Панҷшанбе 22 август 2019 мелодӣ баробар бо 20 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Дидгоҳҳо

   
Шумора: 30 Нависандаи мақола: Мӯҳсуни Ҳусейнӣ Тарихи мақола: 21/09/2016
Мавзӯъи мақола:

Маҳдии шиъа ва Маҳдии суннӣ; Тамоюзӣ бепоя ва мавҳум

Вуҷуди бархӣ ихтилофоти амиқи торихӣ миёни ду гурӯҳи бузурги мусалмонон яъне шиъаён ва аҳли суннат қобили инкор нест ва ҳамаи мо ба хубӣ медонем ки мутаъассифона аз садри Ислом то кунун, ба мурур бар умқи ин ихтилофот афзуда шудааст; Он чунонки ба воситаи бархӣ авомили шуми сиёсӣ ва мазҳабӣ дар миёни худи мусалмонон ва низ бархӣ шароратҳо ва дасисаҳои хориҷӣ аз сӯӣ ғайри мусалмонон, шикофи равобит ва муносиботи миёни ин ду гурӯҳи мусалмон ба тадриҷ амиқтар шуда, то ҷойе ки имрӯз табаъоти иншиқоқ ва ҷудоӣ дар уммат ба зишттарин шакли мумкин падидор гардидааст. Ин воқеъияти талх мавҷуд аст ва инкори чунин воқеъияти номатлубе дар миёни мусалмонон ва ҳошои ихтилофоти ҷиддии мавҷуд дар миёнашон агарчи бо ҳусни занн бошад, суде надорад ва талошӣ нофарҷом ва тақаллои беҳуда аст. Ҳамчунонки бетардид вақте мо сухан аз зарурати иттиҳоди муслимин ба миён меоварем, манзурамон онки ихтилофоти мавҷуд ва гунаи худфиребӣ нест, балки ғаразмони талош барои ҳамгароӣ ва ҳамафзоии ҳар чи бештари мусалмонон бо вуҷуди бархӣ ихтилофи назарҳои торихӣ аз тариқи таъкид бар рӯӣ нуқоти муштарак ва мавриди тавофуқ аст.

Аммо дар ин миён чизе ки ҳаргиз пазируфтани нест ва инсофан мояи таъассур ва таъассуфи ҳар мусалмони огоҳ ва озодае мегардад, он аст ки гурӯҳе аз мусалмонони муғриз ё ҷоҳил, на танҳо бар табли ихтилофоти мавҷуд мекӯбанд ва дар оташи онҳо медаманд, балки ихтилофоти ҷадиде ихтироъ мекунанд ва пайваста дар ҳоли тавлиди фитнаҳои тозаанд! Гӯйи ихтилофоти воқеъӣ барои инҳо кофӣ нест ки ихтилофотӣ хиёлӣ ва мавҳуми месозанд то шикофи мавҷуд миёни мусалмононро аз чизе ки ҳаст бештар ва амиқтар нишон диҳанд! Инҳо аз фарти ҳамоқат ё шарорат, ба суроғи нуқоти муштарак ва ақойиду аъмоли ваҳдатофарин миёни мусалмонон мераванд ва бо афсонасозӣ, дурӯғпардозӣ ва аллам кардани хурофоти кӯчаву бозор ва навиштани он ба пойи кулли як мазҳаб, мусалмонони мазоҳиби дигарро нисбат ба бародарони дигарӣ худ бадбин мекунанд ва дар мавриди мусалламтарин ва иҷмоътарин боварҳои Исломӣ ба тардид меандозанд.

Яке аз муҳимтарин мавзӯъоте ки дастхуши ин рӯйкарди шум ва инҳирофӣ шуда, мавзӯъи имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки иддае дониста ва иддае надониста, дар ҳоли илқоъи ихтилоф ва ташдиди вогароӣ минёни мусалмонон дар бораи он ҳастанд; Он гуна ки шиъори бемаъно ва бидъатомези <<Маҳдии шиъа/ Маҳдии суннӣ>> аз мабдаъи замонӣ номаълуме миёни онон ривоҷ ёфта ва ба шиддат дар ҳоли таблиғ ва тарвиҷ аст. Ин дар ҳоле аст ки эътиқод ба Маҳдӣ ва ҳатмияти зуҳур ва қиёми ӯ ва пирӯзиаш бар мустакбирон ва ҷоъирони олам ва пур шудани замин аз адолат тавассути ӯ, ваъдаи қатъии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки дар маҷомеъи ривояти шиъа ва аҳли суннат, тавотури камназир ва фавқулъода дорад. Ҳамчунонки ҳазрати аллома Мансури ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби арзишманди <<Бозгашт ба Ислом>> ин тавотурро бо равишӣ мутаяқин ва олимона исбот фармудаанд (руҷӯъ кунед ба: Бозгашт ба Ислом, с279 то 282). Эшон пеш аз исботи тавотури ҳадиси Маҳдӣ ва истишҳод ба бархӣ оёти Қуръонӣ дар ин бора мефармоянд:

<<Бо ин васф, шойиста аст ақида ба ҳатмияти зуҳури Маҳдӣ ба унвони халифаи Худованд дар замин ва касе аз аҳли байти Паёмбар ки заминро бо иқомаи Исломи комил ва холис аз адолат ва қист пур мекунад, аз мусалламоти Ислом шумурда шуд ва мавриди иҷмоъи мусалмонон бошад, то мабное барои ваҳдати онон дар оянда ба шумор равад.>> (Ҳамон, с282)

Ин ба маънои он аст ки аз назари ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, этиқод ба Маҳдӣ метавонад ҳалқаи иттисол ва заминаи оштии мусалмонон дар охируззамон ва меҳвари иттиҳоди онон бо якдигар барои пирӯзӣ бар зулми ҷаҳонӣ бошад ва бо ин васф, тардиде нест ки ҳар гуна зери суъол бурдан ё табдил кардани ин эътиқод ба мавзӯъӣ ихтилофӣ ва чолишзо дар миёни онон, гунаи фитнаангезӣ алайҳи Ислом ва хиёнатӣ ошкор ба мусалмонон шумурда мешавад; Чароки охирин фурсатҳо ва маъдуд заминаҳои арзишманде ки барои бозсозии уммати воҳида ва иттиҳоди амалии мусалмонон ба он умед меравад, бо ин иқдомоти шарурона ва машкук нобуд хоҳад шуд.

Бо ин васф, ҳамаи касоне ки аз рӯӣ нодонӣ ё ғафлат ба чунин иқдомоте даст мезананд ё заминаи онро фароҳам мекунанд, бояд ба сӯӣ Худованд тавба кунанд ва даст аз фитнаангезӣ бардоранд; Монанди бархӣ бародарони аҳли ташаюъ ки дучори авомзадагӣ ҳастанд ва бо тарҳи масоъили хурофӣ, бебунёд ва номаъқул дар заминаи Маҳдавият, боъиси ҳасосиятзоӣ ва таҳрики соири муслимин ва гароиши онон ба чунин таваҳҳуме мешаванд ва бархӣ бародарони аҳли суннат ки бо бадгумонӣ, каҷфаҳмӣ, адами иттилоъи кофӣ ва омехтани масоъил бо якдигар, муҷиби боло гирифтани фитна ва эҷоди чунин бардошти инҳирофӣ ва хатарноке аз масъалаи Маҳдавият мешаванд; Чароки ин ду гурӯҳ бо вуҷуди инки манобеъи ривойии онҳо, ривоётӣ ҳамсӯ дар робита бо Маҳдиро мунъакис намуда ва дар воқеъ ҳамаи маҷомеъи ривойии шиъӣ ва суннӣ, аз <<Як Маҳдӣ>> сухан гуфтааст, эътиқоди якдигар дар бораи Маҳдавиятро намепазиранд; Алалхусус бархӣ бародарони аҳли суннат ки аз сӯъи занни шадиде нисбат ба бародарони шиъа ранҷ мебаранд ва аз рӯӣ ҷаҳл ва ғафлат, <<Маҳдии шиъа>> ро <<Дурӯғин>> ва <<Хиёлӣ>> мехонанд ва онро рад мекунанд! Дар ҳоле ки чунин сухани мутаъассибона ва ҷоҳилонае, мусталзими инкори Маҳдӣ хоҳад буд; Чароки мо дар ривоёти Исломӣ ду Маҳдӣ надорем ва Маҳдии ривоёти шиъа ҳамон Маҳдии ривоёти аҳли суннат аст.

Ҳосил онки мусалмонон бояд бо ҳушёрӣ ва басирати кофӣ ба ин масъала назар кунанд ва мутаваҷҷеҳ бошанд ки эътиқод ба <<Маҳдии воҳид>> сарфи назар аз бархӣ ихтилофи назарҳо дар бораи хусусиёти ӯ, як эътиқоди муштарак ва мубтанӣ бар мутавотирот ва мусалламоти Исломӣ аст ва ба ҳеҷ як аз мазоҳиб ихтисосе надорад. Лизо тақсимбандии Маҳдӣ ба шиъа ва суннӣ, аз як сӯ тамойизӣ бепоя ва мавҳум аст ва аз сӯӣ дигар таволии фосид ва хатарноке дорад ва бо ин авсоф, зарурӣ аст ки мавриди эърози мусалмонон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ қарор гирад.

Дар поён таваҷҷуҳи хонандагони гиромиро ба сухане дар ин бора аз донишманди мӯҳтарам ҷаноби дуктур Зокир Маъруф масъули дафтари ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ҷалб мекунам:

<<<Маҳдии шиъа>> ва <<Маҳдии суннӣ>> маъное надорад; Зеро Маҳдӣ дар Ислом як нафар аст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар аҳодиси мутавотир ӯро ваъда дода ва муъаррифӣ фармудааст, бо ин тавзеҳ ки миёни аҳли суннат ва аҳли ташаюъ дар бораи бархӣ хусусиёти ӯ монанди кистии падараш ва замони валодаташ ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале возеҳ аст ки ин ихтилофи назар ба маънои вуҷуди ду Маҳдӣ нест! Қадри мусаллам ин  аст ки Маҳдӣ –фарзанди ҳар кас бошад ва ҳар замоне мутаваллид шуда бошад ё бишавад– бидуни омодагии мусалмонон барои ҳимоят аз ӯ зуҳур намекунад ва бо ин васф, бар аҳли суннат ва аҳли ташаюъ воҷиб аст ки ба ҷои ихтилоф бо якдигар бар сари бархӣ хусусиёти ӯ, ба иттиҳод бо якдигар барои ҳимоят аз ӯ бипардозанд ва ин чизе аст ки аллома Мансури Ҳошими Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ононро ба сӯӣ он даъват мекунад.>

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани дидгоҳ
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи дидгоҳ дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?