Чоршанбе 19 июн 2019 мелодӣ баробар бо 15 шаввол 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 1 Код: 65
Мавзӯъ:

Се гуфтор аз он ҳазрат дар бораи шир додане ки сабаби маҳрамият мешавад.

1 . أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبِيبٍ الطَّبَرِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ الْهاشِمِيِّ الْخُراسانِيِّ: مَتىٰ حُرِّمَتِ الْمَرْأَةُ بِالرَّضاعَةِ؟ قالَ: إِنَّمَا الرَّضاعَةُ مِنَ الْمَجاعَةِ فَإِذا جاعَ الصَّبِيُّ فَشَبِعَ مِنْ لَبَنِها فَقَدْ حُرِّمَتْ عَلَيْهِ، قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ إِذا أَنْبَتَ اللَّحْمَ وَ شَدَّ الْعَظْمَ! قالَ: إِذا أَشْبَعَهُ مِنْ جُوعٍ فَقَدْ أَنْبَتَ وَ شَدَّ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ гуфтам: Чи ҳангоме зан бо шир додан маҳрам мешавад? Фармуд: Ҷуз ин нест ки шир додан аз гуруснагӣ аст, пас ҳангоме ки кӯдак грусна бошад, пас бо шири ӯ сер шавад, ба ӯ маҳрам мешавад: Онҳо мегӯянд ҳангоме ки гӯшт бирӯёнад ва устухон муҳкам кунад! Фармуд: Ҳангоме ки ӯро аз гуруснагӣ сер кунад, мерӯёнад ва муҳкам мекунад!

2 . أَخْبَرَنا وَليدُ بْنُ مَحْمُودٍ السَّجِسْتانِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْعالِمَ يَقُولِ لِامْرَأَةٍ سَأَلَتْهُ عَنِ الرَّضاعِ: الْمَصَّةُ وَ الْمَصَّتانِ لَيْسَتْ بِرَضاعٍ وَ لٰكِنَّ الرَّضاعَ أَنْ تُرْضِعِيهِ مِنْ ثَدْيِكِ الَّذِي أَنْعَمَ اللّهُ بِهِ عَلَيْكِ وَ هُوَ جائِعٌ حَتّىٰ يَتَضَلَّعَ وَ يَشْبَعَ وَ يَنْتَهِيَ نَفْسُهُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам олим (яъне ҳазрати Мансур) ба зане ки аз ӯ дар бораи шир додан пурсид мефармояд: Як бор макидан ва ду бор макидан шир додан нест, балки шир додан он аст ки ӯро дар ҳоле ки гурусна аст аз пистони худ ки Худованд бо он ба ту неъмат бахшидааст шир диҳӣ то инки пур ва сер шавад ва худаш бас кунад!

3 . أَخْبَرَنا عَلِيُّ بْنُ داوُودَ الْفَيْض‌آبادِيُّ، قال: قُلْتُ لَهُ: كَمْ رَضْعَةً تُحَرِّمُ الْوَلَدَ؟ خَمْسٌ؟ أَوْ عَشْرٌ؟ أَوْ خَمْسُ عَشَرَ؟ قال: دَعْ عَنْكَ هٰذا وَ لٰكِنْ إِذا كَفَتْهُ يَوْماً وَ لَيْلَةً فَقَدْ حَرَّمَتْهُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Алӣ ибни Доввуди Файзободӣ моро хабар дод, гуфт: Ба он ҳазрат гуфт: Чанд бор шир додан маҳрам месозад? Панҷ бор? Ё даҳ бор? Ё понздаҳ бор? Инҳоро раҳо кун, вале ҳаргоҳ як шабонарӯз ӯро (аз ғазои дигар ва шири зани дигар) кифоят кунад, ӯро маҳрам месозад!

Шарҳи гуфтор:

Барои мутолеъаи шарҳе бар ин гуфтори нурони, ба пурсиш ва посухи 127 муроҷиъа фармойед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?