Чоршанбе 19 июн 2019 мелодӣ баробар бо 15 шаввол 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 8 Код: 60
Мавзӯъ:

Се гуфтор аз он ҳазрат дар бораи кароҳати бӯсидани дасти касе ҷуз падар ва модар ва имоми муфтаразуттоҳа ва ҳурмати бӯсидани дасти золимон

1 . أَخْبَرَنا وَلِیدُ بْنُ مَحْمُودٍ السَّجِسْتانِيُّ وَ عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبِیبٍ الطَّبَرِيُّ جَمِیعاً قالا: أَرادَ رَجُلٌ أَن یُقَبِّلَ یَدَ الْمَنْصُورِ فَأَبْعَدَ یَدَهُ وَ قالَ لَهُ: أَ تُریدُ أَنْ تُغِرَّنِي كَما تُغِرُّ هٰؤلاءِ الدَّجاجِلَةَ؟! لا یُقَبِّلُ الرَّجُلُ یَدَ الرَّجُلِ إلّا أَن یَكُونَ إِماماً مُفْتَرَضَ الطّاعَةِ! قالَ الرَّجُلُ: وَاللّهِ ما فَعَلْتُ ذٰلِكَ إلّا لِأَعْلَمَ أَهُوَ مِنَ الدَّجاجِلَةِ أَمْ لا، فَعَلِمْتُ أَنَّهُ لَیْسَ مِنْهُمْ!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ ва Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ ҳар ду моро хабар доданд, гуфтанд: Марде хост ки дасти ҳазрати Мансурро бибӯсад, пас он ҳазрат дасти худро дур кард ва ба ӯ фармуд: Оё мехоҳӣ манро фиреб диҳӣ ҳамон гуна ки ин даҷҷолонро фиреб медиҳем?! Касе дасти касеро набӯсид магар онки имомӣ муфтаразуттоҳа бошад! Мард (пас аз он ба мо) гуфт: Ба Худо савганд ин корро накардам магар барои инки бидонам оё ӯ ҳам аз даҷҷолон аст ё на, пас донистам ки ӯ аз онон нест!

Шарҳи гуфтор:

Муроди ин инсони комил аз иборати <<Оё мехоҳӣ манро фиреб диҳӣ ҳамон гуна ки ин даҷҷолонро фиреб медиҳӣ?!>>, он аст ки ту бо бӯсидани дасти ин ҳокимон, олимон ва муддаъиёни гумроҳ, дар воқеъ ононро мефиребӣ; Чароки монанди шайтон, аз як сӯ ононро ба худбузургбинӣ ва истизъофи мардум сувқ медиҳӣ ва аз сӯӣ дигар бо ин чоплусӣ, эътимоди козиби онон ба худро ҷалб мекунӣ то бо эътимоди козиб ба дастбӯсоне монанди ту, бар мардум ситам раво доранд, дар ҳоле ки ман аз ин ҳокимон, олимон ва муддаъиёни гумроҳ нестам то хоми ту шавам ва аз ин рӯ, ба ту иҷоза намедиҳам ки бо ман бозӣ кунӣ! Ин аст тафовути авлиёъи Худо ва авлиёъи шайтон ки аз осмон то замин аст ва бар соҳибони бинишҳо пӯшида намемонад; «فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ» (Ҳашр/ 2); <<Пас ибрат бигиред эй соҳибони бинишҳо>>!

2 . أَخْبَرَنا مُوسَی بْنُ فَرْهادَ الْمَهابادِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ عَبْداً صالِحاً یَقُولُ: مَنْ قَبَّلَ یَدَ ظالِمٍ یُظْهِرُ بِذٰلِكَ وَلایَتَهُ فَكَأَنَّما قَبَّلَ اللّاتَ وَ الْعُزّیٰ!

Тарҷумаи гуфтор:

Мӯсо ибни Фарҳоди Маҳободӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам бандаи солеҳ (яъне ҳазрати Мансур) мефармояд: Ҳар кас дасти золимеро бӯса занад то бо он таволлии ӯро изҳор кунад, монанди ин аст ки бар лот ва уззо бӯса зада бошад!

Шарҳи гуфтор:

<<Лот>> ва <<Уззо>> номи ду бут аз бутҳои мушрикон дар замини ҷоҳилият аст ва бӯса задан бар он ду киноя аз парастиши он ду аст ки ширк шумурда мешавад ва бо ин васф, касоне ки бар дасти ҳокими золим ва олими вобаста ба онон бӯса мезананд то таволлии ононро изҳор кунанд, монанди бутпарастон ҳастанд.

3 . أَخْبَرَنا یُونُسُ بْنُ عَبْدِ اللّهِ الْخَتْلانِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْعالِمَ عَنِ الرَّجُلِ یُقَبِّلُ یَدَ والِدَیْهِ، فَقالَ: لا بَأسَ بِهِ، أَما سَمِعْتَ قَولَهُ تَعالیٰ: «وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ»؟!

Тарҷумаи гуфтор:

Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз олим дар бораи марде пурсидам ки дасти падар ва модарашро мебӯсад, фармуд: Ишколе надорад, оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки мефармояд: <<Ва боли фурутаниро аз меҳрубонӣ барои он ду фурд овар>> (Исроъ/ 24)?!

Шарҳи гуфтор:

Барои хондани шарҳи дигаре барои ин ҳикматҳо, ба пурсиш ва посухи 52 муроҷиъа кунед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?