Шанбе 22 июл 2017 мелодӣ баробар бо 28 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 2 Коди нақд: 12
Мавзӯъи нақд:

Куллиёт; Нависандаи китоб

Нависандаи нақд: Муҳаммад Сиддиқ Тарихи нақд: 14/06/2015

Гӯё эшон қасд доранд худро саййиди Хуросонӣ муъаррифӣ кунанд; Чун зоҳир чунон нишон медиҳад, аммо мутмаъинан эшон ҳеҷ тафовуте бо уламои пучи шиъа надоранд. Масалан дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> навишта ман на шиъа ва на суннии мусталаҳ ҳеҷ кадом нестам; Балки эшон як шиъаи воқеъии мусталаҳ ҳастанд, чун тибқи ақойиди шиъа рафтор мекунанд. Барои мисол саййиди Хуросонӣ сохта ва пардохтаи ҷаҳони ташаюъ ҳаст ва <<Ал-Байъату Лиллоҳ>> ва парчами сиёҳ ва Мансури Хусосонӣ танҳо дар ақойиди шиъа ва аҳодиси хурофии онон пайдо мешавад.

Посух ба нақди шумораи: 2 Тарихи посух ба нақд:

Бародари гиромӣ!

Лутфан аз таваҳҳум берун биёйед ва боби тӯҳмат ва ифтироро нагушойед ки ин бобо ба рӯӣ оташ гушуда мешавад. Агар дар бораи матлаби хоссе аз китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> нақде доред, бо баёни илмӣ ва ба сурати мустадал бифармойед то бо баёни илмӣ ва ба сурати мустадал ба шумо посух дода шавад; Вагарна вақи моро бо суханони сахиф ва бепоя нагиред.

Рӯшан аст ки ақойиди ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> танҳо муттакӣ бар китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар дар рӯшаноии ақли салим аст ва ба ҳеҷ мазҳабе на шиъа ва на суннӣ таъаллуқе надорад; ҳамчунонки бархӣ аз аҳли ташаюъ низ дақиқан бар акси шумо, ин бузургворро ба суннӣ будан муттаҳам мекунанд, дар ҳоле ки ҳар ду иттиҳом ба як андоза бе асос аст ва танҳо аз таъассуботи мазҳабӣ бархостааст.

Ба илова, зуҳури марде мавсум ба <<Мансур>> аз Хуросон бо парчамҳои сиёҳ барои заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, бар хилофи таваҳҳуми шумо муттакӣ бар ривоёти шиъа нест, балки беш аз он муттакӣ бар ривоёти аҳли суннат ва ҷамоъат аст; Чунонки бисёрӣ аз аъимаи ҳадис монанди ибни Абӣ Шейба дар Ал-Мусаннаф (ҷ8, с697), Аҳмад ибни Ҳанбал дар Ал-Муснад (ҷ5, с277), Абу Довуд дар Сунан (ҷ2, с311), ибни Моҷа дар Сунан (ҷ2, с1366), Байҳақӣ дар Далоъилун Набувва (ҷ6, с516), ибни Ҳаммод дар китоби Ал-фитан (с188), Аҳмад ибни Амрул Базоз дар Ал-муснад (ҷ4, с310), Абу Саъиди Шошӣ дар Ал-муснад (ҷ1, с347), Табаронӣ дар Ал-мӯъҷамул авсат (ҷ6, с29), ибни Адӣ дар Ал-комил (ҷ4, с227), Ҳокими Нешобурӣ дар Ал-мустадрак (ҷ4, с464), Ҳайсамӣ дар Маҷмаъул завоъид (ҷ7, с316), ибни Касир дар Ал-бидоя вал ниҳоя (ҷ6, с275) ва дигарон онро ривоят кардаанд ва баъзан ба сиҳҳати он ва шӯҳраташ дар миёни салаф тасриҳ намудаанд ва бо ин васф, маҳдуд донистани он ба шиъа, аз таваҳҳумоти шумо аст! Албатта ин ба он маъно нест ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ худро ҳамин фард мешуморад; Чароки ӯ чунин иддаъое дар бораи худ надорад, вале метавонад ба ин маъно бошад ки чунин чизе муҳтамал аст ва ин эҳтимоли қобили инкор нест.

Хулоса онки агар шумо матлаби мушаххасе аз китобро бар хилофи китоби Худо ё суннати мутавотир ё ақли салим мепиндоред, бо баёни илмӣ ва ба сурати мустадал бифармойед то барои шумо тавзиҳ дода шавад; Чароки суханони ҷоҳилона ва таъассуб омез фоидае барои шумо надорад, балки ба зиёни шумо дар дунё ва охират аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.