Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 19 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Низоъ бар сари ҷои дигарӣ!

Ин рӯзҳо дар сартосари кишварҳои Исломӣ ҷанги қудрат боло гирифта ва низоъ бар сари ҳукумат ба авҷи худ расидааст. Дар Арабистон, дар ҳоле ки муддати зиёде аз оғози салтанати Малик Салмон намегузарад, шоҳзодаҳои Саъудӣ дар танишӣ шадид бар сари ҷойгоҳи валиъаҳдӣ ва нуфуз дар сохтори қудрат ба сар мебаранд. Муҳаммад ибни Нойиф ва Муҳаммад ибни Салмон ду шоҳзодаи Саъудӣ ки талоядорони ҷанги қудрат ҳастанд, ихтилофоти хонадони оли Саъуд бар сари ҳукуматро аз пушти дарҳои баста ба арсаи расонаҳо кушодаанд; Он гуна ки шаш тан аз фарзандони бузурги Малик Абдулазиз аз байъат бо ду шоҳзодаи мазкур худдорӣ кардаанд ва хостори барканории онҳо шудаанд. Нодида гирифтани Амир Аҳмад ибни Абдулазиз ва сейтараи Мутъиб ибни Абдуллоҳ бар горди миллӣ ва талошҳо бар барканории комили ӯ аз арсаи қудрат низ абъоди дигари ҷанги қудрат дар Арабистони Саъудиро ҳувайдо месозад.

Дар Лубнон, бӯҳрони сиёсие ки бо баҳонаи анбошта ва адами тахлияи зуболаҳо вориди фози ҷадиде шуд, бо даргириҳои неруҳои вобаста ба Ҷундул Шом ва ҷунбиши Фатҳ ва бархурди саркӯбгаронаи ҳукумат ва низ нақшофаринӣ Саъд Ҳарирӣ ва неруҳои вобаста ба Арабистон, ба фасли ҷадиде аз мунозиъот бар сари қудрат табдил шудааст.

Дар Сурия, бӯҳрони сиёсӣ моҳҳост ки идома дорад ва ин кишварро ба вайронае мубаддал сохтааст. Неруҳои родиколи дастнишондеҳи яҳуд низ ҳар рӯз бар фитнае дар ин ҳавза доман мезананд. Талоши бевақфаи Эрон ва Русия барои нигаҳ доштани Асад бар сари қудрат аз як сӯ ва талоши ғарб бар сарнагун кардани ӯ аз сӯӣ дигар, ду самти бозии қудрат дар ин кишварро ташкил додааст.

Дар Эрон пас аз инки тавофуқ бо ғарб, Эронро ба гулистон табдил накард, изҳони умумӣ мутаваҷҷеҳи чанд пуружаи ҷадид шудааст; Ҷанги қудрат миёни хонадони Ҳошимии Рафзанҷонӣ бо неруҳои вобаста ба ҳукумат ба хусус пас аз зиндонӣ кардани фарзандӣ ӯ ки ба лояҳои мухталифи баданаи ҳукумат низ сароят кардааст, бозиҳои ҷадиди раъиси ҷумҳари пешин барои вуруди дубора ба арсаи қудрат ва мусобиқа бар сари ифшогарии фасодҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ даврони вай, кашмакаши ва ҷанҷол миёни раъиси ҷумҳур ва сойири ниҳодҳои низом ва низ зери бор нарафтани раъиси ҷумҳур ба назорати истисвобӣ шурои нигаҳбон бар интихобот ки ба изҳори назарҳои тунд миёни онҳо дар бораи якдигар анҷомид ва дар ниҳоят, ҳарф ва ҳадисҳои фаровон дар бораи ҷонишини раҳбарӣ бо таваҷҷуҳ ба матраҳ шудани эҳтимоли марги ӯ, саҳнаҳоӣ аз ин низоъ аст!

Дар Афғонистон, низоъи сиёсӣ ва ҷадал бар сари қудрат миёни ду кондидои раёсати ҷумҳурӣ баъд аз даври дувуми интихоботи соли гузашта ба ҳадде боло гирифт ки Афғонистонро барои муддати чандин моҳ дар як бӯҳрони сиёсии нобаҳанҷор фуру бурд. Иддаъои вуқуъи тақаллуб густарда ва созмондиҳӣ шуда ва ҳамчунон эъломи бутлони натойиҷи интихоботи он ҳам аз сӯӣ як кондиди расмии раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон, эътибори органҳои давлатӣ ва назоратиро аз асос зери суъол бурд. Ин вазъият ба ҳамин минвол идома дошт то замоне ки давлати Амрико вориди амал шуд ва монанди падаре ки миёнҷии низоъи ду фарзандаш мешавад, дасте бар сари онҳо кашид ва ихтилофоташонро бо тақсими қудрат дар миёнашон поён дод! Ҳар чанд ин тавофуқи таҳмилӣ, бисёр шикананда ва ноподор буд ва акнун рақобати пинҳон ва ошкор бар сари қудрат дар миёни тарафайн идома дорад.

Дар Миср бӯҳрони ҳосил аз эҳтимоли эъдоми Муҳаммад Мурсӣ ва саркӯби шадиди Ихвонул Муслимин аз як сӯ ва талошҳои низомиёни баданаи ҳукумат барои ба даст гирифтани суккони инқилоб 25 январ дар канори қудратнамоӣ тарафдорони дохилӣ ва хориҷии Ҳуснӣ Муборак аз сӯӣ дигар, ба хусус бо вуҷуди заъфи муфрати сисӣ дар идораи умур, саҳнаҳои низоъи қудратро рақам мезаданд.

Ин кашмакашҳо ва мунозиъоти ғолибан хунин ки сартосари кишварҳои Исломӣ балки тамоми дунёро дар бар гирифтааст, низоъ бар сари қудрат аст; Низоъ бар сари ин аст ки чи касе бар сандалии ҳукумат такя занад ва иқтидори бештаре дар ихтиёр дошта бошад.

Тамоми ин ҳаёҳуҳо дар миёни мусалмонон, бо вуҷуди боварашон ба ҳаққонияти ваъдаи Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи ҳокимияти халифаи бар ҳаққи Худованд ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом, ношӣ аз он аст ки бовари онҳо ба ин ваъдаи ҳақ, боварӣ ростин ва ҳақиқӣ нест. Онҳо ҳазрати Маҳдиро ҷиддӣ намегиранд ё намехоҳанд ҷиддӣ бигиранд ва барои ӯ нақше дар ин муъодилоти қудрат қоъил нестанд ва ҳамчунон ба тарҳҳо ва барномаҳо ва мунозиъоти худ машғуланд. Онҳо зуҳури ӯро аз ӯҳдаи худ хориҷ ва бар ӯҳдаи Худованд медонанд ва дар робита бо ин масъала, худро масъул намедонанд. Дар ҳоле ки ба таъбири ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ:

<<Пиндори мардум дар бораи зуҳури Маҳдӣ ки онро бар ӯҳдаи Худованд ва манут ба ирода ва иқдоми ибтидоии Ӯ мепиндоранд, саҳиҳ нест; Зеро чунонки рӯшан шуд, зуҳури Маҳдӣ ба маънои дастрасӣ ба ӯ ва истелоъи ӯ бар замин, аз корҳое аст ки мавқуф ба ҳимояти кофии мардум аз ӯст ва рӯшан аст ки ҳимояти кофии онон аз ӯ, бо ирода ва иқдоми ҷабрии Худованд анҷом намешавад, балки бо ирода ва иқдоми ихтиёрии онон анҷом мешавад ва ирода ва иқдоми Худованд, агарчи барои эҷод ва изҳори Маҳдӣ лозим аст, тобеъӣ аз ирода ва иқдоми ибтидоии мардум аст; Чунонки фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ ۗ»;[1] <<Ҳароина Худованд чизе ки дар қавме астро тағйир намедиҳад то онгоҳ ки онон худ чизе ки дар онон астро тағйир диҳанд>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки иҷбори мардум ба ҳимоят аз Маҳдӣ, ҳар чанд барои Худованд мақдур аст, бар хилофи суннат ва равияи Ӯст; Чунонки фармудааст: «أَنُلْزِمُكُمُوهَا وَأَنْتُمْ لَهَا كَارِهُونَ»;[2] <<Оё шуморо ба он илзом кунем дар ҳоле ки аз он кароҳат доред?!>> Ва фармудааст: «لَا إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ ۖ قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ ۚ»;[3] <<Икроҳе дар дин нест, дурустӣ аз нодурустӣ рӯшан шудааст>>; Ҳамчунонки мардумро ба ҳимояти кофӣ аз Паёмбараш, бо онки аз Маҳдӣ ба он сазовортар буд, маҷбур накард ва фармуд: «وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ لَآمَنَ مَنْ فِي الْأَرْضِ كُلُّهُمْ جَمِيعًا ۚ أَفَأَنْتَ تُكْرِهُ النَّاسَ حَتَّىٰ يَكُونُوا مُؤْمِنِينَ»;[4] <<Ва агар Парвардигорат мехост ҳамаи касоне ки дар заминанд имон меоварданд, оё пас ту мардумро икроҳ мекунӣ то мӯъмин бошанд?!>>.

Аммо мурод аз ҳимояти кофии мардум аз Маҳдӣ низ, талаб, иъонат ва итоъати кофии онон аз ӯст; Ба ин маъно ки иддаи кофии аз мардум, толиби Маҳдӣ бошанд ва толиби ғайри ӯ набошанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки одатан касе бидуни бархурдорӣ аз матлубияти кофӣ дар миёни мардум ба ҳукумат даст намеёбад ва агар ба он даст ёбад дар он боқӣ намемонад ва талаби ду ҳоким бо ҳам мумкин нест; Чароки ҷаҳон дар воқеъ иқлимӣ воҳид аст ва табъан ба ҳокимӣ воҳид эҳтиёҷ дорад ва ду ҳоким дар як иқлим намегунҷанд ва бо ин васф, талаби ҳар як, монеъ аз талаби дигарӣ хоҳад буд. Ҳамчунонки пас аз талаби кофии Маҳдӣ, иъонати кофии ӯ бар мардум воҷиб аст; Ба ин маъно ки иддаи кофӣ аз онон, муқаддамоти лозим барои дастрасӣ ба ӯ ва ҳокимияти ӯро фароҳам созанд ва муқаддамоти лозим барои дастрасӣ ба ӯ, вуҷуди иддаи кофӣ аз муҳофизони амин аст ки қодир ба ҳифозат аз саломатӣ ва озодии ӯ дар ҳийни дастрасии мардум ба ӯ бошанд; Чароки ҳаргоҳ ӯ ба сабаби бархурдорӣ аз чунин касоне, бар саломатӣ ва озодии худ эмин бошад, узре дар адами тамкини мардум аз дастрасӣ ба худ надорад, ҳар чанд қодир ба ташкили ҳукумат набошад ва муқаддамоти лозим барои ташкили ҳукумати ӯ, вуҷуди нафар, мол ва силоҳи кофӣ барои ӯст ки аз ноҳияи мардум қобили таъмин аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳукумате бидуни нафар, мол ва силоҳи кофӣ, ташкил намешавад ва агар ташкил шавад, боқӣ намемонад ва ҳукумати Маҳдӣ аз ин қоъида мустасно нест. Ҳамчунонки ҳифозат аз саломатӣ ва озодии ҳокимони дигар ва таъмини нафар, мол ва силоҳ барои онон, монеъ аз зуҳури Маҳдӣ аст; Чароки муҷиби тақвияти рақибони ӯ мешавад ва ҳифозат аз саломатӣ ва озодии ӯ ва таъмини нафар, мол ва силоҳ барои ӯро сахттар ва бефоида мекунад. Ҳамчуноки пас аз иъонати кофии мардум ба ӯ, итоъати кофии онон аз ӯ ва тарки итоъаташон аз ғайри ӯ, лозим аст; Чароки ҳукумати ӯ, чи пеш аз ташкил ва чи пас аз он, бидуни итоъат аз ӯ имкон намеёбад ва ба ғарази худ намерасад ва итоъат аз ғайри ӯ, ба маънои адами итоъат аз ӯст; Чароки итоъат аз ду ҳоким, ба тазод меанҷомад ва мумкин нест ва табъан итоъат аз яке, ба маънои адами итоъат аз дигарӣ аст.

Ин дар ҳоле аст ки акнун қотибаи мусалмонон, толиби ҳокимоне ҷуз Маҳдӣ ҳастанд ва ононро ба ҷои ӯ ҳифозат, иъонат ва итоъат мекунанд ва иддаи кофӣ дар миёни онон барои ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ нест ва агар иддаи кофӣ дар миёни онон барои ин кор вуҷуд дошта бошад, ҷудо аз якдигар дар атрофи замин парокандаанд ва рӯшан аст ки ҳар як аз онҳо ҷудо аз дигарон ва ба танҳоӣ, қодир ба ҳифозат аз саломатӣ ва озодии Маҳдӣ нест ва аз ин рӯ, иҷтимоъи онон барои ин кор зарурӣ аст, дар ҳоле ки касе нест то ононро барои ин кор гирд оварад ва ҳамин сабаби зоҳир нашудани Маҳдӣ агарчи дар ҳадди дастрасӣ ба ӯ шудааст. Бар ин поя аст ки ман рӯзгорӣ чанд, дар атрофи замин сайр мекунам ва дар пайи мардумонӣ шойиста мегардам то иддаи кофии аз ононро гирд оварам ва барои ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ омода гардонам, то чун Худованд аз гирдиҳамоӣ ва омодагии онон огоҳӣ ёбад, дастрасӣ ба Маҳдиро барои онон муяссар гардонад ва заминаи ҳокимияти ӯ пас аз онро фароҳам намояд, то тамҳиде барои зуҳури ӯ бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар имрӯз ин кор анҷом шавад, ба таври қатъ фардо ӯ зуҳур мекунад, балки имшаб дастрасӣ ба ӯ мумкин мешавад; Чароки Худованд ба қадри соъате зулм намекунад; Чунонки фармудааст: «فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لَا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً ۖ وَلَا يَسْتَقْدِمُونَ»;[5] <<Пас чун замонашон биёяд, соъате таъхир намекунанд ва пешӣ намегиранд>>.>>[6]

Аммо мутаъассифона мусалмонон аз ин ҳақиқати такондиҳанда ғофиланд ва дар гирди ҳар касе иҷтимоъ мекунанд ҷуз бар гирди касе ки Худованд хостааст ва лизо ҳазрати Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъолло бо нороҳатии амиқе мефармоянд:

<<То кунун ҳар чи бештар ҷустуҷӯ кардаам, камтар ёфтаам, то ҷойе ки дигар хаста ва сархурда шудаам; Чароки гӯйи замин аз мардони шоиста холи аст!>>[7].

Воқеъ он аст ки дар ин ғафлати амиқ ва низоъи беҳуда, қурбониёни аслӣ мардуманд. Мардум ғофил аз инки бояд тамоми ҳамму ғам ва ҷону мол ва обуруӣ худро барои таҳаққуқи хилофати халифаи Худованд бар рӯӣ замин ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом сарф кунанд, умри худро дар ҷиҳати таҳаққуқ ё истеҳкоми ҳокимияти ғайри Маҳдӣ сарф мекунанд ва ин хоста ё нохоста душманӣ бо Худованд ва душманӣ бо халифаи ӯст; Чароки ҳамаи ин иқдомот, бархеро ки мумкин аст бар бархӣ дигар бартарӣ дошта ё надошта бошанд бар сари қудрат меоварад ё нигоҳ медорад, дар ҳоле ки ҳеҷ як аз онҳо Маҳдии Фотимӣ, халифаи Худованд бар рӯӣ замин ва халифаи Паёмбари Ӯ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нестанд ва тамоми ин низоъҳо ба тӯлонӣ шудани адами ҳокимияти ӯ бар ҷаҳон меанҷомад ки ҳосиле ҷуз некбат ва бадбахтӣ ва хусрон надорад, аммо мардум ба ин воқеъияти талх ҳеҷ илтифоте надоранд. Мардум дар таҳаққуқ ва истимрори ин вазъияти фалокатбор муқассиранд; Чароки ба таъбири ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>>:

<<Адами дастрасии мардум ба Маҳдӣ ва табаъоти мутараттиб бар он, ношӣ аз тақсири онон аст ва ба ҳамин сабаб, узре барои онон дар тарки вазоифе ки бо дастрасӣ ба Маҳдӣ қобили анҷом аст, шумурда намешавад; Зеро ҳар кас ба сабаби иқдом ва тасбиби худ дар изтироре воқеъ шавад, ба сабаби изтерори худ маъзур шумурда намешавад; Монанди гуруснае ки таъоми ҳалолеро бо огоҳӣ аз ниёзи худ ба он, амдан талаф карда ва сипас ба хурдани таъоми ҳароме ногузир шуда ва бо ин васф, хӯрдани таъоми ҳаром барои ӯ ҳар чанд гузире аз он надошта бошад, гуноҳ аст; Чунонки Худованд фармудааст: «فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ»;[8] <<Пас ҳар кас ногузир шавад, дар сурате ки кӯтоҳӣ кунанда ва ё зиёдаравӣ кунанда набуда бошад, гуноҳе бар ӯ нест>>; Ба ин маъно ки ҳар гоҳ ба сабаби кӯтоҳӣ ва ё зиёдаравии худ ногузир шуда бошад, гуноҳкор аст; Ё монанди сориқе ки бо ихтиёри худ дар заминӣ ғасбӣ дохил шуда ва ногузир ба иқомаи намоз дар он шуда аст, дар ҳоле ки тасарруфи ӯ дар он ҳар чанд барои намоз, ҷойиз нест ва бо ин васф, намози ӯ дар он ҳар чанд дар охири вақт ва аз рӯӣ истирор, ботил аст ва ин маънои сухани Худованд аст ки фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ لَا يُصْلِحُ عَمَلَ الْمُفْسِدِينَ»;[9] <<Ҳароина Худованд амали ифсод кунандагонро дуруст намекунад>>! Бинобарин, касоне ки ба сабаби тақсири худ дар ҳимояти кофӣ аз Маҳдӣ, монеъ аз таҳаққуқи ҳукумати ӯ шудаанд, муҷоз ба ташкили ҳукуматӣ дигар, ҳар чанд гузире аз он надошта бошанд, нестанд ва ҳукуматӣ дигари онон, дар сурате ки онро ташкил диҳанд, машрӯъият надорад. Ҳамчунонки ахзи онон ба занни мутлақ, балки ахбори оҳод, ҳар чанд то пеш аз дастрасӣ ба Маҳдӣ гузире аз он надошта бошанд, ҷойиз нест ва ақойид ва аъмоли онон бар пояи он, қобили қабул шумурда намешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ»;[10] <<Ҷуз ин нест ки Худованд танҳо аз парҳезгорон қабул мекунад>>; Балки ақойид ва аъмоли онон бар пояи занни мутлақ ва ахбори оҳод, ботил аст; Чунонки Худованд фармудааст: «ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اتَّبَعُوا مَا أَسْخَطَ اللَّهَ وَكَرِهُوا رِضْوَانَهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ»;[11] <<Он ба ин сабаб аст ки онон аз чизе пайравӣ карданд ки Худоро ба хашм оварад ва хушнудӣ Ӯро нохуш доштанд, пас аъмолашонро ботил кард>>, монанди касоне ки дар бораи онон фармудааст: «أُولَٰئِكَ الَّذِينَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ»;[12] <<Онон касоне ҳастанд ки аъмолашон дар дунё ва охират нодида гирифта шуд ва ҳеҷ пуштибоне надоранд>> Ва фармудааст: «وَقَدِمْنَا إِلَىٰ مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا»;[13] <<Ва ба аъмоле ки анҷом доданд пардохтем ва онро ба резгардӣ пароканда табдил намудем>> Ва ин лозимаи сангине аст ки илтизом ба он душвор ба назар мерасад, вале барои Худованд осон аст; Чунонки фармудааст: «أُولَٰئِكَ لَمْ يُؤْمِنُوا فَأَحْبَطَ اللَّهُ أَعْمَالَهُمْ ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا»;[14] <<Онон имон наёварданд, пас Худованд аъмолашонро нобуд кард ва он бар Худованд осон буд>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон бо ихтиёри худ заминаи онро фароҳам сохтаанд ва изтирорашон дар фиқдон ё ғайбати Маҳдӣ, ношӣ аз иқдом ва тасбиби худашон аст ва бо ин васф, бутлони ақойид ва аъмолашон, бо адли Худованд ва лутфи Ӯ, мунофот надорад, балки муқтазои адл ва лутфи Ӯст.>>[15]

Аммо нуктаи муҳимми дигар он аст ки таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқати азим ва маърифати гаронбаҳо ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба вузуҳ табйин фармуданд, илова бар таъсироти коркардӣ ва маҳсуси худ дар дунё ва иҷтимоъи башар, авоқиб ва осори азими ухравӣ дорад. Эшон дар фарози дигаре аз китоб мефармоянд:

<<Воқеъ он аст ки пазириш ва итоъат аз халифаи Худованд дар замин, мабнои сиҳҳати ақида ва амал аст ва тардиде нест ки сиҳҳати ақида ва амал, барои қабули он шарт аст ва ба ҳамин сабаб, Худованд ақида ва амали иблисро ҳангоме ки аз саҷда бар Одам худдорӣ кард, ботил сохт; Чароки Одам халифаи Худованд дар замин буд ва саҷдаи бар ӯ ба маънои иқрор ба бартарии ӯ ва табъан пазириш ва итоъат аз ӯ буд ва иблис худро аз ӯ бартар донист; Чунонки Худованд фармудааст: «قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ ۖ»;[16] <<Гуфт ман аз ӯ бартарам>> Ва ба ҳамин сабаб, ба пазириш ва итоъат аз ӯ сар фуруд наёварад ва дар натиҷа, Худованд ақида ва амали ӯро ботил сохт ва ӯро дар ақида <<Кофир>> ва дар амл <<Фосиқ>> донист; Чунонки фармудааст: «وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَىٰ وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ»;[17] <<Ва чун ба фариштагон гуфтем ки барои Одам саҷда кунед пас саҷда карданд магар иблис ки сар боз зад ва бузургӣ ҷуст ва аз кофирон буд>> Ва фармудааст: «وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ كَانَ مِنَ الْجِنِّ فَفَسَقَ عَنْ أَمْرِ رَبِّهِ ۗ»;[18] <<Ва чун ба фариштагон гуфтем ки барои Одам саҷда кунед пас саҷда карданд магар иблис ки ҷин буд, пас аз фармони Парвардигораш фосиқ шуд>>! Бо ин васф, рӯшан аст ки ҳар кас аз пазириш ва итоъати халифаи Худованд дар замин сар боз занад, рӯйкардӣ шабеҳи рӯйкарди иблисро дар пеш гирифта ва аз ҳизби шайтон аст ва табъан монанди ӯ ақида ва амалаш нодида гирифта мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «أُولَٰئِكَ حِزْبُ الشَّيْطَانِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ الشَّيْطَانِ هُمُ الْخَاسِرُونَ»;[19] <<Онон ҳизби шайтонанд, огоҳ бошед ки ҳизби шайтон ҳамон зиёнкоронанд>>![20]

Лизо мардум ногузир барои раҳойи аз ин хусрони дерини дунявӣ ва ухравӣ ба нидои ин мунодии содиқ гӯш фаро диҳад ва даст аз низоъи беҳуда бар сари ба қудрат нишондани ғайри халифаи Худованд бародранд ва заминаро барои таҳаққуқи ҳокимияти он бузургвор фароҳам намоянд ва ин чизе аст ки аз гузашта дар каломи авлиёъи Худо хабар дода шуда буд ва имрӯз таҳаққуқи онро мебинем: «یُنادي منادٍ صادقٌ مِن شدّة القتال: فيم القَتلُ و القِتالُ؟ صاحبُكم المهديّ» (Дар охирул замон) мунодии содиқе аз шиддати даргириҳо нидо хоҳад дод: Куштор ва даргирӣ бар сари чист?! Ҳукумат бар шумо барои Маҳдӣ аст>>.[21]

ــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Раъд/ 11.

↑[2]. Ҳуд/ 28.

↑[3]. Бақара/ 256.

↑[4]. Юнус/ 99.

↑[5]. Аъроф/ 34.

↑[6]. Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с293 то 296

↑[7]. Ҳамон, с296

↑[8]. Бақара/ 173.

↑[9]. Юнус/ 81.

↑[10]. Моъида/ 27.

↑[11]. Муҳаммад/ 28.

↑[12]. Оли Имрон/ 22.

↑[13]. Фурқон/ 23.

↑[14]. Аҳзоб/ 19.

↑[15]. Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с296 то 298

↑[16]. Сод/ 76.

↑[17]. Бақара/ 34.

↑[18]. Каҳф/ 50.

↑[19]. Муҷодила/ 19.

↑[20]. Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с298

↑[21]. Нӯъмонӣ, Китобул Ғайба, с 267

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.