Душанбе 17 июн 2019 мелодӣ баробар бо 13 шаввол 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 4 Код: 36
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи касоне ки ба Маҳдӣ бовар надоранд.

   أَخْبَرَنا وَلیدُ بْنُ مَحْمُودٍ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ رَجُلٍ مِنَ الْمُسْلِمینَ یُنْكِرُ الْمَهْدِيَّ وَ یَقُولُ إِنَّهُ مِنَ الْخُرافاتِ! قالَ: أفَیُنْكِرهُ رَجُلٌ مِنَ الْمُسْلِمینَ؟! -كَالْمُسْتَبْعِدِ لِذٰلِكَ! قُلْتُ: نَعَمْ، قالَ: سَوفَ یَتَبیَّنُ لَهُ أَنَّهُ الْحَقُّ! قُلْتُ: أَفَلَمْ یَكْفُرْ؟! قالَ: لا ولٰكِنْ ضَلَّ ضَلالاً مُبِیناً! ثُمَّ قالَ: لا یَكْفُرُونَ حَتّیٰ یَجْحَدُوا آیَةً مِنَ الْقُرآنِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид писари Маҳмуд моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи марде аз мусалмонон пурсидам ки мункари Маҳдӣ аст ва мегӯяд ки ӯ аз хурофот аст! Фармуд: Оё марде аз мусалмонон ӯро инкор мекунад?! –Монанди касе ки инро истибъод менамояд! Гуфтам: Бале, фармуд: Ба зудӣ барои ӯ рӯшан мешавад ки ӯ ҳақ аст! Арз кардам: Оё (бо ин инкор) кофир намешавад?! Фармуд: На, вале гумроҳ мешавад гумроҳии ошкоре! Сипас фармуд: Кофир намешаванд то он гоҳ ки ояте аз Қуръонро инкор кунад.

Шарҳи гуфтор:

Аз ин гуфтори покиза дониста мешавад ки агар касе аз мусалмонон ба сабаби ҷаҳл ё шубҳа, ба Маҳдӣ бовар надошта бошад ва бовар ба ӯро аз хурофот бипиндорад, кофир намешавад, вале дар гумроҳии ошкоре фуру меравад; Чароки куфр бо инкори лафз ё маънои сариҳи яке аз оёти Қуръон таҳаққуқ меёбад ва Маҳдӣ ба унвони мардӣ хос бо хусусиётӣ ривоят шуда, лафз ё маънои сариҳи яке аз оёти Қуръон нест; Ҳамчунонки соири хулафоъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сурати мушаххас, алфоз ё маъноӣ сариҳи оёте аз Қуръон нест ва бо ин васф, адами эътиқод ба онон муҷиби куфри як мусалмон намешавад, ҳар чанд аз гумроҳии ошкори ӯ парда бар медорад; Чароки ҳаққонияти Маҳдӣ ва соири хулафоъи рошиди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бино бар ривоёти мутавотир собит аст ва ривоёти мутавотир ақлан ҳуҷҷат ҳастанд ва бо ин васф, адами эътиқод ба онон гумроҳии ошкоре аст ки азоби шадидеро дар охират иқтизо мекунад; Чунонки Худованд фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ يَضِلُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ بِمَا نَسُوا يَوْمَ الْحِسَابِ» (Сод/ 26); <<Ҳароина касоне ки аз роҳи Худованд гумроҳ мешаванд барояшон азоби шадиде аст ба сабаби онки рӯзи ҳисобро аз ёд бурданд>>!

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?