Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

1 . أَخْبَرَنَا حَيْدَرُ بْنُ سَعِيدٍ الْمُوسَوِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ امْرَأَةٍ لَا تَسْتَطِيعُ حَمْلًا أَوْ وِلَادَةً، أَفَيَجُوزُ لَهَا أَنْ تَسْتَأْجِرَ امْرَأَةً أُخْرَى لِتَحْمِلَ وَلَدَهَا وَتَلِدَهُ؟ فَقَالَ: لَا تَشْتَرِكُ امْرَأَتَانِ فِي وَلَدٍ وَاحِدٍ.

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳайдар ибни Саъиди Мусавӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи зане пурсидам ки тавони бордорӣ ё зоюмон надорад, оё барояш ҷойиз аст ки занӣ дигарро аҷир кунад то фарзандашро дар шиками худ ҳамл кунад ва ба дунё оварад? Пас фармуд: Ду зан дар як фарзанд шарик намешавад.

2 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْمَرْأَةِ تُؤْجِرُ رَحِمَهَا مِنْ زَوْجَيْنِ لَا يُولَدُ لَهُمَا، فَتُنَبِّتُ مَاءَهُمَا أَوْ جَنِينَهُمَا، فَقَالَ: لَا وَاللَّهِ، لَا يُشَارِكُ فِي أَوْلَادِ النَّاسِ إِلَّا شَيْطَانٌ، أَمَا سَمِعْتَ قَوْلَهُ تَعَالَى: ﴿وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ[1]؟!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи зане пурсидам ки раҳими худро ба зан ва шавҳаре иҷора медиҳад ки соҳиби фарзанд намешаванд, пас оби он ду ё ҷанини он дуро (дар раҳими худ) парвариш медиҳад, фармуд: На ба Худо савганд, дар авлоди мардум мушорикат намекунад магар шайтон. Оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки (ба ӯ) мефармояд: «Бо онон дар амвол ва авлод мушорикат кун»?!

3 . أَخْبَرَنَا جُبَيْرُ بْنُ عَطَاءٍ الْخُجَنْدِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْعَالِمَ يَقُولُ: مَنِ اسْتَأْجَرَ امْرَأَةً لِرَحِمِهَا فَإِنَّمَا اسْتَأْجَرَ شَيْطَانَةً، وَلَا يُولَدُ مِنَ الشَّيْطَانَةِ إِلَّا شَيْطَانٌ.

Тарҷумаи гуфтор:

Ҷубайр ибни Атоъи Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам олим мефармояд: Ҳар кас занеро барои раҳимаш иҷора кунад, ҷуз ин нест ки шайтони муъаннасеро иҷора кардааст ва аз шайтони муъаннас ҷуз шайтон мутаваллид намешавад.

4 . أَخْبَرَنَا الْحَسَنُ بْنُ الْقَاسِمِ الطِّهْرَانِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ وَعِنْدَهُ عِيسَى بْنُ عَبْدِ الْحَمِيدِ: لَعَنَ اللَّهُ مُؤْجِرَ الْأَرْحَامِ وَمُسْتَأْجِرَهَا! أَلَا وَاللَّهِ لَوْ كَانَ لِي أَمْرٌ لَجَلَدْتُهُمَا أَوْ عَذَّبْتُهُمَا عَذَابًا شَدِيدًا! فَلَمَّا خَرَجَ قُلْتُ لِعِيسَى: مَا أَرَادَ بِالْعَذَابِ الشَّدِيدِ؟ قَالَ: أَرَادَ حَدَّ الْمُحَارَبَةِ لِأَنَّهُمَا أَفْسَدَا فِي الْأَرْضِ.

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур дар ҳоле ки Исо ибни Абдулҳамид назди ӯ буд мефармояд: Худованд иҷора диҳандаи раҳимҳо ва иҷора гирандаи онҳоро лаънат кунад! Огоҳ бошед ки ба Худо савганд агар барои ман султае буд ҳароина он дуро тозиёна мезадам ё азобӣ сахт мерасондам! Пас чун он ҳазрат берун рафт ба Исо гуфтам: Муроди он ҳазрат аз азоби сахт чи буд? Гуфт: Муродаш ҳадди муҳориба буд; Чароки он ду дар замин ифсод кардаанд

Шарҳи гуфтор:

Ҳар чанд олимони мусалмон дар бораи ҷавоз ё адами ҷавози иҷораи раҳим, танҳо ба асли аввалӣ ва шуморе аз умумот ва итлоқоти шаръӣ дар боби никоҳ ва зино нигаристаанд ва ба нигоҳӣ бисёр сатҳӣ ва саҳландешона дар бораи он басанда кардаанд, аммо нигариши аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба он нигариши хос ва амиқе аст ки аз ошнойии фавқулодаи он ҳазрат бо руҳи Ислом ва мақосиди шариъат ва масолеҳи олияи аҳком ва қарор доштани эшон дар як уфуқи илмӣ ва маърифатӣ бартар бархостааст. Аз назари ин олими роситин, фароянди табиъии таносул ва таволуд, офариниши Худованди Ҳаким ва суннате аз суннатҳои Ӯст ки бар бунёди ҳикмат ва раҳмати Ӯ устувор шуда ва таъмин кунандаи маслиҳати ҳақиқии инсон ва ҷаҳон аст; Чунонки фармудааст: ﴿فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ[2]; «Пас бар он занон даройед ба он сурат ки Худованд шуморо амр кардааст» Ва фармудааст: ﴿يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۚ يَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ إِنَاثًا وَيَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ الذُّكُورَ ۝ أَوْ يُزَوِّجُهُمْ ذُكْرَانًا وَإِنَاثًا ۖ وَيَجْعَلُ مَنْ يَشَاءُ عَقِيمًا ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ قَدِيرٌ[3]; «Ҳар чизе ки мехоҳад меофаринад, ҳар касро мехоҳад духтар мебахшад ва ҳар касро мехоҳад писар мебахшад ё писр ва духтарро барояшон ҷуфт мекунад ва ҳар касро мехоҳад нозо месозад, ҳароина Ӯ донойи қудратманд аст», агарчи гоҳе ин фароянди табиъӣ, аз нигоҳи қосир ва муқассири бархӣ бандагони кӯтаҳбин, таъмин кунандаи маслиҳат ва мувофиқ бо аҳвоъашон набошад; Чунонки фармудааст: ﴿وَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَى أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[4]; «Ва чи басо чизеро кароҳат доред дар ҳоле ки он хайре барои шумост ва чи басо чизеро дӯст доред дар ҳоле ки он шарре барои шумост ва Худованд медонад ва шумо намедонед». Бо ин васф, бар бандагони Худованд воҷиб аст ки таслими суннатҳои Ӯ ва розӣ ба қазои Ӯ бошанд ва аз муъориза бо Ӯ дар тадбираш ва ихлол дар назми табиъат ва дахолат дар фароянди табиъии таносул ва таволуд бипарҳезанд; Чароки ҳар гуна дахолати судҷӯёна ва зиёдахоҳона дар фароянди табиъии таносул ва таволуд, тағйир диҳандаи офариниши Худованд ва бар ҳам занандаи низом ва тавозуни табиъат аст ва дар ъайни ҳол, боби мафосиди азимеро ба рӯйи ояндагон мегушояд ва дар дарозмуддат табаъоти хатарнок ва зиёнборе барои фард ва ҷомеъа хоҳад дошт. Аз ин рӯ, шайтон водоштани инсонҳо ба чунин кореро яке аз аҳдофи худ зикр карда ва гуфтааст: ﴿وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ[5]; «Ва ҳароина ононро амр мекунам, пас офариниши Худовандро тағйир медиҳанд»; Ба ин маъно ки ашколи фитрӣ ва табиъии хилқати Худованд ки бар бунёди ҳикматӣ бисёр амиқ ва мутаносиб бо ҳамаи абъод ва ҷавониби ҳастӣ астро ба тамаъи манофеъи шахсии кӯтоҳмуддат ва бо сӯъи истифода аз дониш ва абзорҳое ки Худованд ба онон бахшидааст, дигаргун месозанд.

Бар ин асос, ихлол дар низоми фитрии таносулу таволуд ва тағйири фароянди табиъии он бо иқдомоте монанди иҷораи раҳими занон, шабиҳсозии инсон, харид ва фурӯши исперми мардон ва лиқоҳи маснуъӣ, таҳаққуқи ваъдаи ﴿فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ ва мисдоқи боризи ﴿مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ аст ки тавассути ﴿عَدُوٌّ مُبِينٌ зинат дода шуда ва тавассути фарзандонаш дар ғарб барои нобудии насли инсонҳо ва мушорикат дар авлоди онон дар ҳоли тарвиҷ ва ҷаҳонисозӣ аст. Аз ин рӯ, ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло зимни ифшои моҳияти хабис ва аҳдофи зидди Худойии ин корҳои шайтонӣ, онҳоро ҳаром мешуморад ва ба сахтӣ аз онҳо барҳазар медорад.

Барои огоҳии бештар дар ин бора, ба таълиқе бар пурсиш ва посухи 116 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Исроъ/ 64
↑[2] . Бақара/ 222
↑[3] . Шӯро/ 49-50
↑[4] . Бақара/ 216
↑[5] . Нисоъ/ 119
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]