва сойири ҷавонони алоқаманд ба мабоҳиси эътиқодӣ ва фиқҳии Исломи ин аст ки аз тақлиди кӯр кӯрона ва изҳори назари аҷулона ба як андоза парҳез кунанд ва дар нақди гуфторҳои олими раббонӣ ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло ки комилан мубтанӣ бар китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар аст, муҳтоттар бошанд ва монанди ҷоҳилон худписанде амал накунанд ки бо бепарвоӣ ва саҳландешӣ ба китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> менигаранд ва ба сабаби тафовутҳои он бо фарзияҳо ва зеҳниятҳояшон, мепиндоранд ки дар он ишколоти бисёре вуҷуд дорад, ғофил аз инки ишколоти бисёр дар фарзияҳо ва зеҳниятҳои онон аст, на дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ки дар як вов бо китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбараш мухолиф нест ва танҳо фурутанон дар меёбанд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқи
шумораи:
1
Нависандаи
таълиқ:
Ҳамид Ризо
Тарихи
таълиқ:
25/02/2016

Чаро бояд нисфӣ аз хумс ба содот таъаллуқ бигирад? Инки нисфӣ аз он бояд барои Паёмбар ё халифаи ӯ бошад қобили тавҷиҳ аст; Зеро бояд барои иҷрои ҳукумати Худо сармоя дошта бошанд, аммо содот ва фарзандони дигари Паёмбар чаро бояд аз хумс истифода кунанд бо таваҷҷуҳ ба инки мумкин аст афродӣ фосид ё фосиқ ҳам дар миёни онҳо бошанд ва ё саййиди дуруғин ҳам дар миёни онҳо бошанд? Оё ин як мантиқи нажодпарастона нест? Агар фақир ҳастанд чаро набояд мисли бақия аз закот ва садақот ва ... истифода кунанд? Ин масъала дар тӯли торихи Ислом бисёр мавриди сӯъи истифодаи бархӣ содот ва ... будааст.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 27/02/2016

Таъаллуқи хумс ба ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ бо таваҷҷуҳ ба адами таъаллуқи закот ба онон, табъизи нажодӣ шумурда намешавад; Чароки онон ба иқтизои ятим будан, мискин будан ва дар роҳ монда будан, монанди ятимон, мискинон ва дар роҳ мондагони дигар, мустаҳаққи инфоқ ҳастанд ва ба иқтизои Ҳошимӣ будан мустаҳаққи инфоқи бештаре нисбат ба дигарон нестанд то ба сӯъи истифода аз хешовандии худ бо Раули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муттаҳам шаванд, бал  танҳо мустаҳаққи инфоқӣ масовӣ бо дигарон аз манбаъӣ мутафовит ҳастанд ки сурати мӯҳтарамонатаре дорад ва дар чаҳорчӯби эҳтироми бештар ба хешовандони Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки таҳти унвони «الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَىٰ ۗ» (Шӯро/ 23) музди он Ҳазрат дар китоби Худо шумурда шуда ва ҳамвора мавриди изъони мусалмонони ҷаҳон буда ва танҳо мавриди инкори хавориҷ ва носиби қарор гирифта ва рӯшан аст ки эҳтироми бештар ба хешовандони Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, беэҳтиромӣ ба дигарон шумурда намешавад; Ҳамчунонки эҳтиром ба падар ва модар ё эҳтиром ба солхӯрдагон, ба маънои беэҳтиромӣ ба дигарон нест ва аз назари уқало корӣ нописанд шумурда намешавад.

Вонгаҳе эҳтимоли вуҷуди афроди фосид ва фосиқ, танҳо дар миёни ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ нест, балки дар миёни ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони дигар низ вуҷуд дорад ва бо ин васф, монеъ аз таъаллуқи хумс ба онон намешавад, ҳамон тавр ки монеъ аз таъаллуқи закот ба дигарон намешавад. Эҳтимоли ҷаъли унвони Ҳошимӣ низ фаротар аз эҳтимоли ҷаъли унвони ятим, мискин ва дар роҳ монда нест ва чунин эҳтимоле ба мавзӯъ марбут аст ва ба ҳукм рабте пайдо намекунад. Ғояти амр дар амал ба ҳукм, бояд кӯшиш кард ки хумс ба Ҳошимиёни ростин пардохта шавад, ҳамон тавр ки бояд кӯшиш кард ба ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони ростин пардохта шавад.

Аз инҷо дониста мешавад ки ин ҳукми Худованд монанди сойири аҳкоми Ӯ, ҳукмӣ одилона ва ахлоқӣ аст ва аз <<Як мантиқи нажодпарастона>> табаъият намекунад ва бардошт шумо ва бардошти хавориҷ ва навосиб аз он нодуруст аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.