Ҷумъа 18 август 2017 мелодӣ баробар бо 26 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани гуфтор

Шумора: 3 Код: 4
Мавзӯъ:

Паёме аз он ҳазрат барои ҷамъе аз ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ ки аз ӯ ҳидоят хостанд.

Ҳангоме ки ҷамъе аз ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ, барои ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ номае навиштанд ва ҳимояти худ аз ӯро эълом намуданд ва аз ӯ талаби ҳидоят карданд, фармуд:

<<Ба онон саломи маро бирасонед ва бигӯйед: Ҳонгоме ки ҳамагон ба сӯӣ рост ва чап мегароянд, шумо бар тариқати вусто устувор бимонед ва ҳангоме ки ҳамагон ба сӯӣ Зайд ва Амр мешитобанд, шумо ба сӯӣ Маҳдӣ бигаройед. Худовандро бисёр ёд кунед ва биҳиштро савдои худ қарор диҳед ва намозро дар аввали вақт барпо доред ва закотро ба аҳлаш бипардозед ва ба падару модари худ никӣ кунед ки дере бо онон нахоҳед монд ва ба маърифат амр намойед ва аз мункар боз доред ва корҳотонро сабук созед ва ҳар чи гузаштанӣ астро бигзоред ва ҳар чи бардоштани астро бардоред ва барои куч кардан ба сӯӣ Маҳдӣ омода шавед; Чароки ман ҳаргоҳ ҳамроҳонӣ кофӣ биёбам, ба сӯӣ ӯ кӯч хоҳам кард, агарчи миёни ман ва ӯ ҳафт дарё бошад. Кист ки даҳ ҳазор танро барои ман тазмин кунад то ман зуҳури Маҳдиро барои ӯ зомин шавам?! Замин гандида ва замон монанди думали чиркине аст ки сар боз карда бошад, вале оқибат барои парҳезкорон хоҳад буд>>.

Фарозҳое аз гуфторҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.