Душанбе 21 август 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 1 Коди нақд: 18
Мавзӯъи нақд:

Мавонеъи бозгашт ба Ислом; Ривоҷи ҳадисгароӣ

Нависандаи нақд: Саййид Содиқ Мӯсавӣ Тарихи нақд: 06/11/2015

Дидгоҳҳои алломаи Хуросонӣ аз назари ин ҷоним бисёр ҷолиб ва мӯҳтарам аст, вале дидгоҳи эшон дар бораи адами ҳуҷҷияти занн ва хабари воҳид, бароям қобили қабул нест; Чароки аз як тараф бар хилофи иҷмоъи уламо аст ва аз тарафи дигар бисёрӣ аз аҳкоми шаръи ҳамагӣ заннӣ ва мубтанӣ бар хабари воҳид ҳастанд, монанди қабули шаҳодати ду шоҳиди одил дар маҳкама, бо онки хабари воҳид маҳсуб мешавад. Инҳо нишон медиҳад ки занн дар Ислом ҳуҷҷат аст. Ба ҳар ҳол, ман наметавонам қабул кунам ки ҳамаи уламо дар ин бора иштибоҳ кардаанд ва танҳо ҳазрати Хуросонӣ дуруст гуфтааст! Тавзиҳи шумо дар ин бора чист? Бо ташаккур аз инки ҳамеша посухгӯ ҳастед.

Посух ба нақди шумораи: 1 Тарихи посух ба нақд:

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан дар миёни аҳли илм ихтилофе нест ки қоъида дар Ислом адами ҳуҷҷияти занн аст; Чунонки Худованд бо сароҳат ва таъкид фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ» (Юнус/36); <<Бегумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>>, вале шуморе аз аҳли ҳадис муддаъӣ шудаанд ки хабари воҳид ҳаргоҳ ба истилоҳи онон саҳиҳ бошад, муҷиби яқин аст ва аз ин рӯ, ахзи ба он бар хилофи қоъида нест, дар ҳоле ки ин иддаъое бар хилофи маҳсус аст; Зеро хабаре ки ақлан балки одатан эҳтимоли кизб ё хато ё нисёни ровии он вуҷуд дорад, наметавонад муҷиби яқин шавад ва бештарин чизе ки эҷоб мекунад занн аст. Аз ин рӯ, бештари аҳли илм ба нодурустӣ иддаъои аҳли ҳадис иқрор кардаанд ва барои ахз ба хабри воҳид, иддаъои нодурусти дигареро пеш ниҳодаанд ва он ҳамоно тахсиси қоъида дар бораи хабари воҳид аст; Ба ин тартиб ки муддаъӣ шудаанд ҳар чанд қоъида дар Ислом адами ҳуҷҷияти занн аст, вале занни ҳосил аз хабари воҳид аз ин қоъида мустасно шуда ва бинобар далили қатъӣ ҳуҷҷат аст ва далили қатъӣ китоби Худованд ва ахбори мутавотир аст ки ба заъми онон бар ҳуҷҷияти хабари воҳид далолат дорад. Ин дар ҳоле аст ки далолати китоби Худованд бар адами ҳуҷҷияти занн, сариҳ ва мутлақ аст, то ҳадде ки тахсисеро бар наметобад ва тахсиси он бо ахбор низ чунонки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (239) табйин шуда, мумкин нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳеҷ хабаре агарчи мутавотир бошад, ба тавотури китоби Худованд намерасад то битавонад бо он муъориза кунад ва ҳар хабаре ки бо китоби Худованд муъориза кунад, соқит аст. Ҷудои аз онки адами кифояти занн барои кашфи воқеъ, ҳукмӣ ақлӣ аст ва аҳкоми ақлӣ, қобили тахсис бо шаръ нестанд; Зеро шаръ қодир ба тахсиси аҳкоме аст ки худ эътибор кардааст, на аҳкоме ки қатъи назар аз эътибори он вуҷуд доранд ва бо ин васф, далолати китоби Худованд бар адами ҳуҷҷияти занн, иршоде аст ва мутаъаллиқи он ҷинс ва табиъати занни аст, қатъи назар аз инки бо чи сабабе ҳосил шуда бошад, то ҷойе ки тахсиси он дар китоби Худованд <<Ихтилофи бисёр>> шумурда мешавад ва муҳол аст; Чунонки фармудааст: «أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ ۚ وَلَوْ كَانَ مِنْ عِنْدِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا» (Нисоъ/82); <<Оё пас дар Қуръон тадаббур намекунанд?! Ва агар он аз назди ғайри Худованд буд ҳатман дар он ихтилофи бисёре меёфтанд>>; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки тахсиси занни ҳосил аз хабари воҳид, аз занне ки чизеро аз ҳақ кифоят намекунад, тахсиси касир бал аксари шумурда мешавад; Зеро касир бал аксари зунуни мардум, ҳосил аз ахбори оҳод аст ва бо ин васф, мустасно кардани он аз умуми «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ» мустаҳҷан аст. Аз инҷо дониста мешавад ки иддаъои ин гурӯҳ аз аҳли илм низ монанди иддаъои шуморе аз аҳли ҳадис қобили қабул нест.

Сониян иҷмоъ, чунонки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (61) табйин шуда, фоқиди ҳуҷҷият аст; Зеро ҳамаи адиллае ки барои ҳуҷҷити он иқома шуда дар фарзи тамомияташ, долли бар ҳуҷҷияти иҷмоъи ҳамаи мусалмонон ё ҳамаи аҳли илм аст, дар ҳоле ки қатъ ба чунин иҷмоъе бо таваҷҷуҳ ба таваққуфи он бар истиқроъи томм, амалан мумкин нест ва бо ин васф, иҷмоъе собит намешавад то ҳуҷҷияти он мӯҳтамал бошад; Балки агар иҷмоъе дар бораи чизе вуҷуд дошта бошад, ихтилофе дар бораи он вуҷуд надорад то барои исботи он ба иҷмоъ истинод шавад. Фориғ аз инки иҷмоъ ҳатто дар назари қоъилони ба ҳуҷҷияти он, дар усули фиқҳ мӯътабар нест ва танҳо дар фуруъ короӣ дорад, дар ҳоле ки ҳуҷҷият ё адами ҳуҷҷияти хабари воҳид, аз усули фиқҳ аст.

Солисан иддаъои иҷмоъ бар ҳуҷҷияти хабари воҳид, кизби маҳз аст; Чароки бисёрӣ аз уламоъи мутақаддими суннӣ ва шиъа, дар рӯйкардӣ мушобаҳи рӯйкарди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, бар адами ҳуҷҷияти хабари воҳид пай фишурдаанд ва чизе ҷуз китоби Худо ва суннати мутавотирро ҳуҷҷат надонистаанд; Чунонки аз аҳли суннат, касоне чун Абу Ҳанифа ки бештари мусалмонони ҷаҳон муқаллиди ӯ ҳастанд, эътиборе барои ахбори оҳод қоъил набуданд ва онро <<Хурофа>> (Хатиби Бағдодӣ, Торихул Бағдод, ҷ13, с387), <<Рийҳ ва аботил>> мешумурданд (Ибни Абӣ Ҳотам, Ал-Ҷарҳу вал таъдил, ҷ8, с450) ва аз аҳли ташаюъ, касоне чун Шайхи Муфид (Ал-Тазкирату баъсул фиқҳ, с44; Ал-Масҳ аларриҷилайн, с18), Шариф Муртазо (Ал-Зариъа, ҷ2, с530; Расоъилул Муртазо, ҷ1, с21; Ал-Интисор, с120), Абу Ҷаъфари Тувсӣ дар Ал-Иқтисод (с188), Ибни Барроҷ (Ҷавоҳирул фиқҳ, с267), Табарӣ (Маҷмаъул Баён, ҷ9, с221), Ибни Зуҳра (Ғуннияту нузуъ, с329), Ибни Идрис (Ассароъир, ҷ1, с51) ва Алӣ Ибни Муҳаммади Қумӣ (Ҷомеъул хилоф вал вифоқ, с419), ба сароҳат таъкид доштанд ки хабари воҳид хуҷҷат нест, балки бархӣ аз онон монанди Шариф Муртазо (д.436қ), адами ҳуҷҷияти онро мавриди иҷмоъи салаф ва халаф ва мутақаддимон ва мутаъаххирони шиъа медонистанд (Расоъилул Муртазо, ҷ1, с203) ва бархӣ дигар монанди Ибни Идрис (д.598), адами ҳуҷҷияти онро наздик ба зарурӣ мепиндоштанд (Ассароъир, ҷ1, с82) ва эътиқод ба ҳуҷҷияти онро <<Сиёҳнавишта ва гуфторӣ дур аз ҳақ ва маҳҷур>> меномиданд ва мегуфтанд: «فَهَل هَدَمَ الإسلامَ إلّا هِي»; <<Оё Исломро ҷуз он табоҳ кард?!>> (Ҳамон, ҷ1, с51); Бал бархӣ аз онон монанди Абу Ҷаъфари Тувсӣ (қ.460қ) ки ӯро <<Шайхул тоъифа>> лақаб медиҳанд ва дар илм ва фазли ӯ тардиде надоранд, мегуфтанд: <<Аммо амал ба хабари воҳид ва қиёс назди мо ҷойиз нест ва бо ин васф, роҳе (барои шинохти шариъат) ҷуз вуҷуди маъсуме ки гуфтораш ба манзалаи гуфтори Паёмбар бошад боқӣ намемонад ва касе ки ин имомро намешиносад, мумкин нест ки аз шариъат чизеро ҷуз бо нақли мутавотир ё далили қатъӣ аз зоҳири Қуръон ё иҷмоъи ҳамаи уммат бишиносад. Пас чизе ғайри онро намешиносад, балки сирфан аз рӯӣ эътимод ва бидуни илм ба он эътиқод меёбад>> (Ал-Иқтисод, с188) ва ин ҳамон гуфтумони покиза ва асили аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ки гуфтумони олимони ростин ва вафодор дар қуруни нахустини Исломӣ буд ва ба мурури замон, тавассути олимони дуруғин ва сустниҳод дар қуруни ҷадид ба фаромӯшӣ супурда шуд, то он гоҳ ки Худованд олими бузург ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро барангехт то онро ёдоварӣ кунад ва ба бозгашт ба он ки <<Бозгашт ба Ислом>> аст, фаро хонад.

Робиъан мурод аз адами ҳуҷҷияти занн, адами кифояти он барои шинохти ҳукми Худованд аст, на адами кифояти он барои амал ба ҳукми Худованд дар мавориде ки ҳукми Худованд ба он таъаллуқ гирифтааст. Тавзеҳ онки шинохти ҳукми Худованд бо занн мумкин нест ва ниёзманди яқин аст, вале имкон дорад ки Худованд барои бархӣ зунун ҳукме қарор диҳад, монанди ҷавоззи ҳаллу фасли мунозиъа бо занни ҳосил аз баййина ё ҷавоззи иқтидо ба имоми ҷамоъат бо занни ба адолати ӯ ё ҷавоззи никоҳ ва талоқ бо занни ба адами монеъ ё ҷавоззи харид ва фуруш бо занни ба моликият; Чароки дар ин қабил маврид, ҳукми Худованд бо занн шинохта нашуда, балки занн мавзӯъи ҳукми Худованд дар бораи яқинӣ аст. Бо ин васф, ҷавоззи файсала бар пояи шаҳодати ду шоҳид, мусталзими ҷавоззи шинохти ҷавоззи он бар пояи шаҳодати ду шоҳид нест; Чарои чунин чизе дур шумурда мешавад ва қиёси асл бо фаръ аст; Ҳамчунонки шинохти сойири аҳкоми Худованд низ фарқе бо шинохти ҷавоззи файсала бар пояи шаҳодати ду шоҳид надорад ва монанди он, бар пояи шаҳодати ду шоҳид мумкин нест.

Вонгаҳе мумкин аст қабули шаҳодати ду шоҳид дар маҳкама, аз боби қабули хабари воҳид агарчи дар хусуси он набошад, балки аз боби қабули хабари воҳид маҳфуф ба қароъини қатъовар бошад; Чароки адолат ва адами иттиҳоми шуҳуд ва ҳамоҳангии шаҳодати онҳо дар замон ва макон ва ҷузъиёт бо вуҷуди ҷудо кардани онҳо аз якдигар ва низ адами маъориз барои шаҳодати онҳо дар канори ҳол ва мақоли муддаъӣ ва мункир, метавонад муҷиби қатъи ҳоким шавад. Бо ин васф, қабули шаҳодати ду шоҳиди одил барои исботи даъовии моддӣ, далиле барои қоъилони ба ҳуҷҷияти хабари воҳид барои исботи аҳкоми Худованд нест, балки чи басо далиле бар зидди онон бошад; Чароки вақте Худованд барои исботи иддаъои касе дар бораи полони хар ё офтобаи миссӣ, як шоҳиди одилро кофӣ надониста, чунонки мумкин аст барои исботи иддаъои касе дар бораи аҳкоми шаръи, як шоҳиди одилро кофӣ дониста бошад?! Ин бегумон аз ақл ба дур аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар иддаъои касе дар бораи полони хар ё офтобаи миссӣ дурӯғ бошад, чизе андан аз дунёи мардум талаф мешавад ки одатан қобили ҷуброн аст, вале агар иддаъои касе дар бораи аҳкоми шаръи дурӯғ бошад, чизӣ калон аз охирати мардум табоҳ мешавад ки одатан қобили ҷуброн нест ва бо ин васф, оқилона он аст ки барои исботи иддаъои касе дар бораи аҳкоми шаръи, ба шоҳидони бештаре ниёз бошад  ва ин ҳамон зарурати тавотур дар шаҳодат бар аҳкоми шаръи аст.

Хомисан ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ хабари воҳид аз халифаи Худованд дар заминро барои аҳли замони ӯ ҳуҷҷат медонад; Зеро чун хабаре ҳаргоҳ тавассути асҳоби одили ӯ оварда шавад, аз як сӯ одатан маҳфуф ба қароъинӣ қатъовар аст ва аз сӯӣ дигар одатан қобили тасҳиҳ ё такзиб тавассути ӯст. Ба илова, чунин хабаре қадри мутаяқан аз адиллаи ҳуҷҷияти хабари воҳид дар фарзи тамомияти онҳост; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳамаи ин адилла аз қабили ояи Нафар ва эъзоми суфаро ба назди подшоҳон тавассути Паёмбар, танҳо бар ҳуҷҷияти хабари воҳид аз халифаи Худованд барои аҳли замони ӯ далолат мекунад, на барои ояндагон ки имкони дастрасӣ ба ӯро надоранд ва мукаллаф ба истелом аз имоми замони худ ҳастанд.

Содисан мавзӯъи баҳси ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, танҳо ҳуҷҷият ё адами ҳуҷҷияти хабари воҳид барои шинохти ақойид ва аҳкоми шаръи аст ва бо ин васф, хабари воҳиде ки рабте ба ақойид ва аҳкоми шаръи надорад, аз мавзӯъи баҳси эшон берун аст. Ҳар чанд адами ҳуҷҷияти хабари воҳид, ақлӣ аст ва бо ин васф, ҳамаи мавзӯъотро дар бар мегирад, вале уқало дар бораи мавзӯъоти урфӣ тасомуҳе ба харҷ медиҳанд ки дар бораи мавзӯъоти шаръӣ раво нест ва бо ин васф, пазириш ё адами пазираиши хабари воҳид дар мавзӯъоти урфӣ, ба мизони тасомуҳи уқало бастагӣ дорад, балки ҳар кас мехоҳад онро бипазирад ва ҳар кас мехоҳад онро напазирад; Чароки дар ҳар сурат, муҳим нест. Аз инҷо дониста мешавад ки аз адами ҳуҷҷияти хабари воҳид, сафсата ва ихтилоли низом лозим намеояд; Чароки маҳдудаи он шаръиёт аст ва шомили урфиёт намешавад ва ҳидоят танҳо аз ҷониби Худованд Парвардигори ҷаҳониён аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.