Душанбе 20 май 2019 мелодӣ баробар бо 15 рамазон 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

   
Шумора: 1 Код: 29
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар мазаммати олимони бад ки аз даъвати ӯ ба сӯӣ Маҳдӣ ҳимоят намекунанд.

Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои шуморе аз олимон номаҳое навишт ва ононро ба ҳамроҳи бо хеш дар заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ фаро хонд, вале онон аз фарти такаббур ба ӯ посухе надоданд ва даъвати ӯро дар гумроҳӣ шумурданд ва ба фиристодаи ӯ иҳонат карданд. Пас чун хабари ин воқеъа ба он ҳазрат расид, ба ёрони худ рӯй намуд ва фармуд:

<<Инно Лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун. Ҳамоно ин дин, аз олимони хеш, беш аз ҷоҳилони хеш латма дида ва аз фақиҳони хеш, беш аз сафиҳони хеш зарба хӯрдааст; Чароки лағзиши ҷоҳил, лағзиши ҷоҳил аст ва лағзиши олим, оламеро мелағзонад! Ҳамоно як бадии фақиҳ, ҳазор хубии ӯро аз байн мебарад ва шарри қалилаш, аз хайри касираш бениёз мекунад! Вой бар олимони бад ки дар пайи ҷалби ризояти султонанд; Пас ҳақро ботил ва ботилро ҳақ менамоянд ва бар зидди мустазъафон ва ба суди мустакбирон фатво медиҳанд; Ҳамонон ки амволи Маҳдиро мехуранд ва аз рӯҳи ӯ боз медоранд; Ҳангоме ки даъвати ман ба сӯӣ ӯро мешунаванд ва онро дар гумроҳӣ мешуморанд, то мардумро аз иҷобати он боз доранд ва аз ҳаракат ба сӯӣ Маҳдӣ машғул созанд, то ҳукуматашон дар замин ҷовидона бошад ва ба ҷои ӯ итоъат шаванд; Монанди коҳинони банӣ исроъил ки паёмбарони Худоро такзиб карданд ва аз иқомаи аҳкоми ӯ боз доштанд, то тақолидашон барои ҳамеша маҳфуз бошад ва аз ризқашон дар субҳу шом коста нашавад! Вой бар онон ки тасма аз гурдаи мустаҳаб кашидаанд, аммо аз авҷиби воҷибот ғофиланд! Нисоби тилло ва нуқраро медонанд, вале аз чуну чарои ғайбат огоҳӣ надоранд! Саҳми имом аз хумсро мешиносанд, вале саҳми имом аз ҳукуматро ба ёд намеоваранд! Намоз дар ҷои дигариро ботил мешуморанд, вале ҳукумат дар ҷои дигариро ҷойиз мепиндоранд! Хасро дар чашми мардум мебинанд, вале чинорро дар он нодида мегиранд! Магасро аз пашти мардум мепаронанд, вале шутурро бар он боқӣ мегузоранд! Дар ҳоле ки ҳар кас пешонияш табар хӯрдааст, аз хароши ангушташ парво надорад ва ҳар кас дар дарё ғарқ мешавад, аз тар шудани либосаш андешнок нест! Оё аз онон мисоқ гирифта нашуд ва дар китоби Худованд наёмӯхтанд ки дар бораи Ӯ ҷуз ҳақ нагӯянд ва аз роҳи Ӯ боз надоранд ва ситампешаро бар зидди ситамдида ёрӣ нарасонанд?! Пас вой бар онон аз кайфаре дар зиндагии дунё ва вой бар онон аз оташе ки барояшон афрухта шудааст>>!

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?