Сешанбе 17 январ 2017 мелодӣ баробар бо 19 рабеъ-ул-сони 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 2 Коди нақд: 10
Мавзӯъи нақд:

Меъёр ва мавонеъи шинохт; Мавонеъи шинохт; Ҷаҳл ва тақлид

Нависандаи нақд: Саййид Эҳсон Тарихи нақд: 2015/03/22

Пас аз мутолиъаи китоб суъолоте барям матраҳ шуд ки ба мизони ҳавсала теъдоде аз онҳоро матраҳ мекунам. Қаблан ба хотири посухгӯйии самимона ташаккур мекунам.

Дар матни китоб омадааст:

<<Ихтилофи онон [олимони мусалмон] бо якдигар дар гуфтаҳо ва кардаҳошон, фоҳиш ва фаровон аст; Дар ҳоле ки ҳақ, мусалламан гуфта ё кардаи воҳиде аст ва қобилияти таъаддуд ва такассур надорад ва бо ин васф, пайравии онон, аз як сӯ мутаноқиз ва бемаъност ва аз сӯӣ дигар, ба ихтилофи мусалмонон меанҷомад; Ҳамчуноки ба он анҷомидааст; Чароки ихтилофи мусалмонон дар ақойид ва аъмолашон, беш аз ҳар чиз, маълули пайравии онон аз олимони мухталиф аст>>.

Ҳол инки ҳамин гуфта нишон медиҳад байни бардошти 2 нафар ки на танҳо аз касе тақлид намекунанд, балки динро бо тафаққуҳ дар оёт ва ривоёт гирифтаанд низ мумкин аст ихтилоф ба вуҷуд биёяд; Яъне наметавон ба таври қатъӣ гуфт мусалмонон бо тафаққуҳ ба як бардошти воҳид мерасанд ва дар натиҷа тибқи истедлоли худи китоб танҳо яке аз ин бардоштҳо саҳиҳ аст ва бақия нодуруст аст ва ин яъне мо боз ҳам мусалмононе хоҳем дошт ки талаққии носаҳиҳе доранд ва инҷо чи тафовуте байни натиҷаи ин 2 равиш аст?

Албатта суъоли дигар низ ин аст ки дар китоб омадааст: <<Пайравӣ аз онҳо [яъне олимон], мубтани бар занни пайравонашон ба мутобиқати гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо бо шаръ аст>> ки бо таваҷҷуҳ ба таъкиди нависанда бар яқини ақлӣ, мутаъассифона далили ақлӣ барои ин масъала зикр накардаанд. Албатта ин нуктаи лозим ба зикр аст ки дар сурати муроҷиъа ба мароҷеъи тақлид ва дархости далили ақлӣ аҳком ва фатово ва истинод ба оёт ва ривоёт, онон дариғ накарда ва дар ихтиёр мегузоранд.

Ташаккур

Посух ба нақди шумораи: 2 Тарихи посух ба нақд:

Бародари гиромӣ!

Ба назар мерасад ки шумо, шояд дар асари фиқдони <<Ҳавсала>> ба мизони кофӣ, китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро ба таври комил мутолиъа нафармудаед ва ин муҷиби бардошӣ ноқис ва нодуруст барои шумо шудааст. Бо ин васф, лозим аст ки ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан чунонки дар ин китоби шариф бо далоили рӯшани ақлӣ ва шаръӣ ба исбот расонда, ҳақ чи дар ҳавзаӣ таквини Худованд ва чи дар ҳавзаӣ ташриъи Ӯ, вуҷуди воҳид аст ва аз ин рӯ, шинохти воҳидеро иқтизо мекунад; Чароки шинохти як чиз ба ду сурат мумкин нест, магар инки яке аз он ду сурат, шинохт набошад ва танҳо шинохт пиндошта шуда бошад; Монанди ду олим ки бо якдигар дар шинохти амале ихтилоф доранд ва яке онро воҷиб ва дигаре онро ғайри воҷиб медонанд, дар ҳоле ки бадеҳӣ аст он амал наметавонад ҳам воҷиб ва ҳам ғайри воҷиб бошад ва қаҳран ё воҷиб ва ё ғайри воҷиб аст ва аз ин рӯ, танҳо шинохти яке аз он ду саҳиҳ аст ва шинохти дигарӣ саҳиҳ нест. Ин дар ҳоле аст ки мусалламан Худованд мардумро ба шинохти ҳақ бо васфи ваҳдаташ мукаллаф фармуда; Чароки шинохти ҳақ барои камоли онон зарурӣ аст ва адами таклифи онон ба он бо камоли Ӯ мунофот дорад ва бо ин васф, лозим аст ки имкони онро низ барои онон фароҳам сохта бошад; Зеро таклифи онон ба коре ки мумкин нест, ҷойиз нест. Бинобарин, шинохти ҳақ ба суратӣ воҳид, барои мардум мумкин аст ва аз ин ҷиҳат, бар онон воҷиб шумурда мешавад; Зеро коре ки барои мардум зарурӣ ва мумкин аст, бар онон воҷиб аст.

Аммо чизе ки шинохти воҳид аз ҳақро барои онон мумкин месозад, меъёри воҳид барои он аст ва меъёри воҳид барои он, ҳамоно ақл аст ки ба ҳамаи уқало бахшида шудааст, ҷуз онки ақли онон ҳангоме метавонад ба шинохтӣ воҳид аз ҳақ даст ёбад ки ба мавонеъи он монанди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ мубтало набошад; Зеро ҳар андоза ки ба ин мавонеъ мубтало бошад, дучори инҳироф ва ихтилоф мешавад ва ин инҳироф ва ихтилоф, аз мавонеъи шинохт ношӣ мешавад на аз <<Тафаққуҳ дар дин>> ва бо ин васф, далолате бар нокоромадии <<Тафаққуҳ дар дин>> надорад. Аз инҷо дониста мешавад ки сухани шумо бо ин мазмун ки <<Дар сурати тафаққуҳ дар дин, мо боз ҳам мусалмононе хоҳем дошт ки талаққии носаҳиҳе доранд>>, ваҳм аст; Зеро агар муроди шумо аз <<Тафаққуҳ дар дин>>, шинохти он бар мабнои ақл ба дур аз мавонеъи шинохт бошад, мумкин нест ки дар сурати он, мо боз ҳам чунин мусалмононе дошта бошем ва агар муроди шумо чизе ҷуз ин шинохт аст, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба он даъват намекунад то ишколи шумо бар ӯ ворид бошад.

Бале, чизе ки шинохти воҳид аз ҳақро барои мардум мумкин месозад, бар хилофи бардошти ноқиси шумо, танҳо <<Тафаққуҳ дар оёт ва ривоёт>> нест, бал руҷӯъи ақлӣ ва орӣ аз мавонеъи шинохт ба китоби Худованд ва халифаи зиндаи Ӯ дар замин аст ки муҷиби яқин ба ақойид ва аҳкоми Ислом мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки занниёт дар Ислом эътиборе надоранд ва табъан ривоёти воҳид ҳуҷҷат нестанд ва ривоёти мутавотир ва яқинӣ низ маъдуд ва нокофианд ва бо ин васф, чорае ҷуз руҷӯъ ба китоби Худованд ва халифаи зиндаи Ӯ дар замин нест ки ҳаргоҳ бар мабнои ақл ва бар канор аз мавонеъи шинохт сурат пазирад, муҷиби яқин ба ақойид ва аҳкоми Ислом мешавад. Ҳоло агар касоне аз мардум, ин кори зарурӣ ва мумкинро анҷом надиҳанд ва ба сабаби анҷом надодани он, ба инҳироф ва ихтилоф дучор шаванд, онҳо ҳастанд ки гуноҳкоранд ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ гуноҳкор нест!

Ҳосил онки ҳар кас дар рӯшанойии ақл ва бо парҳез аз мавонеъи шинохт, ба китоби Худованд ва халифаи зиндаи Ӯ дар замин руҷӯъ кунад, ба фазли Худованд ҳақро мешиносад ва ҳар кас ин крорро анҷом надиҳад, дучори инҳирофот ва ихтилофот мешавад, вале рӯшан аст ки инҳироф ва ихтилофи ӯ, ба ҳидояти касе ки ҳақро шинохтааст зиёне намерасонад ва ин маъноӣ сухани Худованд аст ки фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَيْكُمْ أَنْفُسَكُمْ ۖ لَا يَضُرُّكُمْ مَنْ ضَلَّ إِذَا اهْتَدَيْتُمْ ۚ إِلَى اللَّهِ مَرْجِعُكُمْ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ» (Моъида/105); <<Эй касоне ки имон овардед! Бар шумо бод ба худатон; Зеро касе ки гумроҳ шудааст ба шумо зиёне намерасонад ҳаргоҳ ҳидоят шуда бошед! Бозгашти ҳамагӣ шумо ба сӯи Худованд аст, пас Ӯ шуморо ба коре ки анҷом медодид огоҳ мекунад>>!

Сониян муддаъӣ шудаед: <<Дар китоб омадааст: Пайравӣ аз онҳо [яъне олимон], мубтанӣ бар занни пайравонашон ба мутобиқати гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо бо шаръ аст ки бо таваҷҷуҳ ба таъкиди нависанда бар яқини ақлӣ, мутаъассифона далили ақлӣ барои ин масъала зикр накардаанд>>!! Мутаъассифона маълум нест ки ба заъми шумо, нависанда барои кадомин масъала, далили алқӣ зикр накардаанд, вале агар муродатон ҳамин масъала, яъне мубтанӣ будани тақлид аз уламо бар занни ба мутобиқати фатвои онон бо шаръ аст ки масъалаи мусаллам ва машҳуд аст ва табъан ниёзе ба суғро ва кубро надорад. Оё шумо муддаъӣ ҳастед ё касеро суроғ доред ки муддаӣ бошад, тақлид аз уламо мубтанӣ бар занни ба мутобиқати фатвои онон бо шаръ нест?! Пас тақлид аз онон мубтанӣ бар чи чизе аст?! Возеҳ аст ки наметавонад мубтанӣ бар яқин ба мутобиқати фатвои онон бо шаръ бошад; Чароки чунин яқине бо вуҷуди эҳтимоли адами мутобиқати фатвои онон бо шаръ бо таваҷҷуҳ ба адами исмати онон аз иштибоҳ, нисён ва кизб, вуҷуд надорад; Ҳамчунонки наметавонад мубтанӣ бар занни ба адами мутобиқати фатвои онон бо шаръ бошад; Чароки тақлид аз онон бо вуҷуди занни ба адами мутобиқати фатвои онон бо шаръ маъно надорад! Бинобарин, мубтанӣ будани тақлид аз уламо бар занн ба мутобиқати фатвои онон бо шаръ, аз ҷумлаи возеҳот аст ва тавзиҳи возеҳот аз ҳукм содир намешавад; Ҳамчунонки дар маҳалли низоъ низ дохил нест; Чароки маҳалли низоъ, кифоят ё адами кифояти тақлид аз уламо бо вуҷуди мубтанӣ будани он бар ин занн аст, на мубтанӣ будан ё набудани он бар ин занн ки возеҳ аст ва ниёзе ба низоъ надорад!

Аммо инки пешбинӣ фармудаед: <<Дар сурати муроҷиъа ба мароҷеъи тақлид ва дархости далили ақлии аҳком ва фатово ва истинод ба оёт ва ривоёт, онон дариғ накарда ва дар ихтиёр мегузоранд>>, агарчи баъид нест, аз мавзӯъи баҳс берун аст; Зеро мавзӯъи баҳс ин нест ки мароҷеъи тақлид дар сурати муроҷиъа ва истифсори мардум аз адиллаи аҳком чи кор мекунанд, бал ин аст ки оё муроҷиъаи мардум ба онон барои истифсор аз адиллаи аҳком воҷиб аст ё воҷиб нест?! Ин бузугворон мепиндоранд ки воҷиб нест; Чароки ба заъми онон, амали мардум ба фатовии онон бидуни ин муроҷиъа ва истфсор кофӣ аст; Чунонки амали мардум низ бар ин минвол ҷараён ёфтааст; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон ба фатовии мароҷеъи тақлиди худ бидуни фаҳс аз адиллаи онон амал мекунанд, вале Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мӯътақид аст ки ин кор кофӣ нест; Чароки танҳо муфйди занн аст ва занн дар Ислом кофӣ шумурда намешавад; Чунонки Худованд ба рӯшани фармудааст: «وَمَا يَتَّبِعُ أَكْثَرُهُمْ إِلَّا ظَنًّا ۚ إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِمَا يَفْعَلُونَ» (Юнус/36); <<Ва бештари онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад; Ҳароина Худованд ба коре ки анҷом медиҳанд доност>>! Аз ин рӯ, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мӯътақид аст ки таҳсили яқин ба ақойид ва аҳкоми шаръи бар ҳар мусалмоне воҷиб аст ва он бо тақлид аз муҷтаҳидон ҳар чанд бо огоҳӣ аз адиллаи онон, ҳосил намешавад; Чароки аз як сӯ мумкин аст онон ба ҳамаи адилла иҳота наёфта бошанд ва аз сӯӣ дигар бештари адиллаи онон ривоёти воҳид ва заннӣ аст ки мӯътабар шумурда намешавад ва бо ин васф, танҳо коре ки муҷиби бароъати зиммаи мардум дар дунё ва растгории онон дар охират мешавад, руҷӯъи мустақим ба китоби Худованд ва халифаи зиндаи Ӯ дар замин аст ва ин ҳақиқати сангине аст ки қабули он осон нест, магар барои фурутаноне ки Худованд ҳидоят намуда; Чунонки фармудааст: «وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى الْخَاشِعِينَ» (Бақара/45); <<Ва ҳароина он сангин аст магар бар фурутанон>> Ва фармудааст: «وَإِنْ كَانَتْ لَكَبِيرَةً إِلَّا عَلَى الَّذِينَ هَدَى اللَّهُ ۗ» (Бақара/143); <<Ва ҳароина он сангин буд магар бар касоне ки Худованд ҳидоят кард>>!

Худованд қабули ин ҳақиқати сангинро бар мусалмонон осон кунад; Чароки фурутанӣ аз миёнашон рахт барбаста ва такаббур ҷойи онро гирифтааст ва бештарашон дар залолатӣ ошкорранд ва бо ин васф, чигуна метавонанд дар баробари чунин ҳақиқати сангине сар фуруд оваранд?!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.