Сешанбе 19 ноябр 2019 мелодӣ баробар бо 22 рабеъ-ул-аввал 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Дидгоҳҳо

   
Шумора: 29 Нависандаи мақола: Муҷтабо Мазруъӣ Тарихи мақола: 14/09/2016
Мавзӯъи мақола:

Халъи яди оли Саъуд аз пардадории Каъба; Авлавияти муҳимми ҷаҳони Ислом

Як сол аз фоҷеъаи талхи инсонӣ дар саҳрои Мино мегузарад; Фоҷеъаи дарднок ва ғайри мунтазира ки хонаводаҳои қурбониёнро доғдор ва виҷдони умумӣ мусалмонон дар ақсоӣ нуқоти ҷаҳонро ҷариҳадор намуд. Аммо ин фоҷеъа, гузашта аз талафоти ҷонии таъассуфбор ва мусибати сангине ки бар пайкари уммати Ислом ворид намуд, талангарӣ сахт ва ҳушдорӣ такондиҳанда барои ҷаҳони Ислом ва ҳовии дарсҳо ва ибратҳои муҳим барои ояндаи пеши рӯйи мусалмонон буд; Хусусан барои он даста аз мусалмонон ки то пеш аз ин ҳодисаи ҷонгудоз бо таъсирпазирӣ аз таблиғоти кизб ва илқоъоти ройиҷ, ҳокимони саъудиро <<Оқои>> ҷаҳони Ислом ва раҳбарони бо кифояти уммул қуро мепиндоштанд! Бо таваҷҷуҳ ба инки ало рағми мавозеъи шарурона ва иқдомоти фитнаангезонаи ҳокимони Саъудӣ дар чанд соли охир монанди тақвият, таҷҳиз ва пуштибонӣ аз ифротгароӣ дар минтақа, таҳкими равобит бо куффори ғарбӣ ва ахиран густариши равобит бо режими сеҳюнистӣ, эҷоди иттилофи низомӣ бо соири давли Арабӣ барои лашкаркашӣ ба Яман ва хунрезӣ ва вайронии бисёр дар ин кишвар, ташдидул таҳобот ва ихтилофоти мазҳабӣ ва ... ҳанӯз барои иддае ҷои шубҳа ва тардид дар мавриди бекифоятӣ ва адами салоҳияти фарзандони Саъуд барои чанбара задан бар сарзамини ваҳй ва алал хусус тавлияти Ҳарамайни Шарифан вуҷуд дошт. Аммо ду фоҷеъаи суқути ҷарсақил дар Масҷидул Ҳаром ва кушта шудани мазлумонаи ҳоҷиён дар Мино ки беш аз 2000 ҳоҷӣ аз сарзаминҳои мухталифи Исломиро ба маслах бурд, ҷои ҳеҷ тардиде барои ғолиби мусалмонон боқӣ нагузорд ки ҳокимони Саъудӣ барои тасаддии маросими ҳаҷ ва истелоъе бар Макка ва Мадина ки ду шаҳри зиёратӣ ва мутаъаллиқ ба ҳамаи мусалмонон аст, фоқиди аҳлияти шаръӣ ва салоҳияти урфӣ ҳастанд. Бигзарем аз онки савобиқи ҷиноятбор, ангезаҳои сӯъи сиёсӣ –мазҳаби ва бархи қароъини машкук дар ду воқеъаи суқути ҷарсақил ва саҳрои Мино, ин режими фосидро дар мизонни бархӣ иттиҳомоти сангинтар қарор медиҳад ки изҳори назари қатъӣ дар мавриди он ниёзманди баррасиҳо ва таҳқиқоти бештаре аст; Таҳқиқоте ки Оли Саъуд бо муқовимат ва сарсахтии тамом монеъ аз анҷоми он шудааст! Аммо фориғ аз ин амр ва бо иноят ба нукоти пешгуфта, халъи яд ва рафъи тасарруфи удвонии Оли Саъуд аз Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунввара заруратӣ фаврӣ ва авлавиятӣ инкор нопазир барои мусалмонони ҷаҳон аст; Зарурат ва авлавияте ки то пеш аз ин бо ғафлати нобахшиданӣ ва сустии аҷиб ва суъол барангези мусалмонон дар ақсоӣ нуқоти ҷаҳон ва низ тағофул ва риёкории ҳокимони мусалмон мавриди пайгирии ҷиддӣ қарор нагирифт ва ҳамин ду омил буд ки сабабсози ин фоҷеъа шуд.

Мусалмонони ҷаҳон набояд фаромӯш кунанд ки дар халқи ду фоҷеъаи Масҷидул Ҳаром ва Мино –агарчи ба сурати ғайри мустақим– дахиланд ва шаръан бахше аз бори масъулиятро ба дӯш доранд; Чароки ин ду фоҷеъаи мусибатбор ҷуз дар натиҷаи ба расмият шинохтани Оли Саъуд ба унвони мутасаддии маросими ҳаҷ ва мутаваллии Масҷидул Ҳаром иттифоқ наяфтод. Мусалмонон бояд муддатҳо пеш аз ин ҳодисаи ногувор, бо истифода аз ғайрати динӣ ва басирати Исломӣ, таййи иқдомоти муносиби маданӣ ва истифода аз абзорҳои гуногуни таблиғотӣ ва аҳрумҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ ба сурати ҳамоҳанги ва мунсаҷам дар кулли ҷаҳони Ислом, халъи яди Оли Саъуд аз мудирияти хонаи Худоро ба унвони як <<Матолибаи ҷиддӣ ва умумӣ>> эълом мекарданд ва ҳокимони мусалмон ки ғолибан вобаста ба Оли Саъуд ва ҷирахори онон ҳастандро таҳти фишори афкори умумӣ қарор медоданд ва дархости худ мубтанӣ бар тасмимгирии бетарафона дар мавриди мудирияти ҳаҷ ва калиддории хонаи Худоро бар онон таҳмил менамуданд. Агар мусалмонон дар тӯли як фароянди поядор ва мустамар ин дархостро пайгирӣ мекарданд, дар беҳтарин ҳолат ба хостаи худ мерасиданд ва мо дар соли гузашта шоҳиди чунин фоҷеъаи ҳувлнок ва ҳодисаи машкуке дар сарзамини ваҳй ва ҳарами амни Илоҳӣ набудем. Аммо дар фарзи воқеъбинонатар ва бо таваҷҷуҳ ба гарданфарозии Оли Саъуд ва нуфузи фаровонаш дар миёни ҳокимони ҷаҳони Ислом, ҳамаи ин иқдомоти ҳамоҳанги, созмондиҳишуда ва муъассир дар сатҳи байналмилалӣ, тамҳидоти зарурӣ барои халъи яди мақомоти Саъудӣ аз пардадории Каъбаро фароҳам менамуд ва ин режими фосидро то лабаи пртгоҳ суқут мерасонд ва он ҳангом буд ки ин ду фоҷеъаи маргбор, ба масобаи тири халос ва охарин иштибоҳи Оли Саъуд шумурда мешуд ва на танҳо муҷиби халъи яди онон аз Ҳарамайни Шарифайн мегашт, балки асосан мавҷудияти ононро низ таҳдид менамуд. Аммо ҷои басо таъассуф аст ки имрӯз ба хотири кӯтоҳии бузурги мусалмонон дар пайгирии ин муҳим, ҳатто фоҷеъаи то ин андоза азим ва бесобиқа низ чизеро дар мақоми амал тағайир надодааст ва баъд аз гузашти як сол аз моҷаро, камокон тибқи риволи ҳар сола маросими ҳаҷ ба мудирияти Оли Саъуд баргузор гардид. Ин дар ҳоле аст ки фақат Худованди оллимулғайб медонад идомаи истилои Арабистон бар сарзамини ваҳй чи мафосиди ҳувлнок ва таволии хатарнокеро барои ояндаи ҷаҳони Ислом ба армуғон хоҳад овард ва ояндаи наздик обистани чи ҳаводиси дигаре аст! Лизо бояд дид мусалмонон қарор аст чанд бори дигар аз як сӯрох газида шаванд ва ҳазинаи кӯтоҳиҳо ва сустиҳои худро бо хуни мусалмонони мазлум бипардозанд?!

Ин дар ҳоле аст ки ағлаби ҳокимони ҷаҳони Ислом бо сукути шармовар ва хоъинонаи худ, сарсупурдагӣ ва хушхидматии хеш ба Оли Саъудро ошкоро нишон медиҳанд; Он чунонки гӯйи соли гузашта дар саҳрои Мино иттифоқи вежае наяфдода, балки 2000 гӯсфанди бесоҳиб ва забонбаста талаф шуда ва зери дасту по мондааст!! Албатта агар 2000 гӯсфанд ҳам дар сарзамини Мино талаф шуда буд, барои ин ҳуккоми хоъин аҳмияти бештаре дошт ва бештар дар мавридаш изҳори назар мекарданд, дар ҳоле ки дар бораи ин фоҷеъаи бузарги инсонӣ мӯҳри сукут бар лаб задаанд! Оре, аз касоне ки дар баробари фасодангезӣ, ҷангафрӯзӣ ва нифоқи амиқи режими Оли Саъуд дар ҳамаи ин солҳо сукут кардаанд, ин беэътиноиҳо ва таҷоҳулҳо чизи аҷибе нест.

Ҳеҷ тардиде надорад ки ин вазъияти буғранҷ ва нобасомон, худ фоҷеъаи дигар барои ҷаҳони Ислом аст; Чароки асҳоби қудрат ва сарват дар ҷаҳони Ислом ғолибан фосид, мунфаъил ва худфурухта ҳастанд ва дар хидмати тавоғут мунофиқ ва бузургони хеш қарор доранд, лизо ба осонӣ, ҳақоиқро кетмон мекунанд ва нодида мегиранд ва бо сукути худ ҷиноят ва хиёнатҳои сарваронашонро таъйид менамоянд. Ҳамчунин бо камоли таъассуф бояд гуфт ағлаби уламои ҷаҳони Ислом низ ё ғуломони ҳалқа ба гӯши Оли Саъуд ҳастанд ва омоле ҷуз таъмини манофеъ ва хидмат ба онон надоранд ё олимоне ҳастанд ки мухолиф бо Оли Саъуданд, аммо ба хотири муҳофизакориҳои буздилона ва маслиҳатандешиҳои бепоя, то пеш аз ин мавзеъи рӯшане дар ин бора нагуфтаанд ва иқдоми дархурӣ дар ин ҳавза анҷом надодаанд.

Аммо дар муқобили ин идда, маъдуд олимони озода, вораста, хадум ва хайрхоҳе ҳастанд ки ҳамвора ба ҳассосият ва аҳмияти ин амр воқиф будаанд ва аз муддатҳо пеш, бар рӯӣ ин зарурати ҳаётӣ пой фишурдаанд; Чароки ба унвони намуна, олими настуҳ ва муслеҳи фарзона, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло як сол пеш аз вуқуъи фоҷеъаи Масҷидул Ҳаром ва саҳрои Мино бидуни ҳар гуна мумошот ва маҷомила, бо баёноти сариҳ ва рӯшангариҳои қотеъонаи худ, адами салоҳияти ҳокимони Саъудӣ, удвонӣ будани тасарруфоти онон дар ганҷҳои Каъба ва даромадҳои ҳосил аз он ва низ зарурати азли онон аз тасаддии ҳарамро табйин фармуданд. Ин олими басир ва муҷоҳид, дар бахши чаҳоруми китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> зайли унвони <<Ҳаҷ>>, пас аз онки бо истинодоти муҳкам ба оёти Қуръони карим, мутаваллии аслии Каъбаро халифаи Худованд дар замин, ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом муъаррифӣ мекунад, мефармояд:

<Ин дар ҳоле аст ки акнун, тасаддии хонаи Худованд дар дасти ӯ нест, бал дар дасти касоне аст ки дар ақойиди худ ба ширк ва дар аъмоли худ ба фисқ олудаанд; Чароки тавҳиди Худованд дар таҳкимро намепазиранд ва дар бораи сифоти Ӯ ба ташбеҳ рӯй меоваранд ва бо кофирон дӯстӣ ва бо мусалмонон душманӣ меварзанд ва дар замин фитна ва фасод меангезанд ва бо ин васф, гӯӣ акнун калиддори хонаи Худованд, шайтон аст; Дар ҳоле ки Худованд бо ишора ба ин хона фармудааст: «وَمَنْ يُرِدْ فِيهِ بِإِلْحَادٍ بِظُلْمٍ نُذِقْهُ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ»;[1] <<Ва ҳар кас дар он иродаи пардохтан ба золимеро дошта бошад, ба ӯ аз азоби дарднок мечашонем>>! Аз инҷо дониста мешавад ки тасарруфоти Оли Саъуд дар ганҷҳои Каъба ва даромадҳои ҳосил аз ҳаҷ, ғайри машруъ ва удвонӣ аст ва табъан иъонати мусалмонон бар он, иъонат бар маъсият ва удвон шумурда мешавад ки ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ»;[2] <<Ва бар маъсият ва удвон ҳамкорӣ накунед>>; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки онон амволи Худовандро бар зидди Ӯ ҳазина мекунанд ва дар роҳи тақвияти ҷабҳаи куфр ва таҷҳизи қӯшуни залол ва тафриқа миёни мусалмонон, ба кор мебаранд; Балки бо ин васф, азли онон аз тасаддии ҳарам ва супурдани он ба Маҳдӣ, воҷиб аст; Ҳамчунонки ихроҷи онон аз Макка, балки Ҷазиратул Араб, ба иқтизои вуҷуби ихроҷи мушрикон аз он, воҷиб аст; Чунонки Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَٰذَا ۚ»;[3] <<Эй касоне ки имон овардед! Ҷуз ин нест ки мушрикон наҷасанд, пас баъд аз ин солашон ба Масҷидул Ҳаром наздик нашаванд>>>.

Чунин тасриҳи ошкор ва таъкиди вежае бар рӯӣ ин амр, он ҳам як сол пеш аз фоҷеъаи мазкур дар сарзамини ваҳй, нишон аз ҳазм, ҳушёорӣ, тезбинӣ ва басирати ин олими фарзона дорад ва ошкор месозад ки ба қавли маърифати ончи дигарон дар ойина мебинанд, эшон дар хишти хом мебинанд! Аммо касоне ки имрӯз геребони худро ба хотири фоҷеъаи Мино медаронад ва ба ҷои иқдомоти санҷида ва пайгирии мантиқӣ ва мудаббиронаи ин масоъил ба иқдомоти эҳсосӣ ва омиёна рӯй меоваранд, дар он ҳангом эътинои чандоне бар фармоишоти хатири ҳазрати аллома накарданд ва ҳатто дар баробари он мавзеъ гирифтанд ва он андоза гиройи ва заковат надоштанд ки ҳассосият ва фаврияти маъаларо дарк кунанд.

Ҳамчунин, ҳазрати аллома дар идомаи фармоишоти худ ба нуктаи бисёр бориктар ва муҳимтаре ишора мефармояд. Эшон мусалмононро ба ин нукта таваҷҷуҳ медиҳад ки халъи яди Оли Саъуд аз ҷиҳати дигаре низ амрӣ зарурӣ ва дорои авлавият аст ва он ин аст ки Макка ба гувоҳии ривоёти мутавотири Исломӣ, паноҳгоҳ ва маҳалли зуҳури Маҳдӣ хоҳад буд ва табиъатан идомаи истелои ин қавми шарур ва муфсид ки душманони тарози аввали Маҳдӣ шумурда мешаванд бар ин шаҳри муқаддас, амният ва саломати ҷонии он ҳазратро ба мухотира меандозад ва монеъ аз зуҳури ӯ мешавад, лизо тардиде боқӣ намемонад ки бояд ҳар чи зудтар Макка аз олудагии вуҷуди ин мунофиқон ва тоғутон пак шавад. Эшон дар ин бора чунин офоза мефармоянд:

<Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки Макка, бинобар ахбори мутавотир, паноҳгоҳи Маҳдӣ пеш аз зуҳури ӯст[4] ва бо ин васф, истилоъи золимон бар он, хатарӣ ҷиддӣ барои ӯ шумурда мешавад ва табъан бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст ки ҳар чи зудтар, истилоъи золимон бар ин шаҳрро бартараф кунанд то амният ва имкони зуҳури Маҳдӣ дар он, фароҳам шавад. Ҳар чанд ҷангидан дар ин шаҳр, ба иқтизои ҳурмати он аз ҷониби Худованд, ҷойиз нест; Чунонки фармудааст: «وَلَا تُقَاتِلُوهُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ حَتَّىٰ يُقَاتِلُوكُمْ فِيهِ ۖ»;[5] <<Ва бо онон назди Масҷидул Ҳаром наҷангед то онгоҳ ки онон бо шумо дар он биҷанганд>> Ва аз ин рӯ, чорае ҷуз қатъи дастрасии онон ба ин шаҳр аз хориҷи он нест ва чи басо қатъи робитаи мусалмонон бо онон дар заминаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, муқаддамаи ин корро фароҳам созад; Ҳамчунонки таълиқи ҳаҷ ба иқтизои иъонат бидони он бар маъсият ва удвони онон дар замони истилоъашон бар Макка бо таваҷҷуҳ ба сарозер шудани амволи ҳоҷиён ба кисаи кофирон ва мунофиқон, холӣ аз ваҷҳ нест; Ҷуз онки бим меравад ин таълиқ, худ аз ҷиҳатӣ дигар, ба тақвияти душманони Ислом ва ваҳни шиъори он бианҷомад ва дар маҷмӯъ ба маслиҳати мусалмонон набошад ва аз ин рӯ, наметавон ба он тавсия кард. Оре, шоиста аст ки мусаломонон, дар замони истилоъи золимон бар Макка, ба ҳаҷҷи воҷиб басанда кунанд ва аз ҳаҷҷи умраи мустаҳаб бипарҳезед; Чароки кори воҷиб барои анҷоми кори мустаҳаб во ниҳода намешавад ва иҷтиноб аз иъонати золимон бар зидди Ислом ва мусалмонон, воҷиб аст.>.

Комилан машҳуд аст ки ин олими басир ва озода танҳо ба тарҳи масъала ва баёни зарурати он басанда накардаанд ва барои ин иқдоми фаврӣ ва инқилобӣ, созу корҳои тадриҷӣ ва роҳи ҳалҳои комилан маъқул, машрӯъ ва амалӣ пешбинӣ фармудаанд ки шоисат буд тавассути ҳокимони минтақа ва олимони ҷаҳони Ислом зудтар аз инҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирифт ва ба марҳалаи иҷро мерасид.

Ҳеҷ тардиде нест ки агар бархӣ аз ҳокимон ва олимони мусалмон дар баробари ин мавозеъи санҷида ва ҳакимона, такаббур ва худбиниро канор мегузоштанд ва ба ҷои сиёсикориҳои бепоя, ҳамон ҳангом роҳкори мантиқии эшонро пайгирӣ менамуданд, имрӯз шаройити ҷаҳони Ислом ба гунаи дигаре буд. Агар ин оқоён ҳамон ибтидо аз ин тарҳи ҳушмандона ҳимоят мекарданд ва бо табйини манофеъи дарозмуддат ва масолеҳи шаръӣ ва зарурати ақлии он барои ҷаҳони Ислом ва низ бо истифода аз имконоти расонаи ва трибунҳои таблиғотии худ онро ба соири кишварҳои Исломӣ низ содир менамуданд, имрӯз Арабистони Саъудӣ на дар мавзеъи як муддаии талабкор ва ҳақ ба ҷониб, балки дар мавзеъи як қаздор ҳаросон ва дар ҳолати инфиъол ва тақаллул барои исботи ҳаққонияти хеш қарор дошт.

Аммо бо ҳамаи ин авсоф, акнун шоҳид ҳастем ки бо оғози маросими ҳаҷҷи имсол бархӣ аз раҳбарони ҷаҳони Ислом ва уламои тобеъи онон ки то пеш аз ин сукут ихтиёр карда буданд ва ё бо муҳофизакорӣ ва масолиҳатандешӣ дар ин ҳавза амал мекунанд, ба худ омадаанд ва пас аз онки зарурати қазияро дарк кардаанд, бо мавозеъи ҳакимона ва басиратафзои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ҳамроҳ шудаанд ва зимни бозгӯ кардани фармоишоти эшон, сухан аз лузуми мудирият Ҳарамайни Шарифайн ва шаклгирии як иҷмоъи умумӣ миёни олимони мусалмон барои тасмим гирӣ дар мавриди идора ва тасаддии Ҳарамайн ба миён меоваранд ва ин дар ҳоле аст ки ҳанӯз ба далили ғурури пушолӣ ва ҳасодати кӯдаконаяшон, ҳозир ба қабули иштибоҳоти худ дар ҳаққи ин олими азимушшон нестанд!

Албатта ин мавзеъгириҳо дар сурате ки бо садоқат ва хайрхоҳӣ ва пайгирии амалӣ маҷмӯъае аз кишварҳои Исломӣ ҳамроҳ бошад ва сирфан як изҳори назари хашмгинона ва ишораи таблиғотӣ барои ҷалби афкори умумӣ мусалмонони ҷаҳон ва ё гунаи лаҷбозии сиёсӣ тавассути як кишвари хос набошад, боз ҳам қобили қабул ва дархури ситойиш аст. Агарчи имсол ин мавзеъгириҳо бояд бисёр зудтар аз инҳо анҷом мешуд то сукути ҷаҳони Ислом якдаст ва ҳамоҳанг набошад ва бар таҷаррӣ ва густохии Оли Саъуд наяфзояд, аммо дар ҳар ҳол бояд аз ин пас мавзӯъи таҷдиди назар дар мудирияти Ҳарамайн ва ташкили шӯройи аз мӯътамадин ва уламои мусалмон барои тасмимгирӣ дар бораи халъи яди онон ба сурати муҷиддона ва бо азми росих мавриди пайгирии масъулонаи сарони кишварҳои Исломӣ қарор гирад то ҷуброне бошад барои сукут ва камкории онон дар гузашта.

Рӯшан аст ки ҳокимони ҷаҳони Ислом ва уламо ва фозилон ва муҳаққиқон ва мударрисини мусалмон агар дар пайи исботи ҳусни ният ва хидмати хеш ба Ислом ҳастанд ва ҳанӯз вафодории хеш ба Қуръони карим ва Расулуллоҳро ҳазф кардаанд, бояд дар ин бурҳаи ҳассос бидуни ҳар гуна музоиқа ва бо тамоми вуҷуд, аз мавзеъи ҳакимонаи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло пуштибонӣ кунанд; Чароки ин масъалаи хатир, ба масобаи фитнае аст ки бо сарнавишти мусалмонон ва хусусан масъалаи зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ва амнияти ҷонии он ҳазрат гиреҳ хӯрдааст ва аз ин лиҳоз иқдомӣ зарурӣ ва ҳаракатӣ инқилобӣ шумурда мешавад.

Аммо фориғ аз ин мавзӯъ, нуктае ки шоёна зикр менамояд он аст ки ҳамроҳии ин даста аз ҳокимон ва олимон бо мавозеъи хирадмандонаи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ду мавзӯъи ҳоъизи аҳмиятро ошкор месозад:

Аввал онки гуфтумони асил ва ҷомеъул атрофи ҳазрати аллома ки дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ва пойгоҳи иттилоърасонии эшон инъикос ёфтааст, муштамал бар мавозеъӣ бисёр ҳакимона, дурандешона ва муттакӣ бар басират ва ашрофи комили эшон бар авзоъи ҷаҳони Ислом аст; Чароки ҳар рӯз зарурати иттихози чунин мавозеъ зиракона ва таъйинкунандаи бештар ошкор мешавад ва ҳар чи мегузарад ҷаҳони Ислом фиқдони онро бештар эҳсос мекунад ва ба воситаи халъаҳои ношӣ аз он, талафот ва садамоти бештареро мутаҳаммил мешавад.

Дуввум онки ҷаҳони Ислом ва раҳбарони он, хоҳ ба сурати огоҳона ва хоҳ ба сурати нохудогоҳо, дар ҳоли ҳаракат ба самту сӯйе ҳастанд ки ҳазарти аллома аз муддатҳо пеш онро барои ҷаҳони Ислом тарсим фармуданд ва дақиқан ҳамон масиреро тай мекунанд ки ин олими бузургвор ба сӯӣ он иршод намуданд. Ин ба маънои он аст ки рӯйкардҳо ва мавозеъи бунёдини эшон, ҷудои аз онки муттакӣ бар усули яқинӣ ва мусаллами Исломӣ ва мустанад ба манобеъи асили динӣ аст, дар айни ҳол мубтанӣ бар воқеъиятҳои айнӣ ва бо назар ба шаройит ва муносиботи рӯзи ҷаҳони Ислом иттихоз гардидааст ва лизо метавонад чироғи роҳи уммати Ислом барои гузар аз кӯрароҳҳои торики ва пурпечу хами охируззамон бошад ва дар сурате ки аз сӯӣ масъулин ва раҳбарони ҷаҳони Ислом мавриди пайравӣ ва ҳимоят қарор гирад, таҳаввулоти умед бахш ва созандаеро дар ҷаҳони Ислом калид занад. Ҳамчунонки дар ҳамин росто метавон ба тарҳи инқилобӣ ва бузурги эшон барои ташкили иттиҳодияи кишварҳои Исломӣ барои гузор ба марҳалаи ташкили ҳукумати воҳиди Исломӣ бо ҳокимияти имом Маҳдӣ алайҳи салом ишора карда ё аз рӯйкарди бебадил ва таҳаввулофарини эшон дар бораи заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд ва зарурати эҷоди як ташаккул ё гирдиҳамойии умумӣ дар ҷаҳони Ислом бо ҳадафи ҳимоят ва ҳифозат аз имом Маҳдӣ сухан ба миён овард; Бо таваҷҷуҳ ба инки эшон мӯътақид аст фиқдони халифаи Худованд дар замин, маълули мустақими кӯтоҳии мардум дар талаб, ҳимоят ва ҳифозат аз имом Маҳдӣ алайҳи салом аст; Чароки мусалмонон то кунун бо ҳар ҳокиме ҳамроҳ ва ҳамкор шудаанд ва муқаддамоти ба қудрат расидани ҳар <<Бирр>> ва <<Фоҷире>> ро фароҳам сохтаанд ва аз ин кор ҳаргиз оҷиз набудаанд, аммо дар иртибот бо халифаи Худованд дучори хиёлбофӣ ва воқеъиятгурезӣ шудаанд ва зуҳури Маҳдӣ ва барқарории ҳокимияти ӯро дар натиҷаи рухдодҳои муҳаярул уқул, номаълум ва хориҷ аз ҳайтаи ихтиёри хеш мешуморанд, дар ҳоле ки зуҳури он ҳазрат низ тобеъи авомили сиёсӣ ва иҷтимоъӣ аст ва суннатҳои Илоҳӣ ки дар мавриди ҳамаи ҳукуматҳои пешин ҷорӣ будааст, дар мавриди ҳукумати ӯ низ ҷорӣ хоҳад буд. Лизо ҳеҷ тардиде нест ки он ҳазрат ба хотири фиқдони тамаккун ва халъи ҳимоятҳои мардумӣ ва камбуди имконот ва таҷҳизоти зарурӣ барои барпоӣ як инқилоби ҷаҳонӣ аз ҷумла камбуди неруӣ инсонӣ, неруӣ иқтисодӣ ва неруӣ низомӣ, ҳанӯз муваффақ ба хуруҷ нашудааст. Бинобарин бойиста ва зарурӣ аст ки шуморӣ кофӣ аз мусалмонон бо ташкили як пойгоҳи худҷӯш ва мустақил ва ба таъбири дигар бо роҳандозии як <<Ҳарби мардумии фарогир>> ки танҳо вафодор ба Маҳдӣ аст, мавонеъи мавҷуд бар сари роҳи он ҳазратро бардоранд ва ба заминсозии айнӣ ва амалиётӣ барои зуҳури ӯ иқдом намоянд, ба наҳве ки талаби Маҳдӣ ва ҳимоят аз ӯро ба унвони як <<Матолибаи умумӣ>> ва <<Шиъори иҷтимоъӣ>> дар ҷаҳон ҷо биандозанд; То ҷойе ки онро ба нидои воҳид ва ҳамоҳанги ҷаҳони Ислом табдил намоянд ва иродаи худро бар соҳибони қудрат ва сармоя таҳмил кунанд.

Шояд имрӯз ҳокимон ва олимони ҷаҳони Ислом ҳанӯз ба зарурати ташкил ва фароҳам кардани чунин иҷтимоъе боварманд набошад ё онро мухолиф бо манофеъи сиёсӣ ва матомеъи шахсии хеш биёбанд, аммо шакке нест ки дер ё зуд дар барбари ин даъвати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло низ сари таслим фуруд хоҳанд овард ва ба ин воқеъияти инкорнопазир пай хоҳанд бурд ки танҳо чораи мавҷуд барои бурунрафт аз мӯъзалоти кунунии ҷаҳони Ислом ки монанди гирдобӣ хатарнок, гиҷкунанда ва фурубаранда шуда, он аст ки ба аҷзу бекифоятии хеш барои мудирияти ҷаҳони Ислом ва ҳидояти он ба сӯӣ адолати поядор ва сулҳу субот ва амният эътироф кунанд ва бо иттихози рӯйкардӣ муносиб ва ба кор гирифтани аҳрумҳое ки дар ихтиёр доранд, яксадо халифаи Худовандро талаб намоянд ва барои зуҳураш ба сурати воқеъӣ ва майдонӣ заминасозӣ кунанд; Ҳамчунонки дар масъалаи хатири ҳаҷ шоҳид будаем ки бо вуҷуди сукути тӯлонӣ ва муқовимати фаровон, билохира маҷбур бар иттихози мавзеъӣ ҳамсӯ бо мавзеъи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло шуданд ва ба сидқи эшон пай барданд.

↑[1] . Ҳаҷ/ 25.

↑[2] . Моъида/ 2.

↑[3] . Тавба/ 28.

↑[4] . Нигоҳ кун ба: Абдурразоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ11, с371; Муснади ибни Ҷаъд, с393; Ибни Абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ8, с308; Муснади Аҳмад, ҷ6, с105, 259, 287, 289, 290, 316 ва 318; Муснади ибни Роҳувей, ҷ4, с121; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ2, 159; Саҳеҳул Муслим, ҷ8, с166, 167 ва 168; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с135; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с310 ва 311; Сунанул Тирмизӣ, ҷ3, с317; Сунанул Насоъӣ, ҷ5, с 206 ва 207; Саҳеҳу ибни Ҳиббон, ҷ15, с157; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ4, с429, 431 ва 520.

↑[5] . Бақара/ 191.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани дидгоҳ
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи дидгоҳ дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?