Шанбе 22 июл 2017 мелодӣ баробар бо 28 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 2 Коди нақд: 8
Мавзӯъи нақд:

Шинохти Ислом; Манобеъи Ислом; Халифаи Худованд

Нависандаи нақд: Кушо Фарҳанг Тарихи нақд: 20/02/2015

Китобро ба умеди пайдо кардан роҳи ҳаллӣ исботӣ мурур кардам, аммо ончи ҳосил шуд танҳо нафӣ дигарон буд! Нависанда баъд аз ин ҳама қаламфарсоӣ ва баёни куллиёт, таклифи мусалмонро дар асри ғайбат мушаххас накардааст ки билохира чи кор бояд бикунанд оё бояд даст аз ҳамаи корҳо кашида ва таҳсин карда ва эълом кунанд то Маҳдӣ алайҳи салом наёмад аз эътисоб ва тасҳини худ даст нахоҳанд бардошт? Агар бар фарз акнун замоми умури муслимин ба дасти Мансури Хуросонӣ бияфтад барномаи амалии эшон барои идораи ҷавомеъи Исломӣ чист?

Ишколи дигар ин аст ки зоҳиран эшон низ монанди дигарон мардумро ба худ даъват кардаан дар ҳоле ки дар китоб ба рӯшанӣ ботил будани ҳар касе ки ба худ даъват кунадро эълом кардаанд ва [гуфтаанд] танҳо касе [ки] ба ҳақ метавонад дигарон [ро] даъват кунад Маҳдӣ алайҳи салом аст ва худ ба маънои вуҷуди бунбаст дар уммати охирул замон аст ки бо комил будани Ислом дар тазод аст.

Оё ба ростӣ ҷиҳати таҳаққуқи мисдоқи ҳокимияти Худо то замони таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом, ба ҷуз ҳокимияти фақиҳ монанди ончи дар Эрон аст (бо ҳама ишколот ва навоқисе ки дорад) ҳокимияти дигаре қобили тасвир аст?

Бо ташаккур

Посух ба нақди шумораи: 2 Тарихи посух ба нақд:

Бародари гиромӣ!

Ба назар мерасад ки шумо китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросониро сирфан <<Мурур>> кардаед ва бо диққат ва тадобири кофӣ <<Мутолеъа>> накардаед ва аз ин рӯ, ба бархӣ дақоъиқи он пай набудаед ва дучори сӯъи бардошт шудаед. Бегумон ин китобе нест ки мурури иҷмолии он кофӣ бошад, бал китобе аст ки ба мутолеъаи тафсилӣ ва амиқ ниёз дорад. Бо ин васф, лозим аст ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан паёми рӯшан ва калидии ин китоби бузург, бар хилофи бардошти ноқиси шумо, танҳо <<Нафӣ дигарон>> нест, балки <<Исботи Маҳдӣ>> ва <<Нафӣ дигарон>> аст ва ин таҷалии <<Ло Илоҳа Илаллоҳ>> ва тафсири <<Ал байъату Лиллоҳ>> аст ки шиъори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва рукни даъвати ӯст. Ҳамаи сухани ин олими муслеҳ ва муҷоҳид он аст ки ҳеҷ ҳукумате ҷуз барои Аллоҳ нест ва муроди ӯ аз ҳукумати Аллоҳ, бар хилофи муроди сахиф ва нодурусти хавориҷ, адами ҳукумати инсони нест, бал ҳукумати инсоне аст ки Худованд ӯро мансуб карда ва аз тариқи китоби худ ва суннати мутавотири Паёмбараш ё аз тариқи оётӣ баййина, аз интисоби ӯ хабар дода ва ӯ ҳамон <<Маҳдӣ>> аст ки акнун дар замин вуҷуд дорад, вале ғойиб аст ва иллати ғиёби ӯ, бар хилофи пиндори бештари мардум, ирода ва иқдоми ибтидоии Худованд нест, бал ирода ва иқдоми ибтидоии мардум аст ки шароъити лози барои ӯро фароҳам накардаанд ва аз ин рӯ, масъули ҳамаи табаъот ва аворизи ношӣ аз ғиёби ӯ ҳастанд, агарчи ин табаъот ва аворизи, <<Бунбаст дар уммати охирул замон>> талаққӣ шавад; Чароки чунин <<Бунбасте>> ба <<Ислом>> нисбат дода намешавад то бо <<Камоли>> он зиддият дошта бошад, бал ба мардум нисбат дода мешавад ки боъис ва бонии он будаанд; «فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ» (Ҳашр/2); <<Пас ибрат бигиред эй соҳибони бинишҳо>>!

Сониян роҳкори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои зуҳур ва ҳокимияти Маҳдӣ, роҳкорӣ ҷомеъ бо абъоди амниятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ аст; Чароки ӯ барои зуҳури Маҳдӣ ба маънои имкони дастрасӣ ба ӯ, вуҷуди шумори кофӣ аз мусалмонони қавӣ ва амин ба манзури муҳофизат аз ӯ дар баробари хатароти эҳтимолиро зарурӣ медонад; Бо таваҷҷуҳ ба инки танҳо иллати адами зуҳури ӯ ба маънои адами дастрасӣ ба ӯро хавфи ӯ аз кушта шудан ё асорат медонад ва мӯътақид аст ки дар сурати тазмини амнияти ӯ тавассути ин шумор аз мусалмонон, зуҳури ӯ ба маънои дастрасӣ ба ӯ ҳатмӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, ба иқтизои вуҷуби ақлӣ ва шаръӣ заминасозӣ барои ӯ, дар ҳоли гирдоварии шуморӣ кофӣ аз мусалмонони қавӣ ва амин ба манзури муҳофизат аз ӯ дар баробари хатароти эҳтимолӣ аст ва аз ҳамаи онон монанди шумо, барои ин манзур ёрӣ металабад; Чароки ин олими сиддиқ, зуҳури Маҳдӣ дар сурати тазмини амнияти ӯ, ҳатто дар сурати имкони ҳокимияти ӯ, қатъӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки миёни зуҳури ӯ ва ҳокимияти ӯ мулозимае нест ва зоҳир будани ӯ бидуни ҳокимияти ӯ низ судманд аст; Балки зоҳир будани ӯ, муқаддамае барои ҳокимияти ӯст; Зеро ҳокимияти касе ки зоҳир нест, мушкил аст ва бо ин васф, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, муқаддамаи заминасозӣ барои ҳокимияти ӯст.

Аммо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ заминаи ҳокимияти Маҳдиро иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мардум барои иъонат ва итоъати ӯ медонад ва мӯътақид аст ки ҳаргоҳ ин шумор аз онон, ин иъонат ва итоъатро бар уҳда бигаиранд, қиёми Маҳдӣ барои ҳокимият ҳатмӣ хоҳад буд; Чароки ҳокимият танҳо ҳаққе барои ӯ нест, балки таклифе барои ӯ низ шумурда мешавад, то ҷойе ки агар пас аз ҳусули шароит барои он қиём накунад, шоиста аст ки гарданаш зада шавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки масъули ҳамаи мафосид ва мазолими ҷорӣ дар замин, касе ҷуз ӯ нахоҳад буд. Аз ин рӯ, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, ҳамзамон бо гирд овардани шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои муҳофизат аз Маҳдӣ, дар ҳоли гирд овардани шуморӣ кофӣ аз онон барои иъонат ва итоъати ӯст ва аз ҳамаи онон монанди шумо, барои ин манзур ёрӣ металабад; Чароки ба назари ин уҷубаи даврон, ҳокимияти Маҳдӣ дар сурати тазмини иъонат ва итоъати ӯ, ҳатмӣ аст ва ин тазмин дар Ислом <<Байъат>> номида мешавад. Бар ин асос, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, аз мусалмонони ҷаҳон барои Маҳдӣ байъат мегирад; Ба ин маъно ки аз онон таъаҳҳуд мегирад то ҳаргоҳ Маҳдӣ барои онон зоҳир шуд, ӯро иъонат ва итоъат намоянд ва мононди хулафое ки пеш аз ӯ буданд, хизлон ва исён накунанд ва бо ин тақрир, ҳаргоҳ шуморӣ кофӣ аз мусалмонон бо ӯ бар иъонат ва итоъати Маҳдӣ байъат карданд, ҳокимияти он ҳазрат барояшон муҳаққақ мешавад; Ҳамчунонки ҳаргоҳ шуморӣ кофӣ аз онон бо ӯ бар ҳифозат аз Маҳдӣ паймон бастанд, зуҳури он ҳазрат борояшон воқеъ хоҳад шуд.

Ин барномаи комил ва дақиқе аст ки аз ақл содир шуда ва бо китоби Худованд ва суннати Паёмбари Ӯ мувофиқ аст ва ҳар кас аз қабули он истинкоф мекунад, аз Ислом барӣ аст. <<Барои ӯ дар дунё зиллат аст ва дар охират азобӣ шадид хоҳад буд; Чароки аз қабули ҳақ ибо карда ва аз роҳи он боздоштааст, то дар замин ба ҷои адолат ситам бошад ва ба ҷои ободӣ вайронӣ, то касоне ки ҷуз Худованд ҳукумат мекунанд ба ҳукумати худ идома диҳанд ва ҳукумати Худованд монанди хиёлӣ мавҳум, то абад аз зеҳни башар берун наёяд ва ҳар кас ки Худованд барояш роҳнамое қарор надиҳад, барои ӯ роҳнамое нахоҳад буд>>.

Солисан аз ончи гузашт рӯшан шуд ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бар хилофи таваҳҳуми шумо, ба сӯӣ <<Худ>> даъват намекунад, балки ошкоро ба сӯӣ <<Маҳдӣ>> даъват мекунад; Чароки даъвати ӯ ба ҳампаймононе барои ҳифозат аз <<Маҳдӣ>> ва иъонат ва итоъати ӯ, бо ҳеҷ тақрире даъват ба <<Худ>> талаққӣ намешавад ва <<Даъват ба худ>> номидани он, монанди <<Шаб>> номидани <<Рӯз>> аст ки чизе ҷуз таҳаккум дар номгузорӣ нест. Бегумон касе ба сӯӣ <<Худ>> даъват мекунанд ки барои <<Худ>> ҳаққи ҳокимият мешиносанд ва дигаронро ба ҳифозат, иъонат ва итоъати <<Худ>> малзум медонанд ва ҷуз ҳифзи ҳукумати <<Худ>> ҳамме надоранд; Ё худпарастоне ки дар ботлоқи иддаъоҳо фуру рафтаанд ва ҷуз <<Ман инам>> ва <<Ман онам>> ҳарфе надоарнд ва ҷуз барои исботи <<Худ>> намекӯшанд; Ҳамонон ки худро дар радифи Паёмбарони Худо медонанд ва дар арзи хулафоъи Ӯ мешуморанд ва ба номҳои авлиёъи Ӯ меноманд, дар ҳоле ки дар назари Ӯ аз ҳашароте бефоидатаранд!

Робиъан аз ончи гузашт рӯшан шуд ки <<Ҳокимият фақиҳ>> наметавонад мисдоқи <<Ҳокимияти Худо>> бошад; Чароки фақиҳи Худо нест ва халифаи Ӯ дар замин шумурда намешавад ва бо ин васф, ҳокимияти Худо шумурдани ҳокимияти фақиҳ, дурӯғ бастан бар Худо ва бар фақиҳ аст! Танҳо мисдоқи ҳокимияти Худо, ҳокимияти халифаи Ӯ дар замин аст ва агар эҷоди ҳокимияти халифаи Ӯ дар замин душвор аст, эҷоди ҳокимияти фақиҳ ҳам осон нест; Чароки эҷоди ҳар ҳокимияте, ба заминасозӣ ниёз дорад ва заминасозӣ барои ҳар ҳокимияте душвор аст. Пас оё суханӣ заминасозӣ барои ҳокимияти фақиҳро бар метобед, вале суханӣ заминасозӣ барои ҳокимияти Худо дар заминро бар наметобед?! Ин чист ҷуз фурумоягӣ ва кӯтоҳии фикр ва сафоҳате ки то умқи замири нохудогоҳашон фуру рафтааст?! Ҳангоме ки ба сӯӣ ҳокимияти яке аз худ фаро хонда мешаванд то эҷодаш кунанд, ба сӯӣ он мешитобанд ва аз якдигар пешӣ мегиранд, бал <<Даст аз ҳамаи корҳо мекашанд ва таҳсин мекунанд>> ва эълом медоранд ки то ӯ ба ҳукумат нарасад, <<Аз эътисоб ва таҳассуни худ даст нахоҳанд бардошт>>, вале ҳангоме ки ба сӯӣ ҳокимияти Маҳдӣ фаро хонда мешаванд то онро эҷод кунанд, сар боз мезананд ва баҳона меоваранд ва мегӯянд <<Оё бояд даст аз ҳамаи корҳо кашида ва таҳассун карда ва эълом кунанд то Маҳдӣ алайҳи салом наёмада аз эътисоб ва таҳсини худ даст нахоҳем бардошт?!>>. Вой бар онон! Ба фарз ки чунин бошад! Магар ҳамин корро барои дигарон анҷом намедиҳанд?! Пас чаро онро аз Маҳдӣ дариғ медоранд?! Оё Маҳдӣ дар назарашон аз дигарон хортар аст?! Дар ҳоле ки ӯ ба ҳукумат бар онон аз дигарон сазовортар аст ва аз ҳукуматаш бар онон хайр ва баракат ва адолат ва саъодат меҷӯшад! Чунонки абди солеҳ Мансури Ҳошимии Хуросонӣ се сол пеш аз фитнаи Шом фарёд зад ва фармуд:

<<Ҳон! Бидонед ки уфуқи мағриб, аз абрҳои тираи торик аст. Ба зудӣ туфонӣ сурх бар шумо хоҳад вазид ва сарзамини шуморо дар хоҳад навардид. На сақфе боқӣ хоҳад гузошт ки дар зери он паноҳ гиред ва на деворе ки дар паси он пинҳон шавед! Дар он замон, уммати Муҳаммад орзу хоҳад кард ки ниме аз ҷавонони худро бидиҳанд ва дар иваз, Маҳдиро дар даррае аз дарраҳои ҳиҷоз боз ёбанд! Ҳон, эй уммати нодон! Дар паӣ чи мегардӣ?! Ва ба дунболи ки меравӣ?! Пешвои ту Маҳдӣ аст. Оромиши шабҳо ва хуррамии рӯзҳои ту Маҳдӣ аст. Шодии мондгор ва ширинии рӯзгори ту Маҳдӣ аст. Хушбахтии дунё ва растгории охирати ту Маҳдӣ аст. Пас чи чизе туро аз ӯ боз доштааст?! Ё чи касе туро аз ӯ бениёз кардааст?! ... оё мепиндорӣ ки дар ғиёби ӯ, адолатро хоҳед дид ва ба шукуфае хоҳад расид?! Ё мепиндоред ки дар ғиёби ӯ, амният хоҳед дошт ва хушбахт хоҳед шуд?! На ба Худо савганд, сипас на ба Худо савганд; Балки ин орзуро бо худ ба гӯр хоҳед бурд, ҳамчунонки гузаштагонатон онро бо худ ба гӯр бурданд! Зеро Худованд дар ғайбати гумоштааш хайре қарор надода ва дар ҳукумати ғайри ӯ баракате наёфаридааст! Рост мегӯям ба шумо; Дар ғайбати ӯ, шикамҳотон ба пушт хоҳад часбид ва бар рӯӣ хошок хоҳед хобид! Субҳ ва шом ғазабнок хоҳед буд ва орзуӣ марг хоҳед кард! Хонаҳои шумо ғайри маскуни ва бозорҳотон таътил хоҳад шуд! Заминҳои зироъӣ хор хоҳад рӯёнд ва дарахтони мева хушк хоҳанд шуд! Галлаҳои мол пароканда хоҳад гашт ва касе нахоҳад буд ки онҳоро ҷамъ кунад. Сарҳои шумо шипиш хоҳад гузошт ва дастҳотон хокӣ хоҳад буд! Шаҳрҳотон вайрон ва деҳаҳотон матрука хоҳад шуд! Аз кӯчаҳои шумо касе убур нахоҳад кард ва дарҳои шуморо касе нахоҳад зад! Ҷӯйборҳои шумо об нахоҳад дошт ва дар чоҳҳои шумо мор лона хоҳад намуд! Дар майодинатон гург хоҳад чархид ва бар бурҷҳотон чуғд хоҳад нолид! Бар панҷараҳотон анкабут тор хоҳад танид ва дар ҳавзчаҳотон вазағ хоҳад хонд! Дар дарраҳои торик сокин хоҳед шуд ва ба қаллаи кӯҳҳо паноҳ хоҳед бурд! Дар шикофи кӯҳҳо пинҳон хоҳед шуд ва бо чалпосаҳои биёбон ҳамнишин хоҳед буд! Аз сарзаминҳои шумо дуд ба осмон хоҳад рафт ва оташи он хомӯш нахоҳад шуд! Душманонатон бар шумо мусаллат хоҳанд гашт ва шаётини ғарб ва шарқ шуморо хоҳанд хӯрд! Гиряи кӯдаконтонро нахоҳед шунид ва бар пирони замингиратон раҳм нахоҳед кард! Амволатонро қисмат хоҳед намуд ва барои номусатон қуръа хоҳанд зад! Мурдагонатонро ба хок нахоҳанд супурд, балки барои сагҳошон хоҳанд гузошт!

Ҳон, эй мардум! Барои ончи дар гарави лаҳзаҳост, шитоб накунед! Ҷаҳон ба поёни худ наздик шуда ва замони ваъдаҳо фаро расидааст. Ба зудӣ рӯзгори ғайбат ки роммаш мепиндорад, ҳамчун шутурӣ баҳормаст рам мекунад ва дандонҳои тезашро дар чашмҳотон фуру мебарад. Ба Худойе ки ҷисм ва ҷонам дар даст Ӯст савганд ки ончи мегӯям шеър нест ва ағроқе дар гуфтор шумурда намешавад. Зудо ки деги ҷаҳон ба ҷуш ояд ва руди замон ба хурӯш гарояд ва осиёби фитнаро бигардонад ва санги ошубро бичархонад. Хатар! Хатар! Огоҳ бошед ки ба ҳеҷ як шумо раҳм нахоҳад кар! Гӯшагиртарини шуморо низ хоҳанд овард ва рӯған ва дӯғашро хоҳанд гирифт. Ҳангоме ки доси фитна фуруд ояд, истода дарав шавад ва нишаста хурд гардад. Хатар! Хатар! Имрӯз ки фурсате доред, дини худро бардоред ва бигурезед! Агар ҳаққро бо ман ёфтед ба сӯӣ ман биёйед, агар чи чаҳор дасту по бар рӯӣ барф; Чароки ман шуморо ба сӯӣ Маҳдӣ раҳнамун хоҳам шуд ва агар маро нахостед ва хуш надоштед ки ба сӯӣ ман биёйед, пас биравед ва то метавонед дур шавед, агар чи дур натавонед шуд; Чароки ба Худо савганд, агар дар пушти ситорагони осмон пинҳон шавед, боз ҳам шуморо меёбанд ва меоваранд ва расвоятон месозанд; Чаро ки ин кор чунонки шумо пиндоштаед, осон нест, бал гирифторӣ ва балоӣ бас бузург аст ки пиронро бетоб ва ҷавононро бехоб мекунад>>!

Инҳо фарёдҳои олимӣ бузург ва дилсӯз аст ки ошкоро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад ва аз табаъоти ҳувлноки истимрори ғайбаташ хабар медиҳад; Табаъоти ҳувлноке ки ин рӯзҳо нурафшониҳои онро дар ғарби ҷаҳони Ислом мушоҳида мекунем, вале боз ҳам аз хоби ғафлат бедор намешавем ва ба сӯӣ мунҷии худ боз намегардем! Ба ростӣ агар коре ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мекунад, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ нест, пас заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ чист?!!

Худованд ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро тавфиқи бедорӣ ва рушд диҳад; Чароки Ӯ бисёр бахшоянда ва меҳрабон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.