Ҷумъа 20 октябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

Шумора: 1 Код: 24
Мавзӯъ:

Гуфторе аз он ҳазрат дар баёни инки ақл нахустин офаридаи Худованд ва мабнои офариниши ҷаҳон аст.

   أَخْبَرَنا أَبُو زَكریّا أَحمدُ بْنُ عَبْدِ الرّحمٰنِ الطّالِقانيُّ قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصورِ في أَوّلِ دَخْلَةٍ دَخَلْتُ عَلَیْهِ: إِنِّي سائِلُكَ عَنْ أَشْیاءَ فَإِنْ أجَبْتَنِي عَنْها عَلِمْتُ أَنَّكَ مِمَّنْ أَنْعَمَ اللّهُ عَلَیْهِ و إِنْ لَمْ تُجِبْني عَلِمْتُ أَنَّكَ مِنَ الْمُتَكَلِّفِینَ! قالَ: سَلْ! قُلْتُ: أَخْبِرْني عَنِ الْعالَمِ أَهُوَ حادِثٌ؟ قالَ: نَعَمْ! قُلْتُ: ما كانَ قَبْلَ حُدُوثِهِ؟ قالَ: ما كانَ قَبْلَ حُدُوثِهِ قَبْلٌ! قُلْتُ: فَخَلَقَ الزَّمانَ؟! قالَ: نَعَمْ! قُلْتُ: مَتیٰ خَلَقَهُ؟! قالَ: ما كانَ إذا خَلَقَهُ مَتیٰ! قُلْتُ: فَكَیْفَ خَلَقَهُ؟! قالَ: خَلَقَهُ بِخَلْقِ الْحَرَكةِ! قُلْتُ: فَالْحَرَكَةُ أَوَّلُ ما خَلَقَ؟! قالَ: لا ولكِنْ أَوَّلُ ما خَلَقَ الْعَقْلُ لِیُعْرَفَ بِهِ فَیُعْبَدَ ثُمَّ قالَ لَهُ: أَقْبِلْ فَأَقْبَلَ ثُمَّ قالَ لَهُ: أَدْبِرْ فَأَدْبَرَ فَجَعَلَ لَهُ الْحَرَكَةَ! قُلْتُ: مِنْ أَیْنَ إلیٰ أَیْنَ؟ قالَ: مِنَ الْقُوَّةِ إلَی الْفِعْلِ، ثُمَّ خَلَقَ مِنْهُ النَّفْسَ فَجَعَلَها نُوراً وَ جَعَلَ النُّورَ دَرَجاتٍ یَزِیدُ فَیَكُونُ رُوحاً بِقَدَرِهِ وَ یَنْقُصُ فَیَكُونُ جِسْماً بِقَدَرِهِ فَیَنْتَزِعُ مِنْهُ السَّمٰواتُ وَ الْأَرْضُ وَ ما بَیْنَهُما مِنَ الْجِمادِ وَ النَّباتِ و الْحَیْوانِ وَ الْمَلَكِ وَ كُلٌّ لَهُ نُورٌ وَ مِقْدار! قُلْتُ: أَشْهَدُ أَنَّكَ مِمَّن أَنْعَمَ اللّهُ عَلَیْهِ مِنَ الصِّدِّیقِینَ وَ الشُّهَداءِ وَ الصّالِحینَ وَ حَسُنَ أولـٰئِكَ رَفیقاً! وَاللّهِ ما رَأَیْتُ أَعْلَمَ مِنْكَ! قالَ: صَدَقْتَ وَ لـٰكِنْ لَو بَقِیتَ مَعِي سَأُرِیكَ رَجُلاً هُوَ أَعْلَمُ مِنِّي یُقالُ لَهُ الْمَهْدِيُّ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абу Закариё Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур дар нахустин боре ки ба маҳзараш расидам арз кардам: Ман аз ту дар бораи чизҳое мепурсам, пас агар ба ман посух додӣ дар меёбам ки ту аз касоне ҳастӣ ки Худованд бар онон неъмат бахшидааст ва агар ба ман посух надодӣ дар меёбам ки ту аз мутакаллифон (яъне муддаъиён) ҳастӣ! Фармуд: Бипурс! Гуфтам: Манро аз ҷаҳон хабар бидеҳ ки оё ҳодис аст? Фармуд: Оре! Гуфтам: Қабл аз ҳудуси он чи буд? Фармуд: Қабл аз ҳудуси он қабле набуд! Гуфтам: Пас замонро офарид?! Фармуд: Оре! Гуфтам: Кай онро офарид?! Фармуд: Ҳангоме ки онро офарид <<Кай>> набуд! Гуфтам: Пас чигуна онро офарид?! Фармуд: Онро бо офариниши ҳаракат офарид! Гуфтам: Пас ҳаракат нахустин чизе ки буд ки офарид?! Фармуд: На, бал нахустин чизе ки офарид ақл буд то бо он шинохта ва парастиш шавад, сипас ба он фармуд: Пеш биё пас пеш омад, сипас ба он фармуд: Пас буро пас пас рафт, пас барои он ҳаракат қарор дод! Гуфтам: Аз чи ба сӯӣ чи?! Фармуд: Аз қувва ба сӯӣ феъл, сипас аз он нафсро офарид, пас онро нур қарор дод ва нурро дорои маротибе сохт ки афзоиш меёбад пас ба қадри он рӯҳ мебошад ва коҳиш меёбад пас ба қадри он ҷисм мебошад, пас аз он осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни он ду аст аз ҷимод ва гиёҳ ва ҳайвон ва фаришта интизоъ меёбад ва барои ҳар як нуре ва миқдоре аст! Гуфтам: Шаҳодат медиҳам ки ту аз касоне ҳастӣ ки Худованд бар онон неъмат бахшидааст аз сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон ва онон неку рафиқоне ҳастанд! Ба Худо савганд касеро олимтар аз ту надидам! Фармуд: Рост гуфтӣ, вале агар бо ман бимонӣ ба ту мардеро нишон медиҳам ки аз ман олимтар аст, ба ӯ Маҳдӣ гуфта мешавад!

Шарҳи гуфтор:

Ин ҳикмати ноб ки гавҳарӣ ноёб аст, оканда аз нукоти бадиъ ва маъорифи шаигифтангез аст ва илми хоссеро дар бар дорад ки ҷуз назди авлиёъи Худованд аз оли Муҳаммад салаллоҳу алайи ва олиҳи ва саллам ёфт намешавад ва аз ин рӯ, пурсиш кунандаи зиракро қонеъ сохта ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ як муддаъии нодон ва дурӯғгӯ нест, бал олимӣ сиддиқ аз баргузидагони Илоҳи аст ки ба сӯӣ рушд раҳнамун мешавад ва аз ҳақиқати Ислом парда бар медорад ва барои  зуҳури Маҳдӣ заминасозӣ мекунад. Ҳар чанд дар шарҳи ин ҳикамти ноб сухан бисёр метавон гуфт, балки китобе метавон навишт, вале ин мухтасарро маҷоли тафсил он нест ва аз ин рӯ, ба ин иҷмол басанда мекунем ки аввалан бинобар фармудаи он ҳазрат, замон ҷузъе аз ҷаҳони ҳодис аст ва ба табаъи он офарида шуда ва бо ин васф, пеш аз офариниши ҷаҳон, вуҷуд надошта ва дар лозамон падид омадааст ва аз ин рӯ, пурсиш аз онки қабл аз он чи буда ё дар чи замоне офарида шуда бемаъност; Сониян нахустин чизе ки аз Худованд содир шуда, ақл аст то мабнои маърифат ва убудияти Ӯ бошад; Солисан дар табиъати ақл, бо амри таквинии Худованд, ҳаракатӣ ҷавҳарӣ миёни қувва ва феъл ниҳода шуда ва ин ҳаракати ҷавҳарӣ, падид оварандаи замон будааст; Робиъан нафс, аз ақл офарида шуда ва ба ҳамин далил, идрок кунанда аст; Хомисан нафс, нур қарор дода шуда ки табиъати он нофиз ва сорӣ аст ва дар бастари замон ба саросари макон интишор меёбад ва бо ин васф, офариниши ақл, инфиҷори нур буда ва ин нур, то кунун дар ҳоли ҳаркат ва пешравӣ аст ва ҳар чизе ки ҳаст, дар ҳақиқати худи нафс аст; Содисан ин нури ақлӣ ки нафс аст, ба ҷаъли таквинии Худованд шиддат ва заъф пайдо карда ва аз ин рӯ, нафси қавитар ва нафси заъифтар падид омадааст; Собиан ин нури ақлӣ ва нафсӣ, рӯҳоният аст ва аз ин рӯ, ҳар чи шиддат пайдо карда рӯҳ шуда ва ҳар чи заъиф шуда ҷисм ва ҷизҳое ки дар миён ҳастанд ба нисбат шиддат ва заъфи он аз рӯҳоният ва ҷисмоният бархурдоранд ва бо ин васф, руҳ ва ҷисм ҳар ду аз як ҷавҳари нуронианд, то ҳадде ки метавон гуфт: Руҳ ҷисми қавӣ ва ҷисми руҳ заъиф аст; Бадон маъно ки ин ҷавҳари нуронӣ дар руҳ қавитар ва дар ҷисм заъифтар аст; Соминан осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни онҳост аз ҷамодот ва наботот ва ҳайвонот ва малоъика, бар пояи ҳамин низоми якпорча офарида шудаанд ва аз ин нури ақлӣ ва нафӣ интизоъ пайдо кардаанд; Ба ин тартиб ки баста ба мизони баҳраи худ аз он ки дорои маротиб аст, ҷисмонияти маҳз то руҳонияти маҳз ёфтаанд ва албатта моҳияташон <<Интизоъӣ>> аст; Чароки вуҷудашон воҳид аст ва танҳо маротиби мухталифе дорад ва бо ин ҳисоб, баста ба мизони вуҷуди худ, моҳияте ба худ гирифтаанд; Чароки ҳар якро <<Нурӣ>> яъне вуҷуде ва <<Миқдорӣ>> аст; Чунонки Худованд фармудааст: «وَكُلُّ شَيْءٍ عِنْدَهُ بِمِقْدَارٍ» (Раъд/ 8); <<Ва ҳар чизе назди Ӯ ба миқдоре аст>>!

Бегумон чунин маъорифи ноб ва ҳикматҳои бебадиле дар назари оқилони суханшинос, каромоте қавлӣ маҳсуб мешавад ва аз масодиқи баййинот аст; Чароки аз ҳаққонияти гӯяндаи он ва иттисоли қалбаш ба маҳалли аъло ҳикоят мекунад ва аз ин рӯ, пурсиш кунандаи зирак пас аз шунидаи он мегӯяд: <<Шаҳодат медиҳам ки ту аз касоне ҳастӣ ки Худованд бар онон неъмате бахшидааст аз сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон ва онон неку рафиқоне ҳастанд! Ба Худо савганд касеро олимтар аз ту надидам>>! Вале шигифт он аст ки ин олимтарин инсони дида шуда, ҳагоме ки пурсиш кунандаро мабҳути азамати илмӣ хеш меёбад, бедаранг ӯро мутаваҷҷеҳи азамати илмии Маҳдӣ месозад то моҳияти воқеъии худ ба унвони заминасози амалии зуҳури он ҳазратро дар ҳамаи ҳаракот ва саканоташ мутаҷаллӣ созад ва бар хилофи муддаъиён ки чунон таблиғҳоӣ холӣ ва ғавғогар, ба рағми фиқдони бизоъати илмӣ, мардумонро ба сӯӣ худ фаро мехонанд ва ҳеҷ гоҳ аз <<Ман! Ман!>> фуру намемонанд, бо ҳамаи азамати илмӣ, мардумонро ба сӯӣ халифаи Худованд фаро хонд ва ҳеҷ гоҳ аз <<Маҳдӣ! Маҳдӣ!>> фуру намонад. Ин фарқи миёни ҳаққу ботил аст ки имкон дорад аз чашми сафиҳони кӯрдил пинҳон бимонад, вале ҳаргиз аз чашми хирадмандони тезбин пинҳон нахоҳад монд ва онон ҳамон ёрони Мансур хоҳанд буд ки қадри ӯро хоҳанд шинохт ва агарчи чаҳор дасту по бар рӯӣ барф ба сӯяш хоҳанд шитофт то дар маҳзари ӯ, барои ёрии Маҳдӣ тарбият ёбанд ва заминаи ҳокимияти ӯ бар ҷаҳонро фароҳам созанд ва бегумон оқибат барои онон аст, на барои муддаъиён ва на барои сафиҳони кӯрдил; Агарчи ба таъбири зебои ӯ, <<Карон то карони ин бекаронро пур карда бошанд>>!

Фарозҳое аз гуфторҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.