Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 18 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Чаро Бозгашт ба Ислом?!

Чи басо таъассф аст ки имрӯз содатарин ва пеши по афтодатарин гузораҳо ва мафоҳими ибтидоӣ аз сӯӣ иддае фаҳм намешавад ва ё мавриди тардиди бархӣ мункирони лаҷуҷ қарор мегирад; Касоне ки ҳамме ҷуз мухолифат ва дағдағае ҷуз айбтарошӣ надоранд ва танҳо коре ки хуб ёд доранд, ба чолиш кашидани возеҳот ва баҳонагирӣ ва айбҷӯйи дар мавриди мусалламот аст. Ба унвони намуна пас аз интишори китоби вазин ва арзишманди <<Бозгашт ба Ислом>> ба қалами аллома <<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ>> иддае роҳ афтоданд ва бидуни онки навбат ба мутолеъаи ин китоб ва нақди муҳтавои он бирасад, дар гоми аввал ба номи он ирод гирифтанд! Ин ҳам иродоте ки мо дар забони моҳвораи аз он ба <<Иродоти банӣ исроъил>> таъбир мекунем; Чароки иродотӣ ғайри муваҷҷаҳ ва ношӣ аз сафоҳат аст. Хулосаи шубаҳоти инон бадин қарор аст:

Чаро нависанда, чунин номеро барои китоби худ баргузидааст? Чаро <<Бозгашт ба Ислом>>?! Магар мо кофир ҳастем ки ӯ мехоҳад моро ба Ислом даъват кунад? Магар мо аз Ислом берун рафтем ки ӯ мехоҳад моро ба Ислом бозгардонад? Аслан <<Бозгашт ба Ислом>> дар миёни мусалмонзодаҳо чи маъно медиҳад ва даҳҳо магар ва аммои дигар аз ин қабил. Инон монанди касоне ки барои худ баҳраи том аз Ислом қоъил ҳастанд ё худро заими Ислом ва ё шояд ҳам намояндаи томмул ихтиёри он мепиндоранд аз ин унвон ба ҳайрат омадаанд ва он чунон ғайраташон ба ҷӯш омадааст ки наметавонанд чунин таъбири сода ва бетаколиферо бифаҳманд ва ҳазмаш кунанд! Шояд ҳам хуб медонанд ки мақсуди нависандаи арҷманди ин китоб аз чунин унвоне чи будааст ва танҳо банои бар лаҷоҷат ва иънод доранд. Аммо дар ҳар сурат, бояд изъон кард ки ин мавзӯъи чандон ғомиз ва печидае нест ки идрок нашавад ва то ин андоза барои иддае суъол барангез бошад; Чароки аз як сӯ бо камтарин таварруқ ва муроҷиъа ба китоб ва низ бо хурдтарин илтифоте ба ғарази нависанда бо таваҷҷуҳ ба воқеъиятҳои мавҷуд дар ҷаҳони Ислом маънои мавриди назар аз ин таъбир ки чизе ҷуз бозгашт ба Исломи холис ва комил бар канор аз ҳамаи бидъатҳо ва инҳирофоти мавҷуд нест ошкор мешавад ва аз сӯӣ дигар, мафҳуми <<Бозгашт>> ба Ислом, гунаи тадоъӣ кунандаи мафҳуми «أوبه» (бозгашт) ба сӯӣ Худованд аст ки барои ҳар бандае аз бандагони Худованд агарчи анбиёъ ва авлиёъи Ӯ сифатӣ писандида ва чи басо амрӣ зарурӣ буда ва ҳаст; Ҳамчунонки Худованд дар Қуръон ба каррот ба чунин бозгаште ишора карда ва масалан дар мавриди Довуд алайҳи салом мефармояд: «وَاذْكُرْ عَبْدَنَا دَاوُودَ ذَا الْأَيْدِ ۖ إِنَّهُ أَوَّابٌ»[1]; <<Ва ёд кун бандаи Мо Довудро ки яде [қудрате] дошт ҳамоно ӯ бисёр бозгашт кунанда буд>> Ё дар мавриди Айюб алайҳи салом мефармояд: «وَاذْكُرْ عَبْدَنَا دَاوُودَ ذَا الْأَيْدِ ۖ إِنَّهُ أَوَّابٌ»[2]; <<Мо ӯро собир ёфтем; Чи бандани хубе! Ҳамоно ӯ бисёр бозгашт кунанда буд>> Ҳамчунон Худованд ба Аввобин (бозгашт кунандагон) ваъдаи мағфират медиҳад ва мефармояд: «رَبُّكُمْ أَعْلَمُ بِمَا فِي نُفُوسِكُمْ ۚ إِنْ تَكُونُوا صَالِحِينَ فَإِنَّهُ كَانَ لِلْأَوَّابِينَ غَفُورًا»[3]; <<Парвардигори шумо аз дарунҳоятон огоҳтар аст агар солеҳ бошед ҳамоно Ӯ барои бозгашт кунандагон омӯрзанда аст>>. Бинобарин ҳангоме ки Худованд сифати авлиёъ ва анбиёъи худро «اوّاب» ба маънои бисёр бозгашт кунанда ба сӯӣ худаш зикр мекунад ва онро бо шевотарин таъобир меситояд, маълум мешавад ки бозгашт ба сӯӣ Худованд ва дине ки нозил кардааст натанҳо амри мазмумӣ нест, балки мавриди ризояти Парвардигори мутаъол ва мояи ҷалби раҳмати Ӯ ва муқтазии подош аст. Лизо шойиста аст ки бархӣ баҳонаҷӯён ба ҷои тарҳи ин шубаҳоти сахиф ва хандадор кӯшиш намоянд то аз «اوّابین» бошанд ва дар ин амали солеҳ ба анбиёъи изоми Илоҳӣ иқтидо кунанд.

Ҳол ки инро донистем, бояд ба ин нукта низ ишора кунем ки бо вуҷуди мусаҷҷал будани зарурати бозгашт ба Ислом ва бидоҳати он, агар афроде ҳастанд ки камокон бар мавзӯъи худ таъкид меварзанд ва бо иродаи ҷиддӣ ва ба дур аз масқарабозиҳои бархӣ муъонидин, дар ин эътироз ва эътиқодашон ба адами зарурати бозгашт ба Ислом пой мефишоранд, тардиде боқӣ намемонад ки дучори гунаи инҳирофи фикрӣ ва фасоди ақидатӣ ҳастанд, то андозае ки бо қотеъияти боло ҳеҷ ниёзе ба бозгашт ба сӯӣ Исломи ростин эҳсос намекунанд ва ончи имрӯз дар кишвари худ ё мазҳаби худ мушоҳида мекунандро айнан ва бидуни кам ва зиёд, ҳамон Исломи мавриди ризояти Худованд мепиндоранд ва ба он розӣ ҳастанд! Дар ҳоле ки чунин пиндоре реша дар инҳирофӣ бузург дорад ва ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо як тақсимбандии сода решаи ин инҳирофотро ба хубӣ вокорвӣ ва ошкор мекунад ва мефармояд:

<<Зарурати бозгашт ба Ислом ҳангоме ошкор мешавад ки аз як сӯ зарурати иқомаи Ислом ва аз сӯӣ дигар, адами иқомаи он тавассути мусалмонон дар ҳоли ҳозир, ошкор шавад; Чароки ҳаргоҳ ин ду муқаддам ошкор нашавад, сухан гуфтан дар бораи бозгашт ба Ислом, бемаъност...>>[4].

Тардиде нест ки иқомаи Ислом зарурӣ аст ва то кунун низ Ислом он гуна ки бойиста ва шойиста аст иҷро нашудааст, аммо ба назар мерасад ки ин ду муқаддама ало рағми бидоҳат ва вазоҳаташ ҳанӯз барои ин ҷамоъат ошкор нашудааст ва инон зарурати бозгашт ба Исломро дарк накардаанд, дар ҳоле ки чунин пиндоре таваллии фосиди бешумореро дар пай дорад ва бузургтарин заработро ба Ислом ворид хоҳад овард; Чи онки аз як сӯ Исломро динӣ ноқис ва оҷиз муъаррифи мекунад, ки тавони барқарорӣ саъодат, оромиш ва амниятро барои пайравони худ ва ба тариқи авло барои ҳамаи инсонҳо надорад ва то имрӯз ало рағми ҳамаи иддаъоҳое ки матраҳ намуда, натавонистааст ваъдаҳои худ мабнӣ бар таҳққуқи адолат ва баробариро амалӣ гардонад. Лизо ин ҷоҳилон бо чунин хатои ошкоре мардумро бо тамоми суръат ва сӯӣ дингурезӣ дар арсаи фардӣ ва сикулорисим дар арсаи иҷтимоъӣ суқут медиҳанд ва дар салоҳияти Ислом барои саъодати башар ва тасаддии умури сиёсӣ ва иҷтимоъии мусалмонон тардиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ба илова инро низ бояд ошкор кард ки дар канори ҳамаи ин харобкориҳо, беҳтарин баҳона ва хӯроки таблиғотиро барои кофирони бадхоҳ ва фурсатталаб фароҳам менамоянд то ҳаҷмаҳои худ алайҳи Исломро ҳаҷимтар ва густардатар аз гузашта пай бигиранд ва ҳамвора сужаҳои тозае барои кор дошта бошанд.

Аз сӯӣ дигар чунин дидгоҳи мухарриб ва зиёнборе мояи яъс, ноумедӣ ва сархудагии мусалмонон мешавад ва умеди онон ба таҳаққуқи ормонҳои Исломиро ба як орзуии воҳӣ ва нофарҷом мубаддал мекунад; Далили ин амр ҳам он аст ки ин сафиҳон, ниҳояти омол ва орзуҳои Исломро ҳамин авзоъи имрӯз муъаррифӣ мекунанд ва бар рӯӣ ин таваҳҳум исрор мекунанд ки дар ҳоли ҳозир бархӣ аз ҳокимони кишварҳои Исломӣ, Исломро он андоза ки имконаш будааст, иҷро мекунанд ва бо ин васф дигар чорае аз таҳаммули авзоъ мавҷуд нест ва наметавон чизеро тағйир дод! Инҳо ба воситаи таъаллуқи хотир ё иртиботои пушти пардае ки бо бархӣ низомҳои сиёсӣ дар кишварҳои Исломӣ доранд ин гуна барои онон таблиғот мекунанд ва ононро Исломитарин ва беҳтарин ҳукуматҳо дар ҳоли ҳозир мехонанд то ин гуна мардумро ба сӯӣ онон ҷазб кунанд ва бар қудрату нуфузашон бияфзоянд ва хушхидматии худ ба тавоғутро ба исбот бирасонанд. Дар ҳоле ки онон муваззаф ҳастанд пеш аз ҳар чиз ба Ислом хидмат кунанд, аммо бадбахтона воқеъият он аст ки инҳо бо ин амалкардашон чи бидонанд ва чи набонанд дар ҳоли теша задан бар решаи Ислом ҳастанд; Чароки Исломро мутародиф бо бархӣ ашколи ҳокимиятӣ ва сиёсӣ монанди <<Ҷумҳурии Исломӣ>> ва <<Вилояти фақиҳ>> муъаррифӣ мекунанд ва бо ин равиши хоъинона, ҳар мафсадае ки бар ин ҳокимиятҳо бор мешавадро бар дӯши Ислом меафкананд. Инон бо ин равиши мухарриб ва худхоҳона, мардуми содадил ва бехабарро аз Ислом дилзада ва гурезон мекунанд ва онро нокоромад ва бефоида ҷилва медиҳанд, дар ҳоле ки ин ҳукуматҳои мавриди алоқаи онҳо ва ҳокимони бекифояташон ҳастанд ки ноборомад ва бемасрафанд на Ислом; Зеро мумкин нест шариъате ки Худованд онро барои бандагонаш комил карда ва писандидааст, ноқис ва нокоромад бошад.

Табиъатан дар зеҳни як инсони оқил ин суъол матраҳ мешавад ки магар Ислом наёмадааст ки ба  сурати комил иҷро шавад пас бар чи асос, ин идда иҷрои ноқиси онро матлуб медонанд? Ё бар чи асос мегӯянд ки дар ҳоли ҳозир иҷрои он беш аз ин мумкин нест? Магар Худованд Исломро дини комил қарор надодааст? Агар ин гуна аст, пас оё ирода фармудааст ки дини комил иҷро нашавад? Ё асосан чаро фаҷойеъӣ ки имрӯз дар мамолики Исломӣ рӯх медиҳадро нодида меингоранд ва фаромӯш кардаанд ки Ислом барои мубориза бо ҳамин бӯҳронҳо ва фаҷоъе омадааст? Магар фаромӯш кардаанд ки Ислом барои кӯтоҳ кардани дасти мустакбирин ва ҷабобира ва нобудии тавоғут ва барқарории адолат ва инсоф аз сӯӣ Худованд муқаррар гардидааст? Пас чи шудааст ки дар ҷаҳони Ислом, нооромиҳо бештар аз ҷаҳони куфр аст? Оё ҳамаи инҳо дар ҳоле аст ки Ислом ба андозаи кофӣ иҷро мегардад?! Ва даҳҳо суъоли дигар ...

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо ишроф ва иҳотаи комил ба ин таволии фосид ва бо назар ба аҳмияти ин мавзӯъ бо баёнӣ шаффоф ва равшангарона мефармояд:

<<...бозгашт ба Ислом ҳангоме зарурат дорад ки Ислом ба маънои ақойид ва аҳкомӣ хос, мояи саъодати мусалмонон дар дунё ва охират ва растгории онон аз мушкилоти моддӣ ва маънавияшон дониста шавад, на он чунонки кофирон мепиндоранд, мояи инҳитоти фарҳангӣ, инфиъоли сиёсӣ ва ақабафтодагии иқтисодии мусалмонон; Чароки дар ин сурат, тахаллус аз он агар чи бо ҳифзи эҳтиромаш дар зоҳир, чунонки бархӣ аз давлатҳои мусалмон пай мегиранд, мутаъаййин аст ва нидои бозгашт ба сӯӣ он, матлуб нест ва мавриди эъроз ва мухолифати Исломгурезон воқеъ мешавад. Ҳамчунонки ҳангоме маъно меёбад ки пазируфта шавад, Ислом ба унвони муҷибӣ барои саъодати мусалмонон ва растгории онон аз мушкилоти моддӣ ва маънавияшон, то кунун дар миёни онон таҳаққуқ наёфтааст; Чароки агар дар миёни онон таҳаққуқ ёфта буд, табъан саъодат ва растгории мавриди назар, ба ҳайси самараи зотӣ ва қатъии он, барои онон таҳаққуқ ёфта буд, дар ҳоле ки мусалламан барои онон таҳаққуқ наёфта ва мушкилоти онон дар ҷиҳати мухталиф машҳуд аст; То ҷойе ки талош барои табраъаи онон аз ин иттиҳом ва дифоъ аз ақойид ва аъмолашон, чизе ҷуз таҷоҳул ва мукобира дар баробари маҳсус нест; Чароки маҳсус аст, мушкилоти густарда ва амиқе дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва табъан вуҷуди онҳо ё ношӣ аз адами кифояти Ислом барои ҳалли онҳост ва ё ношӣ аз адами таҳаққуқи Ислом!>>[5]

Ва дақиқан дар ҳамин нуқта аст ки кофирони муғриз ва ё мусалмонони ҷоҳиле ки дучор аз худ бегонагӣ шудаанд ва ҳуввияти худро фаромӯш кардаанд, ба ҷои онки ҳушёр шаванд ва решаи мушкилотро дарёбанд, дучори инҳирофи хатарноке мешаванд ва ба ҷои онки нобасомониҳои мавҷуд дар ҷаҳони Исломро ношӣ аз адами иҷрои Ислом бишуморанд, решаи ихтилол ва нокомиро ба худи Ислом нисбат медиҳанд. Аз ҳамин рӯст ки ҳазрати аллома дар идома мефармоянд:

<<Дар ин миён, касоне ки ба Ислом бовар надоранд, мепиндоранд ки он кифояти лозим барои ҳалли мушкилоти мусалмононро надорад; Ба ин маъно ки мусалмонон, Исломро муҳаққақ сохтаанд, вале он қодир ба ҳалли мушкилоти онон нест, балки худ омили пайдоиш ё афзоиши мушкилоти онон аст ва бо ин васф, чорае ҷуз даст бардоштан аз он ва рӯй овардан ба мабонии дигар нест. Аз ин рӯ, ошкоро ба ҷудоӣ дин аз дунё даъват мекунанд ва Исломгароӣ дар ҷомеъаро монеъ аз такомул ва тараққии он мешуморанд ва барои ҷойгузин сохтани ақойид ва аҳкоми башарӣ бо ақойид ва аҳкоми он мекушанд. Дар баробар, касоне ки ба Ислом бовар доранд медонанд ки он динӣ комил ва саъодатбахш аст ва зарфияти ҳалли мушкилоти моддӣ ва маънавии мусалмононро дорад ва агар токунун ин мушкилотро ҳал накарда, ба хотири он буда ки токунун ё айнаш чунонки ҳаст иқома нашуда ё кулли он бо ҳамаи аҷзоъаш таҳаққуқ наёфтааст. Аз ин рӯ, ононро чорае нест ҷуз инки таҳаққуқи айни Ислом ва кулли онро ормони худ қарор диҳанд ва барои найли ба он талош кунанд ва ин маънои бозгашт ба Ислом аст.>>[6]

Мубтанӣ бар ин тақрири олимона ва бунёдини ҳазрати аллома, метавон гуфт касоне ки нидои <<Бозгашт ба Ислом>> аз сӯӣ эшонро зарурӣ ё саҳиҳ намедонанд, бояд бидонанд ки ин дидгоҳашон бо эътиқод ба ҳаққоният ва ҷомеъияти Ислом созгорӣ надорад ва танҳо аз мунофиқон, душманон ва бадхоҳони Ислом нашъат гирифтааст; Чароки ҳеҷ тардиде нест ки Ислом дар ҳоли ҳозир иҷро намешавад ва ҳаргиз баъд аз Расули Худо салавотуллоҳи алайҳ ба далили музоҳиматҳо ва мумонеъатҳои гуногун иқома нашудааст, лизо ҳамаи ин инҳирофот ва фасодҳо ва фитнаҳо дар ҷаҳони Ислом дар сурате бартараф мешавад ки мусалмонон ба сӯӣ Исломи холис ва комил бозгарданд ва онро ҳамонгуна ки ҳаст иқома намоянд. Ҳазрати аллома дар идома ба сурати комилан мунаққаҳ ва низомманд, зарурат ва кайфияти иқомаи Исломро беш аз пеш тавзиҳ медиҳанд. Эшон иқомаи Исломро ба ду сурат <<Мукфӣ ва муҳассили ғараз>> мешуморанд:

1) Иқомаи айнӣ Ислом; Ба маънои иқомаи ақойид ва аҳкоме ки танҳо аз иродаи Худованд нашъат гирифтааст ва аз ин ҳайс холис ва мубарро аз иродаи ғайри Худованд маҳсуб мегардад. Дар ҳоле ки имрӯз ончи мусалмонони ҷаҳон ба унвони Ислом мешиносанд, баъзан олуда ба иродаи ғайри Худованд аст ва дини холисе ки Худованд писандидааст намебошад. Аммо иқомаи айни Ислом ба ин далил зарурӣ аст ки танҳо иродаи Худованди ҳаким аст ки зомини камол, саъодат ва растгории инсон мебошад ва иродаи ҳар касе ҷуз Ӯ натанҳо чунин замонатеро дар бар надорад, балки чи басо ба нақзи ғарази Ӯ ва ба шақовату залолат меанҷомад. Ба ҳамин далил аст ки метавон гуфт бисёрӣ аз мӯъзалоти имрӯзи ҷаҳони Ислом, маълули пайравӣ аз иродаи ғайри Худованд аст; Ба наҳвек ки мусалмонон дар ҳоли ҳозир аз гузораҳҳое табаъият мекунанд ки онро ҷузъӣ аз Ислом мепиндоранд ва гумон мекунанд ки муқтазои иродаи Худованд аст. Ҳазрати аллома дар идомаи ин бахш зимни ишора ба ояи шарифаи Қуръон мефармояд:

<<...Аз ин рӯст ки Худованд ба таъкид фармудааст: «أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ ۚ»;[7] <<Огоҳ бошед ки дини холис барои Худованд аст>>; Ба ин маъно ки дини ғайри холис, барои Худованд нест ва ба Ӯ нисбат дода намешавад, агарчи бахшӣ аз он, аз Ӯ содир шуда бошад; Чароки ончи аз Худованд содир шуда, дар воқеъ як маҷмӯъаи пок буда ва маҷмӯъаи нопоке ки аз олойиши иродаи Худованд бо ғайри Ӯ баромада, аз Ӯ содир нашудааст ва бо ин васф, вуҷуди бархӣ аносури асил дар он, барои интисобаш бо Худованд, кофӣ нест; Чароки Худованд покиза аст ва аз ҳар чизи ғайри покиза, танзиҳ мешавад.>>[8]

Эшон дар идома, ин мабнои фавқулъода амиқ ва шоёони таъаммулро тавзиҳ медиҳанд ва асосан дар интисоби чунин дини ғайри холисе ба Худованд хадша ворид намуда ва мефармоянд:

<<Аз ин рӯ, Худованд будани кулли дин барои Ӯ ва на танҳо бахшҳое аз онро ормони Ислом шумурда ва фармудааст: «وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلَّهِ»;[9] <<Бо онон биҷангед то он гоҳ ки фитнае набошад ва дин ҳамааш барои Худо бошад>>!

Аз инҷо дониста мешавад ки Ислом, ҳаргоҳ ба ақойид ва аҳкомӣ ғйри асили омехта бошад, дар кул нисбате бо Худованд надорад ва амал ба он, муҷзӣ нест; Зеро чизе ки аз талфиқи аносури Исломӣ ва аносури ғайри Исломӣ падид омадааст, дар воқеъ Ислом нест, бал ихтироъи ҷадиде аст ки тасомуҳан Ислом номида мешавад ва табъан иқомаи он, иқомаи Ислом нест, агарчи урфан иқомаи Ислом шумурда шавад.>>[10]

Ин рӯйкарди бисёр амиқ, арзишманд ва табйин кунандае дар ҳавзаи Исломшиносӣ аст ки мо намунаи онро дар миёни уламо ва мутафаккирини мусалмон суроғ надорем. Мабнои ҳазрати аллома дар ин замина ин воқеъияти бузургро ёдоварӣ мекунад ки ончи моро бениёз мекунад, иҷрои Исломи холис аст на ҳар ончи ки имрӯз ба номи Ислом иҷро мекунанд.

2) иқомаи кулли Ислом; Ба маънои иҷрои ҳамаи аҳком ва ақойиди Ислом ва худдорӣ аз таҷзия ва табъиз миёни онҳост, ба наҳве ки бархӣ аз онро иҷро ва бархӣ аз онро тарк намойем. Ҳазрати аллома дар мақоми табйин ва танқиҳи ин мабно мефармоянд:

<<Ислом, як маҷмӯъаи муртабит ва ба ҳампайваста, монанди як низоми дақиқ ва занҷираи ҳалқа дар ҳалқа аст ки ҳар ҷузъи он бо назар ба ҷузъи дигараш, ташриъ шуда, ба наҳве ки қатъи назар аз он, қобили ташриъ набуда ва чи басо ташриъи он, ноқизи ғараз будааст; Монанди донаҳои тасбеҳ ки ҳар як ба эътибори ҷузъӣ аз кул сохта шудааст ва ҳеҷ як ба танҳоӣ арзише надорад ва ҷуз дар қолиби кул судманд нест ва бо ин васф, вуҷуди аҷзоъи он, дар зимни вуҷуди кулли он аст ва бо заволи кулли он, аҷзоъи он низ аз байн меравад. Ба ҳамин тартиб, аҷзоъи Ислом низ ба эътибори кулли он, ташриъ шудааст ва ҷуз дар сурати иқомаи кулли он, судманд нест, балки чи басо дар сурати адами иқомаи кулли он, иқомаи аҷзоъе аз он ба танҳоӣ, зиёнбор аст; Монанди доруҳое ки табиб, бо назар ба таркибашон бо якдигар таҷвиз карда ва истеъмоли бархӣ аз онҳо ҷудо аз бархӣ дигар, хатарнок аст; Чунонки Худованд фармудааст: «وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ ۙ وَلَا يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إِلَّا خَسَارًا»;[11] <<Ва аз Қуръон чизеро нозил мекунем ки барои мӯъминон дармон ва раҳмат аст, дар ҳоле ки золимонро ҷуз зиён намеафзояд>>!>>[12]

Бадин тартиб эшон дар идома таъкид мефармоянд ки иҷрои Ислом ба сурати ноқис аз адами иҷрои он хатарноктар аст ва гувоҳи ин амр ҳам он аст ки имрӯза мусалмонон дар бисёрӣ аз заминаҳо бӯҳронҳо ва фаҷойеъро дар сарзаминҳои худ шоҳид ҳастанд ки дар ҳеҷ кадом аз мамолики кофир дида ва таҷриба нашудааст ва сабаби он ҳам иҷрои Ислом ба сурати ноқис аст ва ин бар хилофи мабнои ройиҷ ва дидгоҳи касоне аст ки мӯътақид ҳастанд ҳар миқдор аз Исломро ки муяссар шуд метавон фориғ аз аҷзоъ ва қисматҳои дигараш иҷро намуд ва мегӯянд: Ончи ҳамааш тадорук намешавад ҳамааш тарк намегардад; Гӯйи дар бораи дархти мевае сухан мегӯянд ки вақте наметовон ба ҳамаи шохаҳои он дастрасӣ пайдо кард дасти кам метавони аз шохаҳои пойинтари он баҳраманд шуд; Ғофил аз онки дини худро намешавад бо амсоли дарахтони мева муқоъиса намуд балки дин, низомӣ занҷиравор ва ба ҳам печида аст ва иҷрои бахше аз он аз адами иҷрои бахшӣ дигар бениёз намекунад ва ҳаргиз ғарази Шореъро ҳосил намегардонад, балки ба фасод ва нақзи ғарази Ӯ хоҳад анҷомид. Лизо аслан аҷиб нест ки имрӯз мусалмонон дар зиллат ва масканат зиндагӣ мекунанд ва алорағми таваҳҳуме ки бархӣ аз онон мабное бар судмандӣ иҷрои ноқизи Ислом доранд, рӯз ба рӯз бар некбат ва вахомати авзоъи онон афзуда мегардад. Ҳазрати аллома дар ин бора бо истинод ба оёти Қуръон мефармоянд:

<<Рӯшан аст ки хории мусалмонон дар зиндагии дунё, паёомади ҳамин амали гузинишӣ ба Ислом аст ва бо ин васф, бозгашти онон ба ашадди муҷозот дар охират, бинобар ваъдаи Худованд ҳатмӣ аст. Ҳачунонки Худованд ба сароҳат, касоне ки рӯйкардӣ табъизомез дар ҳавзаи дин дорандро таҳдид карда ва амал ба бархӣ аҷзоъи Қуръон ҷудои аз бархӣ аҷзоъи дигарашро нораво шумрда ва фармудааст: «كَمَا أَنْزَلْنَا عَلَى الْمُقْتَسِمِينَ؛ الَّذِينَ جَعَلُوا الْقُرْآنَ عِضِينَ؛ فَوَرَبِّكَ لَنَسْأَلَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ؛ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ»;[13] <<Ҳамчунонки бар ҷудокунандагон нозил кардим; Ҳамонон ки Қуръонро бахш бахш мекунанд; Пас ба Парвардигорат савганд ки аз ҳамаи онон бозхост мекунем; Дар бораи коре ки анҷом медоданд>>! Бал касоне ки дини худро таҷзия кардаанд ва ҳамаи онро ба унвони воҳидӣ басит барпо надоштаанд, аз Паёмбари худ бегона шумурда ва фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا لَسْتَ مِنْهُمْ فِي شَيْءٍ ۚ إِنَّمَا أَمْرُهُمْ إِلَى اللَّهِ ثُمَّ يُنَبِّئُهُمْ بِمَا كَانُوا يَفْعَلُونَ»;[14] <<Ҳароина касоне ки дини худро пора пора карданд ва гурӯҳ гурӯҳ шуданд, туро бо онон коре нест! Корашон танҳо бо Худованд аст ва он гоҳ ононро ба коре ки мекарданд огоҳ хоҳад кард>>!>>[15]

Бинобарин метавон гуфт дар назари ҳазрати аллома, иқомаи Ислом ба сурати комил ва холис на танҳо амрӣ матлуб ва зарурӣ аст, балки бар хилофи тасаввури умумӣ ва илқоъоти ройиҷ ҳамвора муяссар ва амалӣ будааст; Чи онки мумкин нест Худованди ҳаким динеро барои бандагонаш комил гардонад, аммо имкони иҷрои он ба сурати комилро мунтафӣ намояд ва ин гуна ғарази худро нақз намояд. Лизо дигар навбат ба он нхоҳад расид ки ба тарки иҷрои Ислом ва ё иҷрои бахше аз он ба унвони танҳо гузинаҳои мавҷуд фикр кунем, чароки вақте имкони иқомаи Ислом ба шакли комил ба унвони як гузинаи пок ва солим вуҷуд дошта бошад даварони миёни ифсод ва фасод аз байн хоҳад рафт.

Алғараз бояд гуфт ки шиъори Бозгашт ба Исломи холис ва комил ки аз сӯӣ олими фарзона ва озодандеши даврони мо ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ матраҳ шудааст, нидои бедории Исломӣ ва талангурӣ огоҳибахш аз сӯӣ шахсиятӣ барҷаста ва аҳли басират хитоб ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аст ва аз ҳамин рӯ фурсатӣ муғтанам барои таҳаввулоти бунёдин дар ҷаҳони Ислом арзёбӣ мегардад. Ба ҷуръат метавон гуфт китоби <<Бозгашт ба Ислом>> мактабӣ мустақил ва ҳамаҷониба дар заминаи Исломшиносӣ ва мутазаммини танҳо роҳи ҳалли мавҷуд барои ислоҳи авзоъ дар ҷаҳони Ислом аст. Лизо шойисат аст ки шахсиятҳои барҷаста, мутафаккир ва рӯшанфикрони мусалмон беш аз пеш ба аҳмият ва авлавияти шиъори <<Бозгашт ба Ислом>> бо лиҳози ҳамаи ҷавониб ва мухтасоти он пай бибаранд ва фориғ аз каҷфаҳмиҳо ва сангандозиҳои иддае аз сафҳо ки ҳамеша будаанд ва ҳамвора сози мухолифашон гӯши ҳакимонро озор додааст, ба ҳимоят ва пуштибонӣ аз ин ҷараёни муборак бархезед то ҳар чи зудтар шоҳиди ҳамгароӣ ва ҳамандешии мусалмонони ҷаҳон бар меҳвари иттиҳод ва ҳамдилӣ ва оғози наҳзати мусалмонони ҷаҳон барои бозгашти ҳамаҷониба ба сӯӣ Исломи холис ва комил бошем ин шоъ Аллоҳ.

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Сод/ 17.

↑[2] . Сод/ 44.

↑[3] . Исроъ/ 25.

↑[4] . Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с115

↑[5] . Ҳамон

↑[6] . Ҳамон, с116

↑[7] . Зумар/ 3.

↑[8] . Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с117

↑[9] . Анфол/ 39.

↑[10] . Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с117 ва 118

↑[11] . Исроъ/ 82.

↑[12] . Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с 119 ва 120

↑[13] . Ҳиҷр/ 90 то 93.

↑[14] . Анъом/ 159.

↑[15] . Ҳошимии Хуросонӣ, Бозгашт ба Ислом, с121 ва 122

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.