Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 13 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Моҳи мубораки рамазон; Майдони набар бо мавонеъи шинохт

Моҳи мубораки рамазон; Майдони набар бо мавонеъи шинохт

Чанд рӯз аз моҳи мубораки рамазон, моҳи ибодат ва бандагӣ, моҳи тавба ва истиғфор ва зикр, моҳи бозгашт ба фитратҳои пок ва моҳи ба асорат даромадани шаётин мегузарад. Ин моҳи нуронӣ ки моҳи зиёфати Худост, беҳтарин фурсат аст то мусалмонони ҷаҳон бо такя бар каломи Худованди аззаваҷал ва суннату сираи нуронии Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, нафсҳои хешро пок ва муҳаззаб созанд ва бо неру гирфтан аз сабр ва намоз бар қувои шаётини ҷиннӣ ва инсӣ фойиқ оянд ва бо таваккул бар Худованди мутаъол заминаи ба ҳокимият расидани халифаи Ӯ бар рӯӣ замин, ҳазрати Маҳдӣ алайҳи саломро фароҳам созанд. Бетардид фазои руҳонӣ ва малакутии ин моҳи муборак беҳтарин замон аст барои зудудани қалбу зеҳн ва андеша аз зангори гуноҳон ва олудагиҳо ва риҷсҳо. Ин моҳи осмонӣ фурсате аст муғтанам барои пок кардани ақойид ва аъмол ва гуфтор аз ширкҳо ва убудияти тоғут ва бандагии ғайри Аллоҳ. Ин моҳи азимушоън ҳангомаҳое аст арзишманд барои тағйири анфус ва аз байн бурдани разолатҳо ва худхоҳиҳо дар фард фарди мусалмонон ва дар ҷомеъа ва уммати Исломӣ. Дар воқеъ агар мусалмонони ҷаҳон бихоҳанд тағйире дар умури хеш эҷод кунанд ва шаройитро ба гунаи дигаргун намоянд то муҳаёи ҳокимияти халифаи Худо бар рӯӣ замин шавад, муқаддамоти лозими он, тағйири дарунӣ дар нафсҳои онҳо ва ирода ва иқдоми ибтидоии онҳост; Чунонки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби арзишманди <<Бозгашт ба Ислом>> мефармоянд:

<<Зуҳури Маҳдӣ ба маънои дастрасӣ ба ӯ ва истелоъи ӯ бар замин, аз корҳое аст ки мавқуф ба ҳимояти кофии мардум аз ӯст ва рӯшан аст ки ҳимояти кофии онон аз ӯ, бо ирода ва иқдоми ҷабрии Худованд анҷом намешавад, балки бо ирода ва иқдоми ихтиёрии онон анҷом мешавад ва ирода ва иқдоми Худованд, агарчи барои эҷод ва изҳори Маҳдӣ лозим аст, тобеъӣ аз ирода ва иқдоми ибтидоии мардум аст; Чунонки фармудааст: «إنّ اللهَّ لَا يُغَيِّرُ مَا بقِوْمٍ حَتىَّ يُغَيِّرُوا مَا بأَنفْسِهِمْ» (Раъд/ 11); <<Ҳароина Худованд чизе ки дар қавме астро тағйир намедиҳад то онгоҳ ки онон худ чизе ки дар онон астро тағйир диҳанд>> (Бозгашт ба Ислом, с293 ва 294).

Ва барои оғози ин ҳаракати анфусӣ ва ирода ва иқдоми ибтидоии мардум чи замоне беҳтар аст аз моҳи мубораки рамазон? Моҳе ки хонни меҳмонии каримонаи Илоҳӣ густардааст ва шаётин ба банд дар меоянд ва иродаи мусалмонон дар партуви парҳез аз гуноҳон ва зикри бештари Худованд қавитар ва муборак мегардад ин шоъ Аллоҳ. Дар ин росто шойиста аст мусалмонони ҷаҳон бо баҳрагирии ҳар чи бештар аз ин рӯзҳо ва шабҳои нуронӣ, замина ва қобилияти ҳидоят ва тавфиқи имон ва амали солеҳро дар худ эҷод ва тақвият намоянд ва бо илтифот ба ҳадафи ғойи ва ормони ниҳойи ки ҳамоно касби ризои Парвардигори олам ва ибодоти ӯст, таҳавулӣ бунёдин дар худ ва ҷомеъа эҷод намоянд.

Муҳимтарин барномае ки шойиста аст мусалмонон барои таҳзиби нафси худ дар моҳи мубораки рамазон пеш гиранд, барномаи ҳама ҷониба ба манзури бозгашт ба меъёри шинохти ҳақиқат яъне алқ ва таъаққул, тадаббур ва тафаккур ва руҷӯъи айнӣ ва амалӣ ба манобеъи асили Ислом яъне Қуръони карим ва суннати мутавотири Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва низ рафъи мавонеъи шинохти ҳақ аст. Ҳазрати аллома дар бораи ақл мефармоянд:

<<Ақл, гавҳари якдонае аст ки миёни фарзандони Одам муштарак аст ва мабнои ихтиёри фардӣ ва масъулияти иҷтимоии онон ва ҳалқаи итисолашон ба якдигар маҳсуб мешавад ва аз онҷо ки маншаъи воҳиде дорад, идрокоти воҳиде низ дорад ва миёни афроди он, ихтилофе нест. Маншаъи ақл, Парвардигори ҷаҳониён аст ки худ ақли маҳз ва раъиси оқилон аст ва дар афъоли Ӯ мунофоте нест. Аз ин рӯ, оқилон дар саросари ҷаҳон бо ҳар нажод ва забон ва фарҳанге, дар назариёте ки ба ақл истинод дорад, иттифоқ доранд ва ду нафар аз онон бо ҳам ихтилоф намекунанд. Ба унвони мисол, ҳамаи онон итифоқ доранд ки ончи ҳис мешавад вуҷуд дорад ва кул аз ҷузъ бузургтар аст ва иҷтимои ду нақиз муҳол аст ва ҳодис ба муҳдис ниёзманд аст ва хабари мутавотир саҳиҳ аст ва зулм бад аст ва адл хуб аст ва монанди он. Ин ба он маъност ки ақл, вуҷудӣ воҳид аст ва аз ин ҳайс, салоҳияти онро дорад ки меъёри шинохт воқеъ шавад то бо илтизом ба он, ихтилофи оқилон ба итифоқ табдил гардад.>> (Ҳамон, с23 ва 24).

Чи зебост мусалмонони ҷаҳон дар ин айёми муборак аз ин гавҳари якдонаи Худододӣ ниҳояти баҳраро бибаранд ва бо тадаббур ба сӯӣ шинохти ҳақиқат гом бардоранд ва даст аз ақлгурезиҳо ва ақлситезиҳо ки натиҷае ҷуз ифроту тафрит ва хушунату фасод ва гумроҳиву табоҳӣ надорад, бардоранд.

Моҳи рамазон, моҳи Қуръон аст. Алломаи Хуросонӣ дар бораи Қуръони азимушоън мефармоянд:

<<Нахустин ва муҳимтарин манбаъи Ислом, китоби Худованд аст ва он, таҷаллии иродаи Ӯ дар калимот аст ки аз назди Ӯ ба воситаи фаришта ё бидуни воситаи он, бар қлби Паёмбараш афканда шуда ва тавассути Паёмбараш бидуни костӣ ё фузунӣ, барои садҳо тан аз мусалмонон хонда шуда ва тавассути онон бидуни ихтилофӣ мухил барои ҳазорон тан аз мусалмонон нақл шуда ва ба сурати мактуб ва мутавотир ба мусалмонони кунунӣ расида ва бо ин васф, ба таври қатъ ҳуҷҷат аст.>> (Ҳамон, с231).

Бинобарин, шойиста аст мусалмонон дар ин моҳи муборак бо Қуръон унси бештаре бигиранд ва илова бар қироъати он ба маъноӣ он низ таваҷҷуҳ кунанд ва дар ин китоби муқаддас тадаббур намоянд ва онро чироғи роҳи хеш қарор диҳанд.

Ҳамчунин ин моҳи шариф, моҳи унси бештар бо суннат ва сираи нуронии Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст. Ҳазрати аллома дар ин бора мефармоянд:

<<…суннати Паёмбари Худованд, ҳуҷҷат аст ва мурод аз он, гуфтор ва кирдори ӯст; Чунонки Худованд фармуддаст: «لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ الله أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لمنْ كَانَ يَرْجُو اللهَّ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا» (Аҳзоб/ 21); <<Бегумон барои шумо дар Паёмбари Худованд улгуйӣ неку барои ҳар касе аст ки ба Худованд ва рӯзи вопасин умед дорад ва Худовандро бисёр ёд мекунад>> Ва мурод аз он, гуфтор ва кирдоре нест ки бо унвони <<Ҳадис>> ба ӯ нисбат дода мешавад; Чароки он ҳоки аз гуфтор ва кирдори ӯст на худи он ва табъан дар сурате ки мутавотир бошад, онро исбот мекунад ва ҳуҷҷат аст ва дар сурате ки мутавотир набошад, онро исбот намекунад ва ҳуҷҷат нест…>> (Ҳамон, с252 ва 253).

Ва роҳи даст ёбии яқинӣ ба ин минбаъи нурониро руҷӯъ ба халифаи Паёмбар медонанд ва мефармоянд:

<<…шинохти яқинӣ аз аҳкоми Худованд, танҳо бо руҷӯъ ба китоби Худованд ва суннати Паёмбараш мумкин аст ва шинохти яқинӣ аз суннати Паёмбараш, танҳо бо руҷӯъ ба худи он Ҳазрат барои касе ки ба ӯ ё хабари мутавотираш роҳ дорад ва руҷӯъ ба халифаи ӯ барои касе ки ба ӯ ё хабари мутавотираш роҳ надорад, мумкин аст ва бо ин васф, метавон гуфт ки шинохти яқинӣ аз аҳкоми Худованд, танҳо бо руҷӯъ ба Худованд ва Паёмбараш ва хулафоъи Паёмбараш мумкин аст…>> (Ҳамон, с260).

Ва имрӯз халифаи Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом аст ки дар сурати эҷоди заминаи зуҳур ва ҳокимияташ тавассути мардум, дастрасӣ ба он базаргвор низ муяссар хоҳад шуд.

Аммо баҳрагирӣ аз ақл ва руҷӯъ ба манобеъи Исломи танҳо дар сурате мумкин аст ки инсон кӯр ва кар набошад ва дар барбари чашмонаш мавонеъи шинхти ҳақиқат ва дидани он қарор надошта бошад. Мавонеъи шинохт ба таъбири ҳазрати аллома:

<<...авомилӣ дар нафси одамӣ аст ки монеъ аз таҳқуқи шинахт барои ӯ бо вуҷуди назар кардан мешаванд; Монанди пардаҳое ки пеши чашми ӯ қарор гиранд ва ӯро аз дидани чизҳо боздоранд; Чунонки Худованд дар бораи кофирон фармудааст: «الَّذِينَ کَانَتْ أَعْيُنُهُمْ فِي غِطَاءٍ عَنْ ذِکْرِي وَ کَانُوا لا يَسْتَطِيعُونَ سَمْعاً» (Каҳф/ 101); <<Касоне ки чашмҳошон аз зикри Ман дар пардае буд ва тавоноии шуниданро надоштанд>> Ва низ фармудааст: «وَ جَعَلْنَا مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدّاً وَ مِنْ خَلْفِهِمْ سَدّاً فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لا يُبْصِرُون» (Ёсин/ 9); <<Ва Мо пеши рӯяшон садде ва пушти сарашон садде қарор додем, пас ононро фуру пӯшонидайем, пас наметавонанд бубинанд>>! Ин авомили шум ва хатарнок, <<Мавонеъи шинохт>> номида мешаванд.>> (Ҳамон, 36).

Зарарати таваҷҷуҳ ба мавонеъи шинохт ва рафъи онҳо аз инҷо мушаххас мегардад ки дар сурати вуҷуди он мавонеъ дар баробари дидагони одамӣ имкони шинохти ҳақ ва ботил бар асоси меъёри шинохт яъне ақл, салб мешавад ва одамӣ наметавонад ҳақиқатро бишносад ва ба он имон оварад ва вақте шинохти саҳиҳ аз ҳақиқат ва имон ба он вуҷуд надошта бошад, амали солеҳ низ бемаъно мешавад ва инсон ба таклифи хеш амал нахоҳад кард ва ин чизе ҷуз хусрони ошкор нест. Чунонки Худованди баланд мартаба дар Қуръон мефармояд: «إِنَّ الْإِنْسَانَ لَفِي خُسْرٍ إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ» (Аср/ 2 ва 3).

Аммо ин мавонеъи шинохт ба таъбири ҳазрати аллома ҳафт монеъанд: <<Чароки онҳо дарвозаҳои дӯзах ҳастанд ва Худованд фармудааст: «لهَا سَبْعَةُ أَبوْابٍ لكِلُّ باَبٍ مِنهْمْ جُزْء مَقْسُوم» (Ҳаҷар/ 44); <<Барои дӯзах ҳафт дарвоза аст ки барои ҳар дарвозае дастае аз мардум қисмат шудаанд>> (Бозгашт ба Ислом, с36, поварақӣ) Ва онҳо иборат аз: Ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ ки ҳар як балоӣ хонумонсӯз ва пардаи бузург бар чашмони одамӣ аст ки монеъ аз расидани нури ҳақ ба он мешавад. Тамоми ин мавонеъи шинохт дар китои шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> бо диққатӣ таҳсин барангез тавассути алломаи Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳулло таъолло баррасӣ ва мушикофӣ шудаанд ва шойиста аст мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии амиқи мусалмонон қарор гиранд.

Моҳи мубораи рамазон беҳтарин фурсат аст то мусалмонон, ҷаҳли амиқи худ ба Ислом ва аҳли он ва душманонашро бартараф намоянд ва бо такя бар муҳибати ақл ба унвони ягона меъёри шинохт ва бо баҳрагирӣ аз Қуръони карим ва суннати мутавотири Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, Исломи холис ва комилро чунон ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> табйин шудааст, бишиносанд. Фурсате аст то мусалмонон занҷираҳои тақлид аз пешиниён, тақлид аз олимон, тақлид аз аксарият ва тақлид аз золимон ва кофиронро аз дасту пои хеш бигуселанд ва озод ва раҳо бо такя бар меъёри шинохт, ҳақиқатро дарёбанд ва ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом бозгарданд. Фурсате аст то мусалмонон бо тарки пешзеҳниятҳо ва таслим шудан дар барбари ризоят ва кароҳати Худованд, аҳвоъи нафсониро тарк кунанд. Фурсате аст то таъаллуқоти дунявиро канор бигзоранд ва ба охират рӯ оваранд ва тарс аз Худованд ва зикри Ӯро дар худ тақвият намоянд ва фурсате аст то таъассуботи ҷоҳилиро канор бигзоранд ва по бар такаббури худ ниҳанд ва бо тарки хурофот ва авҳоми бепоя дар баробари ҳақиқати Ислом ва Исломи ҳақиқӣ зону бизананд. Бидуни шак агар мусалмонон аз фурсати арзишманди ин моҳи шариф барои ин ҷиҳоди акбар баҳра бигиранд метавонанд ба тавфиқи Илоҳӣ, бо ихлос ва неруйи музоъаф, аз шарри шаётини дарунӣ ва берунӣ раҳойи ёбанд ва дар иҷтимоъӣ якпорча ва воҳиди ҳавли меҳвари халифаи Худованд дар замин ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом ҷамъ шаванд ва бо талаби ҳақиқии он ҳазрат ва даъват ба сӯӣ ӯ ва нусрати ӯ таҳти раҳбарии ҳакимонаи ҳазрати Мансур, заминаи зуҳур ва таҳаққуқи ҳокимияти халифаи Худовандро фароҳам намоянд ин шоъ Аллоҳ.

Шойиста аст так таки мусалмонон ки нидои содиқонаи алломаи Хуросониро мешунаванд яке яке ва дуто дуто қиём намоянд ва худ ва фарзандони худ ва сипас наздикону ошноёнашонро аз луси мавонеъи шинохт ба хусус дар ин моҳи муборак пок созанд; Бошад ки Худованди қодири мутаъол ба фазли худаш ёриҳои азимашро бифиристад ва ҳизби хешро бар ҳизби шайтон пирӯз гардонад.

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.