Сешанбе 20 август 2019 мелодӣ баробар бо 18 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 1 Код: 37
Мавзӯъ:

Ду гуфтор аз он ҳазрат ҳокӣ аз инки иқомаи ҳудуд танҳо дар ҳокимияти халифаи Худованд ҷойиз аст.

   1 . أخْبَرَنا یونُسُ بْنُ عبدِ اللّهِ الخَتْلانيُّ، قالَ: قلتُ للمنصور الهاشميّ الخراسانيّ: إنَّهُم یَقُولونَ: ما لا یُدْرَكُ كُلُّهُ لا یُتْرَكُ كُلُّهُ! قالَ: كَذَبُوا الجُهّالُ الحَمْقیٰ كَأَشْباهِ الْحُمُرِ! ما جَعَلَ اللّهُ دِیناً إلّا وَ جَعَلَ لَهُ مَنْ أَدْرَكَ كُلَّهُ! فَإِنْ عَجَزُوا عَنْ إدْراكِ كُلِّهِ فَلْیَذهَبُوا وَلْیأتِ مَن یَقْدِرُ علیٰ ذٰلكَ، لِأنَّهُ لا یُغنِي إلّا كُلُّهُ و لا یَزِیدُهُمْ جُزْئُهُ غَیْرَ تَخْسِیرٍ! قلتُ: ألیسَ ذٰلكَ تَعْلیقُ حُدودِ اللّه؟ قالَ: لا یَذْهَبَنَّ بِكَ المَذاهِبُ یا بُنَيَّ! إنَّ حُدودَ اللّهِ لا یُجْرِیها غَیْرُ وَليِّهِ، فَلا بُدَّ مِنْ أن یُحَكِّموهُ و ذٰلِكَ بِأنَّ اللّهَ ما جَعَلَ حَدّاً إلّا بِاعْتِبارِهِ دَولَةَ العَدْلِ و أمّا دَولةُ الجَورِ فَلَیْسَ لَها أنْ تُجْرِيَ حَدّاً بَل لِلّهِ عَلَیْها حُدودٌ سَوفَ تُجْریٰ عَلَیْها!

 

Тарҷумаи гуфтор:

Юсуф ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ арз кардам: Онҳо мегӯянд чизе ки ҳамааш ба даст намеояд ҳамааш вогузошта намешавад! Фармуд: Дурӯғ мегӯянд ҷоҳилҳои аҳмақ ки монанди харҳоянд! Худованд динеро қарор надода магар инки барои он касеро қарор додааст ки ҳамаи онро ба даст оварад! Пас агар онҳо аз ба даст омадани ҳамаи он нотавонанд бояд бираванд ва касе биёяд ки тавонойии ин корро дорад; Чароки он ҷуз ҳамааш кифоят намекунад ва як ҷузъаш ба танҳойи ҷуз бар зиёни онҳо намеафзояд! Арз кардам: Оё ин ҳудуди Худовандро ба таълиқ намекашонад?! Фармуд: Маҳзабҳои гуногун туро ба сӯӣ худ набаранд фарзандам! Ҳароина ҳудуди Худовандро ҷуз валии Ӯ ҷорӣ намекунад, пас чорае нест ҷуз онки ӯро ҳоким созанд ва ин аз он ҷиҳат аст ки Худованд ҳаддеро вазъ накардааст магар ба эътибори давлати адл ва аммо давлати золимро намерасад ки ҳаддеро ҷорӣ кунад, бал барои Худованд бар он ҳудуде аст ки ба зудӣ бар он ҷорӣ хошад шуд!

 

Шарҳи гуфтор:

Манзур аз <<Ҳудуди Худованд>> дар ин гуфтор, муҷозотҳои хосси шаръӣ монанди қатъ кардани даст дар сирқат ва задани ҳаштод тозиёна дар шаробхорӣ ва сад тозиёна дар зиноӣ ғайри мӯҳсан ва сангсор кардан дар зинои мӯҳсан аст ки дар сурати иҷтимоъи ҳамаи шурути лозим, таъаюн пайдо мекунад ва бино бар назари соъиби он бузургвор, яке аз ин шурути лозим, ҳокимияти халифаи Худованд дар замин аст. Барои огоҳии бештар дар ин бора, ба китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>>, <<Мабҳаси машрут будани иқомаи бархӣ аҷзоъи Ислом ба иқомаи кулли он>> (с125) муроҷиъа кунед.

 

   2 . أَخْبَرَنا الْحُسَیْنُ بْنُ عَبْدِ الْغَنِيِّ الْخارُوغِيُّ، قالَ: أَتَیْتُ بَیْتَ الْمَنْصُورِ لِأَسْأَلَهُ عَنْ إِقامَةِ الْحُدُودِ فِي غَیْبَةِ الْمَهْدِيِّ، فَقِیلَ لي: إِنَّهُ فِي الْمَزْرَعَةِ -وَكانَ لِبَعْضِ جِیرانِهِ مَزْرَعَةٌ یَعْمَلُ فِیها- فَأَتَیْتُ الْمَزْرَعَةَ فَوَجَدْتُهُ یَحْرُثُ الْأَرْضَ وَ كانَتِ الْحِراثَةُ تُعْجِبُهُ فَقُلْتُ لَهُ: یا حارِثُ! أَیُقِیمُ النّاسُ الْحُدُودَ فِي غَیْبَةِ الْمَهْدِيِّ؟ فَنَظَرَ إِلَيَّ وَ قالَ: إِنْ أَقامُوها ظَلَمُوا وَ إنْ لَمْ یُقِیمُوها ظَلَمُوا فَهُمُ الظّالِمُونَ فِي كُلِّ حالٍ! قُلْتُ: لِماذا؟! قالَ: لِأَنَّهُمْ أَرْغَمُوهُ عَلَی الْغَیْبَةِ! قُلْتُ: إِنَّ هٰذا لَمَخْمَصَةٌ فَهَلْ لَهُمْ مِنْ مَنْدُوحَةٍ؟! قالَ: نَعَمْ، یُرْغِمُونَهُ عَلَی الظُّهُور! ثمّ قرأ: «وَلَيْسَ الْبِرُّ بِأَنْ تَأْتُوا الْبُيُوتَ مِنْ ظُهُورِهَا وَلَٰكِنَّ الْبِرَّ مَنِ اتَّقَىٰ ۗ وَأْتُوا الْبُيُوتَ مِنْ أَبْوَابِهَا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ»!

 

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳусейн ибни Абдулғании Хоруғи моро хабар дод, гуфт: Ба дари хонаи ҳазрати Мансур омадам то аз ӯ дар бораи иқомаи ҳудуд дар замони зоҳир набудани Маҳдӣ бипурсам, пас ба ман гуфта шуд ки он ҳазрат дар мазраъа аст –ва барои бархӣ ҳамсоягони ӯ мазраъе буд ки ӯ дар он кор мекард– пас ба мазраъа омадам ва он ҳазратро дар ҳоле ёфтам ки заминро барои кишт шухм мезад ва чунин буд ки шухзаниро дӯст медошт, пас ба ӯ арз кардам: Эй шухм зананда! Оё мардум ҳудудро дар замони ғайбати Маҳдӣ иқома мекунанд? Пас ба ман нигоҳе афканд ва фармуд: Агар онро иқома кунанд ситам кардаанд ва агар онро иқома накунанд ситам кардаанд, пас онон дар ҳар ҳоле ситамкоранд! Гуфтам: Барои чи! Фармуд: Барои  инки онон ӯро ба ғайбат водор кардаанд! Гуфтам: Бегумон ин як махмаса аст, пас оё барои онон роҳи чорае ҳаст?! Фармуд: Оре, ӯро ба зуҳур водор мекунанд! Сипас тиловат фармуд: <<Ва некӣ он нест ки ба хонаҳо аз пуштҳошон даройед, бал некӣ он аст ки парҳезкор шавед ва ба хонаҳо аз дарҳошон даройед ва аз Худованд парво кунед, бошад ки растгор шавед>> (Бақара/ 189)!

 

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазрат аз тиловати ин ояи шарифа, таваҷҷуҳ додан ба ин нуктаи хатир буд ки ҳудуди Худованд монанди хонае аст ки барои он даре вуҷуд дорад ва он дар, харифаи Худованд дар замин аст ва бо ин васф, некӣ он нест ки ҳудуди Худованд аз ғайри тариқи халифаи Худованд дар замин иҷро шавад, бал некӣ он аст ки ҳудуди Худованд аз тариқи ӯ иҷро шавад; Зеро Худованд ӯро барои ин кор солеҳ дониста ва табйин карда, бал ҳудуди худро бо лиҳози иҷрои муносиб ва одилонаи ӯ ташриъ фармудааст.

Ҳамчунин, барои огоҳии бештар аз <<Вуҷуби зоҳир кардани Маҳдӣ бар мардум>> ва <<Табаъоти зоҳир набудани Маҳдӣ барои мардум>>, ба китоби бузурги <<Бозгашт ба Ислом>> (с289 ва 296) муроҷиъа кунед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?