Сешанбе 22 январ 2019 мелодӣ баробар бо 16 ҷимоди-юл-уло 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Дидгоҳҳо

     
Шумора: 36 Нависандаи мақола: Мӯҳсини Ҳусейнӣ Тарихи мақола: 04/05/2017
Мавзӯъи мақола:

Кондидои фаромӯш шуда

Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло: «ما مِنِ ٱنْتِخاباتٍ إِلّا وَ هُوَ مُرَشَّحٌ فِیها وَ لٰکِنَّ ٱلنَّاسَ لا یَنْتَخِبُونَه»; <<Ҳеч интихоботе нест магар инки ӯ [Маҳдӣ] дар он кондидо аст, вале мардум ӯро интихоб намекунанд>>! (Пурсиш ва посухи 155)

Чи андоза дарднок ва таъассуфбор аст ки ин рӯзҳо дар остонаи баргузории интихобот дар Эрон, аҳзоб, ҷараёнҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва мардуми муқаллид ва саргаштаеро мебинем ки ҳар як бо шамшерӣ охта аз ҷинси анвоъи разоъили нафсонӣ, бераҳмона ба ҷони ҳам афтодаанд ва дар ҳама ҷо аъам аз фазои маҷозӣ ва ҳақиқӣ барои тахтаъ, тахриб, мучгирӣ ва муфтазаҳ кардани ҷабҳаи сиёсии муқобили худ аз ҳеч талоши номубораке фуругузори намекунанд; Талоше ки номи онро <<Таблиғоти сиёсӣ ва интихоботӣ>> мегузаронад! То ҷойе ки ба каррот мушоҳида мешавад афрод барои таъмини аҳвоъи бепоя ва арзоъи ҳуббу буғзҳои кӯтофикронаи хеш ба ҳар мустамсаки ҷоҳилонае меовезанд ва бо анвоъи таҷассус, тафтиш ва сойири равишҳои номашрӯъ, аз ёфтани газакӣ хабарсоз ва дастовезӣ обдор алайҳи хасм, дар пӯсти худ намегунҷанд!

Чи андоза шармовар ва озордиҳада аст ки инон барои касоне геребон медаранд ва гулу пора мекунанд ки ҳар як аз дигарӣ золимтар ва нокоромадтаранд ва ғолибан сӯъи савобиқӣ шум ва номаймун дар зулму фасод ва саркӯбу ҷиноят ва хадамоти муъассир ба тоғутҳои замона ва анвоъи сиёсикорӣ ва дағалбозӣ ва дурӯғпардозӣ доранд; Касоне ки бо ҷоҳталабӣ омодаанд то ҳукумат –ин луқмаи чарбу нарм ва матоъи фитнаанге– ро ба чанг оваранд. Аз ҳамин рӯ то метавонанд ваъда медиҳанд ва дурӯғ мебофанд ва авом мефиребанд то шояд битавонанд бар ин маркаби чамуш савор шаванд ва чанд сабоҳе битозанд...

Ин дар ҳоле аст ки мардум, монанди галлаи бечӯппон раҳо нашудаанд то амсоли ин гург сифатон нақши чӯппонро барояшон бозӣ кунанд ва ҳар рӯз гӯшае аз пайкари ононро ба дандон бигиранд, балки Худованд дар ҳар замон барои мардум халифае қарор додааст ва ононро мутамаккин аз муроҷиъа ва эътои ҳукумат ба ӯ намудааст; Ҳамон тавр ки ононро мутамаккин аз муроҷиъа ба касоне ғайр аз халифаи Худованд ва эътои ҳукумат ба онон намудааст. Ин ба хотири он аст ки мардум ҳоким бар сарнавишти хеш ҳастанд ва ҳеч кас имкони ҳокимият бар ононро нахоҳад ёфт магар замоне ки онон ба он розӣ бошанд ва муқаддамотро фароҳам кунанд. Лекин мардум ҳамвора аз ин тамаккун ва қувваи интихоби хеш ба суди ҳокимони дигар ва ба зиёни халифаи Худованд баҳра ҷустаанд; Чароки ҳамвора касонеро ба маснади қудрат расондаанд ки хуни ононро дӯшида ва шираи ҷонашонро маккидаанд ва ба ҳазизи бедодгарӣ ва фасод ва инҳитот дарандохтаанд ва дар ин миён, Худованд аз онон норозӣ будааст; Чароки ҳукуматашро нахостаанд ва халифаашро хор сохтаанд ва бо ин шева, ба худ ва дигарон осебҳои ҷиддӣ ва хонумонсӯз расондаанд.

Афсӯс ки имрӯз нисбат ба халифаи Худованд нигаришӣ хурофӣ ва оканда аз хиёлбофӣ ва рӯъёпардозӣ доранд ва гумон мекунанд нақше дар барқарории ҳукуматаш надоранд ва ин гумони ботил ва сахиф дар ҳоле аст ки ба нақши худ барои ба ҳукумат расондани сойири ҳокимон ба хубӣ воқифанд ва бисёр аҷиб аст то навбат ба Маҳдӣ расидааст, аз нақши худ ғофил шудаанд!

Ҳамчунонки мардум фаромӯш кардаанд хулифаи Худованд, ҳамвора омодаи ҳукумат ва муҳайёи барқарории адолат аст, лекин ҳар интихоботе ки меояд ва меравад, мардум бо ғафлатӣ ҳувлнок ва ҳамоқатбор, аз канори халифаи Худованд мегузаранд ва камтарин эътиное ба ӯ намекунанд ва ҳатто ӯро дар ҳадде намебинанд ки интихобаш кунанд!

Дар ҳоле ки агар бо ҳамгаройи ва ҳамоҳангӣ ва ҳамафазойи, азми хешро ҷам кунанд ва ҳамагӣ ба ҳимояти амалӣ ва аланӣ ва майдонӣ аз Маҳдӣ алайҳи салом бархезанд ва як садо ӯро интихоб кунанд ва гузинаҳои дигарро мардуд шуморанд, ӯ бидуни шак бар сари кор хоҳад омад ва қудратро ба пуштивонаи пойгоҳи мардумӣ хеш ба даст хоҳад гирифт; Чароки ҳукумати ӯ монанди ҳама ҳукуматҳо маълули ҳимоят, ҳамроҳӣ ва заминасозии мардум аст ва аз ин ҷиҳат, тафовуте бо сойири ҳукуматҳо надорад.

Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Ин тазаккури такон диҳанда ва нидои бедорӣ бахше аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ин муъаллими раббонӣ ва раҳбари осмонӣ, онро бо садойи расо ва баёнӣ фасеҳ ба гӯши мо расонда ва дар ҳоли иблоғи он ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аст; Бошад ки ин нидои руҳонӣ ба гӯшҳои шунаво ва дилҳои бедор дар ҳар гӯшаи ин ҷаҳон бирасад ва монанди базре ки ба замини ҳосилхез мерасад, шукуфо шавад ва самар бахшад ин шоъ Аллоҳ.

Биёйед дар ин кори бузург бо эшон ҳамроҳ шавем ва ба корвони заминасозони зуҳури Маҳдӣ бипайвандем.

Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Муҳаммад Амир Халилӣ
Тарихи
таълиқ:
08/05/2017

Каломи алломаи бузургвор дар бораи кондидо будани имом Маҳдӣ алайҳи салом дар ҳар интихобот, бисёр амиқ, зебо ва такон диҳанда аст ва ононе ки андак диққате дошта бошанд ва аз сатҳинигарӣ ва кӯтоҳандешӣ бипарҳезанд, маънои онро комилан дар меёбанд ва ба водии каҷфаҳмӣ ва бардоштҳои носавоб намеафтанд; То ҷойе ки метавон гуфт мақсуди эшон аз ин калом возеҳтар аз он аст ки ниёзе ба тавзиҳ дошта бошад. Бо ин ҳол, бар он шудам то аз боби ёдоварӣ тавзеҳӣ мухтасар бинависам.

<<Кондидо>> дар истилоҳ ба маънои касе аст ки <<Довталаб>> ва <<Гузинаи қобили интихоб>> барои тасаддии як мансаб аст ва бо ин васф, метавон имом Маҳдӣ алайҳи саломро як <<Кондидо>> донист; Зеро ҳамвора як <<Довталаб>> ва <<Гузинаи қобили интихоб>> барои ҳокимият ба мардум буда ки тавассути Худованд ва Паёмбараш таъйиди салоҳият шудааст, ҳар чанд мардум ба далили зоҳирбинӣ ва адами таъаммуқи лозим, аз ӯ ғофил будаанд ва ҳеч гоҳ ӯро <<Кондидо>> яъне <<Довталаб>> ва <<Гузинаи қобили интихоб>> барои ҳокимият бар худ надонистаанд. Онҳо танҳо дар миёни кондидҳои пӯшолӣ ва дурӯғин ки тавассути бондӣ мавсум ба шӯрои казо бо ҳазор райб ва риё ва найранг ва сиёсатбозӣ ба онҳо муъаррифӣ ва пешниҳод шудаанд, ба дунболи ҳокими худ мегарданд ва мепиндоранд ки ҳеч гузинаи дигаре барои интихоб надоранд, дар ҳоле ки алломаи бузургвор ба онҳо мефармояд агар сари худро болотар биёваранд ва чашми худро боз кунанд ва бо диққат ва таъаммуқи бештаре бигарданд, гузинаи дигаре ҳам барои интихоб мебинанд ва он ҳамоно имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки ҳамвора мунтазири иқболи умумии онҳо ба худ будааст то зуҳур кунад ва ҳокимият бар онҳоро ба даст бигирад; Чунонки дар гуфтори дигаре аз алломаи бузургвор бо таъкидӣ се бора омадааст: «كانَ المَهْدِيُّ أولَی النّاسِ بِالنّاسِ مُنْذُ غابَ عَنْهُمْ! كانَ المَهْدِيُّ أولَی النّاسِ بِالنّاسِ مُنْذُ غابَ عَنْهُمْ! كانَ المَهْدِيُّ أولَی النّاسِ بِالنّاسِ مُنْذُ غابَ عَنْهُمْ! -ثَلاثاً»; <<Маҳдӣ аз он ҳангом ки аз мардум ғойиб шуда сазовортарини мардум ба (ҳукумат бар) онон будааст! Маҳдӣ аз он ҳангом ки аз мардум ғойиб шуда сазовортарини мардум ба (ҳукумат бар) онон будааст! Маҳдӣ аз он ҳангом ки аз мардум ғойиб шуда сазовортарини мардум ба (ҳукумат бар) онон будааст! –се маротиба>> (Гуфтори 22 фақараи 2).

Бинбарин, муроди он ҳазрат аз гуфтори мазкур чизе ҷуз ин нест ки довталабон ва гузинаҳои қобили интихоб барои мардум маҳдуд ба ин чанд нафари қудратталаби ҳарис намешаванд, балки ҳамзамон имкони интихоби Маҳдӣ низ барои онон вуҷуд дорад ва бо ин васф, онон маҷбур ба интихоби яке аз ин чанд нафар нестанд.

Чигунагии заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом, дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с293 то 296) ва бахши <<Ошноӣ бо наҳзат>> дар ин пойгоҳи Исломӣ ба тафсил табйин шудааст.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Навиштани дидгоҳ
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи дидгоҳ дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?