Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 28 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Фитнаи дигар дар ҷаҳони Ислом; Ёддоште ба баҳонаи иҷлоси Риёз

Фитнаи дигар дар ҷаҳони Ислом; Ёддоште ба баҳонаи иҷлоси Риёз

Дар рӯзҳои гузашта иҷлоси Риёз ба мизбонии Арабистони Саъудӣ ва бо ҳузури 55 кишвари Исломӣ ва 17 тан аз раҳбарони ҷаҳони Ислом баргузор шуд. Хуруҷии ин иҷлос, санадӣ ғайри илзомовар таҳти унвони баёнияи Риёз буд ки бар умурӣ монанди ҳампаймонӣ ва ҳамкории истротежики кишварҳои Арабӣ –Исломӣ бо иёлоти мутаҳидаи Омрико барои мубориза бо тероризм ва ифротгароӣ, талош барои муборизаи фикрӣ бо решаҳои тероризм, қатъи яди ҳаросафканон аз манобеъи молӣ ва умури аз ин даст таъкид дошт. Аммо фориғ аз ин калишаҳо ва шиъорҳои ҳамешагӣ, адами даъват аз бархӣ кишварҳои Исломӣ ва табъан ғайбати маънодори онон, дар канори ҳузури пурранг ва қаййими маъобонаи раъиси ҷумҳури иёлоти мутаҳидаи Омрико, хбар аз моҳияти машкук ва рангу рӯӣ сиёсӣ ва танишзои ин иҷлос ба истилоҳ Исломӣ медод. Ҳамчунонки дар ҷараёни баргузории иҷлос, изҳороти таҳркомез ва тафриқаафканонаи подшоҳи Арабистон дар мавриди бархӣ кишварҳо ва гӯрӯҳҳои Исломӣ ҳамоҳанг бо мавозеъи муғризона ва шароитбори Донолд Тромп, бо дар назар дошти қарордоди сад милиордӣ ва бесобиқаи таслиҳотӣ миёни Омрико ва Арабистон, ҷойи ҳеҷ тардиде боқӣ нагузошт ки иҷлоси мазкур, гунаи лашкаркашии сиёсӣ ва намойиши тарроҳӣ шуда барои тазриқи бӯҳрон ва илтиҳоб ба пайкари ранҷури уммати Ислом ва низ гунаи ҳамдастии аҳриманӣ миёни намояндагони ҷараёнҳои куфр ва нифоқ дар минтақа барои ҳадаф қарор додани субот ва амният дар ҷаҳони Ислом аст. Аҷиб нест ки дар ҳошияи ин иҷлос, маносики ғайри мутаъораф ва суъол барнгезе будем ки дар таййи он чанд тан аз сарони Араб ба ҳамроҳи раъиси ҷумҳури Омрико, даст бар рӯӣ гӯйи ҷаҳоннамое шабеҳ ба гӯйи ҷодугарон ва шайтонпарастон ниҳоданд ва дар чунин ҳайъате бо якдигар ҳампаймон шуданд! Ногуфта пайдост ки ин ҳампаймонӣ, эътилофи шуми кофирон ва мунофиқон алайҳи Ислом ва мусалмонон аст; Чароки аз як сӯ, Омирико хусусан дар қолиби изҳороти бепарда ва густохонаи Тромп дар моҳҳои гузашта, Исломситезӣ ва нафрат ва бадхоҳии худ нисбат ба мусалмононро нишон дода ва комилан рӯшан аст ки ба унвони як қудрати истикборӣ ва султамеҳвар, алоқае ба субот, амният ва тафоҳум дар ҷаҳони Ислом надорад. Аз ҳамин рӯ дар қолиби чунин иҷлосҳое кишварҳои Исломиро алайҳи якдигар таҳрик мекунад ва ба ҷони якдигар меандозад ва бисёр хурсанд хоҳад шуд ки самараи низоъ ва вогароӣ миёни онон, таҷҳизи кишварҳои мутахосими мусалмон алайҳи якдигар ва ҷуш хӯрдани муъомилоти пур суди таслиҳотӣ ва дар натиҷа пур шудани хазонаи иёлоти мутаҳида бошад; Чароки ин метавонад як бозии бурд– бурд барои Омрико бошад ва дар замони воҳид, тақвияти ҷабҳаи худӣ ва тазъифи ҷабҳаи муқобилро ба армуғон оварад. Аз сӯӣ дигар, ҳокимони Саъудӣ ки ошкоро даромадҳои идораи Ҳарамайни Шарифайн ва фуруши нафтро сарфи фитнаангезӣ дар ҷаҳони Ислом, пур кардани кисаи кофирон ва ҳифзи манофеъи онон дар ҷаҳони Ислом мекунанд, сарбозони хушхидамати шаётини ғарбӣ ва саромади мунофиқон дар ҷаҳони Ислом ҳастанд; Ҳамчунонки ба вузуҳ бунёдгароӣ, хушунат талабӣ, тероризм ва ҷараёни такфири дар минтақа, аз гуфтумони ваҳобият ва родиколизми салафӣ нашъат гирифтааст ки Арабистони Саъудӣ аслитарин мубаллиғ, ҳомӣ ва мудофеъи он дар ҷаҳони Ислом аст.

Бо ин авсоф, ба назар мерасад ки моҳияти иҷлоси Риёз ва табаъоти он барои ҷаҳони Исломро метавон аз чанд зовия баррасӣ намуд:

1. Тавофуқномаи таслиҳотии иёлоти мутаҳида бо Арабистони Саъудиро метавон гунаи боҷхоҳии сиёсӣ ва эъмоли фишор бар Арабистон арзёбӣ намуд ки аз зеҳнияти судҷӯёна ва тиҷоратпешаи Тромп ва нигоҳи таҳқиромез ва абзориаш ба ҷаҳони Ислом нашъат гирифтааст. Ҳамчунонки талоше аз сӯӣ райис ҷумҳури Омрико барои вафо кардан ба ваъдаҳои иқтисодиаш дар аснои муборизоти интихоботӣ шумурда мешавад ва ин ба маънои сиёсати як тиру ду нишон аст ки Тромп онро дар қиболи ҷаҳони Ислом дар пеш гирифааст. Арабистон ҳам ки аз интиқодоти сариҳи чанд моҳ пеши Тромп дар заминаи адами эйфои вазоифи молӣ аз сӯӣ Арабистон, бисёр нигарон шуда буд, чанде пеш шоҳзодаи Саъудӣ Муҳаммад ибни Саломнро барои музокира ва имтиёздиҳӣ ба назди Тромп фиристода ва эҳтимолан онҷо буд ки муқаддамоти ин тавофқуномаи таслиҳотӣ фароҳам шуд ва гувоҳаш ором шудани Тромп ва нарм шудани лаҳнаш нисбат ба Арабистон дар моҳҳои охир аст. Бинобар ин, Арабистони Саъудӣ таҳти фишори тиҷорати яктарафа ва зираконаи Тромп, алорағми сиёсати раёзати иқтисодӣ ва касрӣ будиҷаи кунуниаш, ин бор қарордодӣ бесобиқаро имзо кардааст то дили Тромпро ба даст оварад ва таййи ин қарордоди нангин муъодили як севуми маблағе ки ӯ дар рақобатҳои интихоботиаш ваъда дода будро ба хазонаи Омрико вориз намуд!

2. Аз ҷиҳатӣ дигар, ҳеҷ тардиде нест ки яке аз аҳдофи аслии синариёи ин иҷлос аз сӯӣ Омрико ва шарики мунофиқаш, эҷоди фазои ду қутбӣ ва шикананда дар ҷаҳони Ислом ва афзойиши нуфузи Арабистон дар минтақа ва басти яди он барои фитнаангезӣ, саркӯб ва дахолати бештар дар умури кишварҳои Исломӣ аст; Ҳамчунонки дар ҳоли ҳозир, ба унвони яке аз авоқиби фаврӣ ва осори нақди ин иҷлос, шоҳиди густариши саркӯб ва дахолатҳои мустабиддонаи Арабистон дар умури дохилии Баҳрей ҳастем. Аз ҳамин рӯст ки Арабистон бо пуштибониҳои сиёсӣ, низомӣ ва таслиҳотии Омрико ва низ бо чироғи сабзи Исроъил, аз оғози ҷанги Яман ба ин муносибатҳои мухталиф, тарҳи Натои Арабиро бо ташрифот ва таблиғоти пур тамтароқ матраҳ мекунад ва ҳар бор бо бархурди сард ва адами ҳамроҳии мавриди интизори кишварҳои Арабӣ ҳошияи халиҷ мувоҷеҳ мешавад; Ҳамчунонки ба назар мерасад талоши ӯ барои эҷоди иҷмоӣ Арабӣ алайҳи Эрон дар иҷлоси Риёз, ба воситаи амалгароӣ маҳдуди кишварҳои Арабӣ ва низ сози мухолифи Қатар ки ҳарф аз тақвият ва беҳбуди равобит бо Эрон мезанад, бо нокомӣ ва шикаст мувоҷеҳ шавад, агарчи мутаъассифона табаъоти суъ ва паёмадҳои мухарраби он дар бесуботӣ ва ноонрм кардани минтақа камокон маҳфуз аст.

3. Дар ин миён, лаҳни мутакаббирона, мавозеъи лаҷуҷона ва иқдомоти таҳркомези Эрон, оташи ин фитнаро доғтар намуда ва ба ин илтиҳоб доман задааст; Чароки ба унвони намуна, таъкид бар рӯӣ шиъорҳои ҳассосиятзое монанди судури инқилоб, тақаллои таблиғотӣ ва пропогонди густарда барои нуфузи сиёсӣ ва мазҳабӣ ба бархӣ кишварҳои Арабӣ ва Исломӣ ва бистарсозӣ ва талош барои тарҳ ва ҷо андохтани масъалаи вилояти мутлақаи фақиҳ, иқдомотӣ ба ғоят насанҷида ва танишофарин аст ки самарае ҷуз барангехтани хашми кишварҳои мутаъассиб ва мутаҳаҷҷири Арабӣ хусусан Арабистон ва низ барафрохтани оташи низоъҳои фирқаи ва мазҳабӣ надорад. Ҳамчунонки пофишории аҳмақона ва аҷиби расонаҳои ҳукуматӣ ва трибунҳои расмии Эрон бар ёд кардан аз раҳбари Эрон бо унвони <<Валии амри муслимини ҷаҳон>> омиле барои тамсхури Эрон ва гувоҳӣ бар бехабарӣ ва таваҳҳуми амиқи ҳокимони он аст ва табиъӣ аст ки мунҳасир ба ҷабҳагирии манфӣ ва хасмонаи кишварҳои Исломӣ мешавад; Чароки рӯшан аст бо ҳеҷ мабоние раҳбари Эрон наметавонад валии амри онон ва соҳиби ихтиёрашон бошад. Аммо гӯё фарди оқиле дар баданаи низом ва миёни мушовирони раҳбари Эрон нест то ин амри баййинаро ба эшон тазаккур диҳад ва сахофату таволии фасоди онро ёдовар шавад!

Фориғ аз ин мавзӯъ, талошҳои пайдо ва пинҳони Эрон барои эъмоли нуфузи сиёсӣ ва низомӣ дар кишварҳои минтақа монанди Сурия, Ироқ ва Афғонистон, ҳамла ба сафоратхона ва консулгарии Арабистон пас аз эъдоми золимонаи шайх Намр, дахолати мукаррари мақомоти аршади низомӣ ва амниятӣ дар масоъили дипломотик ва изҳори назорати танишзо ва қулдурмобона аз сӯӣ онон, ҳама ва ҳама ҷаҳони Исломро ба сӯӣ як сафбандии ошкори сиёсӣ ва ҳатто оройиши низомии кишварҳои Исломӣ алайҳи якдигар суқут медиҳад ва ин ҳамон иттифоқи номубораке аст ки низоми султа ба сардамдорӣ иёлоти мутаҳида ва Исроъил ба дунболи он аст ва бо ҳузур дар иҷлос ва таҳрики Арабистон алайҳи Эрон онро пайгирӣ мекунад ва аҷибтар аз ҳама он аст ки Эрон дар ҳоле муддаъии басират ва истекборситезе аст ки бо мавозеъи нопухта ва насанҷидаи худ об дар осиёби Омрико мерезад ва дар замини Тромп бозӣ мекунад!

4. Баргузории чунин иҷлосҳойе ки гунаи сиёҳбозии сиёсӣ ва намойиши қудрат барои афзойиши нооромӣ ва таниш дар ҷаҳони Ислом аст, дар натиҷаи хиёнатпешагӣ, фурумоягӣ ва нифоқи қудратҳои ҷаҳони Ислом ва адами иттиҳод ва ҳамбастагии онон бар гирди ҳабли матини Илоҳӣ ба вуқӯъ мепайвандад ва беш аз пеш ҷойи холии ҳамкории воқеъӣ ва эътилофи ҳақиқии уммати Ислом барои муқобила бо ҷаҳони куфр ва илҳодро ошкор месозад. Ин дар ҳоле аст ки ду солу анде пеш, тарҳи ташкили иттиҳодияи кишварҳои Исломӣ барои хуруҷ аз бӯҳрони кунунӣ ва буру рафт аз бунбасти ҳоли ҳозири ҷаҳони Ислом аз сӯӣ олими вораста ва огоҳ, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло ироъа ва пешниҳод шуд, аммо маъаласаф мардум бойкот ва беъэтиноии бархӣ ҳокимони ҷаҳони Ислом, хусусан Эрон қарор гирифт. Ҳамчунонки халаъи ҷиддӣ ва фиқдони осебзои гуфтомонӣ муштарак миёни ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ки заминасози таваҷҷуҳ ва тамаркузи онон бар рӯӣ муштаракот ва мусалламоти Исломӣ шавад ва табиъатан муҷиби рафъи сӯъи тафоҳумҳо миёни кишварҳои Исломӣ гардад, ҷиддан эҳсос мешуд; Гуфтумоне ки ҳамаи кишварҳои Исломиро фориғ аз ҳамаи сиёсатбозиҳо, худмеҳвариҳо, фарқгароиҳо ва ба дур аз нифоқ ва ҳамдастӣ бо кофирони мустакбир, ба сӯӣ <<Бозгашт ба Ислом>> ва эҳёъи иззатмандӣ ва шавкати Исломӣ ва бозсозии ҳувияти асили имонашон фаро хонад; Гуфтумонӣ муборак ва мутаъолӣ ки қодир бошад <<Раҳбари воҳид>> ва <<Маншури воҳид>> барои эътилоф ва ҳамафзойии онон ироъа намояд ва тарҳӣ навро барои пирӯзӣ ва сарбаландияшон дарандозад. Ин ҳамон гуфтумони мутараққӣ ва гаронмояе аст ки имрӯз тавассути ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуроснӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло матраҳ шудааст ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро ба гирдиҳамойи ва иттиҳод бар меҳвари Қуръони карим ва халифаи Худованд ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом фаро мехонад; Чароки ҳамаи мусалмонон аз ҳар мазҳаб ва мароме филҷумла ба ин ду мероси гаронбаҳо имон доранд ва онро ҳуҷҷат ва ҳоким бар худ мешуморанд.

Аммо дар поён бояд ишора кард ки ҷойи басо шигифтӣ ва таъассуф аст ки мусалмонон то ҳадде беғайрат ва беиззат шудаанд ки иҷоза медиҳанд арбобони кофир, мутакаббир ва ҷангталаби дунё, раёсати ононро бар уҳда бигиранд ва бо ҳузур дар як иҷлоси Исломӣ, сиёсатҳои ҷаҳони Исломро таъйин намоянд ва ба роҳатӣ бо сарнавишти онон бозӣ кунанд! Чигуна бархӣ ҳокимони мусалмон чунин нанг ва хиффатеро бар худ мепазиранд ки бозори таслиҳотӣ ғарб ва олоти дасти онон барои мубориза бо мусалмонон ва ба ошӯб кашидани ҷаҳони Ислом бошанд?! Он ҳам ба баҳонаи музҳик ва беасос мубориза бо тероризим ва ифротгароӣ!! Магар ғайр аз ин аст ки дар тӯли як садаи гузашта, кофирон ва мустакбирон, муртакиби анвоъи хушунат, наслкушӣ, куштор ва тероризми байналмилалӣ шудаанд ва бузургтарин ҷиноёти ҷангӣ ва фаҷойеъро дар парвандаи сиёҳи худ доранд?! Оё ғайр аз ин аст ки умуми гурӯҳакҳои муҳимми терористӣ дастпарвардаи кофирон ҳастанд ва имрӯз ҳам домони нопоки онон аст ки доъиш ва амсолиҳамро тарбият намуда ва ба ҷони мусалмонон андохтааст?! Пас чи шудааст ки Омрико бо баҳонаи мубориза бо тероризим ва ифротгароӣ ва бо жести худумона ва кадхудоманишона ба мусалмонон силоҳ мефурӯшад ва ононро ба тарки хушунат ва фирқагароӣ даъват мекунад?! Ин равиши нахнамо ва ҳуққаи кӯҳнаи касифи ин фиребкорони ҳилагар аст ки дар ҷаҳони Ислом фитансозӣ мекунанд ва сипас аз қиболи он косибӣ менамоянд! Ҳамчунонки оташи ҷангро беш аз пеш афрухта месозанд ва сипас ба ҳар ду тарафи даргир силоҳ мефурӯшанд ва дар ин миён суди калоне ба киса мезананд!

Ҳамчунин тардиде нест ки ин воқеъи шум ва таъассуфбор аз нифоқ ва иртиҷоъӣ бархӣ ҳокимиятиҳои минтақа ва дар раъси онон Арабистон парда бар медорад ва ошкор месозад ки онон ба ҳеҷ унвон дӯсти Ислом ва хайрхоҳи мусалмонон нестанд ва камтарин эҳтимоме ба ормонҳои Исломӣ надоранд, балки душманонӣ бадхоҳ барои Исломанд ва аз ҳамин рӯст ки бо душманони мусаллами мусалмонон, ҳамкор ва ҳамроҳ шудаанд. Вақте подшоҳи Арабистон, дӯшодӯши Донолд Тромп ва ба ифтихори ӯ мастона рақси шамшер мекард ва пойкӯбӣ ва дастафшонӣ менамуд, нохоста аксҳои ӯ дар ҳоли нишаста намоз хондан ба ёд омад! Ба назар мерасад ки ҳубби шадиди кофирон ва шавқи рақс бо Тромп, касолати Малик Салмонро ба куллӣ аз ёди ӯ бурда буд ё шояд ҳам эътиқоди ҷаноби подшоҳ ба қудрати таслиҳотӣ Тромп ва зарурат курниш дар баробари ӯ, бисёр бештар аз эътиқод ба таслим будан дар баробари қудрати Худованд ва итоъат аз фармони Ӯст!

Алғараз зарурӣ аст ки мусалмонон нисбат ба хатари Оли Саъуд ва сарони Араб ҳамсӯ бо онон ҳушёр бошанд ва дар баробари иттиҳоди ҷабҳаи куфр ва нифоқ барои дуртар кардани кишварҳои Исломӣ аз якдигар ва савқ додани онҳо ба сӯӣ рақобати таслиҳотӣ ва ҷанг сукут накунанд, балки ба анҳоъи мухолифат бо он мухолифат кунанд ва дар бораи табаъоти шумаш барои мусалмонон ба рӯшанӣ бипардозанд, бошад ки ба тағйир ва ислоҳи он биянҷомад; Ҳамчунонки зарурӣ аст сойири ҳокимони мусалмон хусусан дар кишварҳое монанди Афғонистон, Покистон ва Миср, аз рақсидан бо сози Оли Саъуд ба тамаъи кӯмакҳои молии онон бипарҳезанд ва ба онон дар тафриқаафканӣ ва дамидан дар оташи нафрат ва кина миёни мусалмонон ёрӣ нарасонанд, балки ононро ба сӯӣ ақлоният ва эътидол ва хориҷ шудан аз доми Омрико фаро бахонанд; Ҳамчунонки зарурӣ аст ҳокимони мусалмон дар Эрон низ аз даҳон ба даҳон гузоштан бо онон ва мултаҳибтар кардани фазои мавҷуд бипарҳезанд ва сиёсатҳои бартариҷӯёна ва таҳркомези худ дар ҷаҳони Исломро тағйир диҳанд ва ба ҷойи иттикоъи рӯзафзун бар Русия ва Чин, ба фикри беҳбуди равобити худ бо кишварҳои Исломӣ бошанд ва сад албатта аз душманӣ бо наҳзати заминасозе барои ҳукумати имом Маҳдӣ алайҳи салом бо раҳбарии алломаи озода ва хайрхоҳ ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло даст бардонад ва ба ҳимоят аз ин ҷунбиши пок ва навидбахши Исломӣ барои расидан ба ормони муқаддасаш бипардозад то бо ин шева, саъодат, адолат, иқтидор ва сулҳро барои ҳамаи ҷаҳони Ислом аз ҷумала сарзамини худашон ба армуғон оваранд ин шоъ Аллоҳ.

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.