Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 22 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Ёддоште аз сари дағдаға; Андар ҳикояти ҷанҷоли торихӣ ва нотамоми шиъа ва суннӣ!

Чи кунем аз ҷанҷоли бузург ва торихӣ миёни ду гурӯҳи бузург аз мусалмонон ки яке худро <<Шиъа>> ва дигарӣ худро <<Суннӣ>> номидааст ва ин асомӣ ва ановинро мояи ихтилофӣ бузург дар миёни худ қарор додаанд?! Ҳар кас аз онон худро беш аз дигарӣ ба ҳақиқати Ислом наздик мешуморад ва мазҳаби худро бо он мутобиқтар медонад, дар ҳоле ки беҳтарин тавсиф барои ҳар кадом аз онон унвони <<Мусалмон>> аст; Ҳамон унвоне ки Худованд барои онон писандида ва баргузида ва дар китоби худ аз он ёд кардааст.

Оре, агар манзури шиъаён аз унвони <<Шиъа>> мусалмоне аст ки маваддати аҳли байти Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро ба дил дорад ва ба онон таъассӣ ва иқтидо мекунад, ё агар манзури аҳли суннат ва ҷамоъат аз <<Суннӣ>> мусалмоне аст ки аз суннати Расули Аллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пайравӣ мекунад ва ба саҳоба ва ҳамсарони он Ҳазрат эҳтиром мегузорад, бояд бидонем ки ҳамаи ин муъаллифаҳо ва арзишҳо дар Ислом вуҷуд дорад ва Худованд дар Қуръон ва суннати Расулаш ба онҳо амр фармудааст ва бар хилофи тасаввури бисёрӣ, ҳеҷ гуна ихтисосе ба мазҳабӣ хос надорад.

Бо ин ҳол, <<Шиъаён>> агар воқеъан пайрави аҳли байти Расули Аллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд бояд маром ва сираи ононро дар пеш бигиранд ва хусусан аз тавҳин ва ҳаҷви саҳобаи Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳамсарони он Ҳазрат даст бардоранд; Чи онки аҳли байти Расули Аллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шахсиятҳои карим ва шарифе буданд ва ҳаргиз саббоб ва фаҳҳош набуданд ва ба саббу фаҳшо тавсия намекарданд, балки ба каррот аз он манъ мефармуданд.

Ба ҳамин тартиб, <<Аҳли суннат>> низ агар ҳақиқатан пайрави суннати Расули Аллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд, бояд ба хотир оваранд ки он Ҳазрат ба ҳукми ҳадиси мутавотири Сақалайн, борҳо ва дар мавозеъи мухталиф бар лузуми тамассук ба аҳли байти худ дар канори Қуръон таъкид фармуда ва ин корро зомини ҳидояти уммат пас аз худ шумурда ва бо ин васф, набояд пайравӣ аз дигаронро бар пайравӣ аз аҳли байти он Ҳазрат тарҷиҳ диҳанд ва дар марҷаъияти илмӣ ва сиёсии онон барои мусалмонон –дасти кам дар замони кунунӣ– тардиде ба харҷ роҳ диҳанд. Ҳамчунонки ба ҳамин далил, бояд аз лаъни бародарони мусалмон ва такфири аҳли қабила ки ҳамвора мавриди наҳйи Расули Аллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд, даст бардоранд ва посухи ҷаҳолати бархӣ аз ононро бо ҷаҳолатӣ дигар надиҳанд!

Пас натиҷа мегирем шиъаи воқеъӣ ва суннии воқеъӣ, ҳамон мусалмоне аст ки ба аҳком ва мувозини Исломӣ пойбанд аст ва аз онҷо ки таслими амри Худованд аст, шойиста аст ки танҳо <<Мусалмон>> номида шавад ва ин ҳамон аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> бар рӯйи он таъкид фармуда ва худро намунае аз он баршумурдааст.

Оре, тардиде нест ки байни ду гурӯҳ аз мусалмонон дар масъалаи тафзили Абубакр ибни Абӣ Қуҳофа ё Алӣ ибни Абӣ Толиб ихтилофи назарӣ торихӣ вуҷуд дорад; Ба ин тартиб ки бархӣ Алӣ ва бархӣ дигар Абубакрро афзали саҳоба мешуморанд ва табъан шойистаи хилофат било фасли Расули Аллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам медонанд. Ин ихтилофи назари торихӣ, маншаи аслӣ бисёрӣ аз ихтилофоти кунунии мусалмонон аст ва ба ҳар ҳол, воқеъияте аст ки наметавон аз он фирор кард ва ба ҳамин хотир, ишколе ҳам надорад ки ҳар як аз ду гурӯҳ дар фазойи илмӣ, бародарона ва мӯҳтарамона далоили худро зикр кунанд ва ба нақду баррасӣ бигиранд то бо кӯмаки ҳам ба саҳиҳтарин назар даст ёбанд, аммо ҳамаи ишкол инҷост ки имрӯз ин ихтилофи торихӣ, лиҷоми гусехта ва ғайри қобили кантрол шуда ва табаъоташ ҷону мол ва навомиси мусалмононро ҳам ҳадаф қарор додааст! Як ихтилофи назарӣ дар садри Ислом куҷо ва ин низоъу балво ва адовати хунин миёни мусалмонони имрӯз куҷо?! Дар тӯли ин қарнҳо ва солҳо ихтилоф миёни мусалмонон дар ин бора абъоди бисёр густардае пайдо кардааст ва мусалмонон як ихтилофи торихиро ба садҳо ва ҳазорон ихтилоф бадал намудаанд.

Акнун суъоли ман аз бародарон ва хоҳарони мусалмонам ин аст чаро ба сӯӣ қадри муштаракҳо ҳаракат намекунем?! Чаро имрӯз мутафоҳим ва нуқоти иттиҳодро камранг ва нуқоти ихтилоф ва чолиш барангезро то ин андоза пур ранг ва барҷаст мекунем?! Ҳамаи мо аз суннӣ ва шиъа, ба як Худо ва ба як Паёмбар имон дорем ва аз як китоб табаъият мекунем ва панҷ ваъда намозро бо вузу ва ба сӯӣ қибла мегузорем ва дар як моҳ яъне моҳи рамазон рӯза мегирем ва ба як сурат закот мепардозем ва дар мароми ҳаҷ ба гирди як хона мегардем ва муҳимтарин душмани худро куффор ва мушрикон медонем ва маваддати аҳли байти Паёмбарамонро фаризаи Илоҳӣ ва лозимаи имон мешуморем ва ба Маҳдии мавъуд аз итрати Паёмбарамон ба унвони имом ва халифаи охирул замон мӯътақидем. Оё инҳо иштирокотӣ кофӣ барои дӯстӣ ва бародарии мо бо якдигар барои расидан ба ормони муштараки Исломиямон нест?! Оё беҳтар нест ки дар гоми аввал вуҷуди ихтилофи назарамонро дар миқёс ва андозаи ҳақиқияш ва бидуни бузургнамоӣ ва барҷастасозии беҳуда бипазирем ва дар гоми дувум бо такя ба иштирокоти фаровонамон дар ростои эҷоди ваҳдат ва рафъи тафриқаи кунунӣ миёни мусалмонон гомҳойи амалӣ ва муъассир бардорем?! Далил онки то имрӯз ин ду гоми баландро барои таҳаққуқи ормони ҳамгаройии мусалмонон дар сартосари ҷаҳон барнадоштаем чист?! Далили он ҳар чизе ҳаст, имрӯз ба баракати наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>> ва раҳнамудҳои беайб ва нуқсони ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, беҳтарин фурсат ва мавқеъият барои ҷуброн ва тадоруки гузашта ба вуҷуд омада ва воқеъан ҳайф аст ки ин фурсат ва мавқеъияти истисноӣ, бо кӯтоҳфикрӣ ва тангназарии мо аз даст биравад.

Биёйед ҳамагӣ аз шиъа ва суннӣ барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдӣ ва таҳаққуқи ҳокимияти Аллоҳ бар ҷаҳон, даст ба дасти якдигар диҳем ва аз ҳаракати Исломии ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ин росто ки баҳамдулиллоҳ аз ҳар инҳироф ва эъвиҷоҷе муттаҳар аст, ҳимоят кунем.

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.