Душанбе 16 сентябр 2019 мелодӣ баробар бо 16 муҳаррам 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 1 Код: 33
Мавзӯъ:

Се гуфтор аз он ҳазрат ҳокӣ аз инки вилоят танҳо барои Худованд аст ва наздик шудан ба он ҷуз барои касе ки Худованд ба ӯ изн додааст ҷойиз нест.

   1 . أَخْبَرَنا أَحمدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمٰنِ الطّالِقانيُّ قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ الْهٰاشِميَّ الْخُراسٰانيَّ عَنِ الْوِلایَةِ فَقالَ: هِيَ الْأَمْرُ وَ النَّهْيُ لا یَكُونانِ إلّا لِلّهِ فَمَن یَأمُرْ مِنْ دُونِهِ وَ یَنْهَ فَلَیْسَ لَهُ طاعَةٌ وَ مَن یُطِعْهُ فَإِنَّما عَبَدَ الطّاغُوتَ أُولٰئِكَ هُمُ الْكافِرُونَ! ثُمَّ قَرأَ: «اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُمَاتِ ۗ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ»! ثُمَّ قالَ: مَن یَتَّخِذْ مِنْ دُونِ اللّهِ وَلِیّاً فَهُو كافِرٌ وَ إِنْ زَعَمَ أنَّهُ مُسْلِمٌ!

Тарҷумаи гуфтор:

Аҳмад ибни Абдурраҳими Толиқонӣ моро дод, гуфт: Аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи вилоят пурсидам, пас фармуд: Он амр ва наҳйе аст ки ҷуз барои Худованд нест, пас ҳар кас ҷуз Ӯ ки амр ва наҳй кунад барои ӯ итоъате нест ва ҳар кас ки ӯро итоъат кунад ҳароина тоғутро парастидааст ва онон ҳамоно кофиронанд! Сипас ин ояро хонд: <<Худованд валии касоне аст ки имон оварданд, ононро аз торикиҳо ба нур берун меоварад ва касоне ки кофир шуданд авлиёъашон тоғутонанд, ононро аз нур ба торикиҳо берун меоваранд, онон ёрони оташанд ва онон дар он ҷовидон хоҳанд буд>> (Бақара/ 257)! Сипас фармуд: Ҳар кас ҷуз Худованд валийе бигирад ӯ кофир аст агарчи худро мусалмон бипиндорад!

  2 . أَخْبَرَنا عَبدُ اللّهِ بْنُ حَبیبٍ الطَّبَريُّ قالَ: سَأَلْتُ الْعالِمَ عَنْ قَولِ اللّهِ تَعالیٰ: «وَقُلْنَا يَا آدَمُ اسْكُنْ أَنْتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ وَكُلَا مِنْهَا رَغَدًا حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَٰذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الظَّالِمِينَ» ما كانَتِ الشَّجَرَةُ؟ قالَ: كانَتِ الْأَمانَةَ! فَرَءآنِي أَنْظُرُ إِلَیْهِ فَقالَ: أما سَمِعْتَ قَولَهُ تَعالیٰ: «إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَنْ يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنْسَانُ ۖ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا»؟! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ إِنَّها كانَتِ التُّفّاحَ! قالَ: یا عَبْدَ اللّهِ! إِنَّ ثِمارَ الْجَنَّةِ لَیْسَتْ كَثِمارِ الدُّنْیا، إِنَّها الْعِلْمُ وَ إِنْ كانَتِ التُّفّاحَ! قُلْتُ: وَ مَا الْأَمانَةُ؟! قالَ: الوِلایَةُ! فَلا تَقْرَبُوا الْوِلایَةَ فَتَكُونُوا مِنَ الظّالِمین!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Аз олим дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: <<Ва гуфтем эй одам! Ту ба ҳамроҳи ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз ҳар ҷои он ки мехоҳед озодона бихуред ва ба ин дарахт наздик нашавед ки дар он сурат аз золимон хоҳед буд>> (Бақара/ 35)! Он дарахт чи буд? Фармуд: Амонат буд: Пас манро дид ки (бо таъаҷҷуб) ва ӯ менигарам, пас фармуд: Оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки мефармояд: <<Мо амонатро ба осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза кардем, пас сар боз заданд аз инки онро бардоранд ва аз он тарсиданд ва инсон онро бардошт! Ҳароина ӯ бисёр золим ва ҷоҳил аст>> (Аҳзоб/ 77)! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки он дарахти себ буд! Фармуд: Эй Абдуллоҳ! Меваҳои Биҳишт монанди меваҳои дунё нест, он илм аст агарчи себ бошад! Гуфтам: Бо ин васф, амонат чист? Фармуд: Вилоят! Пас ба вилоят наздик нашавед ки дар он сурат аз золимон хоҳед буд!

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазрат аз инки <<Вилоят танҳо барои Худованд аст>>, чунонки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> мабҳаси <<Ҳокимияти ғайри Худованд>> табйин фармуда, он аст ки ҳаққи амр ва наҳй танҳо барои Худованд аст ва касе ҳаққи амр ва наҳй надорад магар инки Худованд онро барои ӯ қарор дода бошад ва бо ин васф, амр ва наҳйи касе ки Худованд барои ӯ ҳаққи амр ва наҳйе қарор дода, вилояти Худованд аст ва қабули он имон шумурда мешавад ва амр ва наҳйи касе ки Худованд барои ӯ ҳаққи амр ва наҳйе қарор надода, вилояти ғайри Худованд аст ва қабули он шарик шумурда мешавад ва мисдоқи бандагии тоғут аст ва ҳар фасоде ҳаст аз он бар мехезад; То ҷойе ки дар гуфтори дигарӣ аз он ҳозрат омадааст:

   3 . أَخْبَرَنا ذاكِرُ بْنُ مَعْرُوفٍ الْخُراسانيُّ قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: لَو خَرَّتِ السَّماءُ عَلَی الْأَرْضِ خَیْرٌ مِنْ أَن یَلِيَ النّاسَ مَن لَمْ یُوَلِّهِ اللّهُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Зокир ибни Маъруфи Хуросонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Агар осмон бар замин бияфтад беҳтар аз ин аст ки марде бар мардум вилоят ёбад ки Худованд ӯро вилоят надодааст!

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?