Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 12 Код: 72
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат ҳангоме ки шунид душманонаш ӯро иҳота кардаанд.

Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки шунид душманонаш ӯро иҳота кардаанд, даст ба дуъо бардошт ва фармуд:

<<Эй Худованд! Бандаатро дарёб; Чароки душманонат монанди гургҳо ба ӯ ҳамла овардаанд ва монанди кафторҳо ӯро иҳота кардаанд, дар ҳоле ки барои куштанаш аз ҳам пешӣ мегиранд ва барои хӯрданаш бар сари якдигар мезананд ва об аз даҳонашон бар рӯйи замин ҷорӣ аст! Чашмҳошон аз ғазаб хунолуд аст ва панҷаҳошон монанди ханҷарҳои кашида намоён! Гоҳе ба сӯӣ ӯ медаванд ва гоҳе бар рӯйи ӯ меҷаҳанд! Ҳар як гуруснатар аз дигарӣ, бо ғурришҳойи мумтад ва мукаррар! Инки машъали хешро фурузон кун ва чӯбаи хешро биҷунбон ва ононро бо фарёдат битарсон, то монанди гурбаҳо гурезон шаванд ва аз ҳар чизи баланде боло раванд; Чароки онон аз ҳузури Ту ғофиланд ва бар сӯӣ ҳар зулме мойиланд! Ҳамвора ба хуни ман ташнаанд ва дар интизори лағзишам ба сар мебаранд! Калимоти даҳонамро мешуморанд ва радди поҳоямро дунбол мекунанд! Аз афтоданам хушнуд мешаванд ва бар нолаҳоям қаҳқаҳ сар медиҳанд! Синаҳояшон аз буғзи ман гудохта ва дилҳошон аз кинаи ман оканда! Орзуманданд ки мағзи манро бикананд ва умедворанд ки кабеди манро бихуранд! Дар ҳоле ки ман ба онон ситаме накардаам ва ҷону молае аз онон наситондаам, балки ононро ба сӯӣ Ту фаро хондаам ва ба ёрии халифаат фармон додаам, то ононро аз рӯӣ меҳр бибахшойи ва ба замине ки ваъда додаи бирасонӣ, то аз боло ва пойинашон бихуранд ва пас аз серӣ гурусна нашаванд! Пас оё душманӣ бо ман барои онон баҷост?! Ё сабби ман барои онон равост?! Дар ҳоле ки ман падари меҳрубони онон ва бародари ғамхорашон ҳастам ва барои хушбахтияшон ранҷ мебарам ва барои наҷоташон хатар мекунам, бе ҳеҷ музде ки бар онон гарон ояд ё тозиёнае ки ононро биторонад, то пас аз гумроҳӣ роҳро биёбанд ва пас аз бечорагӣ чораро; Ҳангоме ки тӯфони фитна бар онон мевазад ва тандӯр оташ бар онон мезанад ва тагарги зулм бар онон меборад ва паноҳгоҳе барои онон нест>>!

Сипас рӯйи худро ба мо намуд ва фармуд:

<<Ман шамъи шумо дар торикиҳои зимистон ҳастам! Ба ман наздик шавед то рӯшанойи ёбед ва аз ман дурӣ наҷӯйед ки дар торикӣ фуру мемонед ва Худованд ба коре ки мекунед огоҳ аст>>!

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?