Сешанбе 27 июн 2017 мелодӣ баробар бо 3 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 8 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги <<Ҳақиқат>> шав!

Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги <<Ҳақиқат>> шав!

Аз ибтидои хилқати инсон то кунун ҳамвора ҷараёнҳои мавҷуд дар ин курраи хокӣ ба ду даста тақсим мешудаанд: Дастаи аввал ҷараёнҳои Илоҳӣ ва пок ки ҳамеша мазҳари <<Ҳақиқат>> будаанд ва аз Худованд сарчашма мегирифтаанд ва гумоштагони Худованд, ҳидоят ва раҳбарии онҳоро бар ӯҳда доштаанд ва ҳадафи онҳо танҳо таҳаққуқи ҳукумати <<Аллоҳ>> бар ҷаҳон будааст ва ҷуз ба сӯӣ байъат бо Худованд фаро намехондаанд. Раҳбарони ин ҷараёнҳои Илоҳӣ ҳаргиз хостори таъамини мақосиди шахсӣ ва ҳусули манофеъи дунявии худ аз қабили қудрату сарват ва шӯҳрат набудаанд ва ҳатто барои расидан ба ҳадафи муқаддаси худ низ аз тариқи савоб удул нанамудаанд. Дар воқеъ ҳамвора ормони ниҳойии ин даста он аст ки бо таҳаққуқи ҳокимияти Худованд дар ҷаҳон аз тариқи пешвойӣ ҳокими мансубаш, заминаи рушд ва шукуфо шудани ҳамаи истеъдодҳо барои тамомӣ инсонҳо дар саросари ҷаҳон фароҳам шавад ва бо барқарории адолат ба маънои <<Том>> ва <<Ҳақиқии>> он, дигар касе дар маҳрумият ба сар набарад. Худованд дар Қуръон мефармояд: «لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ» (Ҳадид/25) яъне <<Мо Расулони худро бо далоили рӯшан фиристодем ва бо онҳо китоб ва мизон нозил кардем то мардум қиём ба адолат кунанд>>. Аз ин рӯ буд ки ин наҳзат ва ҷунбиши Илоҳӣ бо ҳидояти ҳазрати Одам алайҳи салом ба унвони як инсони гумошта аз ҷониби Парвардигор шурӯъ шуд ва пас раҳбарии он дар тӯли тарих дар ихтиёри беш аз сад ҳазор Паёмбар ки ҳамагӣ аз ҷониби Худованд маъзун буданд, даст ба даст шуда то ба охарини онҳо расид ва сипас бо ҳидоят ҷонишинони мансуби эшон ба роҳи хеш идома дод ва дар ин байн барои таҳаққуқи ормони муқаддаси худ ҳамвора инсонҳои озодаро даъват карда ва бо худ ҳамроҳ намуд то инки корвонаш дар ин роҳи дароз ба манзилгоҳи даврони мо расид.

Дар муқобили ин ҷараёнҳои Илоҳӣ ҳамвора ҷараёнҳои шайтонӣ ва нопок қарор доштаанд ки <<Ботил>> буда ва моҳияте ҷуз <<Эътибороти бе бунёд ва маҷозӣ>> надоштаанд. Ин ҷараёнҳо таҳти раҳбарии даст нишондеҳҳои иблис бо тамоми тавони худ дар ҳоли гирифтани байъат барои касоне ҳастанд ки аз ҷониби Худованд мансуб набудаанд ва ҳадафе ҷуз таъмини манофеъи онҳо надоштаанд. Асари табиъӣ ва вазъӣ чунин рӯйкарде таъмин ва тамаркузи қудрат ва сарвати рӯзафзун барои ин гумоштагони шайтон ва дар пайи он фақр ва маҳрумият барои сойири ақшори мардум будааст. Табиъӣ аст ки дар чунин ҳукумат ва сохтори сӯҳбат аз заминасозӣ барои саъодат ва камоли башарият ва низ барқарории адолат, маҳалле аз эъроб нахоҳад дошт. Ин даста низ ба мувозоти дастаи қабл, фаъолияти шуми худро оғоз кардаанд ва барои эҷоди ҳадафи худ яъне фароҳам кардани заминаи зулми ҷаҳонӣ аз ҳеҷ иқдом ва амале музоиқа накардаанд ва бо тамоми тавони худ ба муқобила бо ҷабҳаи ҳақ пардохтаанд.

Аммо чизе ки сабаби таъаҷҷуб ва таҳайюри одамӣ мешавад тарих аст ки шаҳодат медиҳад ғолибан ҷараёнҳои Илоҳӣ ва раҳбарони бар ҳаққашон дар ғурбат ва мазлумият қарор доштаанд ва бо идбор ва истеҳзоъи бисёрӣ аз мардум рӯ ба рӯ мешудаанд ва дар муқобил, ин ҷараёнҳои илҳодӣ ва шайтонӣ будаанд ки ғолибан мавриди иқболи оммаи мардум қарор мегирифтаанд ва ба қудрату сарват ва шӯҳрат мерасидаанд. Аз ин рӯ, Худованд дар Қуръон мефармояд: «وَمَا تَأْتِيهِمْ مِنْ آيَةٍ مِنْ آيَاتِ رَبِّهِمْ إِلَّا كَانُوا عَنْهَا مُعْرِضِينَ» (Анъом/5) яъне: <<Ҳеҷ нишонае аз оёти Парвардигорашон ба онҳо нарсид магар инки аз он рӯйгардон будан.>> Ва низ мефармояд: «يَا حَسْرَةً عَلَى الْعِبَادِ ۚ مَا يَأْتِيهِمْ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ» (Ёсин/30) яъне: <<Афсӯс бар ин бандагон! Ҳеҷ Паёмбаре ба суроғи онҳо наёмад магар инки ӯро ба истеҳзоъ мегирифтанд>>!

Аз боби намуна, тарих шоҳиди он буд ки фиристодаи Худованд, Нӯҳ алайҳи салом нӯҳсаду панҷо сол мардумро ба ҷараёни поки Худопарастӣ ва Худогароӣ даъват ва иршод намуд ва дар ин роҳ аз ҳеҷ кӯшише фуругузори накард, аммо аз байни онҳо танҳо теъдоди бисёр касе ба даъвати ӯ лабайк гуфтанд ва бар киштии наҷоташ савор шуданд ва сойирин ки дар аксарият буданд ба истеҳзоъи ӯ пардохтанд ва дар ниҳоят дар азоби Худованд ғарқ гаштанд. Ё фиристодаи Худованд Исо алайҳи салом ба сабаби хабосати наздикон ва буғзи коҳинони яҳуд ки нисбат ба ӯ хусумат ва адоват доштанд, наздик буд ки хунаш рехта шавад, то онки Худованд ӯро ба осмон боло бурд. Ҳамчунон Паёмбари хотам салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳли байти он ҳазрат низ аз ин амр мустасно набуданд ва мазлумияти онон бар касе пӯшида нест. Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки бо вуҷуди ҳидоят ва далолати комили умматаш пиромуни баъд аз худ мавриди табаъияти касире аз уммат қарор нагирифт ва аҳли байти он Ҳазрат низ пас аз ӯ дучори ғурбату танҳоӣ ва инзиво шуданд, то ҷойе ки танҳо пас аз ҳудуди 50 сол аз вафоти Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам навода ва зуррияи он Ҳазрат яъне Ҳусейн ибни Алӣ ибни абӣ Толибро ба ҷурми амри ба маъруф ва най аз мункар ва адами пазириши байъат бо тоғут ва мубориза бо зулми ошкор сар буриданд, дар ҳоле ки ёрони бисёр каме ҳамроҳи ӯ буданд ва мардум ба рағми нидои мазлумонаи ӯ <<هل من ناصر ینصرنی>>, на танҳо ӯро вогузоштанд, балки дар муқобилаш истоданд ва бо ӯ ҷангиданд ва ё ҳам бо сукуташон ҳомии золимон шуданд.

Гӯё тарих ба исбот расондааст ки яке аз вежагиҳои ҳаракатҳои Илоҳӣ ва тарафдоронаш гирифтани онҳо дар <<Ақалият>> ва <<Мазлумият>> аст; Ба гунае ки дар саросари тарих камтар ҳаракати пок ва ҳаққеро метавон ёфт ки бо ҳамроҳии аксарияти мардум ҳамроҳ шуда бошад ва низ камтар ҳаракати ботилеро метавон ёфт ки бо ҳамроҳӣ аксарияти мардум ҳамро нашуда бошад! Аз ҳаимн рӯст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросноӣ дар китоби шарифи худ бо унвони <<Бозгашт ба Ислом>> рӯйкарди аксарияти мардумро ба ҳеҷ унвон мӯътабар намешуморанд ва табаъият аз онро нишонаи сафоҳат муъаррифӣ менамояд. Эшон дар бахшӣ аз китоби худ пиромуни тақлид аз аксарият ба унвони яке аз зерсохтҳои мавонеъи шинохт мефармоянд:

<<Бинобарин, мумкин аст ки гуфта ва кардаи аксари мардум, нодуруст бошад, бал воқеъ ин аст ки ғолиби бар он нодурустӣ аст; Зеро машҳуд аст ки аксари мардум ақлро ба кор намебанданд; Чунонки Худованд фармудааст: «بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ»[1] Ва аксари онон дучори ҷаҳланд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ يَجْهَلُونَ»[2] Ва аз илм баҳраи кофӣ надоранд; Чунонки Худованд фармдааст: «بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ»[3] Ва аксари онон тобеъи заннанд; Чунонки Худованд фармдааст: «وَمَا يَتَّبِعُ أَكْثَرُهُمْ إِلَّا ظَنًّا ۚ»[4] Ва аксари онон ҳаққро хуш намедоранд; Чунонки Худованд фармдааст: «وَأَكْثَرُهُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ»[5] Ва аз ин рӯ, аксари онон қодир ба шинохт ҳақ нестанд; Чунонки Худованд фармдааст: «بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ الْحَقَّ ۖ فَهُمْ مُعْرِضُونَ»[6] Ва аксари онон ба он имон намеоваранд; Чунонки Худованд фармдааст: «وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ»[7] Ва фармудааст: «لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَىٰ أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ»,[8] ҳар чанд барои имон овардани онон кӯшиш шавад; Чунонки Худованд фармдааст: «وَمَا أَكْثَرُ النَّاسِ وَلَوْ حَرَصْتَ بِمُؤْمِنِينَ»,[9] магар онки имони худро ба ширк биёлоянд; Чунонки Худованд фармдааст: «وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللَّهِ إِلَّا وَهُمْ مُشْرِكُونَ»[10] Ва табъан аксари онон фосиқанд; Чунонки Худованд фармдааст: «وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ»[11] Ва шокир шумурда намешаванд; Чунонки Худованд фармдааст: «وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَشْكُرُونَ»[12] Ва фармудааст: «وَلَا تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ»,[13] балки аксари онон монанди чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтар аз онҳо шумурда мешаванд; Чунонки Худованд фармдааст: «أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا»[14]! Дар ҳоле ки ақаллияти онон, ҳаққро мешиносанд ва пайравӣ мекунанд; Чунонки Худованд фармдааст: «فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ»[15] Ва фармудааст: «فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا»[16] Ва фармудааст: «تَوَلَّوْا إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۗ»[17] Ва фармудааст: «وَمَا آمَنَ مَعَهُ إِلَّا قَلِيلٌ»[18] Ва фармудааст: «وَقَلِيلٌ مِنَ الْآخِرِينَ»[19] Ва фармудааст: «وَقَلِيلٌ مِنْ عِبَادِيَ الشَّكُورُ»[20]! Аз инҷо дониста мешавад ки пайравӣ аз аксарияти мардум, ваҷҳе надорад ва аз он ҳайс монеъи шинохт шумурда мешавад ки ҳақ, ҳаргоҳ бар хилофи гуфта ё кардаи онон бошад, ботил пиндошта мешавад; Чунонки Худованд фармдааст: «وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ»;[21] <<Ва агар аз аксари касоне ки дар заминанд пайравӣ куни, туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд>>!>>[22]

Шояд аз инҷо битавон далили пур шудани ҷаҳаннам аз одамиён ва ҷинниёнро дарк кард, онҷо ки мефармояд: «يَوْمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ امْتَلَأْتِ وَتَقُولُ هَلْ مِنْ مَزِيدٍ» (Қоф/30) яъне: <<Рӯзе ки ба ҷаҳаннам мегӯйем оё пур шудаи? Ва ӯ мегӯяд оё афзун бар ин ҳам вуҷуд дорад?!>>.

Бо ин ҳол руияи шигифтангез ва таъассуфбори табаъият аз аксарият бо вуҷуди бедоҳати бутлонашон дар тӯли тарих борҳо такрор шуд ва акнун мо дар замони худ назорагари он ҳастем ки ҳар гурӯҳ аз мардум ба гирди касе аз байни худашон ҷамъ шудаанд ва ӯро ки фазилат ва бартарии маҳсусе нисбат ба сойирин надорад, бар молу ҷон ва номуси худ мусаллмт сохтаанд ва дар тарафи дигар пушт ба халифаи Худо намудаанд ва аз ӯ ва баракоташ ғофил шудаанд. Шояд битавон аз як нигоҳ решаи рӯй овардани аксарияти мардум ба ботилро дар равнақ ва ривоҷи он ёфт; Бадин маъно ки вақте фардӣ тамаркузи қудрат, сарват ва ҷамъиятро дар ҷабҳаи ботил мебинад аз муқобила дар баробари он метарсад ва мунфаъил мешавад ва ҳақталабии ӯ мағлуби офият талафияш мегардад ва ё инки манфиъат талабӣ пеша мекунад ва ба умеди таҳсили ризои ҳокимон ҷавр ва баҳараи ночиз аз ҷифаи дунё даст ба ҳар иқдоме мезанад. Иддаи дигар ҳам бо дидани шавкат ва ғалабаи ботил, нохудогона ингуна истинбот мекунанд ки лобуд ҳаққе дар миёни будааст ки инчунин шавкатеро ба армуғон овардааст ва аксариятро бо худ ҳамроҳ намудааст, лизо эҳтимоли иртикоби иштибоҳро аз аксарияти мардум баъид мепиндоранд агарчи онки бутлони ончи мардум бар онанд <<أظهر مِن الشمس>> бошад!

Ҳамон тавр ки маълум аст иттихози ҳеҷ як аз руияҳои фавқи саҳиҳ нест ва натойиҷ манфӣ ва фоҷиъаомези он дар ҷаҳон низ машҳуд ва малмус аст. Онҳойе ки дар бароабри ҳокимони ҷавр ва ҳукуматҳои номашруъашон иқдоме намекунанд то мабодо газанде ба онҳо бирасад аввалан бояд мутаваҷҷеҳ бошанд ки акнун низ бо бебаҳра мондан аз баракоти ҳукумати адли Илоҳӣ ва низ қарор гирифтан зери туғи бандагии золимон аз зулмашон масвун нестанд ва сониян қудрати онҳо маҳсул ва натиҷаи мустақими ҳимояти аксарияти мардум ва сукуташон дар бароабри золимон аст. Пас ҳаргоҳ ҳамин аксарият, муттаҳид бо ҳам даст аз иъонати ин золимон ва сукумт дар баробарашон бардоранд, дигар барои онҳо маҷоле барои ҷавлон боқӣ нахоҳад монд ва Худованд низ ба унвони бузургтарин пуштибон ва ҳомии онҳо хоҳад буд; Чунонки дар Қуръон фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ يُدَافِعُ عَنِ الَّذِينَ آمَنُوا» (Ҳаҷ/38) яъне <<Худованд аз касоне ки имон овардаанд дифоъ мекунад.>> Сониян бояд дар назар дошта бошнад ки шойиста аст аз қаҳр ва ғазаби Худованд дар рӯзи қиёмат бештар битарсанд то аз сарнайзаи золимон; Чароки ҳокимони золим ва ғосибони хилофати халифаи Худованд ҷуз сӯъи истифода аз ҷаҳли мардум нодони ва қулдури абзоре надоранд ва қатъан азоби охират шадидтар ва поядортар аст; Ҳамонтавр ки Худованд мефармояд: «وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبْقَىٰ» (Тоҳо/127) аммо онҳое ки чашми умед ба касби ризояти ин ҳуккоми ҷавр бастаанд ва рӯзи худро дар пайи чоплусӣ ва тамаллуқ барои онҳо ба шаб мерасонданд то бадин васила ба сарвати ночиз ё ҷо ва мақомӣ муваққатӣ даст ёбанд, бояд бидонанд ки дастоварди ҳукумати адли Илоҳӣ барои онҳо дар дунё ва охират бештар ва беҳтар аст, чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ» (Қасас/60) яъне: <<Ва ончи назди Худост беҳтар ва поядор аст.>> Бинобарин ин гурӯҳ беҳтар аст то ба ҷои онки бо хиффат ба ин ҳокимони ғосиб ва золим хидмат кунанд, бо эҷоди заминаи ҳукумати гумоштаи Худованд бо иззати дунё ва охират худро обод созанд.

Ҳосил онки мондан дар гурӯҳи аксарияти мардум модоме ки дар меҳварият гумоштаи Худованд набошанд на танҳо амният ва офиятро ба ҳамроҳ намеовард, балки бо ин мафоҳим дар тазод аст ва ҳаркас бо ин таваҳҳуми шум ҳозир ба пайвастан ба ҳаркотҳои ислоҳӣ ва ҳаққе ки дар партувӣ ҳидояти Қуръон ва рушангарии ақл ба ҳукумати Худованд ва халифаи Ӯ дар замин даъват мекунанд, нашавад ба ташнае мемонад ки барои сероб шудан ба ҷои шитофтан ба сӯӣ дарё, онро во мегузорад ва бо дидани сароб, давон давон роҳии биёбон мешавад. Онҳойе ки имрӯз дар зери бори таҷовузоти ҷинояткорона ва ҳамалоти бераҳмонаи душманони Ислом тоби муқовимат надоранд ва фарёди истисол ва бечорагӣ сар медиҳанд, ҳамонҳое ҳастанд ки дирӯз ба умеди амният ва офият ҳозир ба ҳамроҳӣ ва пайвастан ба ҷараёнҳои ҳақ ва гумоштагони Худованд ва ҷиҳод дар ин роҳ нашуданд ва инон ки имрӯз ба ҳамон далили воҳии дил ба музокира ва мусолиҳа бо душманони дини Худованд хуш кардаанд ва ба даъвати наҳзатҳои поке назири наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> пушт намудаанд, ҳамонҳойе хоҳанд буд ки фардо назири ин бечорагон фарёди изтирор сар хоҳанд дод. Пас барои ҳар ду гурӯҳ беҳтар он аст ки беш аз ин фурсатро аз даст надиҳанд ва бо пайвастан ба якдигар ва иттиҳод бо ҳам ба сӯӣ <<Маҳдӣ>> ба унвони халифаи Худованд дар рӯӣ замин ҳаракат кунанд. Ин ҳамон ҳаракат ва ҳадафи мубораке аст ки ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, раҳбари наҳзати мубораки <<Бозгашт ба Ислом>>, дар китоби гаронқади худ онро табйин намудаанд ва дар амал ба он вафодоранд. Бо ин ҳол, имрӯз ҷавонони хушфикр ва мусалмонони озод андеше ҳастанд ки касрати ҷамъият, чашми ҳақбини онро кӯр насохта ва боъис нашудааст ки меъёри ростини шинохти ҳақиқатро аз ёд бубаранд. Инон касоне ҳастанд ки ба ҳидоят ва лутфи Парвардигорашон ба ҷаҳли аксарият пай бурдаанд ва бар хилофи дигарон барои расво нашудан дар дунё ҳамранги ҷамоъат нагаштаанд, балки барои расво нашудан дар охират, ҳамранги ҳақиқате шудаанд ки дар ақаллият аст; Чароки онон ба ҳимояти Парвардигорашон умед бастаанд ва бо таваккал бар Ӯ нидои <<Албайъату Лиллоҳ>> сар медиҳанд то соири мусалмононро низ аз хобу рӯъёи ҷаҳл, инфиъол, сустӣ ва офиятталабӣ бедор кунанд ва онҳоро ба сӯӣ ҳукумати Аллоҳ ки бисёр илм, пӯёӣ ва саъодат аст савқ диҳанд.

Ба умеди инки мусалмонон ҳарчи зудтар ба иштибоҳ ва ғафлати муҳлики худ ки қидматӣ ба дарозои тарих дорад, пай бибаранд ва ба танҳо ҷараёни ҳақи мавҷуд яъне наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> ки меҳварияте ҷуз даъват ба сӯӣ халифаи Худованд ва заминасозӣ барои ҳукуматаш бидуни ҳеҷ иддаъое надорад, бипайванданд то бидуни васила дасти ҳуккоми ҷаврро аз ҷону мол ва номусу иззати худ кӯтоҳ кунанд ва дар идомаи тарих онҳоро ба инзиво бикашонанд ва мактаби ҳақ ва тарафдоронаш паҳнаи оламро пур аз адолат намоянд; Ҳамчунонки пур аз зулм ва фасод шудааст. Албатта ин ваъдаи Худованд аст ки: «وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ» (Қасас/5) яъне: <<Ва мехоҳем ки миннат ниҳем бар касоне ки дар замин заиф шумурда шуданд ва онҳоро пешвоён ва ворисон қарор диҳем>> Ва ин ба хостаи Худованд муҳаққақ хоҳад шуд, агарчи мушрикон хуш надоранд.

<<و الله یختصّ برحمته من یشاء>>

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Анкабут/63.

↑[2] . Анъом/111.

↑[3] . Наҳл/75.

↑[4] . Юнус/36.

↑[5] . Муъминун/70.

↑[6] . Анбиёъ/24.

↑[7] . Ҳуд/17.

↑[8] . Ёсин/7.

↑[9] . Юсуф/103.

↑[10] . Юсуф/106.

↑[11] . Тавба/8.

↑[12] . Намл/73.

↑[13] . Аъроф/17.

↑[14] . Фурқон/44.

↑[15] . Бақара/88.

↑[16] . Нисоъ/155.

↑[17] . Бақара/246.

↑[18] . Ҳуд/40.

↑[19] . Воқеъа/14.

↑[20] . Сабаъ/13.

↑[21] . Анъом/116.

↑[22] . Бозгашт ба Ислом, 59-60

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.