Шанбе 19 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Дидгоҳҳо

   
Шумора: 32 Нависандаи мақола: Дуктур Зокир Маъруф Тарихи мақола: 22/11/2016
Мавзӯъи мақола:

Шигирдҳои таблиғӣ барои муқобила бо наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>>

Наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>> бо раҳбарии олими муҷоҳид ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, як наҳзати мардумӣ бо муҳтавои Исломӣ ва рӯйкарди илмӣ ба манзури эҳёъи Исломи нахустин бар бунёди китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбараш ва дар рӯшанойии ақли салим аст ки барои таъсиси ҳукумати Худованд дар замин аз тариқи таъсиси ҳукумати халифааш бо ҷамъоварӣ ва тарбияти ҳомиёни кофӣ барои ӯ талош мекунад. Возеҳ аст ки чунин наҳзате бо ин муҳтаво, рӯйкард ва ормони Исломӣ, барои ҳар мусалмоне дар ҷаҳон ки ба халифаи Худованд бовар дорад, қобили эҳтиром ва таъйид аст ва муқобила бо он ҷуз бо убур аз ҳамаи усул ва арзишҳои Исломӣ мумкин нест; Наҳзати муқаддас ва мутамойизе ки бо иттикоъи холис бар манобеъи муштарак ва яқинӣ ва истиқлоли комил аз ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ, чатри худро барои ҳамаи мусалмонони ҷаҳон гушуда ва дар ҳоли муборизаи фарҳангӣ бо мавонеъи шинохт дар онон монанди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ ва шиносондани Исломи холис ва комил ба онон бар канор аз бардоштҳои заннӣ ва бидъатҳои мазҳабӣ аст, то бо ин шева ононро бо якдигар миттаҳид кунад ва ба тадриҷ муқаддамоти лозим барои суқути ҳокимияти даҷҷол ва таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ ба унвони халифаи одил ва мавриди қабули ҳамаи ононро фароҳам созад.

Дар ин миён, аммо табиъӣ аст ки расонаҳои вобаста ба ҳокимияти даҷҷол, чунин наҳзатеро таҳдидӣ билфеъл барои арбоби худ қаламдод мекунанд ва ба пайравӣ аз сиёсатҳои дикта шуда ба онҳо дар қавонини кишварҳошон, ба муқобилаи таблиғотӣ бо он мепардозанд, то ба заъми худ аз суръат ва ҳаҷми нуфузи он дар миёни мардум бикоҳанд; На ба ин далил ки чунин наҳзатеро бар хилофи Ислом мепиндоранд; Зеро бар хилофи Ислом будани чунин наҳзат, ҳамон андоза муҳтамал аст ки бар хилофи Ислом будани намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва онҳо низ ғолибан дағдағаи Ислом надоранд ва чи басо салоҳияти изҳори назар дар бораи онро низ дар худ намеёбанд, бал ба ин далил ки чунин наҳзате низомҳои сиёсии онҳоро ба расмият намешиносад ва аз қавонини урфӣ пазируфта шуда тавассути онҳо пайравӣ намекунад ва ин –агарчи бархоста аз мабонии Ислом ва дар ростои таҳаққуқи ормони он бошад– аз назари онҳо ҷурмӣ нобахшуданӣ ва далилӣ кофӣ барои муқобила аст; Зеро аз назари онҳо, <<Ҳифзи ҷумҳурии Исломӣ аз ҳифзи як нафар валов имоми аср бошад аҳмияташ бештар аст>>[1] ва бо ин васф, ҳар касе ки дар баробари ин низом муқаддастар аз Ислом (!) ва муҳимтар аз Маҳдӣ (!) қарор мегирад, ҷон ва мол ва обурӯяш ҳалол маҳсуб мешавад ва ба ҳукми ҳадиси <<Мубоҳита>>[2], метавон ба ӯ дашном дод ва бӯҳтон зад, агарчи Мансур заминсози зуҳури Маҳдӣ ва даъват кунандае ба сӯӣ ҳукумати Худованд бошад! Ҳамчунонки бархӣ аносури палиди дилбаста ба мазоҳиби расмӣ, таҳти таъсири ҳамин расонаҳои вобаста ба ҳокимияти даҷҷол, вазифаи худро муқобила бо ин наҳзати ислоҳӣ ба ҳар наҳви мумкин мепиндоранд ва барои анҷоми ин вазифаи мавҳум, ба ҳар равиши ғайри Исломӣ ва ғайр ахлоқӣ мутавассил мешаванд, бидуни онки ҳатто аз гуфтумони ин наҳзати ислоҳӣ иттилоъи чандоне дошта бошанд ва чизе бештар аз ин бидонанд ки бо мазоҳиби расмии онон мутобиқат надорад! Ба ин тартиб, расонаҳои вобаста ба ҳокимияти даҷҷол бо ҳамкории аносури палиди дилбаста ба мазоҳиби расмӣ, ҷабҳаеро дар баробари наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>> гушудаанд ва субҳу шом машғули сампошӣ ва таблиғоти манфӣ бар зидди олими мазлум ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва китоби гаронсанги эшон ҳастанд, то бадин сон монеъ аз таҳаққуқи чизе шаванд ки дар зоҳир худро орзуманди он мешуморанд!

Ин муқобилаи таблиғотӣ ки ба сурати ғайри расмӣ тавассути ниҳодҳои амниятии бархи кишварҳои минтақа пуштибонӣ ва мудирият мешавад, мубтанӣ бар чанд шигирд ва нахнамо бо ҳадафи авомфиребӣ ва ҷиҳат додан ба афкори умумӣ аст:

1 . Сукут, беэътиноӣ ва нодида гирифтан

Нахустин шигирди таблиғотӣ барои муқобила бо наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>>, сукут дар бораи он ва худдорӣ аз ҳар гуна изҳори назар дар бораи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва китоби гаронсанги эшон аст. Инҳо бо вуҷуди онки аз зуҳури ин ҷунбиши азими Исломӣ дар шарқи ҷаҳони Ислом иттилоъи комил доранд ва аз нуфузи рӯзафзуни он дар кишварҳои худ сахт ба ваҳшат афтодаанд, худро дар бораи он ба беиттилоъӣ мезананд ва вонамуд мекунанд ки ба он эътиное надоранд. Тасаввури инҳо он аст ки нодида гирифтани ин ҷараёни қудратманди Исломӣ, беҳтарин шева барои пешгирӣ аз густариши он дар ҷаҳон аст ва аз ин рӯ, ба ҳеҷ як аз расонаҳо ва аносури вобаста ба худ, иҷозаи мавзеъгирӣ барои ӯ ё алайҳи онро намедиҳанд. Инҳо мепиндоранд ки ҳар гуна мавзеъгирӣ барои ӯ ё алайҳи ин даъвати поки Илоҳӣ, бар шумори касоне ки аз он огоҳӣ меёбанд меафзояд, дар ҳоле ки афзоиши огоҳон аз он ба маънои афзоиши иҷобат кунандагони он ва дар натиҷа таъҷил дар зуҳури касе аст ҳифзи ӯ аз ҳафзи низоми онҳо муҳимтар нест! Бинобарин, сиёсати <<Бойкоти хабарӣ>> дар бораи ин наҳзати Исломӣ, коромадтарин сиёсати шайтонӣ барои муқобила бо он ташхис дода шуда ва дар дастури кори авлиёъи шайтон қарор гирифтааст. Ба ин тартиб, ҳокимиятҳои ситамгар умедворанд ки бо ин макри шайтонӣ, дар канори филтир кардани пойгоҳи иттилоърасонии дафтари аллома ва масдуд кардани ҳамаи веблогҳои ҳомиён ва дӯстдорони эшон, наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> ва заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро ба мурур аз зеҳни мардум пок кунанд ва аз ёди онон бибаранд, дар ҳоле ки бидуни шак сахт дар иштибоҳ ҳастанд; Зеро ин сукут, беэътиноӣ ва нодида гирифтани амдӣ ва таҳмилӣ, қобили тадовум нест ва дер ё зуд ба фарёдӣ дучандон мунтаҳӣ мешавад; Чароки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо ишора ба ин воқеъият фармудааст:

<<Пуштҳои худро ба ман кардаед яъне ки намешунавем ва дар баробарам сукут пеша сохтаед яъне ки эътино намекунем! Зуд бошад ки ҳамаи рӯӣ худро ба ман кунед, дар ҳоле ки фарёд мезанед, фарёд задани занон дар вақти зойидан!>>.[3]

Ин аз он рӯст ки ҳар рӯз шумори бештаре аз мардум бо ин наҳзати Исломӣ ошно мешаванд ва табиъатан аз масъулон ва олимони худ таваққуъ меёбанд ки дар бораи он изҳори назар кунанд; Изҳори назарӣ мунсифона ва қобили қабул, на изҳори назари хабис ва сиёсӣ ва бо ин васф, метавон сукут, беэътиноӣ ва нодида гирифтани кунунии ононро корӣ беҳуда монанди кори кабке донист ки сари худро дар барф кардааст!

2 . Инкор, истихфоф ва беаҳмият шумурдан

Дуввумин шигирди таблиғотӣ барои муқобила бо наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>>, инкор, истихфоф ва беаҳмият шумурдани он аст ва ин ҳангоме дар дастури кор қарор мегирад ки сукут, беэътиноӣ ва нодида гирифтани он дигар мумкин нест. Дар чунин ҳангомае, расонаҳо ва аносири вобаста ба ҳокимияти даҷҷол, пеш аз ҳар чиз мекӯшанд ки бо сафсатабозӣ, асли вуҷуди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро зери суъол бибаранд, то навбат ба фаръи он яъне осор ва андешаҳои мутаъолии ин бузургвор нарасад! Ба иборати дигар, инон ки аз таваҷҷуҳи мардум ба осор ва андешаҳои мутаъолии ин бузургвор метарсанд ва тавони айб гирифтан бар ҳеҷ як аз онҳоро дар худ намеёбанд, мекӯшанд ки бо ҳошиясозӣ, зеҳни мардумро аз ин осор ва андешаҳо ба самти дигаре мунҳариф кунанд ва он ҳамоно мушаххасот, миллият ва акси соҳиби онҳост! Инон ки худ беҳтар аз ҳар касе медонанд интишори мушаххасот, миллият ва акси ин олими муҷоҳид дар ин бурҳаи ҳассос ва минтақаи пурошӯб, то чи андоза ғайри мантиқӣ ва бар хилофи амнияти ин бузургвор аст ва бо шеваи маъмул дар соири гурӯҳҳои ҷиҳодии фаъол дар он низ мунофот дорад, худро амдан ба нодонӣ мезананд то ба ҷавсозӣ ва авомфиребӣ бипардозанд; Ҳамчунонки худ медонанд интишори мушаххасот, миллият ва акси ин олими муҷоҳид, ҳаргиз назари онон дар бораи наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> ро тағйир намедиҳад; Зеро душмании онон бо ин олими муҷоҳид, ба хотири Зайд ё Амру будани ном ва Эронӣ ё Афғонӣ будани миллият ва баланд ё кӯтоҳ будани қомати эшон нест то бо интишори он бартараф шавад, бал ба хотири осор ва андешаҳои эшон аст ки ба нафйи ҳокимаяти онон ва исботи ҳокимияти Худованд пардохта ва бисёрӣ аз бофтаҳои онон бо номи Исломиро пахта кардааст! Борӣ, ҳамин осори ва андешаҳои инқилобӣ аст ки ононро ба хашм оварда ва нисбат ба мушаххасот, миллият ва акси ин бузургвор кунҷков сохта ва ба тарҳи ин суъоли сахиф ва бемаъно во доштааст ки <<Аз куҷо маълум чунин касе вуҷуд дошта бошад?!>>; Вагарна кадом инсони оқил ки натиҷаи зарби 2 дар 2 ро медонад, тардиде дорад ки ин осор ва андешаҳои инқилобӣ, аз осмон фуру наяфтода ва аз замин берун наёмада, бал аз олиме содир шуда ки онҳоро навишта ва таълим додааст?! Ин ҳошиясозӣ ва сафсатабозӣ, сирфан талошӣ мазбуҳона барои пок кардани сурати масъала ва инкори як воқеъияти ъайнӣ аст ки бо асрор ва симоҷатӣ беморгуна, тавассути расонаҳо ва аносури вобаста ба ҳокимон анҷом мешавад, вале рӯшан аст ки чашм бастан ба рӯӣ воқеъиятҳо ва тасаввури инки вуҷуд надорад, барои бештари мардум қобили қабул нест. Аз ин рӯ, расонаҳо ва аносури вобаста ба ҳокимон макри дигареро оғоз мекунанд ва зимни эътироф ба вуҷуди наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> мекӯшанд ки бо рӯйкардӣ авомфиребона ва лаҳнӣ таҳқиромез, гуфтумони бисёр муҳим, ҳаётӣ ва бунёдини онро гуфтумони сатҳӣ, нозил ва пеши по афтода ҷилва диҳанд, то касоне ки ҳанӯз бо он ошноӣ надоранд, барои шинохти он аҷала ва ангезае надошта бошанд. Ин шаётини инсӣ ки худ ба азимати илмии китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ва истеҳкоми далоил ва касрати манобеъи он воқифанд ва қодир ба ёфтани ҳатто як ишколи қобили зикр дар он нестанд, бо дурӯғ ва таҳаккум ба муроҷиъони худ илқоъ мекунанд ки он китобӣ сода ва беаҳммият аст ва ҳеҷ ҳарфи тоза ва нуктаи хоссе дар бар надорад, то ин гуна бо хиёнат ба эътимоди онон ки навъан ҷавононӣ зудбовар ва содалувҳ ҳастанд, ононро аз роҳи Худованд ва муроҷиъа ба ин китоби муҳим ва ҳидоятбахш боз доранд. Инон ки худ афродӣ оммӣ ва муқаллид ҳастанд ва бадтар инки аз афродӣ оммӣ ва муқаллид тақлид мекунанд, бо беинсофии ошкор ва таҳаккуми кӯдаконае, ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло –ин олими раббонӣ– ро <<Бесавод>> ва китоби <<Бозгашт ба Ислом>> –ин осори бурҳонӣ– ро <<Бедалил>> мешуморанд, дар ҳоле ки мақоми илмии ин олими раббонӣ ва вуфур далоили ин осори бурҳонии ошкортар аз он аст ки бо ҳошои вақиҳона ва инкори муғризонаи муштӣ авоми <<Калъаном>> пинҳон шавад, магар бар касоне ки аз инсоният танҳо колбадеро ория гирифтаанд ва ақли худро дар масофи таблиғоти козиб ва пуч расонаи бохтаанд ва ба таъбири санойи <<Рад ва қабули омма>> ро меъёри қазоват ва мавзеъгирии худ қарор додаанд:

Аз пайи радду қабули омма худро хар макун

З–он ки кори омма набуд ҷуз харӣ ё хар харӣ

Говро доранд бовар дар худойи омиён

Нуҳро бовар надоранд аз пайи Пайғамбарӣ!

3 . Ғайри илмӣ ва ваҳмолуд нишон додан

Севвумин шигирди таблиғотӣ барои муқобила бо наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>>, ғайри илмӣ ва ваҳмолуд нишон додани он аст; Чароки табиъатан бисёрӣ аз мардум бо сирфи истихфоф ва беаҳаммият шумурдани он фирефта намешаванд ва таваққуъ доранд ки дасти кам тавзиҳӣ иҷмолӣ дар бораи муҳтавои он дода шавад. Ин гурӯҳ аз мардум ки барои ошноӣ бо андешаҳо ва ормонҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ба ҷои муроҷиъаи мустақим ба осори эшон, дар иқдомӣ ғайри маъқул ва ғайри эмин ба душманони муздур ва қасамхӯрдаи эшон муроҷи мекунанд, мехоҳанд иллати ин ҳама душманӣ бо эшонро бидонанд, вале рӯшан аст ки расонаҳо ва аносури мазкур наметавонанд ба онон бигӯянд ин олими бузурвор бо истинод ба яқиниёти Ислом ва мусалламоти мусалмонон, мардумро аз ҷаҳл, тақлиди кӯр кӯрона, аҳвои нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ боз медорад ва ба заминасозии фикрӣ ва амалӣ барои ҳокимияти Маҳдӣ ба ҷои сарсупурдагӣ ба ҳокимияти дигарон даъват мекунад; Зеро агар ин воқеъиятро ба онон бигӯянд, мумкин аст онон аз мазлумияти ин олими бузурвор огоҳӣ ёбанд ва бар рӯӣ ин золимони беҳаё оби даҳон бияндозанд! Лизо ногузир ба ҳошиясозӣ ва дурӯғпардозӣ рӯй меоваранд ва бо сӯъи истифода аз нуқтаи заъфи мардум мегӯянд: <<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ як муддаъии дурӯғин аст ва иддаъои мавъуд будан ва иртибот бо Маҳдиро дорад>>, то бо ин бӯҳтони бешармона ва дасисаи шайтонӣ бисёрӣ аз мардумро фиреб диҳанд ва ба ин тасаввури ғалат бирасонанд ки китоби <<Бозгашт ба Ислом>> муште мавҳумот ва иддаъоҳои аҷиб ва ғарб бо рангу буӣ охируззамонӣ аст! Дар ҳоле ки китоби <<Бозгашт ба Ислом>> як китоби комилан илмӣ ва истидлолӣ аст ки бо истинод ба манобеъи мӯътабари Исломӣ ва қавоъиди рӯшани ақлӣ ба табйини усули ақойид ва аҳкоми Исломи аз ҷумла Маҳдавият пардохта ва аз ҳар гуна иддаъои ваҳмолуд ва охируззамонӣ пироста аст! Ҳамчунонки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло иддаъои мавъуд будан ва иртибот бо Маҳдӣ надорад ва имомату вилоятро танҳо барои Маҳдӣ мешуморад ва ҳар кас ҷуз Маҳдӣ ки муддаъии имомат ва вилоят бошадро тоғут медонад ва ин чизе аст ки дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ва пойгоҳи иттилоърасонии эшон, борҳо ва бо сароҳат эълом шудааст. Бо ин ҳол, шаётини инсӣ ҳамчунон исрор доранд ки наҳзати илмӣ ва ақлонии ин олими бузургворро сирфан як ҷараёни инҳирофӣ дар ҳавзаи Маҳдавият муъаррифи кунанд ва то сатҳи дӯкондорӣ як муддаъии дуруғин пойин оваранд! Кош дар ин мавҷудоти бечора ва залил ки ғолибан худ пайрави муддаъиёни дуруғини вилояти мутлақаи ҳастанд, андаке шарофат ва виҷдони инсонӣ вуҷуд дошт то агар гуфтумони ин олими бузургворро бар наметобанд, дасти кам ба интиқоди содиқона аз он рӯй оваранд ва дар бораи он муҳмалбофӣ ва афсонасароӣ накунанд, вале ҳангоме ки тавоне барои интиқоди содиқона вуҷуд надорад, чорае ҷуз муҳмалбофӣ ва афсонасароӣ боқӣ намемонад! Хусусан вақте тасаввур бар он бошад ки бештари мардум гӯсфад ҳастанд ва бар суръат таҳти таъсири таблиғоти кизб ва бозиҳои расонаи қарор мегиранд, беонки ба худ заҳмати баррасӣ бидиҳанд! Дар ҳоле ки ҳар чанд гурӯҳе аз мардум –шӯрбахтона– ҳамин гуна ҳастанд, гурӯҳӣ дигар аз онон оқилтар ва огоҳтаранд ва ба ин содагӣ хоми таблиғоти кизб ва бозиҳои расонаи намешаванд. Ин гурӯҳ аз онон ки намехоҳанд гӯсфанд бошанд, ҳаргиз ба иддаъоҳои яксӯя бар зидди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло эътимод намекунанд ва барои итминон аз сиҳҳат ва нодурустии онҳо ба пойгоҳи иттилоърасонии ин бузургвор муроҷиа менамоянд ва бо чашми худ мебинанд ки дар он эълом шудааст: <<Мо борҳо ва ба сароҳат эълом кардаем ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло сирфан як олими мусалмон аст ки ба заминасозии илмӣ ва амалӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом мепардозад ва иддаъои мавъуд будан надорад>>[4] ва эълом шудааст: <<Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, муддаъӣ нест ки Маҳдӣ аст ва муддаъӣ нест ки фарзанди ӯст ва муддаъӣ нест ки нойиби ӯст ва муддаъӣ нест ки фиристодаи ӯст, вале дар амал ба сӯӣ ӯ фаро мехонад ва дар воқеъ барои зуҳури ӯ заминасозӣ мекунад>>[5] ва эълом шудааст: <<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ яке аз бандагони Худо ва уммати Паёмбари Ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки аз Қуръони карим ва суннати мутавотири он Ҳазрат дар рӯшанойии ақл пайравӣ мекунад ва иддаъои набувват ё Маҳдавият надорад ва бо ҳеҷ давлат ё мазҳаб ё гурӯҳе марбут нест ва танҳо бо иқдомотӣ фарҳангӣ аз қабили нигориши китоб ва гуфтугӯ бо мусалмонон, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад ва барои зуҳури он Ҳазрат заминасозӣ менамояд ва дар изои ин кори нек ва пурмашаққат, аз касе музде наметалабад ва танҳо аз Худованд хоҳони музд аст ва моли касеро ба ботил намехурад ва ҷони касеро ба ғайри ҳақ дар хатар намеандозад ва ба мӯрчаӣ хурд ё ҷондорӣ бузургтар аз он ситаме намеварзад ва бо ин васф, агар касе даъвати ӯро иҷобат кунад ва аз ӯ ҳимоят намояд, бо назар ба ростии сухан ва дурустии кори ӯ бар пояи адиллаи ақлӣ ва шаръӣ ва бо ангезаи заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст ва агар касе ин корро накунад ё ба ҷои ин кор бо ӯ душманӣ варзад, ба ӯ зиёне намерасонад ва танҳо худро аз хайре маҳрум месозад ё дар шарре меандозад ва Худованд ба кори ҳамагон огоҳ аст. Бинобарин, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, танҳо мусалмонӣ олим ва парҳезкор аст ки мусалмононро аз пайравии ҳокимони ситамгар ва зӯргӯ боз медорад ва ба пайравии Маҳдӣ фаро мехонад ва аз пайравии зунун ва увҳом наҳй мекунад ва ба пайравии илм ва яқин амр менамояд ва аз ҷаҳлу тақлид ва аҳвоъи нафсониву дунёгароӣ ва таъассубу такабур ва хурофагароӣ бар ҳазар медорад ва ба иқомаи Исломи холис ва комил дар партуви Қуръон ва суннат ва ақл ташвиқ мефармояд ва бо ин васф, касоне ки эшонро душман медоранд, дар пешгоҳи Худованд узре надоранд ва бояд худро барои азоби Ӯ омода созанд; Чароки возеҳ аст душманӣ кардан бо чунин касе ҷойиз нест, балки дӯстӣ кардан бо ӯ воҷиб аст ва касе ки бо ӯ душманӣ мекунад, золим ва мутаъаддӣ аст; Монанди касе ки ба ӯ иҳонат мекунад ва касе ки ӯро истеҳзоъ менамояд ва касе ки ба ӯ тӯҳмат мезанад ва касе ки бар ӯ дурӯғ мебандад ва касе ки аз ӯ боз медорад ва рӯшан аст ки ҳамаи ин касон дар залолатӣ ошкоранд ва барои онон кайфарӣ сахт хоҳад буд>>.[6] Инҷост ки ин гурӯҳ аз мардум ба шайтанати расонаҳои вобаста ба ҳокимон ва шарорати аносури дилбаста ба мазоҳиби расмӣ аз як сӯ ва мазлумияту ғурбати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз сӯӣ дигар пай мебаранд ва ба ҳукми ақл ва шаръ ё дасти кам шарофат ва виҷдони инсонӣ, ба дифоъ аз мазлум дар баробари золим рӯй меоваранд ва бо ҳимояти худ ин олими раббониро аз гӯсфандҳо бениёз мегардонанд.

4 . Шабеҳнамоӣ ва қиёси маъалфориқ

Чаҳорумин шигирди таблиғотӣ барои муқобила бо наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>>, шубҳанамоӣ ва қиёси маъалфориқ аст; Ба ин тартиб ки расонаҳои вобаста ба ҳукумати даҷҷол ва аносури палиди дилбаста ба мазоҳиби расмӣ, бо сӯъи истифода аз нигарониҳо ва ҳассосиятҳои ақшори мухталифи мардум, мекӯшанд наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>> ро мушобеҳи бархӣ ҷараёнҳои инҳирофӣ ва гурӯҳҳои бадном муъаррифӣ кунанд. Онҳо барои ин мақсуди шайтонӣ, бо рӯйкардӣ ғайри мантиқӣ ва авомфиребона, як калима ё як ҷумла ё як дидгоҳ дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ё пойгоҳи иттилоърасонии ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро мегиранд ва бо таҳрифи музиёна ва тафсири он «بما لا یَرضی بِهِ صاحِبُه»[7], гувоҳи ташобаи ин наҳзат бо як ҷараёни инҳирофӣ ва гурӯҳи бадном мешуморанд, то бо ин шева мардумро нисбат ба он бадбин ва бадгумон созанд ва аз наздик шудан ба он боз доранд; Чароки ба унвони намуна, душманони ин наҳзат аз аҳли суннат мекӯшанд ки бо таъкид бар дидгоҳи ҳазарти аллома дар бораи хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва кетмони мухолифати эшон бо бидъатҳо ва инҳирофти аҳли ташаюъ, эшонро як шиъаи рофизӣ муъаррифӣ кунанд, дар ҳоле ки дидгоҳи эшон дар бораи хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ҳеҷ ваҷҳ як дидгоҳи мазҳабӣ нест, бал як дидгоҳи комилан Исломӣ мубтанӣ бар оёти Қуръон ва ривоёти мутавотири набавӣ дар манобеъи мӯътабари аҳли суннат аст ки дар миёни гурӯҳе аз саҳоба ва тобеъин собиқа доштааст; Ҳамчунонки бархӣ дигар аз аҳли суннат мекӯшанд бо таъкид бар дидгоҳи ин бузургвор дар бораи адами машрӯъияти Оли Саъуд ва кетмони дидгоҳи эшон дар бораи адами машрӯъияти вилояти мутлақаи фақиҳ, эшонро унсурӣ вобаста ба низоми Эрон нишон диҳанд, дар ҳоле ки аносури вобаста ба низоми Эрон худ дар кӯшишанд ки ин бузургворро ба низомҳои дигар аз ҷумла Оли Саъуд иртибот диҳанд! Ҳамчунонки душманони ин наҳзат аз ташаюъ мекӯшанд бо таъкид бар дидгоҳи эшон дар бораи лузуми эҳтиром ба саҳоба ва кетмони дидгоҳи эшон дар бораи хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, эшонро як суннӣ муъаррифӣ кунанд ва бархӣ дигар аз онон мекӯшанд бо таъкид бар дидгоҳи эшон дар бораи кароҳати хондани ғайри Худованд дар хилват ва кетмони дидгоҳи эшон дар радди мабонии ваҳобият, эшонро як ваҳобӣ нишон диҳанд ва бархӣ дигар аз онон мекӯшанд бо таъкид бар дидгоҳи эшон дар бораи адами машрӯъияти ҳукумати ғайри Маҳдӣ ва кетмони дидгоҳи эшон дар бораи имкони эҷоди ҳукумати он Ҳазрат бо иродаи мардум, эшонро наздик ба анҷумани ҳуҷҷатия дар Эрон вонамуд кунанд ва бархӣ дигар аз онон мекӯшанд бо таъкид бар шиъори <<Ал-Байъату Лиллоҳ>> дар наҳзати эшон ки як шиъори Исломӣ баргирифта аз ривоёти аҳли байт ба маънои инҳисори ҳокимият ба Худованд аст ва кетмони иҷтиноби эшон аз ҳар гуна иддаъо дар бораи худ, эшонро дар радифи бархӣ муддаъиёни дурӯғини имомат ва Маҳдавият қарор диҳанд ки ин шиъорро дар зидди маънои он ба кор мебаранд ва мабное барои байъат бо худ мешуморанд! Хулоса ҳар як аз ин айбҷӯёни бемордил мекӯшанд ки як калима ё як ҷумла ё як дидгоҳро дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ё пойгоҳи иттилоърасонии ҳазарти аллома биёбад ва сару охири онро қайчӣ кунад ва бидуни ишора ба соири калимот, ҷумалот ва дидгоҳҳои эшон, мабнои қиёсӣ маълфориқ бо ҷараёнҳои инҳирофӣ ва гурӯҳҳои бадном созад, дар ҳоле ки тамоюзи ин наҳзати илмӣ ва вазини Исломӣ бо ин ҷараёнҳо ва гурӯҳҳо, бисёр амиқ, густарда ва ғайри қобили инкор аст ва бо ин васф, қарор додани он дар радифи онҳо чизе ҷуз авомфиребӣ ва шорлотонбозӣ нест ва рӯшан аст ки чунин ҳарбаи касиф ва нахнамое низ танҳо аблаҳонро аз шинохти ин наҳзати илмӣ ва вазини Исломӣ боз медорад, дар ҳоле ки ин наҳзати илмӣ ва вазини Исломиро бо аблаҳон коре нест.

5 . Тахриб, тавҳин ва ифтиро

Панҷумин шигирди таблиғотӣ барои муқобила бо наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>>, тахриб, тавҳин ва ифтиро аст ва он ҳангоме ба кор баста мешавад ки расонаҳои вобаста ба ҳокимияти даҷҷол ва аносури палиди дилбаста ба мазоҳиби расмии, аз ҳар гуна мувоҷеҳ бо мантиқи устувори ин наҳзат дармонда мешаванд ва аз истеҳкоми мабонӣ ва матонати дидгоҳҳои он ба хашм меоянд ва ногузир ба фаҳҳошӣ ва лаҷанпароканӣ рӯй меоваранд, то ба заъми худ покии ин гуфтумони Қуръонӣ ва бурҳониро бишкананд ва онро дар назари мардум беҳурмат созанд! Ғофил аз онки бо ин шеваи иҳонатбор ва ғайри ахлоқӣ, танҳо мардумро аз шахсият, рӯйкард ва аҳдофи зидди Исломии худ огоҳ мекунанд ва моҳияти ҳақиқии душманони ин наҳзати муборакро ошкортар месозанд! Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки дар саросари китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ва пойгоҳи иттилоърасонии ҳазрати аллома, ба ҳеҷ як аз онон ва раҳбаронашон тавҳине раво дошта нашудааст ва чизе ҷуз интиқоди илмӣ ва мӯҳтарамона бо истинод ба далоили ақлӣ ва шаръӣ дида намешавад! Бо ин васф, касоне ки ба содагӣ ва бидуни ҳеҷ тавҷиҳе ба мақоми шомихи олими азимушон ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло иҳонат раво медоранд ва гуфтумони мустанади эшон ба оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотири набавиро лагадмоли месозанд, танҳо аз нутфаҳо ё луқмаҳои ҳароме парда бар медоранд ки ононро ба вуҷуд оварда ва ба ҷони Ислом ва мусалмонон андохтааст! Дар миёни онон касоне ҳастанд ки ҳатто намедонанд бо чи баҳонае ба ин олими мазлум ҳақорат медиҳанд; Зеро вақте аз онон мепурсим магар эшон чи гуфта ё чи кор кардааст, ҳарфе барои гуфтан надоранд ва ногузир сукут мекунанд ё пузханд мезананд ё суханони номарбут мегӯянд ва сипас мегурезанд ва аз инҷо маълум мешавад ки ҳатто китоб ва пойгоҳи ин олими мазлумро надидаанд ва бар асоси таваҳҳумоти худсохта ва таблиғоти козиби амсоли худ, чунин кори зиште анҷом медиҳанд! Ҳамчунонки бархӣ аз онон ба ҳукми ҳадиси <<Мубоҳита>> тавҳин ба ҳар касе ки бо увҳом ва зунуни худ аҳли бидъат мепиндорандро воҷиб ва дорои савоб меингоранд, дар ҳоле ки филвоқеъ худашон аҳли бидъат ҳастанд ва бо мабнои худашон шоистаи ҳамаи тавҳинҳое ҳастанд ки ба ҳазрати аллома раво медоранд! Вонгаҳе инон ба тавҳин басанда намекунанд ва аз гуноҳӣ бузургтар низ ёрӣ мегиранд ва он ҳамоно тӯҳмат ва ифтирост; Ба ин тартиб ки бо шеваи такрорӣ ва нахнамо ва бидуни ироъаи ҳеҷ далил ва мадраке, ҳазрати алломаро ба иртибот бо Инглис ё Омрико ё Исроъил муттаҳам мекунанд, то афроди зудбовар ва содаро таҳти таъсир қарор диҳанд ва ба ин олими бузургвор бадбин созанд ва ин дар ҳоле аст ки мавозеъи зидди истикборӣ ва рӯйкардҳои куфрситезонаи ин олими озода ва шуҷоъ дар мабоҳиси мухталифе аз китоби <<Бозгашт ба Ислом>> монанди <<Ҷаҳл ба душманони Ислом>> (с43), <<Тақлид аз кофирон>> (с69), <<Адами ваҷоҳати тақлид аз кофирон>> (с70), <<Лузуми пайравӣ кофирон аз мусалмонон>> (с72), <<Равиши саҳиҳи муқобила бо кофирон>> (с74), <<Омезиш бо миллал ва фарҳангоҳи ғайри Исломӣ>> (с164) ва <<Мумонеъияти душманони Ислом>> (с199) намоён аст, вале ҳаттокони фосиқе ки раҳбаронашон ошкоро даст дар дасти Руссия доранд ва ба заду бандҳои пинҳон ва ошкор бо Омрико муттаҳам ҳастанд, аз анг задан ба ин олими мусалмон ва озода шарм намекунанд ва бинобар ҳадиси «إِذا لَمْ تَسْتَحْيِ فَٱصْنَعْ ما شِئْتَ»; <<Вақте шарм намекунӣ ҳар коре мехоҳӣ бикун>>, ҳар чи ба зеҳни мағшуш ва беморашон меояд мегӯянд! Ин даст парвардаҳои золимон ки ба маънои дақиқи калима муштӣ бозӣ хӯрда ва аз ҳама ҷо бехабар ҳастанд, ин гуна таълим дида шудаанд ки иртиботи масъулонашон бо ғарб ва шарқ ишколе надорад, вале ҳар кас аз онон интиқод кунад лобуд бо ғарб ва шарқ иртибот дорад, ҳатто агар олимӣ мусалмон ва дилсӯз бошад ва бо ангеза ва рӯйкардӣ комилан Исломӣ ононро ба <<Бозгашт ба Ислом>> ва заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ даъват кунад! Инон ки худ ғолибан бо ниҳодҳои амниятии кишварҳо иртибот ва ҳамкорӣ доранд ва онро ифтихори худ (!) ва мисдоқи анҷоми вазифа (!) ва хидмат ба низоми муқаддас (!) мешуморанд, ҳазрати алломаро ба доштани иртибот ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии кишварҳо муттаҳам мекунанд; Зеро бинобар инки <<Кофир ҳамаро ба киши худ пиндорад>>, мепиндоранд ин бузургвор низ монанди онон аст! Дар ҳоле ки ин бузургвор –бар хилофи онон– ҳамаи ҳокимиятҳои мавҷуд дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тоғути медонад ва ҳеҷ як аз онҳоро истисно намекунад то ба доштани иртибот ва ҳамкорӣ бо он муттаҳам бошад! Эшон ҳокимиятро танҳо барои Худованд ва халифаи Ӯ дар замин медонад ва ин мустақилтарин мавзеъ аст ки касе метавонад дошта бошад, вале касоне ки дар таваҳҳуми тавтиъа фуру рафтаанд ва аз бемории молекулиё ранҷ мебаранд, ин воқеъияти возҳеро намефаҳманд ва ҳамчунон бар табли ифтиро менавозанд! Албатта шакке нест ки бештари мардум, дигар бо ин ангзаниҳои маъмули ва беарзиш ошно шудаанд ва камтарин вақте ба он намениҳанд ва ин ба маънои ноком шудани ин тавтиъаи дурӯғпардозони беахлоқ ва ноҷавонмард аст.

6 . Нақди куллӣ ва иҷмолӣ

Охарин шигирди таблиғотӣ барои муқобила бо наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>>, нақди куллӣ ва иҷмолии он аст ки ғолибан тавассути илм ва фазл анҷом мешавад. Инон ки ба далили мавқеъияти иҷтимоъии сохтагӣ ва пӯшолишон, рӯӣ фаҳҳошӣ надоранд ва ин корро ба навчаҳо ва муридонашон вогузор кардаанд, вақте аз сукут, беэътиноӣ ва нодида гирифтан тарафе намебинанд ва бо инкор, истихфоф ва беаҳмият шумурдан ба ҷойе намерасанд ва аз ғайри илмӣ ва ваҳмолуд нишон додан хаста мешаванд ва шабеҳнамойи ва қиёси маълфориқро кофӣ намеёбанд, шикамҳои бузургашонро бар рӯӣ мизҳошон мегузоранд ва чонаҳои мӯҳтарамро ба гирдаш дар меоваранд ва гулуи муборакро соф мекунанд ва зимни бар ҳазар доштани навчаҳо ва муридон аз <<Ин қабил ҷараёнҳо>>, ба худ заҳмат медиҳанд ва мефармоянд: <<Ишколоти фаровоне дар китоби <Бозгашт ба Ислом> вуҷуд дорад>>! Албатта ин бузурворон дигар ба худ заҳмат намедиҳанд ки ҳатто яке аз ин <<Ишколоти фаровон>> ро зикр ва бо далил рад кунанд; Чароки навчаҳо ва муридон, <<Муқаллид>> яъне гӯсфанди ташриф доранд ва барои гӯсфандҳо ҳамин андоза ифоза фармудан кофӣ аст! Аз назари ин ҷонварони «صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ»[8] яъне чашму гӯш ва забон баста, бо ҳамин куллигӯйии бедалил, ваҳйи нозил шуда ва мӯъҷиза ба зуҳур расида ва парвандаи наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> ва гуфтумони мустадалли аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло баста шудааст ва дигар ниёзе ба тавзеҳ ва истидлол нест! Ба ин тартиб, 300 саҳифа китоби мамлу аз оёти Қуръонӣ ва аҳодиси мутавотири набавӣ ва аҳкоми ақлӣ ки аз беш аз 150 манбаъи мӯътабар ва дасти аввали Исломӣ моя гирифтааст, бо як ҷумлаи <<Ишколоти фаровоне дорад>>, канор гузошта мешавад; Чароки ин ҷумларо <<Мулло>> гуфтааст; Ҳамон «أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ»[9] ки дирӯз ҳукми эъдоми Паёмбаронро содир мекард ва имрӯз ҳукми эъдоми Маҳдиро содир мекунад ва мегӯяд: <<Ҳифзи ҷумҳурии Исломӣ аз ҳифзи як нафар валув имоми аср бошад аҳаммияташ бештар аст>>; Ҳамон касе ки аллома Мансури Ҳошимии Хурсонӣ ҳафизаҳулло таъоло дар бораи ӯ фармудааст:

<<Ҳамоно ин дин, аз олимони хеш, беш аз ҷоҳилони хеш латма дида ва аз фақиҳони хеш, беш аз сафиҳони хеш зарба хӯрдааст; Чароки лағзиши ҷоҳил, лағзиши ҷоҳил аст ва лағзиши олим, оламеро мелағзонад! Ҳамоно як бадии фақиҳ, ҳазор хубии ӯро аз байн мебарад ва шарри қалилаш, аз хайри касираш бениёз мекунад! Вой бар олимони бад ки дар пайи ҷалби ризояти султонанд; Пас ҳақро ботил ва ботилро ҳақ менамоянд ва бар зидди мустазъафон ва ба суди мустакбирон фатво медиҳанд; Ҳамонон ки амволи Маҳдиро мехуранд ва аз рӯҳи ӯ боз медоранд; Ҳангоме ки даъвати ман ба сӯӣ ӯро мешунаванд ва онро дар гумроҳӣ мешуморанд, то мардумро аз иҷобати он боз доранд ва аз ҳаракат ба сӯӣ Маҳдӣ машғул созанд, то ҳукуматашон дар замин ҷовидона бошад ва ба ҷои ӯ итоъат шаванд; Монанди коҳинони банӣ исроъил ки паёмбарони Худоро такзиб карданд ва аз иқомаи аҳкоми ӯ боз доштанд, то тақолидашон барои ҳамеша маҳфуз бошад ва аз ризқашон дар субҳу шом коста нашавад! Вой бар онон ки тасма аз гурдаи мустаҳаб кашидаанд, аммо аз авҷиби воҷибот ғофиланд! Нисоби тилло ва нуқраро медонанд, вале аз чуну чарои ғайбат огоҳӣ надоранд! Саҳми имом аз хумсро мешиносанд, вале саҳми имом аз ҳукуматро ба ёд намеоваранд! Намоз дар ҷои дигариро ботил мешуморанд, вале ҳукумат дар ҷои дигариро ҷойиз мепиндоранд! Хасро дар чашми мардум мебинанд, вале чинорро дар он нодида мегиранд! Магасро аз пашти мардум мепаронанд, вале шутурро бар он боқӣ мегузоранд! Дар ҳоле ки ҳар кас пешонияш табар хӯрдааст, аз хароши ангушташ парво надорад ва ҳар кас дар дарё ғарқ мешавад, аз тар шудани либосаш андешнок нест! Оё аз онон мисоқ гирифта нашуд ва дар китоби Худованд наёмӯхтанд ки дар бораи Ӯ ҷуз ҳақ нагӯянд ва аз роҳи Ӯ боз надоранд ва ситампешаро бар зидди ситамдида ёрӣ нарасонанд?! Пас вой бар онон аз кайфаре дар зиндагии дунё ва вой бар онон аз оташе ки барояшон афрухта шудааст!>>.[10]

Афсӯс ки бархӣ аз мардум ҳанӯз ба хатари ин табақа пай набурбаанд ва ононро <<Ояти Худованд>> ва <<Ҳуҷҷати Ислом ва мусалимин>> мепиндоранд ва намедонанд ки онон дар сояи ин эътимоди афсоргусехта ва беҳисобу китоб, чи хиёнате ба Худованд кардаанд ва чи оташе бар хирмани Ислом ва муслимин задаанд! Ин гурӯҳ аз мардум, ақли худро ба <<Мулло>> додаанд ва <<Хари мулло>> шудаанд! Лизо дигар ба худ иҷозаи мутолиъаи китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ро намедиҳанд; Чароки <<Мулло>> онро хонда ва дар он <<Ишколоти фаровоне>> ёфтааст; <<Ишколоти фаровоне>> монанди мухолифат бо тақлиди кӯр кӯрона аз <<Мулло>> ва мухолифат бо вилояти мутлақаи <<Мулло>> ва мухолифат бо пардохти хумс ба <<Мулло>> ва ишколоти дигаре аз ин даст ки инсофан дар он фаровон аст!

Бо ин васф, шойиста аст ки бародарон ва хоҳарони ҳушёр ва фаҳм, мутаваҷҷеҳи ин шигирдҳо ва тарфандҳои таблиғотӣ бошанд ва фиреби расонаҳои вобаста ба ҳокимияти даҷҷол ва аносури дилбаста ба мазоҳиби расмиро нахуранд ва бо муроҷиъаи мустақим ба пойгоҳи иттлоърасонии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва мутолиъаи комил ва дақиқи китоби <<Бозгашт ба Ислом>>, бо ақойид ва аҳкоми дин ошно шаванд ва аз муҳимтарин таклифи худ дар замони кунунӣ огоҳӣ ёбанд. Пешниҳоди мо <<Таҳқиқ>> ва <<Мутолиъа>> аст ва пешниҳоди расонаҳо ва аносури мазкур, худдорӣ аз ин ду аст ва бародарону хоҳарони ҳушёр ва фаҳми мо, худ медонанд ки чи кунанд!

«وَالسَّلَامُ عَلَىٰ مَنِ اتَّبَعَ الْهُدَىٰ»

↑[1] . Саҳифаи имом, ҷ15, с364. Бархи афроди ноогоҳ ва мутаъассиб ба мо мегӯянд ки набояд ба ин иборати аҷиб ва шармовар басанда кунед ва бояд маҷмӯъи иборати гӯяндаро дар назар бигиред, вале воқеъ он аст ки мо ба ин иборати аҷиб басанда накардаем ва маҷмӯъи ибороти гӯяндаро дар назар гирифтаем ва пас аз дар назар гирифтани маҷмӯъи онҳо, ин иборатро нишон диҳандаи тарзи тафаккури гӯянда ва ҷиҳатгирии низоми сиёсиаш ёфтаем; Зеро ин иборат бо маҷмӯъи ибороти ӯ дар боби вилояти мутлақаи фақиҳ ва болотар будани ҳукми валии фақиҳ аз аҳкоми аввалияи Ислом ва кинояҳои аблағу минал тасриҳи вай монанди <<Болотар аз он ҳам масоъиле аст ки музоҳимат намекунам>> ва <<Агар ҷуръат буд матолибе буд ки осонтар аст>>, комилан ҳамсӯ ва созгор аст; Ҳамчунонки бо рӯҳияи амалии ӯ ва пайравонаш дар нақзи ошкори аҳкоми Исломи ба баҳонаи маслиҳати низом ва низ ҷанги нобаробар бо наҳзати мубораки <<Бозгашт ба ислом>> ва заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ мутобиқати комил дорад ва ҷои ҳеҷ тавҷиҳ ва таъвилеро боқӣ намегузорад.

↑[2] . Ҳадисе дар китоби <<Кофӣ>> ки ҳадисгароёни шиъа мепиндоранд бар вуҷуби дашном додан ва бӯҳтон задан ба аҳли бидъат далолат дорад!!!

↑[3]. Пойгоҳи иттилоърасонӣ, гуфторҳо, коди 63.

↑[4] . Пойгоҳи иттилоърасонӣ, пурсишҳо ва посухҳо, коди 198.

↑[5] . Пойгоҳи иттилоърасонӣ, пурсишҳо ва посухҳо, коди 29.

↑[6] . Пойгоҳи иттилоърасонӣ, пурсишҳо ва посухҳо, коди 10.

↑[7] . <<Ба гунае ки соҳиби он қасд накардааст>>!

↑[8] . Бақара/ 18.

↑[9] . <<Худовандгороне ба ҷои Худованд>> (Тавба/ 31).

↑[10] . Пойгоҳи иттилоърасонӣ, гуфторҳо, коди 29.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани дидгоҳ
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи дидгоҳ дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?