Ҷумъа 18 август 2017 мелодӣ баробар бо 26 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

Шумора: 2 Код: 9
Мавзӯъ:

Чаҳор гуфтор аз он ҳазрат дар бораи инки раъй ва ривоят, касеро аз халифаи Худованд дар замин бениёз намекунад, агарчи ба ӯ дастрасӣ надошта бошад.

   1. أخبرنا ولیدُ بنُ محمودٍ السَّجِستانيُّ قال: قال المنصورُ الهاشميُّ الخراسانيُّ: ما جَعَلَ اللّهُ مِنْ رَأيٍ و لا مِنْ رِوایةٍ و إنَّما جَعَلَ خلیفةً في الأرضِ لِیَحْكُمَ بینَ النّاس! قلتُ: فَمَنْ لَمْ یَظْفَرْ بِخلیفةِ اللّهِ في الأرضِ فَماذا یُغْنِیه؟ قال: إنّما جَعَلَ اللّهُ خلیفةً في الأرضِ لِیُظْفَرَ بِهِ و مَنْ لَمْ یَظْفَرْ بِهِ فَكانَ كَمَنْ أصابَهُ العَطَشُ و لَمْ یَظْفَرْ بِالماءِ، أرأیتَ الرَّمْلَ و الحَصاةَ یُغْنِیانِ عَنْهُ شیئاً؟! لا واللّهِ بل یَمُوتُ عَطَشاً و لا یَنْتَطِحُ فِیهِ عَنْزان!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Мансури Ҳошимии Хуросонӣ фармуд: Худованд на раъйе қарор додааст ва на ривояте, балки халифае дар замин қарор додааст то миёни мардум ҳукм кунад! Арз кардам: Бо ин васф, агар касе ба халифаи Худованд дар замин дастрасӣ пайдо накунад, чи чизе ӯро аз вай бениёз хоҳад кард? Фармуд: Ҷуз ин нест ки Худованд дар замин халифае қарор додааст то ба ӯ дастрасӣ пайдо шавад ва ҳар кас ба ӯ дастрасӣ пайдо накунад монанди касе аст ки ба аташ дучор омада ва ба об дастрасӣ пайдо накардааст; Оё мепиндорӣ ки рег ва шин ӯро аз об бениёз хоҳад кард?! На ба Худо савганд, балки аз аташ хоҳад мурд ва ду қуч ҳам ба хотири ӯ ба ҳам шох нахоҳанд зад!

Шарҳи гуфтор:

Аз ин ҳикмати ноб дониста мешавад ки ниёзи мардум ба халифаи Худованд дар замин, ниёзӣ табиъӣ аз синхи ниёзи онон ба об аст ва бо ин васф, ҳалокати онон дар сурати адами таъмини он, асарӣ вазъӣ ва қаҳрӣ маҳсуб мешавад ва қобили тадорук нест. Бинобарин, танҳо роҳи пешгирӣ аз он, дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин аст ки барои мардум дар сурати заминасозӣ барои он имкон дорад; Чунонки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуроснӣ дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> чигунагии онро ба тафсил табйин фармудааст.

   2. أخبرنا عبدُ الحَمیدِ بنُ بَختیار قال: قلتُ لِلْمنصور: أَ رَأیْتَ الَّذي لا یَعْرِفُ خلیفةَ اللّهِ في الأرضِ أو لا یَقْدِرُ علیهِ فَهَلْ لَهُ مِنْ بُدٍّ أو مَنْدُوحَةٍ ما لَمْ یَعْرِفْهُ و یَقْدِرْ علیه؟ فَطَأطَأ رأسَهُ كَأنَّهُ یَتَفَكَّرُ ثُمَّ رَفَعَ رأسَهُ و قال: لا! قلتُ: واللّهِ یَهْلِكُ إذَنْ! قال: نَعَمْ و هُوَ صاغِر!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдулҳамид ибни Бахтиёр моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Касе ки халифаи Худованд дар заминро намешиносад ё ба ӯ дастрасӣ надорад, оё барои ӯ чорае ё роҳи гурезе вуҷуд дорад модоме ки ӯро намешиносад ва ба ӯ дастрасӣ надорад? Пас сари худро муддате ба замин андохт, чунонки гӯйи фикр мекунад, сипас сари худро боло овард ва фармуд: На! Гуфтам: Ба Худо савганд дар ин сурат ҳалок мешавад! Фармуд: Оре, дар ҳоле ки беарзиш аст!

   3.  أخبرنا الحسنُ بنُ القاسم الطّهرانيُّ قال: قلتُ لِلْمنصورِ: إذا لَمْ یَكُنْ رأيٌ و لا رِوایةٌ و لا سَبیلٌ إلیٰ خلیفةِ اللّهِ في الأرضِ فإلیٰ ما یَفِرُّ الرّجلُ؟ قال: إِلَی النّار!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Ҳаргоҳ на раъйе бошад ва на ривояте ва на роҳе ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин, пас инсон ба сӯӣ чи фарор кунад? Фармуд: Ба сӯӣ оташ!

Шарҳи гуфтор:

Ин ҳикматҳои қотъе ва фавқулъода ки рӯшан аст аз манбаъӣ зулол ҷӯшида ва нишонае барои тезбинон аст, далолат дорад ки инсон худ мусаббиби адами дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин буда ва бо ин васф, ҳалокати ӯ ношӣ аз сӯъи ихтиёри ӯст; Чароки метавонистааст заминаи дастрасӣ ба Маҳдиро фароҳам кунад, вале ин корро накардааст ва бо ин васф, раъй ва ривояти заннӣ наметавонад адами дастрасӣ ба он ҳазратро ҷуброн кунад.

   4. أخبرنا ذاكرُ بنُ معروفٍ الخراسانيُّ قال: سَمِعْتُ المنصورَ یقول: مَنْ ماتَ و لَمْ یَعْرِفْ خَلیفةَ اللّهِ في الأرضِ فَقَدْ ماتَ مِیتَةً جاهلیَّةً و مَنْ ماتَ و لَمْ یُدْرِكْهُ فَقَدْ شَقیٰ! قلتُ: و إنِ اجْتَهَدَ بِرأیِه؟! قال: و إنِ اجْتَهَدَ بِرأیِه! قلتُ: و إنْ عَمِلَ بِالرِّوایَة؟! قال: و إنْ عَمِلَ بِالرِّوایَة!

Тарҷумаи гуфтор:

Зокир ибни Маъруфи Хуросонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам мансури мефармояд: Ҳар кас бимирад дар ҳоле ки халифаи Худованд дар заминро нашинохта, ба марги ҷоҳилият мурда ва ҳар кас бимирад дар ҳоле ки ба ӯ дастрасӣ наёфта, бадбахт шудааст! Арз кардам: Агарчи дар раъйи худ иҷтиҳод кунад?! Фармуд: Агарчи дар раъйи худ иҷтиҳод кунад! Арз кардам: Агарчи ба ривоят амал кунад?! Фармуд: Агарчи ба ривоят амал кунад!

Шарҳи гуфтор:

Ин бунбасти ҳувлноке аст ки мусалмонон худро дар он гирифтор сохтаанд ва танҳо роҳи бурунрафти онон аз он, ҳамроҳӣ бо Мансур дар заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст ва роҳи дигаре барои онон вуҷуд надорад, вале афсӯс ки онон дар хобӣ амиқ фуру рафтаанд ва нидои ин мунодии содиқро намешунаванд; Магар андаке аз онон ки парҳезкоранд ва нидои ӯро иҷобат мекунанд ва ба сӯяш мешитобанд, агарчи чаҳор даст ва по бар рӯӣ барф; То он гоҳ ки ҳамроҳ бо ӯ ба Маҳдӣ бипайванданд ва ҷаҳонро аз адолат оканда созанд, ҳамон тавр ки аз зулм оканда аст ва оқибат барои парҳезкорон аст.

Фарозҳое аз гуфторҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.