Сешанбе 22 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 23 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 1 Код: 44
Мавзӯъ:

Ҳафт гуфтор аз он ҳазрат дар бораи аҳкоми мубталоён ба марги мағзӣ ва пайванди аъзоъи онон

1 . أَخْبَرَنا الْحَسَنُ بْنُ الْقاسِمِ الطِّهْرانِيُّ، قالَ: سَأَلَنِي طَبِیبٌ بِإیرانَ أَنْ أَسْأَلَ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ أَیَّدَهُ اللّهُ تَعالیٰ عَنْ تَوَقُّفِ نَشاطِ الدِّماغِ طُرّاً، فَسَأَلْتُهُ عَنْهُ فَقالَ: سَكْرَةٌ مِنْ سَكَراتِ الْمَوتِ! قُلْتُ: تُریدُ حَیاةً غَیْرَ مُسْتَقِرَّةٍ؟ قالَ: هٰكَذا یَقُولُونَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Пизишке дар Эрон аз ман хост ки аз ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ айядуллоҳ таъоло дар бораи таваққуфи ҳамаи фаъолиятҳои мағзи бипурсам ва ман пурсидам, пас фармуд: Як мадҳушӣ аз мадҳушиҳои марг аст! Гуфтам: Манзуратон ҳаёти ғайри мустақарри аст? Фармуд: (Фуқаҳо ба он) ин гуна мегӯянд!

2 . أَخْبَرَنا صالِحُ بْنُ مُحَمَّدٍ السَّبْزَوارِيُّ، قالَ: سَأَلْتُهُ عَنِ الطَّبِیبِ یُدْخِلُ جِهازاً فِي جَوْفِ مَنْ ماتَ دِماغُهُ فَیُحَرِّكُ قَلْبَهُ، قالَ: ذٰلِكَ لَحْمٌ یَعْبَثُ بِهِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Солеҳ ибни Муҳаммади Сабзаворӣ моро хабар дод, гуфт: Аз он ҳазрат дар бораи пизишке пурсидам ки дастгоҳеро дар шиками касе ки дучори марги мағзӣ зудааст дохил мекунад, пас қалбашро ба ҳаракат во медорад, фармуд: Он гӯште аст ки бо он бозӣ мекунад!

3 . أَخْبَرَنا هاشِمُ بْنُ عُبَیْدٍ الْخُجَنْدِيُّ، قالَ: كُنْتُ أَسْأَلُ الْمَنْصُورَ فَأَكْتُبُ ما یُجِیبُنِي فسَأَلْتُهُ عَنِ الْمَرْأَةِ یُدْرِكُهَا الْمَوتُ وَ فِي بَطْنِها وَلَدٌ یَرْكُلُ، قالَ: یُشَقُّ بَطْنُها وَ یُخْرَجُ الْوَلَدُ وَ سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلَیْنِ یَخِرُّ السَّقْفُ عَلَیْهِما فِي زَلْزَلَةٍ أَوْ طُوفانٍ أَوْ سَیْلٍ فَیَهْلِكُ أَحَدُهُما وَ یَبْقَی الْآخَرُ أَیّاماً لا یَعْثِرُ عَلَیْهِ النّاسُ فَیَخافُ أَن یُهْلِكَهُ الْجُوعُ، أَیَأْكُلُ مِنْ أَخِیهِ؟ قالَ: یَأْكُلُ مِنْهُ ما یَسُدُّ بِهِ رَمَقَهُ إِنْ عَلِمَ أَنَّهُ قَدْ هَلَكَ ثُمَّ یَتَصَدَّقُ بِدِیَةِ ما أَكَلَ مِنْهُ إِنْ نَجّاهُ اللّهُ وَ سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ یُحِیطُ بِهِ الْمَوتُ لِمَرَضٍ لا عِلاجَ لَهُ أَوْ نَقْصٍ فِي عُضْوِهِ فَلا یَجِدُ إِلّا عُضْوَ مَیِّتٍ أَیَقْطَعُهُ وَ یُرَقِّعُهُ؟ قالَ: لا بَأسَ بِهِ إِذا كانَ عَلیٰ هٰذِهِ الْحالِ وَ یُنْفِقُ دِیَةَ ما قَطَعَ فِي سَبِیلِ اللّهِ إِنْ أَرادَ شُكْراً أَوْ أَرادَ إِحْساناً!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳошим ибни Убайди Хуҷандӣ моро хабар дод, гуфт: Аз ҳазрати Мансур мепурсидам ва посухе ки мефармудро менавиштам, пас аз он ҳазрат дар бораи зане пурсидам ки марг ӯро фаро мегирад, дар ҳоле ки дар шикамаш фарзанде ҳаст ки лагад мезанад, фармуд: Шикамаш шикофта мешавад ва фарзанд берун оварда мешавад ва аз он ҳазрат дар бораи ду мард пурсидам ки сақф дар зилзила ё тӯфон ё селе бар сари онҳо фуру мерезад, пас яке аз он ду ҳалок мешавад ва дигарӣ чанд рӯз боқӣ мемонад дар ҳоле ки мардум ӯро намеёбанд, пас метарсад ки гуруснагӣ ӯро ҳалок кунад, оё аз (ҷасади) бародараш бихурад? Фармуд: Аз он миқдоре ки рамқашро нигоҳ дорад мехурад агар медонад ки ӯ ҳалок шудааст ва сипас дияи чизе ки хӯрдаастро (истиҳбобан чунонки дар идома меояд) садақа мекунад агар Худованд ӯро наҷот дод ва аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки марг ба хотири дардӣ бедармон ё нақсе дар узв ба ӯ иҳота ёфтааст, пас ҷуз узви маййитеро намеёбад, оё онро қатъ кунад ва ба худ пайванд бизанад? Фармуд: Ишколе надорад агар дар ин ҳол аст ва дияи чизе ки қатъ кардаастро дар роҳи Худованд инфоқ мекунад агар иродаи сипосгузорӣ ё иродаи эҳсоне дорад!

4 . أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبِیبٍ الطَّبَرِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ أَیَّدَهُ اللّهُ تَعالیٰ عَنِ الرَّجُلِ ماتَ دِماغُهُ وَ قَلْبُهُ نابِضٌ، أَهُوَ مَیِّتٌ؟ قالَ: لَوْ كانَ مَیِّتاً ما سَأَلْتَنِي عَنْهُ! قُلْتُ: إِنَّهُ لا شُعُورَ لَهُ وَ لا تَكَلُّمَ وَ لا تَحَرُّكَ وَ لا تَنَفُّسَ إِلّا إِذا أُجْبِرَ عَلَیْهِ بِجِهازٍ وَ لا یُرْجیٰ بَقائُهُ وَ إِنَّما یَنْبَضُ قَلْبُهُ لِما یُجْبَرُ عَلَیْهِ مِنَ التَّنَفُّسِ وَ لَوْ لَمْ یُجْبَرْ عَلَیْهِ لَسَكَنَ! قالَ: لَیْسَ عَلَیْكَ أَنْ تُجْبِرَهُ عَلَیْهِ إِذا كانَ عَبَثاً لا طائِلَ تَحْتَهُ! دَعْهُ یَذْهَبَ إِلیٰ رَبِّه إِذا دَعاهُ! قُلْتُ: فَإِنْ كانَ مَرِیضٌ یَضْطَرُّ إِلیٰ عُضْوٍ مِنْ أَعْضائِهِ كَقَلْبٍ أَوْ كَبِدٍ أَیَجُوزُ أَنْ یُأخَذَ ذٰلِكَ الْعُضْوُ فیُلْصَقَ بِهِ؟ قالَ: لا بَأسَ بِهِ إِذا كانَ الْمَرِیضُ مُؤْمِناً یُخافُ عَلَیْهِ الْمَوتُ وَ لا دِیَةَ عَلَیْهِ وَ لا عَلَی الْآخِذِ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ عَلَیْهِ دِیَةُ الْمَیِّتِ تُصْرَفُ عَنْهُ فِي وُجُوهِ الْخَیْرِ! قالَ: وَ أَيُّ خَیْرٍ أَخْیَرُ مِنْ إِحْیاءِ نَفْسٍ مُؤْمِنَةٍ مَنْ أَحْیاها فَكَأَنَّما أَحْیَی النّاسَ جَمِیعاً؟! ثُمَّ قالَ: مَنْ أَخْرَجَ قَلْبَ مَیِّتٍ أَوْ كَبِدَهُ ظُلْماً فَعَلَیْهِ الدِّیَةُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Аз ҳазрати Мансур аядуллоҳ таъоло дар бораи марде пурсидам ки мағзи ӯ мурдааст, дар ҳоле ки қалби ӯ метапад, оё ӯ мурда аст? Фармуд: Агар мурда буд дар борааш аз ман намепурсидӣ! Гуфтам: Ӯ на ҳиссе дорад ва на такаллуме ва на таҳрике ва на танаффусе магар ҳангоме ки бо дастгоҳе ба он водошта шавад ва умеде ба бақои ӯ намеравад ва қалби ӯ танҳо ба сабаби танаффусе метапад ки ба он иҷбор мешавад ва агар ба он иҷбор нашавад боз меистад! Фармуд: Бар ӯҳдаи ту нест ки ӯро ба он иҷбор кунӣ ҳаргоҳ абас ва бефоида аст! Раҳояш кун то ба сӯӣ Парвардигораш биравад агар ӯро фарохонда аст! Гуфтам: Пас агар беморе бошад ки ба узве аз узвҳои ӯ монанди қалб ё кабед музтар аст, оё ҷойиз аст ки он узви ӯ гирифта шавад ва ба ӯ пайван зада шавад? Фармуд: Ишколе надорад агар бемор мӯмин аст ва бар ӯ бими марг меравад ва дияе бар ӯ ё бар касе ки (узвро) барои ӯ гирифтааст нест! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки дияи маййит бар ӯҳдаи ӯст то аз ҷониби ӯ дар корҳои хайр масраф шавад! Фармуд: Кадом кори хайр хайртар аз эҳёъи ҷони мӯъмине аст ки ҳар кас онро эҳёъ кунад гӯйи ҳамаи мардумро эҳёъ кардааст?! Сипас фармуд: Ҳар кас қалб ё кабеди маййитеро аз рӯӣ ситам хориҷ кунад, бар ӯҳдаи ӯ дия аст!

5 . أَخْبَرَنا وَلِیدُ بْنُ مَحْمُودٍ السَّجِسْتانِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْعالِمَ عَنِ الْمَیِّتِ یُخْرَجُ قَلْبُهُ لِیُلْحَقَ بِحَيٍّ مُضْطَرٍّ إِلَیْهِ، قالَ: لا أَریٰ بِذٰلِكَ بَأساً! ذٰلِكَ مِنْ آیاتِ اللّهِ! ذٰلِكَ مِمّا قالَ اللّهُ تَعالیٰ: «يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ»! قُلْتُ: لا تَزالُ تَفْتَحُ عَلَیْنا أَبْواباً مِنَ الْعِلْمِ! فَهَلْ لَهُ مِنْ دِیَةٍ عَلیٰ مَنْ فَعَلَ ذٰلِكَ بِهِ؟ قالَ: إِنْ فَعَلَ ذٰلِكَ بِهِ وَ قَدْ سَكَنَتْ أَنْفاسُهُ فَلَیْسَ عَلَیْهِ دِیَةٌ وَ إِنْ فَعَلَ وَ هُوَ یَتَنَفَّسُ أَریٰ أَنْ یَتَصَدَّقَ عَنْهُ عُشْرَ الدِّیَةِ لِئَلّا یَخْتَلِجَ فِي صَدْرِهِ أَنَّهُ آثِمٌ! فَأَخَذَنِي الْبُكاءُ، فَقالَ: وَ ما یُبْكِیكَ؟! قُلْتُ: رَأَیْتُ عَظَمَتَكَ فِي غُرْبَتِكَ فَبَكَیْتُ! قالَ: الْعَظَمَةُ لِلّهِ وَ إِنَّما أَنا عَبْدٌ آتَانِي مِنْ عِنْدِهِ رَحْمَةً وَ جَعَلَنِي هادِیاً مَهْدِیّاً!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз олим дар бораи мурдае пурсидам ки қалби ӯ берун оварда мешавад то ба зиндае ки ба он музтар аст пайванд дода шавад, фармуд: Ишколе дар он намебинам! Он аз оёти Худовад аст! Он мисдоқи чизе аст ки Худованди баландмартаба фармудааст: <<Зиндаро аз мурда берун Меоварад>> (Рум/ 19)! Гуфтам: Ҳамвора абвобе аз илмро ба рӯӣ мо мегушойи! Бо ин васф, оё барои ӯ дияе бар касе ҳаст ки ин корро бо ӯ кардааст? Фармуд: Агар ин корро дар ҳоле бо ӯ карда ки нафасҳои ӯ қатъ шудааст, дияе бар ӯ нест ва агар дар ҳоле карда ки ӯ танаффуси (мансуъӣ) доштааст, (салоҳ) мебинам ки аз ҷониби ӯ як даҳуми дия (баробари даҳ шутур ё сад динор) садақа бидиҳад то дар дилаш нагардад ки гуноҳкор аст! (Ибни Маҳмуд мегӯяд:) дар ин ҳангом гиряам гирифт! Он ҳазрат фармуд: Чи чиз туро ба гиря овард?! Гуфтам: Азиммати туро дар ғурбатат дидам, пас гиряам гирифт! Фармуд: Азиммат барои Худованд аст ва ман танҳо бандае ҳастам ки ба ман аз назди худ раҳмате бахшида ва манро роҳнамойи раҳёфта қарор додааст!

6 . أَخْبَرَنا أَحْمَدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمٰنِ الطّالِقانِيُّ قالَ: سَأَلْتُهُ عَنِ الْمُضْطَرِّ الَّذِي قَدْ أَحاطَ بِهِ الْمَوتُ لِنَقْصٍ فِي عُضْوِهِ أَوْ عَیْبٍ فَلا یَجِدُ إِلّا مَیِّتاً، أَ لَهُ أَنْ یَقْطَعَ ذٰلِكَ الْعُضْوَ مِنْهُ فَیُلْحِقَهُ بِنَفْسِهِ إِذا خافَ أَنْ یُدْرِكَهُ الْمَوتُ؟ قالَ: ماذا یُرِیدُ؟! أَیُرِیدُ أَن یَفِرَّ مِنَ الْمَوتِ؟! «قُلْ لَنْ يَنْفَعَكُمُ الْفِرَارُ إِنْ فَرَرْتُمْ مِنَ الْمَوْتِ أَوِ الْقَتْلِ وَإِذًا لَا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِيلًا»! ثُمَّ سَكَتَ حَتّیٰ ظَنَنْتُ أَنَّهُ لا یُجَوِّزُهُ ثُمَّ قالَ: لَیْسَ عَلَیْهِ جُناحٌ إِذا كانَ بالِغاً ذٰلِكَ الْمَبْلَغَ، قُلْتُ: فَهَلْ عَلَیْهِ أَن یَسْتَأذِنَ لِذٰلِكَ أَوْلیاءَ الْمَیِّتِ؟ قالَ: لَیْسَ عَلَیْهِ أَن یَسْتَأذِنَهُمْ إِذا كانَ بالِغاً ذٰلِكَ الْمَبْلَغَ وَ إِنِ اسْتَأذَنَهُمْ فَلَیْسَ لَهُمْ أَن یَمْنَعُوهُ إِنْ وَجَدُوهُ مُؤْمناً، فَإِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ بِمَنْزِلَةِ الْجَسَدِ الْواحِدِ إِذَا اشْتَكىٰ عُضْواً مِنْهُ وَجَدَ أَلَمَ ذٰلِكَ فِي سائِرِ أَعْضائِهِ، لِأَنَّ أَرْواحَهُمْ مِنْ رُوحٍ واحِدَةٍ وَ إِنَّ رُوحَ الْمُؤْمِنِ لَأَشَدُّ اتِّصالاً بِرُوحِ اللّهِ مِنِ اتِّصالِ الشُّعاعِ بِالشَّمْسِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз он ҳазрат дар бораи музтарре пурсидам ки ба сабаби нуқсон ё айбе дар узваш марг ӯро иҳота кардааст, пас ҷуз ба маййите дастрасӣ надорад, оё метавонад он узвро аз он маййит қатъ кунад ва ба худ пайванд бизанад ҳаргоҳ битарсад ки марг ба ӯ даст ёбад? Фармуд: Чи мехоҳад?! Оё мехоҳад ки аз марг бигурезад?! <<Бигӯ ҳаргиз гурехтан ба шумо суд намерасонад агар аз марг ё кушта шудан бигурезед ва он гоҳ ҷуз андаке баҳраманд намешавед>> (Аҳзоб/ 16)! Сипас он ҳазрат сукут кард то инки пиндоштам онро ҷойиз намедонад, сипас фармуд: Бар ӯ гуноҳе нест агар ба ин андоза (аз изтирор) расида бошад, гуфтам: Дар ин сурат оё бар ӯ воҷиб аст ки аз авлиёъи маййит барои он изн бигирад? Фармуд: Бар ӯ воҷиб нест ки аз онон изн бигирад ҳаргоҳ ба ин андоза (аз изтирор) расида бошад ва агар аз онон изн бихоҳад ононро намерасад ки монеъи ӯ шаванд агар ӯро мӯъмин меёбанд; Зеро мӯъминон ба манзалаи як бадан ҳастанд ки ҳаргоҳ узве аз он дардманд мешавад дарди онро дар соири аъзоъи худ низ эҳсос мекунад, барои инки арвоҳашон аз як руҳ аст ва руҳи мӯъмин ба руҳи Худованд аз партуви офтоб ба офтоб иттисоли бештаре дорад!

7 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ إِبْراهِیمَ الشِّیرازِيُّ، قالَ: إِسْتَشارَهُ رَجُلٌ فِي تَرْقِیعِ قَلْبِ أَبِیهِ بَعْدَ أَنْ ماتَ دِماغُهُ وَ قالَ: یَأْتِینِي رَجُلٌ مَرِیضٌ یُخافُ عَلَیْهِ الْمَوتُ فَیَسْأَلُنِي أَنْ آذَنَ لَهُ فِي ذٰلِكَ، فَلا أَدْرِي ما أَقُولَ لَهُ، قالَ: انْظُرْ فَإِنْ كانَ مُسْلِماً یُوالِي آلَ مُحَمَّدٍ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ وَ یُوالِینِي فَأْذَنْ لَهُ فَإِنَّكَ لَوْ دَفَنْتَ قَلْبَ أَبِیكَ فِي صَدْرِ مُؤْمِنٍ یَذْكُرُ اللّهَ وَ یَعْمَلُ الصّالِحاتِ خَیْرٌ مِنْ أَنْ تَدْفَنَهُ فِي التُّرابِ یَأْكُلَهُ الدُّودُ! ثُمَّ قالَ: إِئْذَنْ لَهُ یُحْيِي اللّهُ بِهِ جُزْءَ أَبِیكَ یَعْبُدَهُ وَ یَكُونَ لَهُ ثَوابُ عِبادَتِهِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Марде бо он ҳазрат дар бораи пайванди қалби падари худ пас аз марги мағзии ӯ машварат кард ва гуфт: Мардӣ бемор ки бар ӯ бими марг меравад ба назди ман меояд ва аз ман мехоҳад ки ба ӯ барои он изн диҳам ва ман намедонам ки ба ӯ чи бигӯям, фармуд: Нигоҳ кун, пас агар мусалмоне аст ки оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дӯст медорад ва манро дӯст медорад, ба ӯ изн бидеҳ; Зеро агар қалби падаратро дар синаи мӯъмине ки Худоро ёд мекунад ва корҳои шойиста анҷом медиҳад дафн кунӣ беҳтар аз ин аст ки онро дар хок дафн кунӣ то кирмоҳо онро бихуранд! Сипас фармуд: Ба ӯ изн бидеҳ то Худованд бо ӯ ҷузъе аз падаратро зинда кунад ки Худовандро бипарастад ва савоби ибодаташ барои ӯ бошад!

Шарҳи гуфтор:

Барои огоҳии бештар аз дақойиқ ва нукоти мавҷуд дар ин гуфторҳои нуронӣ ки гушояндаи гиреҳҳои фиқҳӣ дар ҳавзаи пайванди аъзоъи мубталоён ба марги мағзӣ аст, ба пурсиш ва посухи 87 муроҷиъа кунед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?