Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 3 Код: 77
Мавзӯъ:

Се гуфтор аз он ҳазрат дар бораи вуҷуби тавофи нисоъ

1 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمٰنِ الْهِرَوِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانِيَّ يَقُولُ: لا يَتِمُّ حَجُّ أَحَدِهِمْ حَتّىٰ يَقْضِيَ تَفَثَهُ وَ يُوفِيَ نُذُورَهُ وَ يَطُوفَ بِالْبَيْتِ الْعَتِيقِ طَوافَيْنِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Ҳаҷҷи ҳеҷ як аз онон тамом намешавад то он гоҳ ки олудагиҳояшро бизудоянд ва назрҳояшро вафо кунад ва ду бор хонаи кӯҳнаро тавоф намояд!

2 . أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبيبٍ الطَّبَرِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ طَوافِ النِّساءِ فَقالَ: واجِبٌ وَ كانَ عِنْدَهُ رَجُلٌ مِنَ الْمالِكِيَّةِ فَقالَ الرَّجُلُ: وَ ما طَوافُ النِّساءِ؟! فَقالَ لَهُ الْمَنْصُورُ: يُرِيدُ طَوافَ الْوِداعِ! قالَ الرَّجُلُ: أَهُوَ واجِبٌ؟! قالَ: نَعَمْ إِلّا عَلَى الْحائِضِ إِذا خافَتْ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Аз ҳазрати Мансур дар бораи тавофи нисоъ пурсидам, пас фармуд: Воҷиб аст, дар ҳоле ки марде аз моликия назди ӯ буд, пас мард гуфт: Тавофи нисоъ чист? Ҳазрати Мансур ба ӯ фармуд: Манзураш тавофи видоъ аст! Мард гуфт: Оё он воҷиб аст? Фармуд: Оре, магар бар зани ҳоъиз ҳаргоҳ (аз ҷо мондан) битарсад!

3 . أَخْبَرَنا عَبْدُ السَّلامِ بْنُ عَبْدِ الْقَيُّومِ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الرَّجُلِ يُجامِعُ أَهْلَهُ قَبْلَ أَنْ يَطُوفَ طَوافَ النِّساءِ، فَقالَ: يُهْرِيقُ دَماً وَ يَطُوفُ! قُلْتُ: إِنَّهُ قَدْ طافَ طَوافَ الْحَجِّ وَ هُوَ لا يَعْلَمُ طَوافَ النِّساءِ! قالَ: أَ يَعْلَمُ طَوافَ الْوِداعِ؟ قُلْتُ: نَعَمْ، قالَ: فَيَطُوفُ وَ لَيْسَ عَلَيْهِ شَيْءٌ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуссалом ибни Абдулқайюум моро хабар дод, гуфт: Аз ҳазрати Мансур дар бораи марде пурсидам ки бо ҳамсари худ зиндагӣ мекунад пеш аз онки тавофи нисоъро анҷом диҳад, пас фармуд: Хуне мерезад ва тавоф мекунад! Гуфтам: Ӯ тавофи ҳаҷро анҷом додааст ва аз тавофи нисоъ огоҳӣ надорад! Фармуд: Оё аз тавофи видоъ огоҳӣ дорад? Гуфтам: Бале, фармуд: Пас тавоф мекунад ва бар ӯ чизе нест!

Шарҳи гуфтор:

Барои хондани шарҳе бар ин гуфторҳои нуронӣ, ба пурсиш ва посухи 222 муроҷиъа кунед:

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?