Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Мансури Ҳошимии Хуросониро дидам ки бар дарахти туте такя додааст ва гурӯҳе аз мардумро панд медиҳад ва мефармояд:

«Эй бандагони Худо ки ба гирд овардани амвол саргарм шудаед ва барои таҳсили қудрат мусобиқа гузоштаед! Бидонед ки зиндагии шумо нопойдор ва марги шумо наздик аст. Гӯрҳоро барои шумо кандаанд ва кафанҳоро барои шумо буридаанд. Ба зудӣ дунёйе ки барои он ранҷҳо кашидаед ва ситамҳо кардаед ва дурӯғҳо гуфтаед ва обруҳо бурдаед, ба шумо пушт мекунад ва шуморо во мегузорад. На аз сукун шумо баъд аз ҳаракат мутаъассиф мешавад ва на аз сардии шумо баъд аз ҳарорат андӯҳгин. Бар ятимии кӯдаконатон ғусса намехурад ва бар бевагии ҳамсаронатон дариғ намеварзад; Чароки дар ҷибиллати он раҳме ниҳода нашуда ва дар сиришти он утуфате нест. Кӯдакони ширхорро по бар гулу фишурда ва наварӯсони нокомеро хок бар сар карда ва аз ҷавонони орзуманд ва пирони ниёзманд дар нагузаштааст. Чи бисёр мазлумоне ки додашонро наситонда ва афтодагоне ки дасташонро нагирифтааст! Оҳ аз фарёдҳое ки аз он ба осмон аст ва оҳ аз ашкҳое ки аз он бар замин! Шумо меросхури гузаштагонед ва ояндагон меросхури шумо хоҳанд буд. Дар хонаҳои касоне сокин шудаед ки акнун сокинони гӯрҳо ҳастанд ва ба маносиби касоне ноъил шудаанд ки акнун гӯшт бар устухонашон нест. Чи суратҳои зебое ки бод карда ва мунфаҷир шуд ва чи баданҳои варзидае ки пӯсида ва музмаҳил шуд! Пас ба чи чизи ин дунё дил бастаед ва ба куҷои он чашм дӯхтаед?! Дар ҳоле ки ончи гирд овардаед, пароканда хоҳад шуд ва ончи сохтаед, вайрон. Баданҳои худро барои кирмҳо фарбеҳ кардаед ва амволи худро барои мӯриёнаҳо ҳазина намудаед. Ҷонҳои шумо ба ҷуръае овехта ва нафасҳотон ба луқмае вобаста аст. Андоми шумо нотавон ва офоти дунё дар камин аст. Ҳар ҷое ки биравед геребони шумо дар дасти марг аст ва шуморо аз он гурезе нест. На дар қуллаҳои кӯҳҳо аз он дар амон хоҳед буд ва на дар завоёи дарраҳо аз он пинҳон. Акнун ки фурсате доред ва метавонед, барои охират тӯшае баргиред ва худро ба коре водоред ки бароятон судманд аст».

Дар ин ҳангом, ҷавоне аз миёни мардум гуфт: «Эй устод! Беҳтарин тӯша барои охират чист ва судмандтарин кор барои мо кадом аст?». Он ҳазрат ба ӯ нигоҳе андохт ва фармуд:

«Бо таълимам тарбият хоҳи шуд ва бо раҳнамудам роҳ хоҳӣ ёфт; Чароки забонам ба ҳикмат гӯёст ва аз дарунам илм меҷӯшад. Беҳтарин тӯша барои охират парҳезкорӣ аст ва судмандтарин кор барои шумо ёрии халифаи Худованд; Чароки парҳез аз бадӣ бар анҷоми хубӣ муқаддам аст ва ёрии халифаи Худованд аз ёрии дигарон авло. Зинҳор ба ёрии ситамкорон напардозед то хуни ситамдидагонро бирезед ва ҷониби фармонравоёнро нагиред то ҷониби Маҳдиро фуру гузоред! Чи касе бадбахтар аз касе аст ки охирати худро ба дунёи дигарон мефурушанд ва чи касе гумроҳтар аз касе аст ки гумоштаи худро бар гумоштаи Худованд муқаддам месозад?! Ҳастар монанди хун, ба ҳамаи аҷзоъаш хоҳад расид ва пушаймонӣ монанди пӯст, сар то пояшро фаро хоҳад гирифт, ҳангоме ки марг монанди уқоб бар сари ӯ фуруд меояд ва чанголашро монанди тир дар ҷони ӯ фуру мебарад, то ӯро бо худ ба ҷаҳоне бибарад ки бас ҳувлнок ва меҳнатангез аст ва бозгаште аз он мутасаввир нест».

Сипас рӯй ба мардум кард ва бо овози баланд фармуд:

«Ҳон эй мардум! Аз дунё рӯй бигиред пеш аз онки аз шумо рӯй бигирад ва ба охират рӯй оваред пеш аз онки ба шумо рӯй оварад. Нафсҳои худро ба парҳез водоред ва ба хушӣ одат надиҳед. Дунёро бар худ сахт бигиред то охират бар шумо осон шавад; Чароки ба Худо савганд сахтии дунё поён мепазирад, аммо сахтии охират ҳамешагӣ аст; Ҳамчунонки осоиши дунё дере намепояд ва осоиши охират ҷовидон аст. Огоҳ бошед! Биҳишти ҷовидон барои касоне аст ки баҳои онро пардохтаанд ва чи суд кардаанд касоне ки фониро ба боқӣ фурухтанд! Офарин бар онон ва хушо ба ҳолашон! Гуворояшон бод хушнудии Худованд ва подошҳои Ӯ!».

Пас чун бархост то биравад, он ҷавон ба назди ӯ омад ва гуфт: «Устод! Ба ман изн бидеҳ то бо шогирдони ту биёям; Чароки манро пас аз ин дар дунё рағбате нест»! Он ҳазрат ба ӯ нигоҳе андохт ва фармуд:

«Аунун ки аз дунё буридӣ, бо ман биё то туро ба охират раҳнамун шавам; Чароки роҳҳои кӯтоҳеро мешиносам ва аз равишҳои некуйе огоҳи дорам».

Пас он ҷавон бо он ҳазрат ҳамроҳ шуд ва ба шогирдои ӯ пайваст то барои ёрии Маҳдӣ таълим дода шавад.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]