Панҷшанбе 14 ноябр 2019 мелодӣ баробар бо 17 рабеъ-ул-аввал 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 1 Код: 70
Мавзӯъ:

Се гуфтор аз он ҳазрат ҳокӣ аз инки хӯрданиҳои ҳаром маҳдуд ба чизҳойе аст ки дар китоби Худованд ҳаром шуда, вале хӯрдани бархӣ чизҳои дигар макрӯҳ аст.

1 . أَخْبَرَنا حَمْزَةُ بْنُ جَعْفَرٍ الْقُمِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ أَيَّدَهُ اللّهُ تَعالىٰ يَقُولُ: إِنَّكُمْ لَتُحَرِّمُونَ أَشْياءَ ما جَعَلَهَا اللّهُ إِلّا مَكْرُوهَةً فَكُلُوا مِنْ كُلِّ شَيْءٍ إِلّا ما حَرَّمَ كِتابُ اللّهِ! ثُمَّ قَرَأَ: «قُلْ لَا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنْزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ ۚ»!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳамза ибни Ҷаъфари Қумӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аядуллоҳ таъоло мефармояд: Ҳароина шумо чизҳойеро ҳаром медонед ки Худованд онҳоро ҷуз макрӯҳ қарор надодааст, пас аз ҳар чизе бихуред магар чизе ки китоби Худованд ҳаром кардааст! Сипас (ин ояро) тиловат фармуд: <<Бигӯ дар чизе ки ба ман ваҳй шудааст чизе ки бар хурандаи он ҳаром бошад намеёбам магар инки мурдоре ё хунӣ рехта шуда ё гӯшти хуке бошад ки наҷас аст ё фисқе бошад ки номи Худованд бар он бурда шудааст>> (Анъом/ 145)!

2 . أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبِيبٍ الطَّبَرِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْأَرْنَبِ وَ السَّنْجابِ وَ السُّلَحْفاةِ وَ الْحَيْوانِ الَّذِي لَمْ يُحَرِّمْهُ اللّهُ فِي الْقُرآنِ، فَقالَ: كُلٌّ مِنَ الطَّيِّباتِ فَاخْتارُوا الْأَطْيَبَ مِنْها فَالْأَطْيَبَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар додо, гуфт: Аз ҳазрати Мансур дар бораи харгӯш ва санҷоб ва локпушт ва ҳайвоноти дигар пурсидам ки Худованд дар Қуръон ҳаром накардааст, пас фармуд: Ҳамаи онҳо покизаанд, пас аз миёни онҳо ҳар чи покизатар астро ихтиёр кунед!

3 . أَخْبَرَنا عِيسَى بْنُ عَبْدِ الْحَمِيدِ الْجُوزَجانِيُّ، قالَ: دَخَلَ الْمَنْصُورُ سُوقاً وَ أَنا مَعَهُ فَمَرَّ عَلىٰ دُكّانٍ فِيهِ الْحِيتانُ فَرَأىٰ فِيهِ السِّلَوْرَ وَ الْمارْماهِيَ، فَأعْرَضَ عَنْهُ وَ قالَ: أُفٍّ! أُفٍّ! قُلْتُ: أَ حَرامٌ هٰذا؟ قالَ: لا، إِنَّمَا الْحَرامُ ما حَرَّمَ اللّهُ فِي كِتابِهِ وَ لٰكِنَّهُمْ كانُوا يَعافُونَ الشَّيْءَ فَنَحْنُ نَعافُهُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Исо ибни Абдулҳамиди Ҷавузҷонӣ моро хабар дод, гуфт: Ҳазрати Мансур дар ҳоле ки ман ҳамроҳаш будам ба бозоре дохил шуд бар дӯкконе гузашт ки дар он моҳиҳо буд, пас дар он гурбамоҳӣ ва мормоҳӣ дид, пас рӯйи худро баргардонд ва фармуд: Уф! Уф! Гуфтам: Оё ҳаром аст? Фармуд: На, ҳаром чизе аст ки Худованд дар китобаш ҳаром кардааст, вале онҳо (яъне салафи солеҳ) аз чизе кароҳат доштанд, пас мо низ кароҳат дорем!

Шарҳи гуфтор:

Барои огоҳии бештар дар бораи ин нуктаи муҳим, ба пурсиш ва посухи 118 муроҷиъа кунед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?