Душанбе 22 апрел 2019 мелодӣ баробар бо 16 шаъбон 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

     
Шумора: 1 Код: 54
Мавзӯъ:

Панҷ гуфтор аз он ҳазрат дар бораи машруъияти мутъа ва аҳкоми он

1 . أَخْبَرَنا هاشِمُ بْنُ عُبَیْدٍ الْخُجَنْدِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ مُتْعَةِ النِّساءِ فَقالَ: أَقُولُ فِیها كَما قالَ ابْنُ عَبّاسٍ -یَعْنِي أَنَّها حَلالٌ، قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَزْعُمُونَ أَنَّها مَنْسُوخَةٌ! قالَ: إِنَّها مِنَ الْقُرْآنِ وَ الْقُرْآنُ لا یُنْسَخُ بِالسُّنَّةِ! أَما قَرَأْتَ قَولَهُ تَعالیٰ: «فَمَا اسْتَمْتَعْتُمْ بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ»؟! ثُمَّ قالَ: لا یُتَزَوَّجُ مُتْعَةً مَنْ لا یُسْتَمْتَعُ بِها لِصِغَرِها، قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِنْ تَزَوَّجَها لِتُحَرِّمَها عَلَی ابْنِهِ أَوْ أَبِیهِ أَیَحِلُّ لَهُ ذٰلِكَ؟ قالَ: لا تُحَرِّمُها حَتّیٰ یَتَزَوَّجَها لِیَسْتَمْتِعَ بِها!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳошим ибни Убайди Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи мутъаи занон пурсидам, пас фармуд: Дар бораи он монанди чизеро мегӯям ки Ибни Аббос гуфт –яъне ҳалол аст, гуфтам: Онҳо мепиндоранд ки он насх шудааст! Фармуд: Он аз Қуръон аст ва Қуръон бо суннат насх намешавад! Оё сухани Худованди баландмартабаро нахондаи ки мефармояд: <<Пас заноне ки мутъа мекунед, маҳрашонро ба унвони як фариза ба онон бипардозед>> (Нисоъ/ 24)?! Сипас фармуд: Касе ки ба хотири хурдсолиаш аз ӯ таматтуъ бурда намешавад, никоҳи мутъа намешавад, гуфтам: Назаратон чист агар ӯро никоҳ кунад то ӯро ба писар ё падари худ маҳрам созад, оё ин барои ӯ ҳалол аст? Фармуд: Ӯро маҳрам намесозад то он гоҳ ки бо ӯ ба қасди таматтуъ аз ӯ никоҳ кунад.

2 . أَخْبَرَنا عَبْدُ الشَّكُورِ بْنُ زُلْمَيَ الْوَرْدَكِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ إِنَّ عُمَرَ حَرَّمَ الْمُتْعَةَ وَ هُوَ یَعْلَمُ أَنَّها حَلالٌ عِنْدَ اللّهِ! قالَ: ما أَسْوَءَ ظَنَّهُمْ بِرَجُلٍ مِنَ الصَّحابَةِ! إِنَّما نَهیٰ عَنْها نَهْيَ سِیاسَةٍ لا نَهْيَ تَشْرِیعٍ! إِنَّهُ لَمَّا بَلَغَهُ أَنَّ أَهْلَ الْعِراقِ يَزْعُمُونَ أَنَّهُ حَرَّمَ الْمُتْعَةَ، أَرْسَلَ رَجُلاً وَ قالَ: أَخْبِرْهُمْ أَنِّي لَمْ أُحَرِّمْها وَ لَيْسَ لِعُمَرَ أَن يُحَرِّمَ ما أَحَلَّ اللّهُ وَ لٰكِنَّ عُمَرَ قَدْ نَهىٰ عَنْها!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдушшукур ибни Зулмайи Вардакӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Онон мегӯянд ки Умар мутъаро ҳаром кард, дар ҳоле ки медонист он назди Худованд ҳалол аст! Фармуд: Чи бад гумоне аст ки ба марде аз саҳоба мебаранд! Ҳароина ӯ аз он наҳйи сиёсати кард, на наҳйи ташриъи! Ӯ ҳангоме ки огоҳӣ ёфт аҳли Ироқ мепиндоранд ки ӯ мутъаро ҳаром кардааст мардеро фиристод ва гуфт: Ба онон бигӯ ки ман онро ҳаром накардаам ва Умарро намерасад ки ҳалоли Худоро ҳаром кунад, балки Умар аз он наҳй кардааст!

Шарҳи гуфтор:

Никоҳ ба маънои ақдӣ шаръӣ аст ки ба муҷиби он, мард муҷоз ба истимтоъ аз зан бо ивазе маълум мешавад ва осори он таҳаққуқи эҳсон, вилоят, таворис ва интишори маҳрамият аст ва давоми он ақлан ё шаръан шарт нест; Ақлан ба далили инки асли адами иштирот аст ва таъйини муддат барои никоҳ мунофоте бо муқтазои он надорад, ҳамчунонки бо қатъ ба талоқ балки қасди он мунъақид мешавад ва ҳар коре ки барои ҳамеша ҷойиз аст, ба тариқи авло барои муддатӣ маҳдуд ҷойиз буд ва шаръан ба далили зоҳири сухани Худованд ки фармудааст: «فَمَا اسْتَمْتَعْتُمْ بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ» (Нисоъ/ 24); <<Пас касоне аз занҳо ки мутъа мекунед, муздҳошонро ба унвони як фариза ба онҳо бипардозед>>, бино бар зуҳури лафзи <<Истимтоъ>> дар мутъа ва бино бар қироъати Убай ибни Каъб ва Абдуллоҳи ибни Аббос ки муштамал бар «إِلی أَجَلٍ مُسَمًّی» ва сариҳи дар никоҳи муваққат аст (нигоҳ кунед ба: Табари, Ҷомеъул Баён, ҷ5, с18; Наҳос, Маъониул Қуръон, ҷ2, с61; Қуртубӣ, Ал-Ҷомеъул Аҳкомил Қуръон, ҷ5, с130) ва ин қавли аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва қавли бисёрӣ аз саҳоба монанди Абдуллоҳ ибни Аббос (Мусаннафи Абдурразоқ, ҷ7, с497; Муснади Аҳмад, ҷ1, с52 ва 337; Саҳуҳул Бухорӣ, ҷ6, с129; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с131), Абдуллоҳ ибни Масъуд (Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ3, с84; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с130), Имрон ибни Ҳасин (Муснади Аҳмад, ҷ4, с429; Сунани Дорамӣ, ҷ2, с35; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ2, с153 ва ҷ5, с158; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с48), Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Муснади Аҳмад, ҷ1, с52 ва ҷ3, с380; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ6, с129; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с130), Абу Саъиди Худрӣ (Муснади Аҳмад, ҷ3, с22), ва Сулайм ибни Акуъ (Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ6, с129; Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с130), балки ҳамаи саҳобаи киром то пеш аз авохири хилофати Умар ибни Хаттоб аст ва ба бисёрӣ аз бузургони тобеъин монанди Товвус, Атоъ, Саъид ибни Ҷубайр ва сойири фақиҳони Макка нисбат дода шудааст (нигоҳ кунед ба: Ибни Ҳазм, Ал-Муҳалло, ҷ9, с520). Оре, Умар ибни Хаттоб дар авохири хилофати худ аз он наҳй кард, вале ин –бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло– сирфан ҳукмӣ ҳукуматӣ барои ҷилавгирӣ аз бархӣ мафосиди зоҳирӣ дар замони ӯ буд ва ҷанбаи ташриъӣ надошт, ҳар чанд бештари мусалмонон пас аз ӯ ба сабаби таъассуб нисбат ба дидгоҳҳояш бо он монанди ҳукмӣ шаръӣ бархурд карданд ва то имрӯз ба он мултазим монданд.

3 . أَخْبَرَنَا الْحَسَنُ بْنُ الْقاسِمِ الطِّهْرانِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْمُتْعَةِ أَهِيَ مِنَ الْأَرْبَعِ؟ قالَ: نَعَمْ، قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ لَیْسَتْ مِنَ الْأَرْبَعِ وَ لا مِنَ السَّبْعِینَ! قالَ: مَنْ لا یُغْنِیهِ الْأَرْبَعُ فَلا یُغْنِیهِ السَّبْعُونَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Манур дар бораи мутъа пурсидам ки оё аз чаҳорто аст? Фармуд: Оре, гуфтам: Инҳо Мегӯянд ки аз чаҳорто нест, балки аз ҳафтодто ҳам! Фармуд: Касе ки чаҳорто ӯро бениёз намекунад, ҳафтодто ҳам ӯро бениёз намекунад!

Шарҳи гуфтор:

Зани ақд шуда дар издивоҷи муваққат яке аз чаҳор завҷа маҳсуб мешавад; Чароки Худованд ӯро аз онон ҷудо надониста, балки бо сароҳат фармудааст: «فَانْكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَىٰ وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تَعْدِلُوا فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۚ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَلَّا تَعُولُوا» (Нисоъ/ 3); <<Пас бо ҳар теъдод аз занон ки дӯст медоред ду ва се ва чаҳорто издивоҷ кунед, пас агар тарсидед ки адолат наварзед пас бо яке ё касе ки ба канизӣ гирифтед, он наздиктар аст ба инки ситам накунед>> Ва фармудааст: «وَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ مِنْكُمْ طَوْلًا أَنْ يَنْكِحَ الْمُحْصَنَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ فَمِنْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ مِنْ فَتَيَاتِكُمُ الْمُؤْمِنَاتِ ۚ» (Нисоъ/ 25); <<Ва ҳар кас аз шумо ки тавонойии издивоҷ бо занони озоди мӯъминро надорад, пас бо касоне аз канизони мӯъминатон ки моликашон ҳастед (издивоҷ кунед)>> Ва ин сариҳи дар он аст ки издивоҷ ё бо ҳадди аксар чаҳор зани озод машрӯъ аст ва ё бо канизон ва ҳолати севвуме машрӯъият надорад ва бо ин васф, зани ақд шуда дар издивоҷи муваққат ё яке аз чаҳор зани озод маҳсуб мешавад ва ё яке аз канизон, дар ҳоле ки яке аз канизон маҳсуб намешавад; Чароки занӣ озод аст ва бо ақди никоҳ ба завҷият даромадааст ва табъан мулҳақ карданаш ба канизон мумкин нест, агарчи бо истинод ба ривоёте аз аҳли байт ки мегӯянд: «هُنَّ بِمَنْزِلَةِ الْإِماءِ» (Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ5, с451); <<Онон ба манзалаи канизонанд>>; Чароки онҳо ривоётӣ воҳид ва мухолиф бо асл ва зоҳир, балеи мухолиф бо китоби Худованд ҳастанд ва бо ривоётӣ дигар аз аҳли байт таъоруз доранд ки мегӯянд: «هِيَ مِنَ الْأَرْبَعِ» (Ҳимярӣ, Қурбул Аснод, с366; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ3, с147 ва 148); <<Ӯ аз чаҳор зан аст>>!

4 . أَخْبَرَنا صالِحُ بْنُ مُحَمَّدٍ السَّبْزَوارِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: فِي الْمُتْعَةِ طَلاقٌ ما لَمْ یَنْقَضِ الْأَجَلُ فَإِذَا انْقَضَی الْأَجَلُ فَفُرْقَةٌ بِغَیْرِ طَلاقٍ.

Тарҷумаи гуфтор:

Солеҳ ибни Муҳаммади Сабзаворӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Дар мутъа талоқ аст то ҳангоме ки муддати он сипарӣ нашуда бошад, пас чун муддати он сипарӣ шуд, ҷудойи бидуни талоқ аст.

Шарҳи гуфтор:

Завҷанйн дар никоҳи муваққат бо саромадани муддати он аз якдигар ҷудо мешаванд; Чароки муқтазои муваққат будани он ҳамин аст, вале оё талоқ дар он воқеъ мешавад? Пас аз саромадани муддати он на; Чароки талоқ ба маънои озод сохтани завҷа аз қайди завҷият аст ва пас аз саромадани муддати он завҷияте боқӣ намондааст то озод сохтани завҷа аз қайди он мумкин бошад, вале пеш аз саромадани муддати он оре; Чароки озод сохтани завҷа аз қайди завҷият, дар ин ҳолат мумкин аст; Ба ин сурат ки завҷ муддати боқӣ мондаро ба завҷа бибахшад ва ӯро бо лафзӣ сариҳ аз қайди завҷият озод кунад. Бинобарин, талоқ дар никоҳи муваққат пеш аз инқизоъи муддаташ воқеъ мешавад; Чароки вуқуъи он дар ин ҳолат мумкин ва машмули умумот ва итлоқоти Қуръон ва суннат дар бораи талоқи завҷа аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки завҷа дар никоҳи муваққат аз ҳайси завҷа будан бо завҷа дар никоҳи доъим фарқе надорад ва бо ин васф, талоқи ӯ ҳаргоҳ мумкин бошад, воқеъ мешавад, бал метавон гуфт ки ҳар кас никоҳи ӯ саҳиҳ аст, талоқи ӯ низ саҳиҳ аст, магар дар мавориде ки талоқи ӯ таҳсили ҳосил маҳсуб мешавад; Монанди малоъина миёни завҷайн ва иртидоди яке аз он ду ки шаръан барои ҷудойии он ду аз якдигар кофӣ аст.

5 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ إِبْراهِیمَ الشِّیرازِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ عِدَّةِ الْمُتَمَتَّعِ بِها، فَقالَ: حَیْضَةٌ تَسْتَبْرِئُ بِها رَحِمَها وَ الْأَفْضَلُ أَنْ تَعْتَدَّ بِحَیْضَتَیْنِ لِکَیْلا تُشْبِهَ الزّانِیَةَ.

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи иддаъи зане пурсидам ки ба никоҳи мутъа даромадааст, пас фармуд: Як ҳайз ки бо он раҳими худро истиброъ мекунад ва беҳтар аст ки бо ду ҳайз идда нигоҳ дорад то ба зани зинокор шабиҳ нашавад.

Шарҳи гуфтор:

Машҳур, иддаи ҷудойи дар никоҳи муваққат бо инқизоъи муддат онро иддаи каниз донистаанд ки дар ҳайз аст; Чароки ҷудойи дар он бо инқизоъи муддат, талоқ маҳсуб намешавад то завҷаро машмули оя кунад, дар ҳоле ки ӯ ҳар чанд машмули оя намешавад, каниз ҳам нест то машмули ҳукми каниз шавад ва қиёси ӯ бо каниз қиёси маъалфориқ аст. Бо ин васф, далиле бар эътибори иддаи муъаян барои ӯ вуҷуд надорад; чароки Худованд танҳо иддаи талоқ ва иддаи вафотро муъаян карда ва иддаи ҷудойи бо инқизоъи муддатро муъаян накарда ва бо ин васф, иддаи ҷудойи бо инқизоъи муддат аз боби истиброъи раҳим аст то илми шаръӣ ба адами ҳамл ҳосил шавад ва он як ҳайз ва бино бар эҳтиёт ду ҳайз аст.

Барои огоҳии бештар дар ин бора, ба пурсиш ва посухи 99 ва таълиқи он муроҷиъа кунед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?