Шанбе 20 июл 2019 мелодӣ баробар бо 17 зулқаъда 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 1 Код: 50
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки шаҳидони замон ҷуз куштагони дар роҳи ҳукумати Маҳдӣ нестанд.

أَخْبَرَنا أَبُو إِبْراهيمَ السَّمَرْقَنْدِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ لِأَصْحابِهِ: أَلا تَتَعَجَّبُونَ مِنْهُمْ؟! يُسَمُّونَ قَتِيلَ هٰذا شَهِيداً وَ قَتِيلَ هٰذا شَهِيداً وَ ما هُما إِلّا جِيفَتانِ تَهُبُّ عَلَيْهِمَا الرِّياحُ! أَلا وَاللّٰهِ مَا الشَّهِيدُ إلّا أَنا وَ أَصْحابِي وَ إِنْ مِتْنا عَلىٰ فُرُشِنا!

Тарҷумаи гуфтор:

Абу Иброҳими Самарқандӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам ҳазрати Мансур ба ёрои худ мефармояд: Оё аз инон ба шигифт намеойед?! Куштаи инро шаҳид меноманд ва куштаи онро шаҳид меноманд, дар ҳоле ки он ду ҷуз мурдоре ки бодҳо бар он мевазанд нестанд! Огоҳ бошед ки шаҳиде ҷуз ман ва ёронам нест агарчи бар бистарҳои худ бимирем.

Шарҳи гуфтор:

Оре, бегумон касоне ки бо молу ҷони худ дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон мекӯшанд, шаҳидони зиндаанд ва агар кушта шаванд беҳтарини шаҳидон шумурда мешаванд, балки дар асри кунунӣ шаҳиде ҷуз онон вуҷуд надорад; Чароки касе ҷуз онон дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон намекӯшанд, балки ҳамагон аз ҳар гурӯҳ ва мазҳабе, дониста ё нодониста дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти дигарон бар ҷаҳон мекӯшанд ва ин дар ҳоле аст ки шаҳодат танҳо дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон аст; Чунонки фармудааст: «الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ» (Нисоъ/ 76); <<Касоне ки имон оварданд дар роҳи Худованд меҷанганд ва касоне ки кофир шуданд дар роҳи тоғут меҷанганд>> Ва фармудааст: «وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَٰكِنْ لَا تَشْعُرُونَ» (Бақара/ 154); <<Ва ба касоне ки дар роҳи Худованд кушта мешаванд мурдагон нагӯйед, балки зиндагонанд вале шумо дар намеёбед>>. Бо ин васф, касоне ки дар роҳи эҷод ё ҳифзи ҳокимияти пешвоёне ҷуз Маҳдӣ кушта мешаванд, мурдоранд ва шаҳид номидани онон фиребӣ беш нест; Зеро шаҳид дар Ислом касе аст ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти халифаи Худо дар замин кушта мешавад, на эҷод ва ҳифзи ҳокимияти дигарон ва чунин касе дар даврони кунунӣ ҷуз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ёрони мухлиси ӯ ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Маҳдӣ мекӯшанд, нест.

Аз Худованд тавфиқи шаҳодати ҳақиқӣ дар роҳаш ва ҳамвора бо заминасозони зуҳури халифаашро масъалат дорем.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?