Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 12 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Моҳи мубораки рамазон; Фурсате барои бозгашт ба Ислом

Ончи имрӯз ҳамаи мусалмонони ҷаҳон барои шинохти саҳиҳ аз Ислом ва низ иқомаи он дар сартосари ҷаҳон ба унвони муқаддамаи лозим ба он ниёзманд ҳастанд, таҳзиби нафс, сафои ботини, ворастагӣ аз олийишҳо ва зангорҳои даруни ва низ раҳойи аз разоъили нафсонӣ ва мафосиди ахлоқӣ аст. Ҳақиқати талхи мавҷуд дар ҷаҳони Ислом он аст ки мусалмонон таҳти таъсири русухи фарҳангӣ ва нуфузи густардаи таблиғотии кофирон, дучори инҳирофоти ахлоқӣ ва эзмеҳлоли фарҳангӣ шудаанд ва рафтори фардӣ ва иҷтимоъии онон таҳти таъсири авомили мухарраби мазкур, дучори илтиқот шуда ва тағийроти бунёдин кардааст. Ин мавзӯъ ҳар мусалмони озада ва хайрхоҳеро ба фикр фурӯ мебарад ва барои ёфтани роҳи ҳаллӣ муъассир ва мондагор ба такопу во медорад. Аммо мебинем ки бо камоли таъассуф уламои мусалмон дар ин бора сукут ихтиёр кардаанд ва эътиное ба он намекунанд ва даст андаркорон дар ҳавзаи фарҳанг ва таблиғоти Исломӣ ки дар ин ҳавза иддаъоҳои фаровон доранд низ барои ислоҳи авзоъи ихтилофӣ ҷавомеъи Исломӣ коре аз пеш набурдаанд. Дар ҳоле ки бархӣ аз уламои фарзона ва аҳли басират дар ҷаҳони Ислом пиромуни ин амр ҳушдорҳои ҷиддӣ додаанд ва дар ин ҳавза ба рӯшангарӣ пардохтаанд. Ҳамчунонки ба унвони намуна ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз уламои барҷаста ва озодандеши даврон, дар китоби гаронсанги худ <<Бозгашт ба Ислом>> ба ин мавзӯъи хатир таваҷҷуҳи вофире доранд ва инҳитоти ахлоқии мусалмононро дар шумори яке аз мавонеъи иқомаи Ислом зикр кардаанд. Эшон зимни ироъаи тасвирӣ воқеъбинона ва дар айни ҳол таъассуфбор, авзоъи кунунии мусалмонон аз ҳайси ахлоқиро ингуна таҳлил мефармоянд:

<<Акнун дар бисёрӣ аз кишварҳои Исломӣ, мафосиди ахлоқӣ густариш ёфта ва бештари мусалмонон хусусан аз табақаи ҷавон, ба ҷилавҳоӣ ошкор аз фаҳшо ва мункар мубтало шудаанд. Ин ба он маъност ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз вақт ва нируӣ онон, ба ҷои ислоҳи худ ва ҷомеаъашон, сарфи батолат ва илтизоз мешавад ва илова бар он, ба бемориҳои гуногуни ҷисмӣ ва равонӣ гирифтор мегарданд ки ҳар як, тавоноӣ онон барои дарки Ислом ва иқомаи онро коҳиш медиҳад. Ба унвони намуна, эътиёд ба маводди мухаддир, яке аз паёмадҳои маргбори заъфи ахлоқӣ аст ки дар миёни мусалмонон шуюъ ёфта ва ҳазинаҳои моддӣ ва маънавии ҳангуфтеро ба онон таҳмил намудааст. Ҳамчунонки комҷӯйи ҷинсии афзоргусихта, балоӣ хонумонсӯз аст ки ононро дар синини мухталиф олуда сохта ва тавассути абзорҳои таблиғотии кофирон, ба манзури тазъифи ҳар чи бештари онон, доман зада шудааст. Ҳамчунонки масрафзадагӣ ва таҷаммулгароӣ дар зиндагии дунё, бештари ононро ба инсонҳоӣ камкор ва пуртаваққуъ табдил сохта ва танбалӣ ва фурумоягиро дар миёни онон густариш дода ва саргармиҳои мухталиф дар шабонарӯз, ононро аз таваҷҷуҳ ба масоъили муҳимми зиндагӣ ва пардохтан ба вазоъифи инсонӣ ва Исломишон, боз доштааст. Ҳамчунонки тарбияти ғалат ва ғайри Исломии онон ва иқтизоъоти ҷавомеъи ҷадиди пурфитнаашон, ононро ба инсонҳоӣ дурӯғгӯ ва мутамаллуқ табдил намуда ва садоқат ва сароҳатро дар миёнашон камёб сохта ва табъан эътимод ва ҳусни занни мутақобилро аз миёнашон бардоштааст; Зеро ҳар дурӯғ, ҳуфрае аст ки дар садди эътимоди ҷомеъа ворид мешавад ва ҳар тамаллуқ, офате аст ки ба решаи саломати он латма мерасонад. Ҳамчунонки эҳсоси масуълияти онон нисбат ба якдигар камранг шуда ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ки муҳимтарин вазифаи Исломии онон дар иртибот бо якдигар аст, ҷои худро ба сукут ва бетафовутӣ додааст; Зеро ҳеҷ як аз онон дӯст намедорад ки дигарӣ дар кори ӯ, ҳар чанд нодуруст бошад, дахолат кунад ва табъан худи ӯ низ дар кори дигарӣ, ҳар чанд нодуруст бошад, дахолат намекунад; То ҷойе ки тазаккури хайрхоҳонаи мусалмонон ба якдигар, фузулӣ дар кори дигарон ва хилофи адаб ва эҳтиром дониста шудааст. Ҳачунонки худхоҳӣ ва инзиво, ба бемории ҳамагире табдил шуда ва танҳоӣ, ҳамагонро бо вуҷуди иртиботашон бо ҳам, фарогирифта ва ба ранҷ андохтааст; Чароки ҳеҷ кас ба дигарӣ эътимоди кофӣ надорад ва касеро ғамхор ва дилсӯзи худ намеёбад. Ба илова, кинатузӣ ва душманӣ дар миёни мусалмонон бисёр шуда ва муҳаббату гузашт, ба сурати машҳуде коҳиш ёфтааст. Ҳамчунонки эҳсоси шараф ва мардонагӣ, дар миёни онон камранг шуда ва ҷои худро ба зулпазирӣ ва қабули зиллат дода ва тарс аз тағйирро дар миёнашон наҳодина сохтааст.>> (Бозгашт ба Ислом, с196 то 198).

Инҳо ҳақиқате аст ки ҳамакнун дар ҷаҳони Ислом ба айна мушоҳида мешавад ва инкор ё ҳошияи он низ гузашта аз онки мисдоқи сафоҳат ва чашм бастан ба рӯйи ҳақойиқ аст, дардеро даво намекунад. Балки рӯйкарди шойиста он аст ки ба ҷойи кетмони он, созу корҳои пешгирона ва роҳкорҳои амалии муъассир ва бунёдни барои ислоҳ ва пешгирӣ аз он аз сӯӣ масъулони амр ва муддаъиёни ҳиросат аз фарҳанги Исломӣ андешида шавад. Аммо ончи бештар мояи нигаронӣ мешавад он аст ки ин инҳитоти ахлоқӣ сирфан ба ҳавзаи амалӣ ва рафторӣ мусалмонон маҳдуд намешавад ва ҷудо аз онки ахлоқи ононро фосид ва мунҳариф мекунад ва маънавият ва саломати руҳи ононро мебалъад, ба ҳавзаи ақида ва андеша низ сароят мекунад ва муҷиби фасоди эътиқодӣ ва инҳитоти фарҳангии онон низ мешавад. Ба иборати дигар беахлоқӣ ё бадахлоқии мусалмонон таъсири ғайри мустақим аммо муъассире бар рӯйи ҳақгароӣ, ҳақҷӯйи ва ҳақталабии онон мегузорад ва дар воқеъ ононро аз дарун таҳя ва бемоя намуда ва дер ё зуд дар муқобили ҳақ қарор медиҳад. Ҳамчунонки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ин бора ҳушдор дода ва мефармоянд:

<<Ҳеҷ шакке нест ки ҳар як аз ин разоъили ахлоқӣ монанди мавонъи шинохт, осори мустақим ва ғайри мустақими фаровоне бар рӯӣ вазиъяти мусалмонон дорад; Чароки ҷаҳон, низомӣ пайваста ва вобаста ва мубтанӣ бар таъсир ва таъассур аст ва ҳар амале дар он, аксул амалӣ маҳсус ё номаҳсус дорад; То ҷойе ки ҳар гуноҳе, гуноҳои дигареро тасҳил мекунад ва занҷирае аз гуноҳонро падид меоварад ки дар ниҳоят ба инкори ҳақ ва истеҳзоъи он мунтаҳӣ мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاءُوا السُّوأَىٰ أَنْ كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَكَانُوا بِهَا يَسْتَهْزِئُونَ»; (Рум/ 10) <<Сипас оқибати касоне ки бадӣ дар паӣ бадӣ карданд ин буд ки оёти Худоро такзиб ва ба он истеҳзо намуданд>>! Чароки гуноҳони пай дар пай, заминаи мусоъид барои шинохти ҳақ ва илтизом ба онро дар нафси одамӣ аз байн мебарад ва тавфиқи лозим барои он аз ҷониби Худовандро салб мекунад;>> (Бозгашт ба Ислом, с198).

Ин амр ба масобаи занги хатар ва ҳушдорӣ ҷиддӣ барои мусалмонон талаққӣ мешавад ва бойиста аст ки тавассути онон ҷиддӣ гирифта шавад ва таҳдиде барои ҳаёти маънавӣ ва эътиқодии онон арзёбӣ гардид. Ин ҳушдор аз он рӯст ки имрӯз мусалмонон ба воситаи пешфарзҳо ва зеҳниятҳои ғалат ва ноқисе ки доранд гумон мекунанд ки инҳитоти ахлоқӣ дар миёни мусалмонон ба ҳеҷ унвон таҳдиде барои эътиқодоти онон маҳсуб намешавад ва асосан иртиботе ба ҷанбаҳои назарӣ надорад, дар ҳоле ки ба таври қатъи ин гуна нест.

Аммо бо ин васф, дар чунин шароити бӯҳронӣ ва нобаҳанҷоре метавон ҳулули моҳи мубораки рамазонро ки ҳақиқатан фурсатӣ истисноӣ ва маҷолӣ муғтанам барои пироста шудани қалбҳо аз разоъили нафсонӣ ва зудудани олойишҳо ва зангораҳо аз ойинаи ҷон аст ба фоли нек гирифт ва низ фаро расидани ин моҳи азиз ва шарифро баҳонае барои оғози раванди ислоҳи ахлоқӣ ва эътиқодӣ ҷавомеъи мусалмон ва ба сурати куллӣ ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ба шумор оварад; Чароки дар канори ҳамаи баракот, фазоъил ва каромоти ин моҳи шариф аз ҷумла нузули Қуръони карим ва низ вуҷуди шаби пур файз ва раҳмати қадр дар ин моҳ, рӯза ба унвони фаризаи Исломӣ ҷойгоҳи хос ва вежае дорад ва осору самароти мубораки фардӣ ва иҷтимоъии он қобили эҳсоъ нест. Ба унвони намуна бар асоси сареҳи ояи Қуръон, рӯза аз ин ҷиҳат барои мусалмонон воҷиб шуд ки бо вуҷуди он умед меравад гавҳарӣ гаронбаҳо ва сармояи арзишмандро барои онон ба армуғон меоварад ва он гавҳар, ҳамон тақвост; Чароки Худованд яке аз ағрози аслии худ дар ташриъи рӯзаро касби тақво мешуморад ва мефармояд: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ» (Бақара/ 183); Яъне <<Эй касоне ки имон овардед! Рӯза бар шумо воҷиб шуд, ҳамон гуна ки бар касоне ки қабл аз шумо буданд воҷиб шуд, бошад ки тақво пеша кунед>>. Бидуни тардид ин ҳокӣ аз мизони аҳмият ва нақши муфид ва мунҳасир ба фард тақво дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоъии мусалмонон аст ва нишон медиҳад ки танҳо рӯзаи мавриди назар ва мутлуби Худованд аст ки тақворо барои рӯзадор ба армуғон оварад. Дар ҳамин росто ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ мӯътақиданд ки тақво дар миёни мусалмонон аз як сӯ монеъи каҷравии онон дар мақоми амал ва аз сӯӣ дигар монеъи каҷандешии эшон дар мақоми назар мешавад. Эшон дар ин бора мефармоянд:

<<Ҳеҷ шакке нест ки тақво ба маънои барҳазар будан аз Худованд ва тарс аз иқоби Ӯ дар охират, беҳтарин омили боздоранда барои каҷравӣ ва каҷандешии мусалмонон аст; Чароки барҳазар будан ва тарс аз иқоби дигарон, табъан наметавонад ҳамешагӣ бошад ва дар ҷойе ки дигаронро илм ё қудрате нест, боздорандагӣ надорад, вале барҳазар будан ва тарс аз иқоби Худованд, ба далили илм ва қудрати ҳамешагии Ӯ, ҳамвора боздоранда аст; Чунонки Худованд фармудааст: «وَتَزَوَّدُوا فَإِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوَىٰ ۚ»; (Бақара/ 197) <<Ва тӯша баргиред ки беҳтарин тӯша тақвост>> Ва фармудааст: «وَلِبَاسُ التَّقْوَىٰ ذَٰلِكَ خَيْرٌ ۚ»; (Аъроф/ 26) <<Ва пӯшиши тақво он беҳтар аст>>! Бо ин васф, метавон гуфт ки фиқдони тақво дар миёни мусалмонон, бо ҳеҷ омили дигаре ҷуброн намешавад ва ҳаргоҳ дар миёни онон, тақво вуҷуд надошта бошад, каҷравӣ ва каҷандешии онон қатъӣ аст>> (Бозгашт ба Ислом, с196).

Аз ҳамин рӯ тардиде нест ки моҳи мубораки рамазон, фурсатӣ тиллоӣ ва мунҳасир ба фард барои оғози ҳаракати мубораки мусалмонон барои <<Бозгашт ба Ислом>> аст; Чароки аз як сӯ фазои руҳонӣ ва малакутии ҳоким бар ин моҳи муборак, таваҷҷуҳоти мусалмононро аз лаҳву лаъаби дунё мунсариф намуда ва ба сӯӣ маънавият ва макорими ахлоқи савқ медиҳад ва аз сӯӣ дигар дар ҳавзаи эътиқодӣ ва назарӣ заминаро барои ҳидоят, басират ва маърифати онон фароҳам мекунад; Чароки ба фармудаи ҳазрати аллома <<Тақво ва парҳез аз разоъили ахлоқӣ, заминаи мусоъид барои шинохти ҳақ ва илтизоми ба онро дар нафси одамӣ падид меоварад ва ӯро машмули тавфиқи Илоҳӣ барои он мегардонад; Чунонки Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَتَّقُوا اللَّهَ يَجْعَلْ لَكُمْ فُرْقَانًا»; (Анфол/ 29); <<Эй касоне ки имон овардид! Агар аз Худованд тақво пеша кунед барои шумо абзори фарқ ниҳодан қарор медиҳад>>!>> (Бозгашт ба Ислом, с198).

Умед аст ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аз ин моҳи пур файзу баракат барои як таҳаввули бунёдин ва бесобиқа дар ҷиҳати бозгашт ба сӯӣ Исломи холис ва комил ва омӯзаҳои асили он истифода кунанд ва бо иродаи пӯлодин ва азмӣ росих бӯҳронҳои кунунӣ ва фитнаҳои мавҷуд дар ҷаҳони Исломро ба сӯйе ки Худованд хостааст мудирият намоянд ва ин дар ваҳлаи аввал мусталзими он аст ки тақво дошта бошанд ва аз Худованди осмонҳо ва замин битарсанд ва бар хилофи хост ва иродаи Ӯ гом барнадоранд; Чароки мудирияти бӯҳронҳои кунунии ҷаҳони Ислом ба сӯӣ ормиш ва субот танҳо дар як сурат мумкин хоҳад буд ва он ҳам савқ додани ҳокимият ва хилофати ҷаҳони Ислом ба сӯӣ касе аст ки Худованд ӯро ба хилофат дар охирулзамон баргузида ва мансуб фармудааст ва ӯ касе ҷуз Маҳдии Оли Муҳаммад нест. Лизо мусалмонон агар тақво дошта бошанд ва аз Худованд парво кунанд, инро ба хубӣ мутазаккир мешаванд ки ҳеҷ кас ҷуз Маҳдӣ шойистаи ҳукумат нест ва танҳо ӯст ки метавонад заминро аз адолат ва қист пур кунад, ҳамонгуна ки аз зулм ва ҷавр пур шуда бошад. Пас бар мусалмонон бод ба тақвои Илоҳӣ; Чароки тақво дер ё зуд ононро ба сӯӣ беҳтарин роҳ ҳидоят мекунад ва дунёяшонро аз адолат ва инсоф лабрез мегардонад ва ононро дар охират ба саъодат ва растгорӣ мерасонад ин шоъ Аллоҳ.

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.