Якшанбе 15 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 18 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 7 Код: 67
Мавзӯъ:

Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳуки фарзанди ҳосил аз раҳими иҷораи

1 . أَخْبَرَنا يُونُسُ بْنُ عَبْدِ اللّهِ الْخَتْلانِيُّ، قال: ذُكِرَ عِنْدَ الْمَنْصُورِ إِجارَةُ الْأَرْحامِ فَقالَ: لا تَحْمِلُ الْمَرْأَةُ فِي بَطْنِها إِلّا وَلَدَها وَ لا تَضَعُ إِلّا وَلَدَها! قُلْتُ: فَما لِصاحِبَةِ الْماءِ؟! فَأَخَذَ بِيَدِهِ كَفّاً مِنَ التُّرابِ وَ قالَ: هٰذا! قُلْتُ: فَهَلْ لَها أَنْ تَنْكِحَ ذٰلِكَ الْوَلَدَ؟ قالَ: لَيْسَ لَها إِلّا هٰذا -وَ أَشارَ إِلَى التُّرابِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Назди ҳазарти Мансур аз иҷораи раҳимҳо ёд шуд, пас фармуд: Зан ҷуз фарзандашро дар шиками худ ҳамл намекунад ва ҷуз фарзандашро намезояд! Гуфтам: Дар ин сурат барои зани соҳиби об чист?! Пас бо дасти худ муштӣ хокро баргирифт ва фармуд: Ин! Гуфтам: Бо ин васф, оё барои ӯ ин имкон ҳаст ки (дар оянда) бо он фарзанд никоҳ кунад? Фармуд: Барои ӯ ҷуз ин нест –ва ба хок ишора фармуд!

2 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ إِبْراهِيمَ الشِّيرازِيُّ، قالَ: سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ يَسْتَأْجِرُ رَحِماً لا يَحِلُّ لَهُ فَيُفْرِغُ فِيهِ ماءَهُ وَ ماءَ امْرَأَتِهِ فَيَخْرُجُ وَلَدٌ، لِمَنْ يَكُونُ الْوَلَدُ؟ قالَ: قَضىٰ رَسُولُ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ بِأَنَّ الْوَلَدَ لِلْفِراشِ! قُلْتُ: كَيْفَ وَ يَكُونُ الْماءُ لِلْمُسْتَأْجِرِ؟! قالَ: هٰكَذا قَضىٰ رَسُولُ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ! قُلْتُ: فَإِنْ لَمْ يَكُنْ لِلرَّحِمِ فِراشٌ فَلِمَنْ يَكُونُ الْوَلَدُ؟ قالَ: لِلشَّيْطانِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки раҳими (зане) ҷуз ҳамсараш ки барои ӯ ҳалол нестро иҷора мекунад, пас оби худ ва оби ҳамсарашро дар он мерезад, пас фарзанде берун меояд, фарзанд барои кист? Фармуд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам файсала кард ки фарзанд барои фарош (яъне шавҳари зани иҷора диҳанда) аст! Гуфтам: Чигуна? Дар ҳоле ки об барои иҷора кунанда аст! Фармуд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ин гуна файсала кард! Гуфтам: Пас агар барои раҳим фароше (яъне шавҳаре) набошад, фарзанд барои кист? Фармуд: Барои шайтон!

Шарҳи гуфтор:

Аз ин ду гуфтори нуронӣ дониста мешавад ки модари инсон касе аст ки ӯро дар раҳими худ парваронда ва ба дунё овардааст; Чунонки Худованд дар китоби худ ба рӯшанӣ фармудааст: «يَخْلُقُكُمْ فِي بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ خَلْقًا مِنْ بَعْدِ خَلْقٍ فِي ظُلُمَاتٍ ثَلَاثٍ ۚ» (Зумар/ 6); <<Шуморо дар шикамҳои модаронатон Меофаринад офаринише пас аз офаринишӣ дигар дар торикиҳойи селоя>> Ва фармудааст: «هُوَ أَعْلَمُ بِكُمْ إِذْ أَنْشَأَكُمْ مِنَ الْأَرْضِ وَإِذْ أَنْتُمْ أَجِنَّةٌ فِي بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ ۖ» (Наҷм/ 32); <<Ӯ ба шумо донотар аст ҳангоме ки шуморо аз замин падид овард ва ҳангоме ки ҷанинҳойе дар шикамҳои модаронатон будед>> Ва фармудааст: «وَاللَّهُ أَخْرَجَكُمْ مِنْ بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ» (Наҳл/ 78); <<Ва Худованд шуморо аз шикамҳои модаронатон берун овард>> Ва фармудааст: «إِنْ أُمَّهَاتُهُمْ إِلَّا اللَّائِي وَلَدْنَهُمْ ۚ» (Муҷодила/ 2); <<Модарони онон ҷуз касоне ки ононро зойидаанд нестанд>> Ва бо ин васф, зане ки тухмаки ӯ дар раҳими зани дигар қарор дода шудааст, шаръан модар намешавад, ҳар чанд имкони никоҳ бо писари зани дигар ки аз тухмаки ӯ падид омадаастро низ надорад. Ҳамчунин, марде ки нутфаи ӯ дар раҳими зане ҷуз ҳамсараш қарор гирифтааст, шаръан падар намешавад, ҳар чанд имкони никоҳ бо духтари зани дигар ки аз нутфаи ӯ падид омадаастро низ надорад.

Барои огоҳии бештар дар ин бора, ба пурсиш ва посухи 128 ва таълиқи он муроҷиъа кунед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?