Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 16 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

<<Аз луқмаҳое ки мешавем!>>

Аз луқмаҳое ки мешавем

Барои луқмаи ноне меравем сари кор. Гоҳе дер меравем. Гоҳе дурӯғе мегӯйем. Гоҳе тасмим мегирем воме бигирем то маъйишатамон беҳтар шавад. Рибои хурде мегирем (ҳамон кормузди худамон!), гоҳе қарзе мегирем, зиёдтар пас медиҳем. Хулоса дар охири моҳ ноне мегирем ва мегузорем бар сари суфрамон. Мехурем. Аз он нон нутфаҳо шакл мегирад. Фарзандонамон ба дунё меоянд. Писарамон бузург мешавад. Дона донаи силулҳояш бо ҳамон нон шакл мегирад. Падар мешавад. Падари як хонавода. Духтарамон бузург мешавад. Рушд мекунад. Мешавад модари як хонавода. Як рӯз ба худамон меойем ва мепурсем: Чаро беахлоқӣ зиёд шудааст? Чаро намозҳо қазо мешавад? Чаро намозҳо боло намеравад? Чаро Қуръонро намефаҳмем? Чаро ба Қуръон амал намекунем? Чаро аз суннати Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ноогоҳем? Чаро аз ҳақиқат, аз ҳикмат, аз насиҳат бадамон меояд? Чаро ҳарфи ҳисоб дар сарамон намеравад ва ҳавсалаямонро сар мебарад? Чаро дурӯғ мегӯйем ва ба содагӣ тӯҳмат мезанем? Чаро дар баробари золим сукут мекунем? Чаро халифаи Худоро аз ёд бурдаем? Чаро имомонро фаромӯш кардаем? Чаро бароямон муҳим нест ки кист? Чи мекунад? Чаро сари ҷояш нест?! Чаро?! Чаро?! ... Ғофил аз онки ҳама чиз аз ҳамон луқмаи нон шурӯъ шуд.

Кофӣ аст ба атрофамон нигоҳ кунем. Дар меёбем ки ин нон чи ғавғое мекунад! Чи таъсироти шигарфе дар зиндагии моддиву маънавӣ ва диниву ухравии мардум гузоштааст. Чигуна бар калом ва мароми мардум асар мегузорад ва маншаи онҳоро тағйир медиҳад.

Имрӯз бузургмарде омадааст озода, олим, беиддаъо, хайрхоҳ ва вораста ва бо баёнӣ матин, мардумро ба беҳтарин роҳи Қуръон фаро мехонад ва аз бидъатҳо ва кажиҳо бар ҳазар медорад. Бо китоби худ ки беҳтарин ва хулосатарини китобҳост, ҳақойиқи арзишмандеро ки беш аз ҳазор сол аст аз чашми мардум пинҳон нигоҳ дошта шудааст боён мекунад. Бо гуфтори худ роҳи ҳақро ки матрука шудааст ва касе дар он гом намениҳад нишон медиҳад. Бо чароғе ки дар даст дорад роҳро рӯшан мекунад ва ибҳомотро бартараф месозад ва тирагиҳоро рафъ мекунад ва мӯъзалотро ҳал менамояд. Роҳи амалӣ, воқеъӣ ва дар дастрас барои таҳаққуқи ҳокимияти имоми мардум пеши рӯяшон мегузорад ва амалан бо қавл ва феъли худ барои зуҳури он Ҳазрат заминасозӣ менамояд, аммо мардум ба зиндагии худ машғуланд ва ба ҷои ҳимоят аз ин олими раббонӣ, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, аз ҷабборону мунофиқон ва муздурону мунҳарифон ва саффокону шайёдон ва мустакбирону золимон ва кофирону фосиқон ва ғосибон ҳимоят мекунанд!!!

Инсоф бояд дод ки ин шеваи бархурди мардум бо ҳақиқат ки албатта пешинае ба дарозои торихи Ислом дорад, лояи дарунӣ ва решатаре дорад ки бояд шинохта шавад. Яке аз ин решаҳо ҳамин амволи шубҳанок аст ки дар зиндагии мардум ворид мешавад ва осорӣ вазъӣ дорад ва баракатро аз байн мебарад ва тавфиқро салб мекунад ва дилро қасӣ мегардонад. Мусалламан бо нигоҳи мотирёлистӣ ва мулҳидона, ин пиндор шояд бемаъно ҷилва кунад, аммо воқеъ он аст ки ин ҳақиқате аст инкорнопазир ки дар дини мубини Ислом низ шадидан мавриди таъкид ва таваҷҷуҳ қарор гирифтааст; Чунонки дар Қуръони Карим бо таъкид бар таваҷҷуҳ ба таъоме ки инсон мехурад мефармояд: «فَلْيَنْظُرِ الْإِنْسَانُ إِلَىٰ طَعَامِهِ» (Абаса/24); Яъне инсон бояд ба таъомаш бингарад. Ин нигаристан ба таъом, нигаристан ба покӣ, ҳалол будан, саҳиҳ, солим, муфид ва мутаносиб будани таъом, шояд дар нигоҳи аввал амрӣ сода ба назар бирасад, аммо вақте мебинем ҳамин таъом бунёни наслҳоро месозад ва дар канори авомили дигар, миллатеро саъйид ё шақӣ мегардонад, мутаваҷҷеҳи таъкиди Қуръон мешавем. Пас бояд ҳушёр бошем ки пуле ки ба даст меоварем аз чи роҳе аст. Оё ба ҳаққи мардум омехта нест? Оё ҳаром онро олуда насохтааст? Оё ҳуқуқи шаръии онро пардохт кардаем? Хумс ва закоти онро додаем? Ба чи касоне додаем? Ба роҳзанони роҳи Худо ва чаповулгарону ғосибони ҳаққи халифаи Худо додаем то бо он хунҳои мазлумонро бирезанд ва мардумонро аз роҳи Худо боздоранд ва фараҷро ба таъхир бияндозанд ё дар тариқи ҳақе ки Қуръон ва суннат онро табйин фармуда ва ақл ба он ҳукм мекунад пардохтаем? Инҳо суъолоти муҳимме аст ки ҳар падаре бояд ба он посух диҳад. Ҳар кас ноне бар сари суфрае меоварад бо ҳар сатҳ ва мақоме бояд ба он посух гӯяд. Воқеъ он аст ки вақте ба торихи хунини Ислом менигарем, ҳар куҷо Қуръон помол гардида ва маҳҷур шуда ва халифаи Худо танҳо монда ва хунаш рехта шудааст, ҳар куҷо мазлумонро ба хоку хун кашидаанд ва мардумонро аз роҳи ҳақ боз доштаанд, ҳамвора радди пои луқмаҳои ҳаром ва нутфаҳои ҳаром дида мешавад. Колбаде ки хунаш аз нони ҳаром шакл гирифта ва дар рагҳояш ҷӯшидааст ва дона донаи силулҳояш бо ин хун рушд намудааст, рамақи онро надорад ки барои намози субҳ бархезад! Чи гуна мехоҳад дар баробари як ҷаҳони ҷаҳлу зулм ва бидъад бойистад ва бо ҳамаи вуҷуд даъвати Маҳдӣ алайҳи саломро лабайк бигӯяд?! Чи гуна метавонад бо сафои дил ва хулуси ният, занҷирҳои такаббуру таъассуб ва тақлидро пора кунад ва тамоми маниятҳоро зери по ниҳад ва барои ҷиҳод дар роҳи Худо ва таҳаққуқи хилофати халифаи Худо ба по хезад ва заминасози ростини он, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоллоро дар ин роҳи нуронӣ ва бузург ёрӣ кунад! Суфрае ки бар сари он луқмаи ҳаром вуҷуд дорад дигар куҷо нур ва баракат дорад ва маншаъи хайроти азим мешавад? Инҷост ки бояд бисёр эҳтиёт намуд ва тақво пеша кард.

Имрӯз мутаъассифона дар ҷавомеъи Исломӣ рибохорӣ бо ановини мухталиф ва тавҷиҳоти гуногуни чун суд ва рибо ва кормузд ва амсолиҳам, дар муносиботи иқтисодӣ ва таъомулоти молии мардум ҷараён дорад ва амволи мардумро олуда сохтааст ва зиндагиҳошонро ба оташ мекашад, дар ҳоле ки дар Қуръони Карим сароҳатан таъкид мефармояд ки муъомитлоти саҳиҳ ва шаръӣ ва хариду фурӯш бо рибо яксон нест «قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا» (Бақара/275) ва инзорро ба онҷо мерасонад ки аз рибо ба ҷанг бо Худованд ва Расулаш таъбир мекунад: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ ۝ فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ» (Бақара/278 ва 279). Оё ин ҳама таъкид ва инзори Худованд ҷуз ба хотири аҳмияти ин масъала аст? Мусалмонон бояд мутаваҷҷеҳи ин кайди хатарноки шайтони лаъин бошанд; Чароки Худованди ҷаҳониён аз он хабар дода ва фармудааст ки иблиси хабис дар амволу авлоди мардум мушорикат хоҳад кард: «وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ» (Исроъ/64). Ин амри печидае аст ки ҳазрати аллома дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> дар уфуқӣ васеъ ба он мепардозанд. Эшон бар хилофи тасаввури ройиҷ ки душмании шайтонро як душмании намодин ва ғайри воқеъӣ ва сирфан дар ҷиҳати васваса барои анҷоми корҳои зишти фардӣ медонанд, душмании шайтонро як душмании айнӣ ва тамом айёор медонанд ки шуъуни мухталифи иҷтимоъиро дар бар мегирад; Чунонки дар фарозе аз китоб мефароянд:

<<Шайтон ин пири корозмуда, барои пирӯзӣ бар Худованд ва дастёбӣ ба султаи бар ҷаҳон, аз аҳруми сиёсат, монанди аҳруми фарҳанг ва иқтисод, баҳра гирифта ва дар пайи ҳазорон сол талош, мувафақ ба тароҳӣ ва эҷоди низоми фарогир ва мунсаҷам дар замин шуда ки дар болотарин сатҳи худ, мубтанӣ бар мудирияти ӯ ва фориғ аз мудирияти Худованд аст. Ин низоми фарогир ва мунсаҷами ҷаҳонӣ, монанди як ҳирам аст ки шайтон дар раъси он қарор гирифта ва табъан кулли соҳаи он, таҳти ишроф ва султаи ӯст. Дар ин мавқеъият, ӯ мумкин аст ҳар ҳукмро ба сурати мустақим ва ҷудогона таъйин накунад, вале дастгоҳеро тавлид кардааст ки ба сурати худкор ва бидуни ниёз ба мубоширати ӯ, ҳокимони дилхоҳи ӯро тавлид мекунад ва дар хидмати ӯ қарор медиҳад; Ҳамчунонки сарватмандон ва донишмандони дилхоҳи ӯро тарбият мекунад ва дар хидмати ӯ қарор медиҳад. Дар чунин чархае, касе ки мавриди ризояти шайтон ва дар хидмати аҳдофи ӯ нест, одатан ба ҳокимият даст намеёбад; Ҳамчунонки ба сарват ва шӯҳрати чандоне намерасад; Зеро софиҳои шайтонии мутаъаддиде ки дар сутуҳи мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъбия шудааст, иҷозаи чунин кореро намедиҳад ва ба сурати комилан табиъӣ, ҳар унсури ноҳамоҳангеро дур мекунад ва ба ҳошия меронад, дар ҳоле ки ба сурати комилан оддӣ, ҳар унсури ҳамоҳангеро ҷазб мекунад ва ба мизони ҳамоҳангиаш мавриди ҳимоят қарор медиҳад. Ин аст ки ба тадриҷ, арсаи ҷомеъа, аз Худопарастон холи ва аз шайтонпарастон пур мешавад, то ҳангоме ки ҳукумати ҷаҳонии шайтон ба масобаи воқеъияте бар рӯӣ замин таҳаққуқ ёбад ва бидуни нигаронӣ, ниқобҳои гуногуни худро канор занад ва ошкоро ба расмият шинохта шавад, то ҷойе ки ҳамагон дар баробараш ба хок афтанд ва онро бо ангушт нишон диҳанд ва бигуянд: Зинда бод ҳукумати сарварамон шайтон! Аз инҷо дониста мешавад ки душмании шайтон бо инсон, як душмании намодин ва ғайри воқеъӣ нест ва ба васваса кардани ӯ барои анҷоми корҳои зишти фардӣ маҳдуд намешавад, бал як душмании айнӣ ва тамом аёр аст ки шуъуни мухталифи иҷтимоъиро дар бар мегирад ва ба сӯӣ аҳдофи палиди ӯ ҷиҳат медиҳад; Чунонки Худованд фармудааст: «تَاللَّهِ لَقَدْ أَرْسَلْنَا إِلَىٰ أُمَمٍ مِنْ قَبْلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ الْيَوْمَ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ»; (Наҳл/63) <<Ба Худо савганд ба сӯӣ умматҳоӣ пеш аз ту фиристодаем, пас шайтон аъмолашонро барояшон зиннат дод, пас ӯ имрӯз сарпарасти онон аст ва барои онон азоби дарднок аст>> Ва хитоб ба ӯ фармудааст: «وَاسْتَفْزِزْ مَنِ اسْتَطَعْتَ مِنْهُمْ بِصَوْتِكَ وَأَجْلِبْ عَلَيْهِمْ بِخَيْلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ وَعِدْهُمْ ۚ وَمَا يَعِدُهُمُ الشَّيْطَانُ إِلَّا غُرُورًا»; (Исроъ/64) <<Ва ҳар кас аз онон ки тавонистиро бо овози худ барангез ва савора ва пиёдаи худро бар зидди онон ҷалб кун ва дар дороиҳо ва наслҳояшон шарик шав ва ваъдаяшон бидеҳ ва шайтон ҷуз барои фиреб ваъдаяшон намедиҳад>>! Ин барномае аст ки шайтон дунбол мекунад ва ҳомиёни инсӣ ва ҷиннияш, дар ростои он кор мекунанд, вале рӯшан аст ки Худованд барномаи худашро дорад ва барномаи Ӯ дақиқтар ва санҷидатар аст; Чунонки фармудааст: «وَيَمْكُرُونَ وَيَمْكُرُ اللَّهُ ۖ وَاللَّهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ»; (Анфол/30) <<Онон барнома мерезанд ва Худованд барнома мерезад ва Худованд беҳтарини барномарезон аст>> Ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا»; (Талоқ/3) <<Худованд ба кори худаш расанда аст, фақат барои ҳар чизе андозае қарор додааст>>!>>.

Лизо мардум бояд бидонанд шайтон ва ҳизбаш барномаи печидаеро дар даст доранд ки бар тибқи он кор мекунанд ва онро бар сартосари ҷаҳон пиёда намудаанд. Ҳамон гуна ки Худованд ва ҳизбашро барномаҳое аст ки саранҷом бар барномаи шайтон пирӯз хоҳад шуд. Мо бояд барномаи шайтонро бишносем то битавонем аз он бар ҳазар бошем. Барномаи шайтон барномаи ҳамаҷониба аст ки барои нобуд кардани тамоми абъоди зиндагии башар рехта шудааст. Яке аз бунёдитарин абъоди ин барнома ҳам барномаи молӣ ва иқтисодӣ аст. Системи ҳоким бар бонкдорӣ дар ҷаҳони имрӯз системӣ комилан рабавӣ ва шайтонӣ аст ва ҷои басо таъассуф аст ки кишварҳои Исломӣ ки иддаъои мусалмонӣ доранд, дар ҳоле дам аз бонкдории Исломӣ мезананд ки тамоми системи молишон мубтанӣ бар суди бонкӣ ва рибост ва таҳти унвонӣ гуногуне онро тавҷиҳи шаръӣ мекунанд. Бонкҳои кишварҳои Исломӣ бар сари суди бештар ва дар воқеъ наздикии бештар ба шайтон бо якдигар рақобат мекунанд ва гӯйи сибқатро ҳатто аз бисёрӣ аз ҳамтоёни кофир ва мушрики худ рабудаанд ва мардуми мусалмон бидуни таваҷҷуҳ ба ин доми азими шайтон дар он меафтанд ва ҳатто гумон ҳам намебаранд ки шайтон чи бар сарашон овардааст. Дар системи молии таъриф шуда дар ҷаҳон, мабнои рибо ва ҷанг бо Худованд тавассути милиордҳо нафар имзо шудааст ва бе вақфа ҷараён дорад! Илова бар ин фоҷеъаи қонунманд ва расмӣ, дар муъомилот ва зиндагии рӯзонаи мардумон низ радди пои ин системи даҷҷолӣ ба чашм мехурад. Мардум ба осонӣ рибо медиҳанд ва рибо мегиранд. Дигар ба нудрат касе пайдо мешавад ки қарзул ҳасана бидиҳад! Балки агар пайдо шавад мардум ӯро кам хурд ва кам ҳуш медонанд ва сарзаниш мекунанд! Дар ҳоле ки додани қарзул ҳасана, лаббайк гуфтан ба нидои Парвардигори ҷаҳониён аст ки фармуд: «مَنْ ذَا الَّذِي يُقْرِضُ اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا فَيُضَاعِفَهُ لَهُ أَضْعَافًا كَثِيرَةً ۚ» (Бақара/245)! Бо таъаммул дар ин қабил оёти Қуръон, инсон ба шигифт меояд ки мардумон чиқадр дақиқ ва мӯ ба мӯ оёти Қуръонро зери по мегузоранд ва ба нидои шайтон лаббайк мегӯянд! Худованди олам фарёд мезанад: Чи касе аст ки ба хотири Худованд қарзул ҳасана бидиҳад ва рибо нагирад то Худованд барои ӯ чанд баробар гардонад?! Аммо касе пардохт намекунад! Дар нуқтаи муқобил иблиси лаъин фарёд мезанад ки чи касе аст рибо бидиҳад ва рибо бигирад то бо ӯ ба ҷанги бо Худо биравем?! Ва бештари мардумон ва бузургонашон ӯро иҷобат мекунанд! Инно Лиллоҳ ва инно Илайҳи роҷиъун! Бояд аз ин фитнаи ҳувлнок ба Худованд паноҳ бурд. Бе гумон Худованд танҳо ба ҳурмати халифаи худаш ва авлиёъи ӯст ки сабр фармудааст ва заминро бо оташи хашми худ намесӯзонад ва зеру рӯ намекунад!

Билҷумла дар ҳавзаи иқтисоди як мушорикати комил ва воқеъӣ (ва на намодину хаёлӣ) миёни мардумони ҷаҳон ва иблиси лаъин вуҷуд дорад. Аммо ин поёни кор нест балки оғози моҷарои ғамангези инҳирофоти инсон аст; Зеро мушорикати шайтон дар амволи мардум ба мушорикати ӯ дар авлоди онҳо меанҷомад ва ин чизе аст ки Худованди Субҳон аз он хабар додааст: «وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ». Ин ба он ҷиҳат аст ки ҳамон тавр ки гуфта шуд, ин амволи олуда ба риҷс ва хубси иблиси лаъин, таъомеро месозад ки мардум аз он тағзия мекунанд ва рушд менамоянд ва наслҳоро месозанд. Ин амволи олуда ба нафаси манҳуси иблиси хабис, хиштҳои хонаҳошон ва деворҳои масоҷидашон ва сандалиҳои мадраса ва донишгоҳашон ва роҳҳои шаҳрашонро месозад! Ба ростӣ оё умед ба хайр метавон бурд ба нутфае ки бо таъоми ҳаром ба ҳам расидааст? Оё зери сақфе ки аз ҳаром бунёд шудааст метавон хонаводаеро сохт ки бунёди ҷомеъаи пок ва мутаъолӣ бошад? Оё дар масҷиде ки бо моли шубҳанок бино шудааст ва бунёнаш бар пояи тақво нест, ҳидоят шкал мегирад ва даъвати ҳақ лаббайк гуфта мешавад?! Ё инки залолат тарвиҷ мегардад ва аз роҳи Худо боз дошта мешавад?! «أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ تَقْوَىٰ مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ شَفَا جُرُفٍ هَارٍ» (Тавба/109).

Бинобарин боя даст аз сода андешӣ ва тағофул бардорем ва то он ҷо ки метавонем нисбат ба низоми шайтонии даҷҷол ки дуруст дар нуқтаи муқобили низоми Иломии халифаи Худо ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом аст, огоҳӣ ёбем ва огоҳирасонӣ ва рӯшангароӣ кунем ва то он ҷо ки метавонем амволу авлоди худро ва таъому наслҳои худро аз луси шайтони раҷим ва ҳизби сарнагунаш пок созем то заминаи решакан кардани комили низоми шайтон ва нобудии ниҳойии барномаи ӯ, бо таҳаққуқи хилофати халифаи Худо ба рӯӣ замин муҳаққақ шавад ин шоъ Аллоҳ.

Умед аст ки бародарон ва хоҳарони мусалмон бо баҳрагирӣ аз каломи раҳбари озода ва ростини худ ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, душманшиносии воқеъӣ дошта бошанд ва дар фитнаи саҳмгини охирул замон ки аз ҳама сӯ рӯ овардааст, ҷону мол ва дунёву охирати худро аз шарри шайтони ҷиннӣ ва инсӣ, бо тамассук ба Аллоҳ наҷот диҳанд ва ҳифз намоянд; Чунонки Ӯ беҳтарин мавло ва беҳтарин ёвар аст; Чунонки мефармояд: «وَاعْتَصِمُوا بِاللَّهِ هُوَ مَوْلَاكُمْ ۖ فَنِعْمَ الْمَوْلَىٰ وَنِعْمَ النَّصِيرُ» (Ҳаҷ/78).

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.