Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

Шумора: 1 Код: 23
Мавзӯъ:

Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи инки беҳтарин ҳадис, китоби Худованд аст ва ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд мунофот дорад, музахраф аст.

   1. أخْبَرَنا أحمدُ بْنُ عَبْدِ الرّحمٰنِ الطّالقانيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمنصورِ: إنَّ النّاسَ یَقُولُونَ ما بالُ الْمنصورِ یُكْثِرُ التَّمَسُّكَ بِالْقرآنِ و لا یُكْثِرُ التَّمَسُّكَ بِالْحَدیثِ؟! قالَ: ما بالُهُمْ یُكْثِرُونَ التَّمَسُّكَ بِالْحَدیثِ و لا یُكْثِرُونَ التَّمَسُّكَ بِالْقرآنِ؟! أ ما بَلَغَهُمْ قَولُ رَسولِ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ و آلِهِ وَ سَلَّمَ: «أَحَدُهُما أَكْبَرُ مِنَ الآخَر»؟! ألا إنَّ أَحْسَنَ الْحَدیثِ الْقرآنُ وَ كُلَّ حَدیثٍ لا یُوافِقُ الْقرآنَ فَهُوَ زُخْرُفٌ «وَلِتَصْغَىٰ إِلَيْهِ أَفْئِدَةُ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ وَلِيَرْضَوْهُ وَلِيَقْتَرِفُوا مَا هُمْ مُقْتَرِفُونَ»! ثُمَّ أَخَذَ بِیَدِهِ مُصْحَفاً و قالَ: إنَّ هٰذَا الْقرآنَ یَنْطِقُ عَلَیْكُمْ بِالْحَقِّ فَاسْتَنْطِقُوهُ! قُلْتُ: أَ فَیَنْطِقُ جُعِلْتُ فِداكَ؟! قالَ: نَعَمْ، یُنْطِقُهُ اللّهُ الَّذِي یُنْطِقُ كُلَّ شَيْءٍ! قُلْتُ: و كَیفَ یُنْطِقُهُ؟! قالَ: یُنْطِقُهُ عَلیٰ لِسانِ خَلیفَتِهِ! أما بَلَغَكُمْ قَولُ رَسولِ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ و آلِهِ وَ سَلَّمَ: «إنَّهُما لَن یَفْتَرِقا حَتّیٰ یَرِدا عَلَيَّ الْحَوضَ»؟! قُلْتُ: فَأَخْبِرْني عَنْ خَلیفَتِهِ مَتیٰ یَنْطِقُ بِالْقرآن؟! قالَ: إذا أَعْطَیْتُمُوهُ صَفْقَةَ أَیْدِیكُمْ وَ ثَمَرَةَ قُلُوبِكُمْ!

Тарҷумаи гуфтор:

Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур арз кардам: Мардум мегӯянд чаро Мансур бисёр ба Қуръон тамассук меҷӯяд ва бисёр ба ҳадис тамассук намеҷӯяд?! Фармуд: Чаро онон бисёр ба ҳадис тамассук меҷӯянд ва бисёр ба Қуръон тамассук намеҷӯянд?! Оё сухани Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба онон нарасидааст ки фармуд: <<Яке аз он ду (яъне Қуръон) бузургтар аз дигарӣ аст>>?! Огоҳ бошед ки беҳтарин ҳадис Қуръон аст ва ҳар ҳадисе ки бо Қуръон созгор нест ҳамоно музахраф аст <<То дилҳои касоне ки ба охират бовар надоранд ба он гаройиtш ёбад ва то он розӣ шаванд ва то ҳар чи анҷом диҳандаандро анҷом диҳанд>> (Анъом/ 113)! Сипас мусҳаферо ба даст гирифт ва фармуд: Ҳароина ин Қуръон бо шумо ба ҳақ сухан мегӯяд пас аз ӯ сухан бихоҳед! Арз кардам: Оё ба ростӣ сухан мегӯяд фидоят шавам?! Фармуд: Оре, Худое ки ҳар чизеро ба сухан меоварад онро ба сухан меоварад! Арз кардам: Чигуна онро ба сухан меоварад?! Фармуд: Онро бар забони халифааш ба сухан меоварад! Оё сухани Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба шумо нарасидааст ки фармуд: <<Ҳароина он ду аз ҳам ҷудоӣ намепазиранд то он гоҳ ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд>>?! Арз кардам: Пас манро аз халифаи Ӯ хабар бидеҳ ки чи ҳангом бо Қуръон сухан мегӯяд?! Фармуд: Ҳангоме ки кафи дастонатон ва меваи дилҳоятонро ба ӯ бидиҳед!

Шарҳи гуфтор:

Манзур аз <<Кафи даст>> дар баёни ин бузугвор, <<Байъат>> аст ки бо кафи даст анҷом мешавад ва мисоқе барои итоъат аст ва манзур аз <<Меваи дил>> дар он маҳбубтарин чиз барои ҳар кас аст ки аст ки рӯшании дидаи ӯ маҳсуб мешавад. Бинобарин, аз назари Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъолло зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом ҳангоме воқеъ мешавад ки иддаи кофӣ аз мардум бо он ҳазрат байъат кунанд ва қодир бошанд ки аз маҳбубтарин чизҳои худ дар роҳи ӯ бугзаранг ва он ҳангом аст ки ӯ ба сухан дар меояд ва бо сухани худ, Қуръонро ба сухан меоварад.

   2. أَخْبَرَنا وَلیدُ بْنُ مَحمودٍ السَّجِسْتانيُّ، قالَ: قالَ لِلْمنصورِ رَجُلٌ مِنْ أَهْلِ الْحَدیثِ و هُوَ یُخاصِمُهُ: صَدَقَةُ الْفِطْرَةِ فَریضَةٌ عَلیٰ كُلِّ نَفْسٍ و إنْ كانَتْ فَقیرَةً تَحْتاجُ إلَیْها لِحَدیثٍ رَواهُ أبو داودَ! قالَ: كَذَبْتَ وَ كَذَبَ أبو داودَ! إنَّ اللّهَ تَعالیٰ یَقُولُ: «لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا مَا آتَاهَا»! قالَ الرَّجُلُ: أَتَدَعُ الْحَدیثَ الصَّحیح؟! قالَ: أَدَعُهُ إلیٰ ما هُوَ أَصَحُّ مِنْهُ أَدَعُهُ إلیٰ كِتابِ اللّه! قالَ: لكِنّا لا نَدَعُ الْحَدیثَ الصَّحیح! قالَ وَ أَقْبَلَ عَلیٰ أَصْحابِهِ وَ هُمْ بَیْنَ ساخِطٍ وَ مُتَعَجِّبٍ: إذا رَأَیْتُمُ النّاسَ یَتَقَلْقَلُونَ في الضَّلالَةِ تَقَلْقُلاً فَكَبِّرُوا اللّهَ عَلیٰ ما هَداكُمْ! فَقالَ أَصْحابُهُ: اللّهُ أَكْبَرُ عَلیٰ ما هَدانا! ثُمَّ أَقْبَلَ عَلَی الرَّجُلِ و قالَ: إِعْلَمْ أَیُّهَا الرَّجُلُ أَنَّ أَحْسَنَ الْحَدیثِ كِتابُ اللّهِ وَ كُلَّ حَدیثٍ خَالَفَ كِتابَ اللّهِ فَهُوَ زُخْرُفٌ!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Марде аз аҳли ҳадис дар ҳоле ки бо Мансур мухосима мекард, гуфт: Закоти фитра бар ҳар касе фариза аст агарчи худ фақир ва ба он мӯҳтоҷ бошад, ба далили ҳадисе ки Абу Довуд ривоят кард! Фармуд: Дурӯғ гуфтӣ ва дурӯғ гуфт Абу Довуд! Ҳароина Худованди баландмартаба мефармояд: <<Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба чизе ки ба ӯ дода аст таклиф намекунад>> (Талоқ/ 7)! Мард гуфт: Оё ҳадиси саҳиҳро вомегузорӣ?! Фармуд: Онро вомегузорам ба сӯӣ чизе ки аз он саҳиҳтар аст, онро ба сӯӣ китоби Худо вомегузорам! Мард гуфт: Аммо мо ҳаргиз ҳадиси саҳиҳро вонамегузорем! Пас он ҳазрат ба асҳоби худ ки бархӣ хашмгин ва бархӣ шигфтзда буданд рӯй намуд ва фармуд: Ҳаргоҳ мардумро дидед ки дар залолат ҷунбонанд Худоро бар инки шуморо ҳидоят кард бузург шуморед! Пас асҳобаш гуфтанд: Худоро бар инки моро ҳидоят кард бузург мешуморем! Сипас он ҳазрат ба мард рӯй намуд ва фармуд: Бидон эй мард ки беҳтарин ҳадис китоби Худованд аст ва ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд мухолиф бошад музахраф аст!

Шарҳи гуфтор:

Манзур аз ҳадисе ки Абу Довуд онро ривоят карда ва мавриди истиноди мард қарор гирифта, ҳадиси Саълаба ибни Абӣ Саъир аст ки иддаъо мекунад Худованд закоти фитраро ҳам бар ғанӣ ва ҳам бар фақир ба яксон фарз карда ва ин хусусан бо бардоште ки мар аз он дошта, бар хилофи Қуръон аст. Бо ин васф, дурӯғи мард нисбат додани ҳукмӣ мухолиф бо Қуръон ба Худованд аст; Ҳамчунонки иддаъои ӯ дар бораи саҳиҳ будани ин ҳадис низ метавонад мисдоқи дурӯғ бошад; Чароки матни ин ҳадис изтироби фаровоне дорад ва санади он аз назари бархӣ аъимаи ҳадис монанди Аҳмад ибни Ҳанбал саҳиҳ нест, балки мурсал аст (нигоҳ кунед ба: Айнӣ,Умдатул Қорӣ, ҷ9, с114). Аммо дурӯғи Абу Довуд соҳиби китоби Сунун, нисбат додани сухане бар хилофи Қуръон ба Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст агарчи худ онро насохта бошад ва аз инҷо дониста мешавад ки ривоят кардани дурӯғ, дурӯғ маҳсуб мешавад. Аммо <<Зухруф>> ё <<Музахраф>> дар гуфтори ҳазрати Мансур, калимаи омиёна ва тавҳиномез нест, бал калимаи Қуръонӣ ба маънои сухани ботиле аст ки зоҳири он ороста бошад ва мисдоқи он ҳадисе аст ки бо китоби Худо мунофот дорад.

Фарозҳое аз гуфторҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.