Шанбе 22 июл 2017 мелодӣ баробар бо 28 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 5 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Тасаллути мунофиқон бар ҷаҳони Ислом

Тасаллути мунофиқон бар ҷаҳони Ислом

   «وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُعْجِبُكَ قَوْلُهُ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَيُشْهِدُ اللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلْبِهِ وَهُوَ أَلَدُّ الْخِصَامِ» (Бақара/204)

<<Ва аз мардум касе аст ки дар зиндагии дунё суханаш туро мутаъаҷҷиб месозад ва Худоро бар ончи дар дил дорад гувоҳ мегирад ва ҳол онки ӯ сахттарин душманон аст>>.

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар қисматҳое аз асари ҷовидони худ <<Бозгашт ба Ислом>> ба муъаррифӣ ва ифшои моҳияти душманони Ислом мепардозад ва бо нигоҳӣ амиқ ва воқеъбинона, хатарноктарини ононро дар урдугоҳи худи мусалмонон ва иборот аз ҳокимони худфурухта ва хоъини онон медонанд; Зеро ин ҳокимон ҳастанд ки нуфузи кофиронро дар миёни мусалмонон мумкин месозанд ва ҳамсӯ бо манофеъи онон мавзеъгирӣ ва иқдом мекунанд ва ба тазъиф ва тахриби наҳзатҳои Исломӣ ва ислоҳе дар минтақа мепардозанд. Ин олими содиқ дар бахше аз гуфтори худ пиромуни душманони Ислом ба ҳокимони мусалмон ишора намуда ва мефармояд:

<<...Вонгаҳе гурӯҳе аз душманони Ислом, мунофиқоне ҳастанд ки мусалмон шумурда мешаванд, дар ҳоле ки ба ончи Худованд бар Паёмбараш нозил кардааст, кофиранд ва барои нобудии Ислом ва истилоъи куфр бар ҷаҳон, бо кофирон ҳамкорӣ мекунанд ва ин дар ҳоле аст ки мусалмонон, ононро намешиносанд ва аз куфри онон, огоҳӣ надоранд; Чунонки Худованд аз куфри онон хабар дода ва фармудааст: «وَلَوْ كَانُوا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالنَّبِيِّ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مَا اتَّخَذُوهُمْ أَوْلِيَاءَ وَلَٰكِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ فَاسِقُونَ»;[1] <<Агар онон ба Худо ва Паёмбар ва чизе ки ба ӯ нозил шудааст имон доштанд, ононро дӯстони худ намегирифтанд, вале бисёришон фосиқ ҳастанд>>! Онон дар воқеъ, шуморе аз кофиронанд ки ҳокимони мусалмон шумурда мешаванд ва аз ҷониби кофирон, барои ҳукумат бар мусалмонон ҳимоят мешаванд, то манофеъи кофиронро дар миёни мусалмонон, таъмин кунанд!...>>[2]

Бо нигоҳе ба тарихи Ислом ва мурури таҷрибаҳои талх ва ногувори он дармеёбем ки ҳақиқати дардноке ки ҳазари аллома ба он ишора мефармоянд танҳо мунҳасир ба замони мо нест, балки душманони Ислом дар бурҳаҳои гуногуни тарих, дар ду ҷабҳа ва бо ду чеҳра алайҳи Ислом машғули ҷанг будаанд: Яке дар ҷабҳаи кофирон ва бо чеҳраи душманони ошкори дини Худо ва дигарӣ дар ҷабҳаи мусалмонон ва бо ниқобӣ фиребкорона ва мусалмонгуна! Душманони ҷабҳаи куфр, ҳамвора адоваташон возеҳ ва мавозеъашон маълум будааст ва ҳамеша дар тӯли тарих бо роҳбурдҳои такрорӣ ва синариҳои мушаххас ва тарихи масруф гашта ба дунболи тазъифи неруӣ мусалмонон ва нобудии Ислом будаанд, аммо онон ба воситаи халаъҳои гуногун ва адами имкони шикастани суфуфи мусалмонон дар ин хостаи худ ҳамвора номувафақ будаанд, магар он замоне ки мувафақ шудаанд роҳи нуфузе дар ҷабҳаи мусалмонон биёбанд ва сутуни паҷуме аз миёни худро барои тазъиф ва тахриби суфуфи якпорчаи мусалмонон истихдом кунанд; Омиле ки ҳам ҳофизи манофеъи эшон дар миёни мусалмонон ва ҳам тариқи мутмаъине барои огоҳӣ аз нуқоти заъфи онон бошад то онки ниҳоятан дар фурсатӣ истисноӣ ва бо тавтиъаи пинҳони, ханҷари куфорро аз пушт бар пайкари Ислом ворид кунад ва зарбаеро ки куфор ҳаргиз қодир ба ворид сохтани он набуданд, бидуни ҳаргуна монеъе ворид созад; Монанди душмани заъиф ва ҳақире ки ёроии муқобилаи рӯ дар рӯ бо ҳариҳи худро дар майдони ҷанг надорад, аммо барои аз по даровардани ӯ, бо найрангӣ касиф вириусӣ муҳликро ба бадани ӯ мунтақил менамояд то онки амалан ӯро аз по дароварад ва бедифоъ созад ва онгоҳ бидуни ҳеҷ воҳимае болои сараш ҳозир шавад ва корашро яктарафа намояд.

Оре, ҳамеша заҳрогинтарин ва хатарноктарин душманони Ислом дар ҷабҳаи худӣ қарор доштаанд; Касоне ки ниқоби риёкоронаи Исломро бар чеҳра задаанд ва динро сипари балои хеш кардаанд, дар ҳоле ки ҳақиқатан ба он бовар надоранд ва аҳмияте намедиҳанд. Ҳақиқат он аст ки тувтиъачиниҳои мунофиқони маккор ва хиёнатҳои ғофилгир кунандаи онон то кунун заработи сахт ва ҷуброннопазиреро бар пайкари уммати Исломӣ ворид сохтааст. Шикасти бисёрӣ аз наҳзатҳои бедоргар ва инқилобӣ, бо ёрии ҳамин хоъинон муяссар гардида ва инзивоу ғурбати муҷоҳидони ростини мусалмон маълули хабосати ҳамин гурӯҳ аст. Бисёрӣ аз пешвоёни мусалмон ва раҳбарони муҷоҳид бо ҳилаи шаниъи ин ҷамоъат аз пой даромадаанд ва ҳамин гуна шудааст ки таҳаққуқи адолат бар рӯӣ замин пайваста ба таъхир афтода ва фарҷ аз ин уммат фосила гирифта аст.

Ҷои бисёр нигаронӣ ва таъассуф аст ки дар ҳоли ҳозир фитнаи ин мунофиқон бисёр печида шуда ва абъоди тозае ба худ гирифтааст. Аносури нифоқ дар кишварҳои Исломӣ ба қудрат расидаанд ва ҳокимият бар мусалмононро дар ихтиёр гирифтаанд; Ҳокимоне ки ба зоҳир, мусалмонанд аммо сарсупурдагӣ ва инқиёдашон дар баробари кофирон ё зиддият ва адоваташон бо ҷараёнҳои Исломӣ аз куфри онон дар ботин ҳикоят дорад. Гурӯҳе аз онон бо шиъорҳои суннӣ, тафаккуроти нодурусти Умавӣ ва Аббосиро бар бахши касире аз мамолики Исломӣ густариш медиҳанд ва бо ишоъаи ифротгароӣ ва ҳимояти сиёсӣ ва таслиҳотӣ аз гурӯҳҳои тируристӣ, ҷон ва мол ва номуси мусалмонони бегуноҳро ҳадаф қарор медиҳанд ва гурӯҳе аз онон бо шиъорҳои шиъаӣ, хурофагароӣ ва бидаътҳои мазҳабиро дар кишварҳои Исломӣ густариш медиҳад ва муҷиби ваҳни Ислом ва ихтилоф миёни мусалмонон мешавад ва ҷолиб он аст ки ҳар дуӣ онон, дар душманӣ бо поктарин даъвати замон ба сӯӣ иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон иттифоқи назар доранд ва барои ҳифзи қудрати худ ва пешгирӣ аз ба қудрат расидани халифаи Худованд дар замин аз ҳеҷ шарорат ва шайтанате фуругузор намекунанд! Чунонки ба унвони намуна, аносури муздур ва худфурухтаи онон ки ба ҳеҷ меъёре ҷуз арбобони худ бовар надоранд, ҳар рӯз дар ҳоли дасиса ва тувтиъачиние барои зарба задан ба наҳзати мутаҳҳари <<Бозгашт ба Ислом>> ва садди роҳи раҳбари озода ва бузурги он Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳастанд ва барои ин манзур, ба ҳар дуруғ ва тӯҳмат ва зулм ва иқдоми харобкорона ва палиде даст мезананд. Чи бисёр ҷавонони фарҳехта ва мутаъаҳҳиде ки ба ҷурми иҷобати даъвати ҳақ ба сӯӣ Исломи холис ва комил, дар зиндонҳои онон ба сар мебаранд ва ранҷ мекашанд ва чи бисёр мардон ва занони мӯҳтарам ва шарифе ки ба ҷурми тарҷеҳи Маҳдӣ бар худоёни онон, бадном ва бе обуру мешаванд ва мавриди маломат ва иҳонат қарор мегиранд!

Бегумон имрӯз беш аз ҳар замони дигаре хатари нифоқ ва таҳдиди мунофиқон эҳсос мешавад; Чароки қудратҳои мунофиқи минтақа рӯз ба рӯз дар ҳоли густохтар шудан ҳастанд ва душманиҳои худ бо Исломро ошкортар месозанд. Ин буҳрони азим ва фитнаи бузурге аст ки ба шакли фазояндае дар ҳоли густариш аст ва тардиде нест ки мусалмонон бояд дар баробари он ҳушёр бошанд то дар талаи маргбори онон наяфтанд.

Албатта шакке нест ки хатми ин фитнаи шайтонӣ тавассути халифаи Худованд дар замин анҷом хоҳад шуд; Зеро касе ҷуз ӯ тавони ғалаба бар ин шарурони фитнагар бо шикамҳои бузург ва гардангоҳи кулафташонро надоранд ва ӯ ҳамон Маҳдии оли Муҳаммад аст ки ба ваъдаи қатъии Худо ва Расулаш, ҷаҳонро аз адолат пур мекунад ҳамотавр ки аз зулм ва ҷавр пур шуда бошад, вале воқеъият ин аст ки барои таҳаққуқи ҳокимияти ин бузургвор ва муқобилаашон бо мунофиқони шайтон сифат, наметавон даст бар рӯӣ даст гузошт ва ба дуъо ва иноба барои зуҳури он ҳазрат басанда кард, балки зарурӣ аст иҷтимоъе аз мусалмонони мухлис ва муҷоҳид барои ҳимоят ва нусрати ҳамаҷониба аз он ҳазрат шакл дод ва омодагии худ барои ҳифозат ва иъонати ӯро эълом намуд ва байъати ботили худ бо соири ҳокимонро шикаста ва бо халифаи барҳаққи Худо бар рӯӣ замин байъат кард; Чароки бидуни шаклгирии чунин иҷмоъе, зуҳури Маҳдӣ мумкин нахоҳад шуд ва замонате барои бақо ва пирӯзии ӯ нахоҳад буд ва ин ҳамон ҳадафи волое аст ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуроснӣ бо наҳзати Исломӣ ва мадумии худ, онро пай мегирад ва барои таҳаққуқи он талош мекунад ва аз ин рӯ, наҳзати мубораи эшон, беҳтарин фурсат барои гирдиҳамоӣ ва иҷтимоъи ҷавонаони дӯстдори Маҳдӣ ва мунтазирони ҳақиқии зуҳури ӯ ҷиҳати эъломи вафодорӣ ва байъат бо он ҳазрат аст; Наҳзате ки бо шиъори <<Ал байъату Лиллоҳ>> ҳар байъате ҷуз халифаи Худованд бар рӯӣ заминро байъат бо тоғут медонад ва бо эътиқод ба имкони таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ ба шарти фароҳам шудани заминаҳои зуҳур, барои ҳокимияти он ҳазрат ба сурати айнӣ ва амлӣ заминасозӣ мекунад. Лизо зарурӣ аст ҳамаи касоне ки дар иддаъои худ мабнӣ бар ёрии, муҳаббат ва интизори фараҷи оли Муҳаммад ростгӯ ҳастанд, ҳар чи зудтар по ба майдон бигзоранд ва барои наздик шудан ва таҳаққуқи амалии зуҳури Маҳдӣ ба гирди ин парчами ҳидоят ҷамъ шаванд ва нидои огоҳибахш ва бедоргари <<Бозгашт ба Ислом>> ро бо садои баланд фарёд бизананд, ҳар чанд мунофиқони кӯрдил ва шайтонсифат хуш надошта бошанд ва аз фарти ҳасодат ва ғазаб дар ҳоли инфиҷор бошанд!

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Моъида/81.

↑[2]. Бозгашт ба Ислом, с 44 ва 45

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.