Якшанбе 22 сентябр 2019 мелодӣ баробар бо 22 муҳаррам 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 2 Код: 42
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар баёни арзиши ҳикмат ва некуҳиши касоне ки аз он баҳрае намебаранд.

Рӯзе ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ҳамроҳи шуморе аз шогирдони худ ба деҳае даромад то дар он намоз гузорад ва истироҳат кунад. Пас мардум пиромуни ӯ гирд омадаанд то ӯро бубинанд ва шояд аз ӯ сухане бишнаванд. Пас он ҳазрат чун дид ки пиромуни ӯ гирд омадаанд ва ӯро тамошо мекунанд, ба миёни онон рафт ва ононро навозиш кард ва пандҳо дод ва аз боварҳои нодуруст ва корҳои нораво бар ҳазар дошта ва ба шинохти ҳақ ва ёрии он фаро хонд ва аз рӯӣ ҳикамт бисёр суханҳо гуфт, вале дере нагузашт ки онон аз пиромуни ӯ пароканда шуданд ва ба сӯӣ хонаҳои худ бозгаштанд то ба корҳои рӯзмараи худ бирасанд. Пас он ҳазрат бо ёрони худ танҳо монд ва аз ин рӯ, ба сӯӣ дарахте рафт ки дар пойи кӯҳе буд то дар сояи он намоз гузорад; Чароки намозро бисёр дӯст медошт ва ҳаргоҳ фароғате меёфт ба намоз меистод ва мефармуд: <<Истироҳати ман дар намоз аст>>. Пас чун фориғ шуд, шогирдонаш ба ӯ гуфтанд:

<<Эй устод! Мо суханони ту бо ин мардумро шунидем. Ба Худо савганд калимоти ту монанди калимоти Паёмбарон буд ва монанди қатароти борони поке ва тароват мебахшид; Чароки бо неруӣ руҳул Қуддус такаллум мекардӣ ва чизҳое мефармудӣ ки Худованд дар даҳонат мегузошт, вале бо ин ҳама, ононро ислоҳ накард ва як тан аз ононро ба ҳамроҳӣ бо ту во надошт! Ин ба ростӣ барои мо шигифтангез аст>>!

Он ҳазрат фармуд:

<<Оё аз ин ба шигифт омадаед?! Ман барои шумо хоҳам гуфт, ҳаргоҳ гӯши худро бигушойед то бишнавед ва ҳуши худро ба кор гиред то дарёбед; Чароки даҳонам ба ростӣ мутакаллим аст ва дастам ба дурустӣ ишора мекунад. Оқил ҳикматро фаро мегирад ва онро барои худ андухта месозад; Чароки он барои рӯзҳои ташнагиаш об ва барои шабҳои гуруснагиаш ғазо хоҳад буд, вале ҷоҳил аз ҳикамт гурезон аст ва худро аз он фориғ месозад; Чароки хоҳишҳои баданаш афрухта ва неруҳои руҳаш сӯхтааст; Бо худ мегӯяд: <Ба чи иллат ҳикматро фаро гирем ва аз чи рӯ худро ба заҳмат андозем?! Дар ҳоле ки манро аз лаззат боз медорад ва аз батолат мунсариф месозад, то корҳое ки хуш медорамро тарк кунам ва корҳое ки хуш намедорамро пеш гирам, монанди муртозон ки аз лаззат буридаанд ва монанди роҳибон ки ба дунё пушт кардаанд, дар ҳоле ки дунё барои ман хушоянд аст ва зиндагии он дар назарам зебост ва манро тавони парҳез аз он нест; Чароки ҳанӯз ҷавон ҳастам ва орзуҳои бисёр дорам ва марг аз ман дур аст>! Пас бадин сон аз ҳикмат боз мемонад ва аз донойи маҳрум мегардад, то руҳи ӯ бимирад, дар ҳоле ки ҷисмаи ӯ зинда аст. Оё ҳикмат барои ӯ лаззатбахш нест ва донойи ҷони ӯро ба роҳати намерасонад?! Дар ҳоле ки олами башар аз нодонӣ аст ва аз оногҳӣ мусибат мехезад; Оташи ҷангро афрухта ва сояи фақрро густаронида аст, ҳангоме ки сарватро ба сафиҳон супурда ва қудратро ба ҷоҳилон вогузошта аст, то бо сарвати худ дар замин табоҳӣ ангезанд ва бо қудрати худ ба бартарӣ даст ёзанд, то ниёзмандонро бифишоранд ва нотавононро биёзоранд. Ҷоҳилони қудратманд, фарзандони шаётинанад ва сафиҳони сарватманд, офатҳои заминанд ки мардумонро аз онон роҳати нест; Майл кунандагони ба ҳар бадӣ ва рӯй гирандагон аз ҳар хубие ки барои густариши ҷаҳолат дар ҷаҳон мекӯшанд ва ба нест кардани ҳакимон эҳтимом доранд, то бар рӯӣ замин ҳикмате намонад ва дар зери осмон ҳикмате ёфт нашавад, дар ҳоле ки нестӣ сазовори онон аст ва бояд ки дар хушкӣ ва дарё ёфт нашаванд. Ҳароина сарват зебандаи ҳакимон аст ва қудрат бар тани онон рост меояд, то ба василаи он ду, ҷаҳонро зебо созанд ва мардумонро ба хушбахтӣ расонанд. Оё зебойии ҷаҳон хушоянд нест ва хушбахтии мардумон хоста намешавад?! Ҷаҳолат рӯӣ заминро зишт карда ва бехабарӣ сокинонашро бадбахт сохта аст. Ҳамоқат, зулмро зойида ва сафоҳат, фақрро парвариш додааст. Лаънат, бар ҷоҳилон нозил мешавад ва нуҳусат, бебасиронро дар бар мегирад, ҳангоме ки ҳақро аз ботил намешиносанд ва хубро аз бад тамйиз намедиҳанд, пас бо дӯсти худ душманӣ мекунанд ва бо душмани худ дӯстӣ меварзанд. Оё фарзандони инсон масх шудаанд ки чунон ҳайвон зист мекунанд, орӣ аз ақл ва фатонат ва холӣ аз илм ва ҳикмат?! Чунон саг ва гурба ва чунон гург ва меш, бархӣ душмани бархӣ дигаранд ва бархӣ бархӣ дигарро медаранд, то хоҳишҳои ҷасадашонро бароварда ва хоҳишҳои руҳашонро саркӯб созанд, то ҷасадҳои фарбеҳ бо руҳҳои лоғар бошанд. Танбалӣ мардумро фаро гирифта ва хастангӣ бар онон соя андохтааст; Чароки нодонӣ ононро бемор карда ва беиродагӣ ононро сард сохтааст; Ҳиммате дар онон мавҷуд нест ва ормоне барояшон боқӣ намодааст; Чунон порасанге дар саҳро ё чунон порахиште дар бино; Бидуни эҳсос ва ихтиёр ва бидуни неру ва ҳаракат; Дар ҳисори сангҳои дигар ва дар фишори хиштҳои дигар; Тобеъ ва ҳамгун, бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар рехтаанд ва тӯдаҳои фасодро сохтаанд, то замонро барои бадбахтӣ муносиб ва маконро барои табоҳӣ мустаъид гардонанд>>.

Сипас нигоҳе ба рост ва нигоҳе ба чап андохт ва идома додо:

<<Акнун замон барои бадбахтӣ муносиб ва макон барои табоҳӣ мустаъид аст; Чароки ҷаҳолат шуюъ ёфта ва ҳикмат ноёб шудааст. Сафоҳат монанди тилло муъомила мешавад, дар ҳоле ки ҳикмат бо хок баробар аст. Калимаи лағв даҳон ба даҳон мепечад, вале калимаи ҳикмат фаромӯш мешавад. Бозори аботил гарм аст, вале барои ҳикмат муштарӣ ёфт намешавад. Масхарагӣ аз ваъз хушояндтар аст ва далқакон аз ҳакимон арзишмандтаранд. Ҳарзагӣ офоқро пур кардааст, вале аз фарзонагӣ дар ҷойе нишоне нест. Ҳамаи рӯз батолат кам аст, вале як соъат мавъеза зиёд шумурда мешавад. Мардумон ба ҳикмат роғиб нестанд ва барои он вақт намегузоранд. Сарҳо сангин ва синаҳо танг аст. Дастҳо баста ва поҳо ланг аст. Дар чунин ҳангомаи шуме, оё таваққуъи чизе ҷуз беъэтиноӣ ба манро доред?! Оё дар интизори чизе ҷуз душманӣ бо ман ба сар мебаред?! На ба Худо савганд, балки онон ҳаргиз бо ман дӯстӣ нахоҳанд кард ва ҳаргиз бо ман ҳамроҳ нахоҳанд шуд, магар ҳангоме ки аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунам ё заминро аз хун ва арақ сероб созам>>!

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазрат аз инки <<Онон ҳаргиз бо ман дӯстӣ нахоҳанд кард ва ҳаргиз бо ман ҳамроҳ нахоҳанд шуд, магар ҳангоме ки аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунам ё заминро аз хун ва арақ сероб созам>>, ин аст ки мардум танҳо ҳангоме даъвати он ҳазратро хоҳанд пазируфт ки бо аҳвоъи онон созгор шавад ва ё ба пазириши он икроҳ шаванд, дар ҳоле ки он ҳазрат на даъвати худро бо аҳвоъи онон созгор мекунад ва на ононро ба пазириши он икроҳ мефармояд ва бо ин васф, табиъӣ аст ки онон аз пазириши он сар боз мезананд ва ин ҷойи таъаҷҷуб надорад.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?