Шанбе 20 июл 2019 мелодӣ баробар бо 17 зулқаъда 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 3 Код: 48
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки аз истеъмоли бархӣ абзорҳои ҷадид ҷуз дар мавориди зарурат кароҳат дорад.

أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّٰهِ بْنُ حَبِيبٍ وَ عَبْدُ السَّلامِ بْنُ عَبْدِ الْقَيُّومِ جَمِيعاً قالا: كانَ الْمَنْصُورُ يَكْرَهُ أَنْ يَمُسَّ نَقْداً بِيَدِهِ كَأَنَّما يَسْتَقْذِرُهُ فَيَقُولُ لِأَصْحابِهِ: خُذُوهُ وَ كانَ لا يَنْظُرُ إِلَى التِّلْفازِ إِلّا مِنْ ضَرُورَةٍ وَ كانَ لا يَحْمِلُ مَعَهُ جَوّالاً وَ كانَ أَشَدَّ شَيْءٍ كَراهَةً عِنْدَهُ الْإِنْتِرْنِتُ، فَقُلْنا لَهُ: أَ حَرامٌ هِيَ؟! قالَ: لا وَ لٰكِنِّي أَجِدُ مِنْها قَساوَةً فَأَعافُها!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиб ва Абдуссалом ибни Абдулқаюм ҳар ду моро хабар доданд, гуфтанд: Ҳазрати Мансур аз инки пулеро бо дасти худ ламс кунад кароҳат дошт чунонки гӯйи онро нопок медонист, пас ба ҳамроҳони худ мефармуд: Бигиредаш ва ҷуз барои зарурате ба тиливизиун наменигарист ва ҳаргоҳ бо худ телефони ҳамроҳ ҳамл намекард ва макрӯҳтарин чиз дар наздаш интернет буд, пас ба он ҳазрат гуфтем: Оё инҳо ҳаром аст?! Фармуд: На, вале ман аз онҳо қасовате эҳсос мекунам, пас дурӣ меҷӯям!

Шарҳи гуфтор:

Аз инҷо дониста мешавад ки истеъмоли абзорҳои иртиботии ҷадид монанди интернет, моҳвора, телевизиун, радио ва мобайл, ба зоти худ ҳукме надорад ва ҳукми он тобеъи ҳукми чизе аст ки аз тариқи онҳо дида ва шунида мешавад. Бо ин ҳол, беҳтар аст ки истеъмоли ин қабил абзорҳои ҷадиди ғарбӣ, маҳдуд ба ҳадди зарурат бошад; Чароки имрӯза тавлид ва ишоъаи онҳо ғолибан дар чаҳорчӯби низоми сармоядорӣ ва бо аҳдофи истеъморӣ анҷом мешавад ва яке аз муҳимтарин манобеъи даромад ва роҳҳои интиқоли фарҳанг ва илқоъи сиёсатҳои соҳибони қудрат ва сармоя дар ҷаҳон аст ва таҷриба нишон додааст ки ривоҷи онҳо дар миёни мусалмонон паёмадҳои фарҳангии хубе надорад. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, корбурди ин қабил абзорҳоро барои касоне ки ба онҳо ниёзи мубраме надорад, тавсия намекунад ва худ то ҳадди мумкин аз онҳо мепарҳезад, беонки корбурдашонро ба сурати мутлақ ҳаром бидонад.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?